Ассалому алайкум бародари азиз Муҳамадиқболи Садриддин! Шумо тавонистед дар ин чанд соли охир дарди дили мардумро ба гуши ношунавои мақомдорон расонед. Амонатнигаҳдории шумост, ки эътимоди мардумро ба Шумо рӯз ба рӯз зиёд карда истодааст. Бо тамоми фишорҳое, ки мақомот болои мардум барои тамошо накардани барномаҳои шумо доранд, барномаҳоятон сербинандаанд. Ин нишонаи дар роҳи ҳақ будани шумо аст. Сарсуханро дароз накунему ба асли матлаб гузарем. Ман солҳои зиёдест, ки дар арсаи ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият мекунам. Аммо, то ба имрӯз ин гуна дуздиву талаву тороҷ ва ин гуна муносибати зишту бад ба мардуми бознишастаро дар ин соҳа надида будам.
Директори Агентии Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмуроди Ашурбек Агентии нафақаро ба як бозор табдил додааст. Аз кор рондани тамоми мутахассисони соҳа, ба соҳаи нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ овардани нафароне, ки аз соҳа хело ҳам дур мебошанд, боқимонда кормандонро дилсард карда водор ба тарки кор кардан, аз зумраи корҳое буд, ки Дилмурод Давлатзода анҷом дод ва ин амалҳои вай зарбаи ҷонкоҳ ба ин Идора овард.
Дар ҳамаи раёсату шуъбаҳои марказ ва шаҳру ноҳияҳо ду, се ва ё чаҳор ҷои кори холӣ мондааст. Аз оғози фаъолияти кориаш бо ҳамроҳии муовинаш Абдураҳмонзода Ҷамила танҳо дар фикри манфиатҳои худ мебошанд. Аввалин хисороти калоне, ки инҳо оварданд ин қабул накардани барномае, ки дар борааш шумо муфассал гуфта будед. Инҳо ваъда карда буданд, ки мо худамон аз ин ҳам барномаи хубтаре месозем. Ҳамин ки шаҳрванд ба сини нафақа расиду муроҷиат кард дар барнома рақами СИН-ашро ворид мекунем, тамоми фаъолияти корияш маълум шуда саҳмҳои иҷтимоие, ки тули фаъолияти кориаш ворид кардааст, пайдо шуда нафақааш дар ҳамон лаҳза таъин мегардад. Маблағи зиёде ҳам аз ҳисоби фонди нафақа гирифта обу лой карданд. Ҳатто 2 сол пеш дар як баромадаш шарм надошта Давлатзода Дилмурод гуфт мо алакай шаҳри Душанберо ба чунин барнома пайваст кардаем. Дуруғ мегуяд. Чунки ҳоло ҳам ҳамон системаи куҳна. Шаҳрванд муроҷиат мекунад, камаш баъди се -чор моҳ ҷавобашро мегирад. Мавридҳое хастанд, ки барои таъйини нафақа сол ҳам мегузарад. Аз рӯзе, ки таъиноти нафақаро аз ноҳияҳо гирифтанду ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфироди (ММБИ) вогузор карданд ин проблемаҳо сар зад.
Дар як моҳ ду маротиба ин марказҳо аз мутахасисони ноҳияҳо ҳуҷҷатҳои нафақахуронро қабул мекунанд. Ва ба бойгониҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияхо буда равон мекунанд. То аз онҷо ҷавоби дархости музди маошаш меояд, камаш ду мохи дигар мегузарад. Як моҳ дар ноҳия муроҷиати шаҳрванд меистад, ду моҳ бойгонӣ, мохи сеюм дар таъинот. Нафақахуре, ки аз кор ба сабаби нафақа баромадан озод карданду ҳеҷ манбаи даромаде надорад, бояд чор моҳ чи хурад?
Вазифаҳои Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ин коркард ва ҷамъоварии маълумотҳои инфиродии суғурташудагон дар соҳаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми аз даст додани қобилияти корӣ ва расидан ба сини ниҳоӣ мебошад. Ба суғурташудагон бе ягон мамоният додани маълумот барои таъиноти нафақа. Мутаассифона бо пешниҳоди Қосимов Сулаймон ва Насков Дилшод ин марказоҳо ба мисли бозор ба таъиноти нафақа машғул шуда масъулияти асосии худро иҷро накарда истодаанд. Ин аст ки баъди баромаданаш нафақахур дар бораи кам таъин шудани нафақааш вақте ба ноҳияи истиқоматаш муроҷиат мекунад, мутахассисони Агентӣ дар ноҳия буда ҳеҷ маълумоте ба нафақахур дода наметавонанд, чунки асноди нафақахурон дар ММБИ-ҳо мебошанд. Бовар кунед чандин нафароне буданд муроҷиат карданд, ки корхонаҳое, ки онҳо кор карда буданд, номгузориашон дигар шуд, ё ҳамон корхонаро чанд нафар хусусӣ ва тақсим карданд, нафақахурҳо ба ҳамон корхонаи коркардааш музди маошашро намеёбанд, чунки ҳозир он корхона номаш дигар шудааст. Мебоист бо рақами РИС (СИН) -ки ин Агентӣ кафолат додаву ба шахси суғурташуда пешниҳод кардабуд ҳамаи маълумотҳое, ки барои ҷамъовариии андози иҷтимоӣ зарур аст новобаста аз корхонаҳое, ки ҳоли ҳозир фаъолият мекунанд ё не ҳангоми расидан ба синни ниҳоӣ аз руи ҳамон рақами РИС-пайдо мекарданд.
Чандин нафақахурро, ки ҷойҳои кории шартномавӣ ҷойи кори дуюм ё сеюмашон аст, дониставу нодониста ба инобат намегиранд, ки ин мухолифи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ мебошад. Бовар кунед, дилам сахт ба чунин ҳолатҳои нафақахурон месузад, моҳҳо сарсону саргардон меоянду мераванд. Онҳое, ки меоянду мефаҳманд, ки ҷои кори дуюмашон ба инобат гирифта нашудааст аз нав ба назар мегиранд аммо барқарор карда даврҳои ногирифта ашонро намедиҳанд, ки ин ҳам мухолифи қонуни таъини нафақа мебошад. Чунки инҷо нафақахур гунаҳгор нест, худи роҳбарияти Агентӣ гунаҳгоранд, ки то ҳоло дар ин замони навоварии техникаву технология бо як рақами РИС наметавонанд маълум кунанд, ки як нафар дар чанд ҷой кор кардабошад ва чанд қадар сармояи шарти ҷамъоварӣ карда бошад.
То замони омадани Давлатзода ба вазифаи директори Агентӣ нафақагиронро баъд аз муроҷиат дар ноҳияҳои истиқоматиашон бо маълумотномаи музди меҳнате, ки корхона ба ӯ додааст ва тасдиқи Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфироди нафақа таъин мекарданд. Агарчанде ин тартиб электронӣ ҳам набуд хело қулайу осон буд ва дар муҳлати кутоҳтарин нафақахур ҷавоби нафақаашро мегирифт. Агар фаразан нафақааш камтар таъин мегардид, муроҷиат мекард, барои камии нафақааш.
Ҳолатҳое мешуданд, ки маълумотҳои музди меҳнати нафақахур пурра тасдиқ нашудааст бо сабабҳои номаш хато шудабошад, ё номи корхона иваз шудааст ё ҳамон нафарро дар вақти кориаш бо лақабаш ном мегирифтанду дар китоби музди мехнати корхона бо ҳамон лақабаш гузаронданд. Ингуна ҳолатҳо зиёданд. Баъди овардани маълумотҳои иловагии музди мехнат давраҳои ба инобат нагирифтаашро санад ва тасдиқ карда аз нав бозҳисоби карда дода мешуд.
Ҳоло бошад нафақаро тибқи бозори ташкилнамудаи Давлатзода Дилмурод ва Абдураҳмонзода Ҷамила таъин мекунанд. Аз ноҳияҳо ҳучҷатҳои нафақахуронро меоранд ба марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ барои таъини нафақа. Дар марказҳо махсус одамонеро гузоштаанд, ки бо ҳар баҳонае асноди нафақахуронро қабул накарда камбудӣ мекобанд. Дар ҳолатҳое, ки ба нафақахур кам нафақа таъин мегардад, бинобар сабабҳои дар боло зикр гардида нафақахур вақте муроҷиат мекунад, мутахассиси дар ноҳия будаи Агентӣ танҳо як ҷавоб дорад:- ҳамин қадар шуд нафақаи шумо амак ё хола. Ба нафақахур ҳатто фаҳмонда наметавонад, ки дар тули фаъолияти кориатон чи қадар сармояи шартӣ ҷамъоварӣ кардеду кадом давраҳои кориатон бо кадом сабабҳо ба назар гирифта нашудааст. Чунки асноди нафақавиашон дар ноҳия намебошад. Бо ҳамин нафақахури бечораро ба шукронакунӣ аз “пешво” водор мекунаду халос дар ҳоле, ки чандин солҳои кориашон ба назар гирифта нашудаасту худ намедонад. Охир он нафақахур ба ин ноадолатӣ чӣ гӯна боз шукрона кунад ?
Ба ҳамагон маълум аст ки аксар корхонаҳое, ки дар Тоҷикистон буданд, номҳояшон дигар шуд ё аз фаъолият монданд ё аз солҳои 1999 то 2010 аксарияташон ба Агентии нафақа ҳисобот оди музди меҳнати кормандонашон пешниҳод накарда буданд. Проблемаи ҷиддии дигар ин аст, ки кормандони мактабҳо ва кормандони бунгоҳҳои тиббӣ дар вақташ то давраи сарикасӣ аз ҷамоатҳои деҳот маош мегирифтанд ва дар руихати маошгирони ҷамоатҳо мебошанд вале аз сабабе, ки корманди мактаб ё бунгоҳи тиббӣ аст дар дафтарчаи меҳнатиаш корманди фалон мактаб ё фалон бунгоҳ гуфта муҳри мактаб ё бунгоҳ гузошта шудааст. Дар ҳолати муроҷиати ин нафарон барои баромадан ба нафақаи суғуртавӣ бояд фаъолияти меҳнатияш аз соли 1999 то ин ҷониб дархост шавад.
Чигунае, ки дар дафтарчаи меҳнатияш корманди мактаб гуфта пур карда шудааст, ҳамон гуна дархост медиҳанд. Аммо инро аксарият кормандон Агентӣ намедонанд. Чунки Абдураҳмонзода Ҷамила ҳаррӯз кормандонро иваз мекунад ё аз кор меронад. Кормандони марказ баъди дидани ҳисоботи мактаб ё бунгоҳи ноҳия ҷавобашон тайёр. Ному насабашро иваз карда ҷавоб мегардонанд, ки ин гуна ному насаб дар фалон мактаби ноҳияи намегузарад. Бо ҳамин 5, 10, 15, соле, ки он бечора кор кардаасту андози иҷтимоӣ супоридааст ба инобат гирифта нашуда нафақаи ноҷиз дар номаш мебарояд. Мебоист Давлатзода Дилмурод бо ин марказҳо -ММБИ-ҳо ин проблемаҳоро ҳал мекарду ҳисоботи носупоридаи корхонаҳоро барқарор мекарду бо андозҳои иҷтимоии андозсупорандагон дар РИС (СИН)- ҷой медоданд то чунин мушкилиҳо дар вақти баромадани нафақа рух надода бо ворид кардани рақами РИС ҳамаи маълумотҳо бо таври автоматӣ ҷамъомада нафақа беягон мамоният таъин мегарид.
Нафақаҳои касбӣ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи нафақаҳои касбӣ» қабул шудааст. Боз ҳам аз набудани мутахасисон касе наметавонад, ки нафақаҳои касбиро таъин намояд. Нафақаҳои касбиро дар аввал таъин намуданд 80с, 100с, 130сомонӣ. Оё бо кадом ақл дуруст меояд, ки ингуна нафақаҳои касбиро таъин намоянд. Гирандагони нафақаҳои касбӣ онҳое мебошанд, ки корҳои зарарнок ва вазнинро анҷом додаанд, ки панҷ –ҳашт сол пеш аз муҳлати синни ниҳоии нафақа ба нафақа ҳуқуки баромадан доранд аз онҷумла ба ин гуруҳ омузгорону кормандони соҳаи тиб, ки дар ҳамон соҳаи худашон 20солӣ собиқаи корӣ доштанд ба нафақаи касбӣ баромадан ҳуқуқ доранд. Қонун қабул шудааст вале ин Давладзода ва муовини забонгумкардааш Чамила Уктамҷоновна ин қонунро ҳам поймол карда ба як фармонҳои дохилии худашон қонунро ҳам ба инобат намегиранд. Дидед омузгорону духтуроне, ки дар барномаҳои “Минбари муҳочир” шарм надошта баромада аз ин сиёсат пуштибонӣ мекунед шуморо чи кор карда истодаанд. Ҳамаи кафолатҳои иҷтимоие, ки барои шумо қонун иҷозат додааст, риояву иҷро намекунанд. Боз шумо шарм надошта мебароед ҳама хубу маошу нафақаамон мерасад мегуед.
Андухти нафақавӣ
Андухти нафақавие, ки 1% аз музди маоши мову шумо ҷамъоварӣ мешавад, бояд дар ҳолати расидан ба синни ниҳоӣ ба шахси суғурташуда пардохт гардад. Аммо ин андухтро низ 10 нишондиҳандаи ҳади ақали нафақа яъне то 2500 сомонӣ пардохт мекунанд. Агар андухтти шумо аз 2500сомонӣ зиёд гардад, онро якбора намедиҳанду ба 180 моҳ (яъне эҳтимолияти 15 сол =180 моҳ зинда мондани шумо баъди нафақа) тақсим карда дар нафақаатон 13сомонӣ илова медиҳанд, ки мебоист дар ин бора қарори №665 дар бораи андухти нафақавӣ тағирот дароварда андухти онҳоро, ки 1% аз музди маошашон дошта мешавад. Дар ҳолати расидан ба сини ниҳоӣ ба хоҳиши худи суғурташуда яъне нафақахур тақсим ва ё якбора пардохт кардани онро ихтиёр мекард чунки ин маблағи худи нафақахур мебошад.
Ман ба шахсоне, ки метавонед пеши роҳи ин дуздиҳову беадолатиҳои Давлатзодаву муовинаш Абдураҳмонзода Ҷамиларо, ки ҳама бо маслиҳати ана ҳамин Ҷамила мешавад гуфтаниам, бигзор Шумо “Ислоҳ”-ро қабул надореду шабакаи мухолифон мегуеду фалону фалон. Рӯзномаи СССР аз 24 феврали соли 2022 мақолае чоп намуд дар бораи дуруғҳои Давлатзода Дилмурод «Вақте раис хато мегуяд» яъне вақте раис дуруғ мегуяд, фиреб мекунад, бигиреду бихонед. Вақте рӯзноманигор савол медиҳад, ки бо дастурамали кӣ шумо нафақа таъин мекунед, чи гуна нафақа таъин мекунед дар ҷавоб мегуяд ин бесавод. «Дастурамали мазкур барои хулоса ба ташкилоти ғайридавлатӣ дода шудааст ва пас аз хулосаи онҳо раиси Агентӣ ба газетаии СССР посух хоҳад гуфт». Аҷаб, кадом ташкилоти ғайридавлатӣ будааст, ки дастурамали шуморо месанҷидааст? Магар ташкилотҳои давлатӣ наметавонад санҷида? Дар давраи кории Давлатзода Дилмурод ин дуюмин дастуруламале мебошад, ки аз ҷониби Агентии Мубориза бо коррупсия бекор карда шуда истодааст, ки ин ҳам бесавод будани Давлатзода Дилмурод ва муовини ў Абдураҳмонзода Ҷамиларо нишон медиҳад. Чигуна боз ба инҳо унвони хизматнишондода медиҳанд, ман ҳайрон мемонам. Дар давоми мусоҳибааш хабарнигори рузномаи СССР меорад: «Дилмурод Давлатзода дар тамоми вақти нишасти матбуотӣ кушиш мекард ба суолҳои хабарнигорон посух диҳад, аммо аксари посухҳояш ё хато буданд ё нодуруст. Касе аз муовинон барои пешниҳоди иттилои дуруст ба раис кумак наменамуд. Гоҳо барои посух гуфтанаш раис бо муовинонаш маслиҳат мекард вале боз ҳам ҷавобҳо қонеъкунанда набуданд. Тавре ба назар мерасид Муовини аввали Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Абдураҳмонзода ҶамилаУктамҷоновна забони точикиро намедонистаанд ва суҳбаташон пурра бо забони русӣ буд».
Бубинед ин шармандагиро, чи тавр ин бесаводҳоро дар як соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеъа роҳбар мондаанд. Худ, ку саводи соҳаро надоранд аммо босаводонро ҳам аз наздашон ронданду гуш намекунанд. Вақте ки ман инҳоро бесаводу аз соҳа дур мегуям ин бедалел нест. Чи гунае ки дар мусохибаҳояшон маълум аст Абдураҳмонзода Ҷамила бо командааш Дилшод Насков, Сулаймон Қосимов, Усмоналӣ Сироҷов ва чанд нафари дигар натанҳо бесаводии худро нишон дода соҳаро бафасод ғутавар доранд, балки бо ин рафторҳояшон нишон медиханд, ки инҳо душманӣ ба нафақахурони барҷомонда доранд. Бо ташаббуси ҳамин команда Созишнома дар бораи таъини нафақаҳои ИДМ, ки аз соли 1992 амали мекард, бекор карда шуд ва ҳоло бошад шаҳрвандони мо сарсону саргардонанд.
Давлатзода Дилмурод ба як норозӣ ошкоро гуфтааст : “аз пушти ма накобен, ма танҳо нестам ва ма бе фармони раиса ва генпрокуратура ягон кор намекунам. Ҳамашон медонанд ва ма ба гуфти онҳо кор дорам”
Муҳоҷирони кории мо феълан дар Русия чихел нафақа мегиранд?
Парлумони Тоҷикистон 13.04.2022 шартномаи байни Ҷумҳурии Точикистонг ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақаро ба тасвиб расонид. Дар шартнома дар самти маблағгузорӣ ва пардохти нафақа принсипи бо таносуб гузошта шудааст. Дар ин маврид ҳар ду кишвар барои ҳамон давраи фаъолиятии меҳнатии шахрванд, ки дар ҳудуди ҳамон давлат саҳмҳоро барои суғуртаи нафақавӣ пардохт намудааст уҳдадор мебошад. Дар асоси ин шартнома, ки муҳоҷирони мо, зиёда аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аксарияташон дар асоси патент фаъолият мекунанд. Бояд давраи корияшон дар ҳангоми расидан ба синни ниҳоии нафақа ба назар гирифта аз ҷониби Фонди нафақаи Федератсияи Россия пардохт карда шавад ва давраи кории дар Тоҷикистон доштаашон аз ҷониби Агентии нафақаи Тоҷикистон пардохт гардад. Мутаассифона бо гузашти якуним сол касе чунин нафақа таъин нашуда истодааст, аз сабаби боз ҳам надоштани мутахассисон бошад ё инки инҳо танҳо тавонистанд шартномаи пештараро, ки дар асоси он шартнома аз соли 1992 шаҳрвандони мо баъд аз гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия нафақаи он давлатро мегирифтанд бекор карданду халос. Чаро баъди қабули шартномаи нав шаҳрвандони моро дар Федератсияи Россия нафақа таъин намекунанд? Ё дар Тоҷикистон собиқаи корие, ки бо патент дар Федератсияи Россия доранд ба назар намегиранд? Ин аст хизмати хирсонаи Дилмурод Давлатзода ва муовинаш Абдураҳмонзода Ҷамила нисбати муҳоҷирон. Инҳо нафақат ба нафақахурони Тоҷикистон ҳасуду кина доранд, балки ба шахсоне, ки нафақаи ФР мебароянд ҳасад хурда кореро карданд, ки дигар онҳо нафақаи ФР-ро нагиранд, ки нисбат ба нафақаи ЧТ хело хам зиёдтар буд. Гузоштани чунин нафарон дар ингуна мансабҳо нафақат зарару зиён ба нафақахурон, балки дар чашми мардум сиёҳ нишон додани давлату давлатдориро ба миён овардааст, ки ин оқибаташ ба ҳама маълум. Як маротиба барои чунин ҷиноятҳояш Давлатзода Дилмуродро аз роҳбарии Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон гирифтеду чанд сол муаллим шуда кор мекард. Боз оварданду ба Агентии нафақа раис монданд ва ҳоло ин ниҳоди муҳимми давлатиро ба як бозори Ҷамила табдил додааст. Касеро хоҳад меронаду касеро хоҳад аз кучаву бозор оварда сардори Раёсат мемонад. Ман касеро барои ба кор омаданаш наҳ заданӣ нестам. Лекин ин соҳа хело ҳам соҳаи пурмасъулият мебошад. Агар дар ин соҳа аз вазифаҳои поёнӣ кор накунӣ ва таҷрибаву малака ҳосил накарда бошӣ сардори раёсат кор карданат мушкил мешавад.
Дар Тоҷикистон ниҳоди таъинкунандаи сиёсати нафақа ин худи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар доҳили ин Агентӣ Раёсати сиёсати нафақа амал мекунад. Наход, ин Раёсат шарм накарда ба Прокуратураи Генералӣ мактуб оиди пардохти давраҳои пардохт нагардидани нафақахуроне, ки аз Федератсияи Россия нафақаашон таъин нагардидаанд нависд? Оё ҳамин амалатон бесаводиву ноуҳдабароии Раёсати Сиёсати нафақа ва дар маҷмуъ Агентиро нишон намедиҳад? Ё Шумо омухта шудаед, мисле, ки сохторҳои худи Агентӣ дар вилоятҳову ноҳияҳо бударо ба Прокуратураву Агентии коррупсия сиёҳ карда додед. Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони ҶТ» дар моддаи 100 ин қонун «Додани нафақаи давраи гузашта» чунин омадааст: Пули нафақае, ки онро нафақахур дар вақташ нагирифтааст на бештар аз се соли пеш аз муроҷиаташ барои гирфтани нафақа дода мешавад. Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти муҳлат дода мешавад.
Оё дар дохил ин Агентӣ бо роҳбарии Абдураҳмонзода Ҷамила Қосимов Сулаймону Насков Дилшод қонуни парламентро дигар мекунанду мехоҳанд бо мактуби прокурор кадом моддаи қонун, ки ба манфиати нафақахур мебошад бекор кунанд? Шумо фикр накунед ба ин амалҳоятон маблағҳои нафақаро захира доред. Шумо захираҳоро чи тавр обу лой карданатону маблағҳои андухтиро ба куҷо гузарониданатонро медонеду бас, ва корест на қонуну на ин миллат мебахшад. Аз нафароне, ки дар Марказҳои минтақавӣ шуморо масъул барои қабулу таъини нафакаи шаҳрвандон мондаанд инҷо ном намегирем. Каме ба худ биёеду раҳм ба ҳоли нафақахурон кунед. Онҳоро барои чизе надоданашон беҳуда санад талаб карда моҳҳои дароз саргардон накунед.
Аз масъулини болои ҳукумат ва сарпарастони (кураторони) Прокуратураи Генералӣ ва амният хоҳиш мекунем то барои оне, ки ин мактубро, ки навиштасту муайян кунеду чанднафари дигарро азияту озор надиҳед. Аз паи ислоҳ шавед. Ин ҳақикатест, ки дар телевизионҳову рӯзномаҳои дохилӣ гуфта намешавад.
Ps: Ин матлаби дуввум аст,ки маҳз дар ин масала “Ислоҳ” нашр мекунад вале чуноне мебинем ҳеҷ тағйроте дар ин соҳа ба назар намерасад. Ҳангоме пурсу ҷӯй намудем ҷаноби Директори Агентии Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмуроди Ашурбек кришааш Хонум Озода Раҳмон будааст ва пули нафақахуронро бо ӯ тақисм мекардаанд. Охир бесавод будани Насков Дилшодро бо далолил дар матлаби гузашта баён карда будем , наход то имрӯз боз ин ноуҳдабаро кор кунад дар ин соҳа? Охир Озода Раҳмон шарм намекунед аз ин коратон ? Наход рӯзатон нагузарад, ки ба пули ҳалоли ин барҷомондагон чашм ало кардаеду шарму ҳаё нокарда ин қишри ҷомеъаро ғорат кунед! Охир ҳеҷ соҳае дар кишвар нест, ки дасти шумо ва оилаи кабири шумо дар он дахил набошад ? Медонем модаратон Азизмо ниёз ба нафақаи 80 сомона надорад. Чунки 80 ҳазор сомонӣ як рӯза масарафи модаратон аст. Аммо модароне ба мисли модари шумо ва падароне ба мисли падари 71 солаи шумо ва аз ӯ ҳам бузургтар дар кишвар ончунон зиёданд, ки ниёз ба як бурда нон доранд. Наход шумо то ин андоза бе шараф ва бе ҳаё шуда бошед, ки пули ин барҷомондагонро ҳам ғорат кунед!
“Ислоҳ” ин қазияро дунбол мекунад ва ҳатман аз натиҷааш миллатро огоҳ мекунад!