Шаби 27 майи соли ҷорӣ дар Конибодом боз як фоҷиаи мудҳиш ба амал омад. Аъзои як хонавода, бо шумули як духтари 13 сола аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуд. Аммо ин фоҷеаи ваҳшатнок ҳолат ва мавриди ягона нест, ки дар ин гушаи ороми Тоҷикистон руй медиҳад.
Қатлҳои ваҳшатноки занҷираӣ дар деҳоти Конибодом сокинони ин ноҳияро ба ваҳшату изтироб овардааст. Бинобар хабарҳои расида ин чаҳорумин мавриди куштори аъзои хонаводаҳо аст ки тайи моҳҳои март ва май ба вуқуъ пайвастааст. Мо аз сухторҳое ҷони беш аз 17 нафар сокини Конибодомро гирифтааст чизе намегуем.
Тибқи маълумотҳои ба дасти мо расида дар Конибодом як гуруҳе пайдо шудааст, ки шабонгоҳ ба хонаҳои сокиноне медарояд, ки марди он манзил дар муҳоҷират қарор дорад. Ин гуруҳ ба хонаҳои муҳоҷирҳо даромада зану духтару кудакони онҳоро таҷовуз карда сипас ба қатл мерасонанд. Ин ҳаводис се моҳ мешавад, ки такрор мешавад, аммо то ҳол мақомот ягон касро дастгир накардааст.
Ин куштору ин қатлҳо бо чи ангеза ва аҳдоф сурат мегирад, кадом қувваи вайронгару харобкоре ҳаст ва он кӣ буда метавонад ва чаро маҳз Конибодомро ба нишон гирифтааст, мо феълан чизе гуфта наметавонем. Аммо, агар шумо хонандаи доимии мо ва махсусан барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо” бошед, медонед, ки дар бораи кушторҳои ахир дар деҳоти Конибодом мардум навишта буданд. Ростӣ, мо худ, агарчи мунташир кардаем, ба ин иттиҳом, ки дар паси ин кушторҳо худи режим ва маъмурини вай даст доранд, бовар накарда будем. Ва, ҳоло аз навиштаҳои қаблии сокинони Конибодом дар барномаҳои “Номаҳо…чанд иқтибос меоварем ва ин иқтибосҳо ба ҳадди лозимӣ манзараи воқеъиро равшан ва ошкор мекунанд ва мо сипас ба идомаи масъала мепардозем:
«….30 март дар маркази ноҳия як оиларо дар вақти бебарқӣ куштанд-як муйсафедро бо якчанд набераҳояш. Аммо мақомоти бачаҳакои боло мегуянд, ки гӯё муйсафед набераҳояшро кушта бошаду баъд худашро овехта бошад. Мо мардум ягон шаке надорем, ки ин кори бодовардаҳо мебошад….»
«….. Баъд аз нашри номаҳои охирин дар мавриди кушта шудани як хонавода, ки аз муйсафед ва келину набераҳояш иборат буд, боз дигар хонаводаро, ки аз шавҳар ва зан иборат буд куштанд. Киллерҳо аз болои боми туалет рӯзи рушан ба хона даромада аввал шавҳарашро шиканҷа карданд. Вақте диданд зан ин ҳолро мебинад ӯро бо набераҳояш ҳам ба шаҳодат мерасонанд»….
«…..Мақомоти одамкуши Раҳмонов талқин дорад, ки ин корро одамкушҳо барои пул карданд. Аммо мардуми Конибодоми бадбахтшуда ақлашро нахӯрдааст ва мефаҳмад, ки ин дурӯғи маҳз аст, Ва ин кор барои давом додани қудрати сулолаи гадоҳо ба монанди Раҳмонов аст….»
«…..Ҳоло бошад севвумин куштор шаби 21 апрел сурат гирифт. Ин бор як хонаводаи калонро куштанд. Ин оила аз зан, падар, келин, ҷиянҳо ва ҷавони 22 сола иборат буданд. Инҳоро шабона бо корд ва дигар асбобҳо ба шаҳодат расонданд .»
«….Дар ин моҳи апрел 3 хонаводаи калонро бо ҳар гуна баҳонаҳо куштанд. Ман мехоҳам шахсан шумо дар ин масъала муроҷиате дошта бошед ба шахсони баландрутба. Чунки мо мардуми Конибодом фардо ё пас фардо намехоҳем кушта шавем….»
« …..Ҳоло бошад ба маркази Конибодом ҷӯраҳои Сорбони килер омадаанд, ки қаду басташон 2 метр аст, ба фикрам снайперистанд. Ба ҳар ҳол вазъияти марз хеле гиряовар аст. Исфара ва Конибодом амн нестанд….»
«…..Дар яке аз номаҳои қаблӣ шумо рост гуфтед, ки дар ноҳияи мо 3 хонаводаро ба қатл расонданд. Албатта қотилон дар озодианд ва касе ба онҳо чизе гуфта наметавонад, ғайр аз расонаи фурухтанашудаи Ислоҳ. 3 маврид ҳодисаи дигари кушторҳоро намедонам бар души кӣ мепартофта бошанд. Мо мардум тупой нестем ва мефаҳмем, ки ин кушторҳо аз тарафи мақомот анҷом дода шудааст, то ки мардумро тарс диҳанд ва баъдан аз ин сабаб ё баҳона телефонҳоро тафтиш кунанд ….».
«…Ҳоло милисаҳои Лоҳутиро бо сменаҳо мебиёранд. Хеле мубодила мекунанд, аммо бояд акои Буратино огоҳ бошад, ки чихел кормандони вай хиёнат ба мардум ва ба касбу погонҳои худ мекунад. Онҳо дар ҳар куҷо, аз ҷумла дар чойхонаҳо ба вай тариқи бузҳояш хабар мекашанд. Ҳатто бузҳои мақомоти Раҳмонов безоранд аз инҳо .»
« …Яъне шумо ҳоли бади моро фаҳмидед, ки рузона ба хонаҳо бо баҳонаи облава мераванд ва дарро тақ- тақ мекунанд. Аммо вақте шаб мешавад, бе ягон предупреждение ниндзяҳо медароянд ба манзилҳои истиқоматии бе соҳиб….»
«……Аз соатҳои 00:30 – 1:30 то соатҳои 3:45 – 3:40 шаб инҳо фаъолияти ғоратгаронаи худро пеш мебаранд, албатта бовар дорем, ки ин корҳоро бо дастури Буратино, Қурбонови қурбаққа ва бачаҳакои КГБ и ноҳияи Конибодом иҷро мекунанд.
«….Ва ҳоло бошад ба Конибодом сари ҳар деҳа 50 –тоӣ милисаро аз худи Душанбе оварданд ва инҳо телефонҳои тамоми мардумро тафтиш карда истодаанд. Мақомот ҳам кушторро содир карданд ва ҳам онро тафтиш ва гузориш карда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар.Ба фикрам, агар Оила хоста бошад, гуфти гапо сайёраро мақомот барои онҳо меоранд.»
«… Ҳоло дар Конибодом рейдҳои сахт рафта истодааст. Мисле, ки комендантский час эълон шудаст ва аз ҳамин сабаб амниятиҳои газанда куча ба куча шабҳои торики бесвет мегарданд. Мо мардум ба дод омадем аз дасти инҳо. Ҳоло инҳо тамоми бузҳояшонро активация кардаанд….»
«….Ягона хоҳише, ки мо мардум дорем ин аст ки дигар мо- мардуми Конибодомро ҳеҷ кас шабона накушад, ба хонаҳоямон надароянд, барқамонро хомуш накунанд ва моро Қофлонбой-раиси вилоят ва Тухтасуноғлу –раиси шаҳр бо насос таъмин кунанд, тамом.»
«Мо на ниёзи оппозитсияро дорем на ниёзи С.С ва Р.Р. ва на Юсуф Раҳмон, на вазири мудофиъа ва на ба ном зиёии Абдулло Раҳнамои гаремшикро. Мо мардум оҳи ҷонкоҳ дорем аз инҳо….»
«…..Бо истифода аз фурсат ба мардуми Конибодом мехоҳам як маслиҳат дода бигуям, то дар оянда аз ҷониби Раҳмонов кушта нашаванд. Агар хешу табор дар Русия дошта бошед, эҳтиёт кунед ва дарҳои хонаҳоятонро русту маҳкам нигоҳ доред, то ки аз ҷониби инҳо кушта нашавед. Агар деворҳои паст ё хоҷатхонаҳои паст дошта бошед, эҳтиёт кунед. Шабҳои торик оинаҳою тирезаҳои худро маҳкам ва нобино нигоҳ доред, чунки ҳоло амнияти Раҳмонови раққоса махсус агентҳоро куча ба куча равон карда аст. Бовар кунед аз кӯчаҳои шумо на кам аз 4-6 буз хоҳанд баромад. Дар охир бори дигар мегӯям, ки Худо манро кӯр кунад, агар дуруғ гуфта бошам…»
Ва,албатта,аз ин иқтибосҳо аз номаҳои фиристодаи мардуми Конибодом фаҳмидед, ки дар воқеъ дар инҷо куштору қатлҳои амдӣ ва нақшаӣ анҷом шудааст. Имкон надорад, ки қатлҳои занҷираии оилаҳои конибодомӣ тасодуфӣ бошад.
Ҳодисаи ахир шаби 27 май дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи пешинаи Ҷигдалик, ҳозира Санҷидзор руй додааст. Саробони ин хонавода, Баҳодур Файзуллоевич рузи 28 май аз шаҳри Сургути Русия ба Тоҷикистон омад. Вай фарзанд дорад. Як духтари 16 сола ва як писари 13 сола. Ҳарду фарзанди Баҳодур ва ҳамчунин зани Баҳодурро куштаанд. Осори таҳқир ва таҷовуз дар бадани духтари ноболиғ дида мешавад. Ин духтари ноболиғ бо дастонаш зур зада хостааст наҷот ёбад, ки аз ранги хуни нохунҳояш ҳувайдост, аммо уро куштаанд. Ҳангоме милисаҳо меоянду аз ҳамсояҳо мепурсанд,ки Баҳодур чанд фарзанд дошт, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки се то. Милисаҳо кофта-кофта хонаҳои болотар аз хонаи Баҳодур мераванд,то фарзанди сеюмро пайдо кунанд. Аммо дар хонаи болотар боз дучори чунин қатл мешаванд. Дар ин хона низ зану шавҳар ва келини хонаводаро куштаанду се кудакро, ки сесола, панҷсола ва хурдиаш 8 моҳа буд ба утоқи дигар бурда маҳкам кардаанд, ин кудаконро накуштаанд.
Аммо ин оилаи дуюми кушташуда қирғизтабор аст. Манобеи мо мегуянд, ки милисаҳо ба мардум гуфта истодаанд, ки ин кори қирғизҳо аст.
Дар асл бошад ин деҳа дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, аммо пешвақтҳо инҷо қирғизҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳозир бошад 80% тоҷикҳои деҳаи Қарақчиқум аз ҳамин қишлоқ, аз қирғизҳо хонаҳоро харида зиндагонӣ мекунанд. Қирғизҳо бошад 20% ва шояд камтар бошанд.
Манбаи мо мегуяд: «фикр мекунам,ки ин кори амниятиҳост, чунки худи шаҳри Конибодом бо қирғизҳо ё ки маҳаллаҳои қирғиз нишин, ягон наздикӣ надорад»
Ҳодисаи якум, ки аз вуқуи он тақрибан се моҳ мегузарад, дар наздикии шаҳри Конибодом руй дода буд.
Ҳодисаи дуввум бошад, дар қишлоқи Кучкак ба амал омада буд, ки онҷо ҳам бо маҳаллаҳои қирғизнишин наздикӣ надорад. Дар қишлоқи Кучкак 95%узбекҳо зиндагӣ мекунанд.
Аммо ҳодисаи ахир, ки дар Санҷидзор рух дод дар фосилаи 150-200метр болои канал аллакай Қирғизистон аст вале аввалин маҳаллаҳои зисташон 15 километр дур аз инҷо сар мешавад.
Мақомоти мо, ба фикрам фаҳмиданд,ки мардум ба наздикӣ қиём мекунад, онҳоро ба тарафи қирғизҳо «настроит» карда ҷангро бар зидди қирғизҳо сар мекунад. Ё дигар чи гапе ҳаст, чунки дар ҳамаи ҳодисаҳо ягон ашё ё пулу тилловориро нагирифтаанд.
Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ҳоло маълум шудааст, ки ин ҳама кори офитсерони баландрутбаи Қушунҳои сарҳадӣ, ки дар наздикии деҳа қисми ҳарбӣ доранд, будааст. Ин корҳоро афсарон кардаанд, на аскарон.
Дар асл дар шаби 27-и май ду оиларо дар як куча кушта будаанд. Яке аз ин оилаҳо кудаки 8моҳа ва ду фарзанди се ва панҷсола доштааст. Онҳоро накуштаанду ба утоқи дигар гузаронида аз болояшон маҳкам карда рафтаанд. Милисаҳо гуфтаанд, ки ин кори офитсерҳои ҳамин қисми ҳарбӣ будааст. Аз зери нохуни зан ва духтари Баҳодур ДНК-и офитсерҳо баромадааст. Офитсерҳо рӯзи 31 май аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. Аммо аз ин бештар тафсилоти дигар дар даст нест.
Ин манбаъи гуфт, ки дар охир мехоҳад ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан ба деҳаи Қарақчиқум ва Лоҳутӣ муроҷиат карда бигуяд, ки мову шумо бояд иқрор шавем, ки ин ҳодисаҳо ба сари мо ба осониву зудӣ наомадааст. Масалан 10 сол пеш ин режими хиёнатпешаи Эмомалӣ Раҳмонов мардумро ба ба баҳонаи салафия иттиҳом зада ҳазорҳо нафарро зиндон кард. Ҳама хап будему хап мондем. Ҳатто медонистем, ки шахсони салафӣ набударо ҳам бурданду зиндон карданд. Як хел беномусу бешарафони буз болои бародарони намозхон туҳматҳо карданду то ба чубаи дор кашониданд, ба гуфти худашон «ҳамкорӣ бо мақомот карданд». Аммо бояд донист, ки ин ҳама аз беисломиву беномусии бисёре аз мардуми мо шуд. Агар мо бузи амнияти милиса намешудем, якдигариамонро намефурухтему муттаҳид мешудем ин корҳои ғайриинсониву ғайриқонунӣ аз ҷониби ҳукумати даюси Эмомалӣ ба сари мо намеомад. Ҳоло ҳам биёд, э мардум, муттаҳид шавем. Якдигарро бо туҳмату буҳтон ва нафси дунё нафурушем. Барои ин режими ғайридиниву тоҷиккуши Эмомалӣ бас будагист. Дидану таҳаммул кардани ҳар гуна беномусиҳову ноинсониҳои ин режимро набояд таҳаммул кард. Акнун мардум дигар фаҳмид, ки ин режим дар фикри таъмини амнияти мардум неву дар роҳи нобудии мардуми Тоҷикистон аст. Охир, дар ин синну соле,ки дорем як фарзандро то ба ин сину сол расонидан кори осон аст магар?
Ва қурбони бозиҳои ин хоини ватанфӯруши модарбахаторафтаи Эмомалӣ кардану хомуш будан ин инсонист магар?
Агар ин ҳодисаҳои куштор якто буд, шояд мешуд бовар кард, аммо вақте чандин оиларо кушта истодаанду дардовару мудҳиштар аз ин касеро дастгир ва пайдо намекунанд, чи мешавад хулоса кард? Магар ин қадар давлату ҳукумат бесоҳиб аст? Агар худи ҳукумат ба ин кор шарик набуда бошад, фикр мекунед, то ба имрӯз ҳатто як нафар дастгир намешуд?