Раҳмонов ҷонситони матбуоти Тоҷик

Ислоҳ нет

 

Раҳмонов ҷонситони матбуоти Тоҷик

 

 “Бухорои шариф” нахустин нашрияи тоҷикии Аморати Бухоро буд,ки дуруст 108 соли қабл шуморагони аввалини он чун пайки бедорӣ  пардаи фазои тираву зулмонии он замонро бо забони ноби форсӣ бардарид. Аммо ҳанӯз сари по дуруст истод ва устувор нашуда буд,ки манғития дар чеҳра ва симои он нерӯ ва ташаккулеро,ки оқибат манаҳи онро хоҳад баст ва даст ба кор шуду онро сокит ва соқит кард. Дуруст ҳамонанди нашрияҳои озодҳарфу озодаманише назири “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”, “Наҷот” “Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”, “Ҷоми ҷам”,ки дар  Тоҷикистони дар арафаи наҳзатҳои бедорӣ  ва дар оғози ҳаракатҳои озодии миллат дар каф ва канори мардум  қарор доштанд ва анису муниси ҷамъият шуда буданд.

 

Ин нашрияҳои озоданавису озодиписанд қуввати қалбу нерӯи рӯҳи мардуми тоҷик шуда дар баробари низоми худкома ва ҳуккоми фориғ аз дарду доғи миллат ба гуфтан ва навиштани масоилу мушкилоте даст мезаданд,ки пояҳои онҳоро баларза меандохт. Туфайли ҷонфидоӣ ва заҳамоти ҳаминҳо буд,ки Тоҷикистон дар сайтараи шуравии пешин дар арзёбиҳои озодии матбуот ва сухан дар болотарин мақом қарор дошт. Ин мардуми дӯстдоштанӣ ва бедордил,ки тайи 70сол як низоми илҳодиро таҳаммул карда буд, якҷо бо рӯшангару мунавварфикрони худ аз неъмати насими озодӣ баҳравар шуда ва бо камоли огаҳӣ дар баробари режим қад алам кард ва ба хиёбонҳо рехт ва забони модарии худро ба мақоми муносибаш нишонд. Ин мардум ҳамон замони ваҳшатноки коммунистӣ(1989) ба забони модарии худ мақоми давлатӣ дод ва аз зери сояи русӣ берун овард ва номи муборак ва асосии он “форсӣ”-ро дар қонун мусаббат кард.

 

Аммо як тӯдаи беаслу насаб ва ҳуввиятбохта ва ғайримиллӣ ва ғайримардумӣ,ки то ҳамин имрӯз дар ватани азизи мо шӯру бедод мекунад, бо дастгирӣ ва пуштибонии аҷнабӣ қудратро тасарруф кард ва дафъатан ва даррав алайҳи матбуоти озод, рӯшангару мунавварфикрон  ҷабҳа дуруст намуд ва ҳама дастовардҳо ва ҳама озодиҳо ва ҳама истиқлолхоҳиҳо ва ҳама сарфарозиҳоро аз байн бурд. На “Растохез” монд,на “Адолат” монд, на “Чароғи рӯз” монд на “Ҳафтганҷ” монд на “Сухан” монд на “Ҷоми Ҷам” монд. Ҳамаро ин дастнишонда ва арӯсаки русиву узбакӣ маҳву нобуд кард.Садҳо,балки ҳазорҳо хабарнигору рӯшангару олиму адиб то Мӯъмин Қаноат, то Гулрухсор, то Акбари Турсон, то Имомназари Холназар, то Насибҷон Амонӣ, то Салими Аюбзод, то Додоҷони Атовулло, то Баҳманёр ва даҳҳо тани дигар гурезаю овора шуданд. Бозор Собир, Ойниҳол Бобоназарова,Мирбобои Мирраҳим, Аҳмадшои Комил,Хайриддини Қосим ва чандин тани дигар ба зиндон кашида шуданд. Ҳама нашрияҳоро,асбоби номус ва ғурур ва намоди миллатро зери пойи аскару афсари русу узбакӣ хурду реза кард.Тоҷикистони озод ва тоҷикони озодаро ба торикистон ва барда табдил дод.Садҳо ҳазор аз ҳамватани мо дар ғурбат ва мулки бегона қути лоямут мекобанд. Тоҷики боғуруру бошараф зери пойи дигарон леҳ шуд ва исмаш шуд Равшану Ҷамшуд. Ва ҳоло ки дигар тоҷик муродифи террорист шудан дорад.

 

 Дигарбора ин самандарони озодманиш талош карданду “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам” ва “Рӯзи нав” в “Наҷот” ташкил дода суханро,нангро, тавонро,нерӯро аз дасти силоҳбадастон ва ин тӯдаи беҳайсият,бегузашта,асолатбохта, шируҷурғотро омехтамехӯрда баргирифтанд.  Ҷойгоҳи холишуда ва номуси барбодрафтаи мардум ва зиёиёни онро пур карданд.Зиндагӣ ба маҷрои табиии худ метавонист бозгардад. Аммо боз ҳам ин хаффошон ва тӯдаи безори каломи ҳақ ҳамаро маҳву нобуд  кард. Нагузоштанд,ки ин нашрияҳо ба кори худ идома бидиҳанд. Дар ҳоле,ки тиражи онҳо рӯзторӯз дар ҳоли афзоиш буд, чун аз ҳоли халқ мегуфтанд. Боз ҳам ба даҳони матбуоти озод ва озодии баён мӯҳру мум заданд.

 

 Чанде пас нашрияҳову сомонаҳои  “Нигоҳ”, “Тоҷнюз”, “Озодагон” ба арсаи фаъолият қадам ниҳоданд. “Миллат” баъди бастани  чанде аз он нашрияҳо, сукути дар васат пайдошударо  бо по ба саҳна гузоштан шикаст ва ҳамин тавр дигарҳо ӯро идома доданд.

 

Аммо, чи мегӯед,ки ин бор ҳам ин душмани дину миллат,ин душмани озодии баёну андеша ва ин душмани пешрафту нуми миллат ҳамаро яксара басту нафасашонро қатъ намуд. Имрӯз аз шумор кормандони ин нашрияҳо даҳҳо тан аз хабарнингорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд. Паноҳ аз режиме,ки иинак  сӣ сол мешавад, ин мардум ва ин миллат ва ин ватан ва ин давлатро бо авлоди яъҷуҷу маъҷуҷаш ба асорат бурдаву гаравгон гирифтааст.Вай аз матбуот ва озодии сухан барои он метарсад ва душманӣ меварзад,ки саропо гуноҳ ва саропо ҷиноят аст. Ва гунаҳгори азим ва ҷинояткорӣ гузаро аст. Даҳани журналист ва хабарнигорро барои он бастааст,ки чизе аз хусуси ӯ ва оилаи ӯ нагӯяд.Фикр мекунед,ки Далер Шарифов,  як журналисти мустақил чи метавонист бикунад,ки инак наздики ду моҳ мешавад бандӣ аст?Зеро Раҳмонову дору дастааш ба шумули Ятимову Раҳимов аз сухани озод, аз ақидаи муфид барои миллат метарсанд. Онҳо метарсанд аз онки матбуот озодона ҳарф бизанад,озодона сухан бигӯяд.

 

  Вай нашрияҳои худро,ба истилоҳ давлатиро назири “Ҷумҳурият” ва“Минбари халқ” ва ғайра дорад,ки  аз роҳи иҷбор ба мардум бор ва зӯран обуна мекунад. Тиражҳояшон ҳам калон аст: 50.000 ва 70.000.Аммо онҳоро касе намехонад. Чун дар ҳамаи онҳо сару сураташро дарҷу чоп мекунанд,ки дигар боиси қай ва истифроғи мардум мешавад. То ҷое хабарҳо расиданд имсол дар шумори ин нашрияҳо,ки обунаашон иҷборӣ аст ҳамчунин “Тоҷикистон”, “СССР” ва “Имрӯзнюз” низ ворид шудаанд. Як нафар аз намозгузорони  раштӣ гуфт,ки барои “Имрӯзнюз”,ки КДАМ маҷбур бар обунааш кардааст 575 сомнӣ ҷамъ карда додаанд.

 

Агарки аз матбуоти озод наметарсид, тавассути ҳукми додгоҳ даҳҳо шабака ва сайтҳои иҷтимоиро ба баҳонаи террористӣ намебаст. Матбуоти озод ва сухани рост барои вай “террорист” ҳисобида ва шинохта мешавад.Онки зӯраш овард ва дар баробараш аҷзу нотавонӣ эҳсос кард онро “террорист”  муаррифӣ мекунад. Аммо ба худ ва оилаи худ наменигарад,ки мардумро чи гуна террор карда истодаанд. Ин ша Аллоҳ,ки матбуот ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯч кардааст ва ин силоҳ ӯро изну амон нахоҳад дод. Инки аз “Кимиёи саодат”, “Ислоҳ.нет”, “Паём” ва “Ахбор.ком” метарсад яқин аст. Идораи хоси ҷавобнависӣ ташкил кардааст. Фоидааш надорад. Чун дуздро ҳама шиносоӣ кардаанд.Дигар ҳам ин аст ки даҳҳо нашарот ва расонаҳои тасвириву савтиву катбии интернетии озодандеш ва озодасухан дар роҳ аст.

 

  Ҳоло бо “Озодӣ” чаро дарафтидааст? Чунки “Озодӣ” дигар дар контролаш нест. “Озодӣ” ончиро мегӯяд,ки воқеият аст. Мушкили аслӣ ва асосиаш бо “Озодӣ” ҳамин аст ки “Озодӣ”  бар мабнои қоида ва қонун менависад ва на бар асоси дикта ва диктовкаи вай.

 

Тақрибан дар аксарияти нашрияҳои замони оғози истиқлол, ки ҳоло ин тӯдаи арӯсак ва дастнишондаи аҷнабӣ иқтидори сиёсиро ғасб накарда буд,нашрия ва маҷаллаҳои даврӣ барои хатти таърихии миллат сафҳаҳо ихтисос дода ҷомеаро барои ошноӣ ва омӯзиши он ташвиқ мекард. Инҳо омаданд ва он хатти таърихиро,он хатти қуръониро,он хатти шоҳнамаиро, он хати мавлавиро,он хати домулло Айниро ҳам аз байн бурданд ва ҳатто аз қонун ҳам вожаи ноби форсиро аз забони ин миллат берун андохтанд.

 

ИН тӯдаи дар асл барои миллат ва мардуми тоҷик бегона, ба мисли ҳамон дарбеҳи ночаспон бар ҷомаи миллат аст,ки дар муқобили табиат ва руҳияи ин мардум ва ин миллат,ки комашро бо сухан бардоштаанд, на танҳо иқтисоду иҷтимоашро, рушду пешравиашро кушт,ҳамчунин суханро кушту суханваронашро кушта истодааст.Инҳо идомаи ҳамон манғитиёнанд,ки “Бухорои шариф”-кушта буд. Бар рағми ин суханкушҳо,ин душманони озодии матбуот ва сухан ба ҳама ҳамкасбон ва хабарнигорони тоҷик Рӯзи матбуоти тоҷикро дар ин ҳолати хафақону вахим табрик мегӯям.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин,муассис ва сардабири пойгоҳи “Isloh.net”

 

Share This Article