Рафтори Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) бо хӯрдсолон
Давлатҳои пешрафта пас аз ранҷу талоши зиёд ва касби таҷриба ба аҳамияти тарбияи дурусти кӯдакон ва адами водор кардани ӯ ба кор, ҳамчунин гузоштани фурсате барои онҳо ҷиҳати бозӣ кардан ва баҳраманд шудан аз даврони кӯдакияшон дар канори тарбияи дурусти хонаводагӣ даст ёфтанд. Аммо дини ислом муроқибат ва риояи кӯдакон, мадоро (нармрафторӣ) кардан бо онҳо, бардоштани корҳои сахт аз дӯши онҳо, омӯзиши чизҳое, ки муносиби кӯдакон аст бар инҳо (давлатҳои пешрафта) пеша гирифтааст ва ин ҳамон чизе аст, ки барномаи парваришгоҳҳои кӯдакон бояд онро дар канори волидайн ва касоне, ки ниёбати онҳоро дар хона доранд мадди назар гирифта, муҷассама созанд. Ва ба таҳқиқ, ки суннати паёмбари Худо (с) ҳуқуқи кӯдаконро дар муроқибату нигаҳдорӣ аз онҳо ва навозишу дилсӯзӣ кардан аз онҳо ва омӯзиши муфид дар ҷойҳои зиёд ба тасвир кашидааст. Паёмбар (с) кӯдаконро дӯст медошт, бо онҳо бо ахлоқи накӯ рафтор мекарданд, бо онҳо шӯхиву бозӣ мекарданд. Дасти муҳаббат ва раҳматашро бар сари онҳо мекашид (сила менамуд). Наберааш Ҳусайн ибни Алӣ ибни
Абӯтолибро бар шонаҳои муборакаш қарор медод ва бо ӯ шӯхӣ мекард, сипас дар оғӯш гирифта, ӯро мебӯсид ва ба даргоҳи Парвардигор дуо мекард: «Парвардигоро дӯсташ бидор ҳамоно ман низ дӯсташ дорам.»
Паёмбар (с) аз фарқ гузоштани миёни кӯдакон боз дошта, фармуданд: «Аз Худо битарсед ва дар миёни фарзандонатон адолатро барқарор кунед.»
Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде назди паёмбар (с) буд, ки дар ин ҳангом писараш назди онҳо омад. Мард писарашро бӯсид ва бар ҷояш нишонд, замоне, ки духтараш омад ӯро дар муқобили худ нишонд. Паёмбар (с) фармуданд: «Оё байни онҳо адолатро барқарор накардӣ!»
Ва дар ҳадиси дигаре чунин зикр шудааст: Нуъмон ибни Башир назди паёмбар (с) омад ва гуфт: Ман ба писарам ҳадяе додам, ки модараш Умраҳ духтари Равоҳ аст, пас, маро амр кард, ки шуморо шоҳид кунам эй расули Худо (с). Паёмбар (с) фармуданд: «Оё ҳамаи фарзандонатро чунин ҳадя тақдим кардӣ?” Гуфт: не накардам. Паёмбар (с) фармуданд: «Аз Худованд битарсед ва миёни фарзандонатон баробариро барқарор кунед!» Ӯ бо шунидани сухани паёмбар (с) аз ҳадяаш сарфи назар карда, баргашт ва ҳадяро пас гирифт.»
Дар бораи меҳрубон ва раҳм намудан ба кӯдакон паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар касе, ки эҳтироми солхӯрдагонро ба ҷой наоварад ва бар хурдсолон раҳм накунад аз мо нест.»
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ шахсе аз шумо имоми мардум шуд, пас намозро тӯлонӣ накунад шояд, ки аз онҳо афроди хӯрдсол, кӯҳансол, заиф ва ё бемор бошад, пас, ҳар гоҳ танҳо шуд ҳар гунае, ки хост намоз бихонад.»
Анас (р) ривоят мекунад, ки пушти ҳеҷ имоме намоз нахондаам, ки монанди паёмбари (с) онро кӯтоҳ ё тӯлонӣ хонда бошад. Паёмбар (с) фармуданд: «Ба дурустӣ, ки ман вориди намоз мешавам дар ҳоле, ки мехоҳам онро тӯлонӣ баҷо оварам, пас, садои гиряи кӯдакро мешунавам онро кӯтоҳ мекунам ва ба хотири огоҳӣ, ки аз миқдори ранҷ модар нисбат ба гиряи кӯдакаш дорам.»
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Ақраъ ибни Ҳобис дар канори паёмбар (с) нишаста буд, дид, ки Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро паёмбар (с) бӯсид, пас, Ақраъ гуфт: Ман даҳ фарзанд дорам ва ҳеҷ яке аз онҳоро то кунун набӯсидаам. Паёмбар (с)
ба ӯ нигоҳ кард ва фармуданд: «Ҳар касе раҳм накунад бар ӯ раҳм карда намешавад.»
Аз Анас (р) ривоят аст, ки зане назди модари муъминон Оиша (р) омад ва модари муъминон ба ӯ се адад хурмо доданд, пас, он зан хурмоҳоро ба кӯдаконаш дод ва як донаашро барои худ гузошт. Кӯдакон хурмоҳои худро хӯрданд, сипас ба модарашон нигоҳ карданд, модар он хурмое, ки барои худ гузошта буд ду тақсим намуд нисфе аз онро ба кӯдаконаш дод. Пас, Оиша (р) рафтори ин занро ба паёмбар (с) қисса намуд. Паёмбар (с) ба модари муъминон Оиша (р) гуфт: Чӣ чиз аз он туро ба тааҷҷуб водоштааст? Ба ростӣ Худованд бар ӯ раҳм кардааст ба хотири раҳм кардан ба фарзандонаш.
Соиб ибни Язид гуфт: холаам маро назди паёмбар (с) бурд ва гуфт: эй паёмбари Худо (с) ин хоҳарзодаам нохуш аст. Пас, паёмбар (с) сарамро масҳ кард ва бароям талаби шифо намуд, сипас вузуъ гирифт ва аз оби вузӯяш нӯшидам ва бар пушти сараш истодам ба муҳри хатми нубувваташ, ки дар миёнаи шонаҳояш ҳамчун тугма барҷаста буд, нигоҳ кардам.»
Аз Рофеъ ибни Умари Ғаффорӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: замоне навҷавон будам нахлеро аз нахлҳои ансор мавриди
ҳадаф қарор додам. Пас, назди паёмбар (с) аз ман шикоят карда, гуфтанд: писарест, ки дарахтони моро бо санг мезанад. Паёмбар (с) назди ман омад ва фармуданд: «Эй навҷавон чаро дарахти хурморо мезанӣ? Гуфтам: ба он хотир, ин корро кардам, то аз мевааш бихӯрам. Паёмбар (с) фармуданд: Дарахтро назанед ҳар мевае, ки поён меафтад бихӯред. Сипас бар сарам масҳ кашид ва фармуданд: Парвардигоро шикамашро сер бигардон».
Аз Саъди Соъидӣ (р) ривоят аст, ки назди паёмбар (с) шарбатеро оварданд паёмбари Худо (с) аз он нӯшид. Аз тарафи росташ ҷавоне ва аз тарафи чапаш пиронсолон буданд. Пас, ба ҷавон фармуд: Иҷозат медиҳӣ, ки шарбатро ба пиронсолон диҳам? Ҷавон гуфт: Не ба Худо қасам намегузорам касе баҳраамро аз шумо бигирад. Паёмбар (с) косаи шарбатро ба дасти ҷавонмард гузошт».
Модари муъминон Оиша (р) ривоят мекунад, ки бозичаҳое доштам, ки ҳамроҳи духтарон бозӣ мекардам, чун паёмбари Худо (с) воридамон мешуд онҳоро аз ӯ пинҳон кардам, аммо паёмбар (р) онҳоро ба сӯи ман боз гардонд, то бозӣ кунам.»
(Имом Бухорӣ)
Паёмбари Худо (с) хӯрдсолонро аз сурури табии ва шодиҳое, ки сабаби эҷоди талош мешавад маҳрум намекунад, балки бо фармудаҳои ҳикматомезаш онҳоро ҳифз мекунад. Пас, шоиста аст, ки мо низ дар тарбияти фарзандонамон ба суннат ва роҳу равиши паёмбар (с) чанг бизанем ва аз Худованд талаб мекунем, ки барои мо дар фарзандонамон ҳидоят, хайр ва баракат қарор диҳад.