Раҳмонов рафтанӣ нест? Тоҷикистонро марг аз Раҳмонов наҷот хоҳад дод!

Ислоҳ нет

Авоили моҳи декабр замони баргузории маъракаи интихобот барои Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ маълум хоҳад шуд, аммо, баъид ба назар мерасад, ки Раҳмонов ин бор ҳам курсиро ба манфиати Рустам холӣ ва фармони интихоботи ҳамзамони раёсати ҷумҳурӣ бо ин интихоботро содир кунад. Раҳмонов рафтанӣ нест ва танҳо касалии саратон ё инсулту инфаркт, мунтаҳо марг аст ки Тоҷикистонро аз Раҳмонов наҷот бидиҳад.

 Сабаби асосии нарафтани Раҳмонов ин аст ки ҳеҷ гурӯҳ ва шахсияте дар дохили кишвар нест, ки ба курсии вай дида духта бошад. На мухолифе дорад, на муқобиле! Қонуну сарқонунро ҳам барои «якумрӣ» истодан мувофиқ ва мутобиқ кардааст. Ҳар вақте бихост (мутмаин нестем) Рустамро меоварад, агар нахост ҳамин зайлу ҳамин минвол, ки ҳоло дорем, рафтан мегирад.

  Бо омадани Толибон  ба қудрат сахт дар таҳлукаву ташвиш афтода буд. Ҳар гуна гумону хиёлҳое мекард, ки ин «муллоҳо» метавонанд барои вожгун ва нагунсор кардани вай ба муллоҳову исломиҳои тоҷик пуштибон ва такягоҳ бишаванд, аммо дили онҳоро ҳам ёфт. Дигар на аз «ҳамашумул» мегуяду на ба Аҳмад Масъуд, ки бар зидди Толибон Душанберо «ақибгоҳ» интихобида буд, эътино мекунаду на Тоҷику ҳимоят аз тоҷикони онсӯйи Омӯ забон мекушояд.

Ҳоло агар ин кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршо Искандаров ва дигарон рост буда бошад, вай тавонист, ки ҷилави инро ҳам бигирад ва ба Русия, яъне Путин бирасонад, ки «лишний движени» накунад, чун дар дохили ҳукумати вай ҳам одам дорад ва аз нақшаниятҳояш воқиф мекунанд. Гап дар бораи ин меравад, ки ҳам Ҳамрохон Зарифӣ, ба унвони кегебешники собиқи шуравӣ (Русия) ва ҳам Акбаршо Искандаров, ки одами Маскав аст ҳеҷ гоҳ бидуни ризоият ва пуштибонии Русия ҳамчунин коре намекунанд, ки онҳоро ба зиндон бикашонад. Ин бозӣ чӣ бозӣ аст, ҳатман Русия дар пушташ аст. Аммо Раҳмонов тавонист, ки «перехватит» кунад.

Рустам, бо ин вуҷуд ки як муҳлати панҷсолаи раёсати Маҷлиси миллиро сипарӣ кард ва як панҷсола аст ки нафари дуввуми Тоҷикистон аст ва таҷрибаи раҳбариро касб кард ва Раҳмонов ба хотири овардани вай Қонуни асосиро тағйир доду сину соли Рустамро барои раиси ҷумҳурӣ мутобиқ кард, барои Раҳмонов на ҳариф аст на рақиб. Раҳмонов диҳад мегирад, надиҳад мунтазир мемонад, яъне ҳеҷ иқдоме намекунад, ки падарашро ба зер бикашад. Чунки айни замон Раҳмонов барои Рустам аз худи Рустам дида зиёдтар фоида (доллар) оварда истодааст, Рустамро бойтару бойтар карда истодааст.

  Тардид надошта бошед, ки Оилаи Раҳмонов, аз худи Рустам гирифта то Амридин Нахшов (Зоир, Шамсулло, Ашраф, Зарифбек, Ҷамолиддин, Рамз, Фируза, Озода, Тахмина, Парвина, Рухшона, Зарина, Фарзона, Ҳасан, Раҳматулло, Амирулло, Амонулло.  ва Азизмо ва, ва, ва, ва…беохир) ҳам раводори омадани Рустам нестанд. Чунки Раҳмонов на фақат Рустам, балки ҳар кадоме аз инҳоро ҳам бойтру бойтар карда истодааст. Хулоса, феълан корди Оила ва олу авлод болои равған аст. Набояд ин муҳити фораму ин иқлими биҳиштӣ халалдор бишавад.

 Раҳмонов барои Рустам боз як манбаъи даромади чандинмиллиондолларӣ фароҳам овард. Корхонаи «Азот» дар Леваканд (собиқ корхонаи нуриҳои азотӣ)-ро, ки соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид харидаву ба миллионҳо доллар навссозӣ карда буд, ду соли пеш бо як пули ночиз ба «Осиё кемикал», ки аз Рустам аст, дод. На фақат Зайд Саид, даҳҳо тоҷирони кишварро барои он зиндонӣ кард, ки ширкату корхонаву тиҷоратҳояшонро бигираду ба бачаву духтарҳояш бидиҳад ва корхонаи «Азот» ҳам аз ҷумлаи онҳост. Вале, ахиран боз як қарори дигарро Раҳмонов барои Рустам имзо кард. Нархи масрафи киловатти неруи барқ ба ин корхонаро то 30 дирам, яъне баробари аҳолӣ поин кард. Ва, ин корхона дар қатори Талко ва Корхонаи металлургии Тоҷикистон, ки моликаш Шамсуллои Фароз, домоди худи Раҳмонов аст якунимбаробар каматр аз бақия корхонаҳо пули свет месупоранд.

Сабаби дигари асосии нарафтани Раҳмонов аз курсии раёсати ҷумҳурӣ ана ҳамин молу моликияти ҷамъоварӣ, балки дуздидаву ба ғорат бурдаву тасарруфкардаи Раҳмонову аҳли оилааш аст. Раҳмонов ин молу мулку пулу сарвату тиллову тангаҳоро кор накардааст, на худаш кор кардааст, на духтарҳову домодҳову бачаҳояш, аз ҷумла ҳамин Рустам, ки ҳоло мултимиллиардери Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва аз рӯйи баъзе маълумотҳо аз манбаъҳои огоҳ «состояни»-и Рустам ба чанд миллиард доллар расидааст.

Раҳмонов на фақат молу мулк ва дороиҳои бизнесменҳоро тасарруф ва ба манфиати худу оилааш мусодира кардаасту карда истодааст, балки бо кафолати ҳукумат ва аз номи ҳукумат бо кишварҳо шартномаҳое бастаасту баста истодааст, ки фақат ва фақат ба манфиати вай ва оилааш кор мекунанд. Ҳоло инҷо як намунаро меоварам. Агарчи як каме тулонӣ бишавад, ҳам аммо ин далели мувассақ аст. Хуб, ба ин хабар таваҷҷҷӯҳ фармоед:

«Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад

  22.08.2023 

Калонтарин созишномаро ширкати “Осиё Кемикал”-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сару кор дорад, ба даст овардааст, то иқтидорашро бештар гардонад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин ба арзиши беш аз 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ бастаанд.

Маросими баимзорасии созишҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти МНМОТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, калонтарин созишномаро ширкати «Осиё Кемикал»-и ҷумҳурӣ, ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ сари кор дорад, ба даст овардааст.

Ҳамин тариқ созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Тоҷикистон, ки моликаш «Осиё Кемикал» ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и чинӣ барои навсозӣ ба имзо расидааст.

Маблағи шартнома 50 млн доллар буда, дар доираи он қарор аст дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар «Азот» то ба 180 ҳазор тонна расонида шавад.

Ҳамчунин, миёни «Осиё Кемикал»-и ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп» оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, созишнома имзо шудааст.

Маблағи ин тарҳ 300 млн доллар арзёббӣ мешавад.

Инчунин ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-и Тоҷикистон барои бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар бо ширкати «Джинчуен»-и Чин шарнома бастааст.

Маблағи шартнома 25 млн доллар буда, дар пайи амалисозии он қарор аст солона дар Тоҷикистон 1500 худрави барқӣ истеҳсол шавад.

Корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро қарор аст ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.» сармоягузорӣ кунад.

Бо ин мақсад ҶДММ «Мармарӣ»-и Тоҷикистон бо он ба арзиши 26 млн доллар шартнома бастааст.»

Ин созишномаҳо дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Хитой имзо шудаанд ва бубинед, ки чи ширкату корхонаҳо аз Чин пул дарёфт кардаанд. «Осиё Кемикал»-аз они рустами Эмомалӣ, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»- аз они Рустами Эмомалӣ, ҶДММ «Мармарӣ»- аз они Рустами Эмомалӣ. Ин танҳо як намуна аз ҳиллаву хидъаи Раҳмонов аст ки бо гарантии ҳукумат ба корхонаҳои бачааш миллионҳо доллар сармояи Чинро гирифтааст.

  Ана ҳамин аст як сабаби асосии нарафтани Раҳмонов аз курсӣ ва ҳукумат. Курсӣ ва ҳукуматро Раҳмонов барои ана ҳамин гуна дуздиву ғорати мардум намедиҳад. Фикр накунед, ки Раҳмонов барои ободиву осоиштагии мардум кор карда истодааст. Раҳмонов барои худаш ва бачаҳову духтарҳояш кор карда истоааст. Халқ барои вай пули пучак арзиш надорад. Халқро Раҳмонов задагӣ. Агар Раҳмонов халқро задагӣ намебуд, дар ин бесветӣ бо Қазоқистон барои фурӯши барқ қарордод имзо намекард, ҳаҷми фурӯши барқ ба Толибонро беш аз нисф зиёд намекард ва барои корхонаи Рустам бо ними нарх барқ намефурӯхт.

Инҷо феҳристи корхонаву ширкату дигар молу мулки Раҳмонову оилаашро овардан метавонем, аммо  сухан хеле ба дарозо мекашад. Вале, бубинед, ки масалан осоишгоҳи Зумрат ва ё Шоҳамбарӣ, пеш аз онки кӣ буд, ҳоло моли Зоири шуӣ Фируза, духтари калонии Раҳмонов шудааст. Заводи нуриҳои азотии Вахш пеш аз онки кӣ буд ҳоло аз они Рустам шудааст. Спиртзавод ва заводи нуриҳои кимиёвии Исфара пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они Ҳасан шудааст. Фабрикаи «Ширин» пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они падараруси Рустам шудааст. Бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон-Талко пеш аз онки кӣ буд, ҳоло аз они Ҳасан шудааст. Роҳи Душанбе-Хуҷанд пеш аз они кӣ буд ҳоло аз они Озодаву Ҷамолиддин шудааст. Хулоса даҳҳову садҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, то заводҳои пахтатозакунӣ аз они бачаҳову духтарҳову домодҳову ҷиянҳову хусурбурдаҳои Раҳмонов шудааст.

Ин бонкҳоро бубинед: Ориёнбонк, Коммерсбонк, Банки байналмилалии Тоҷикистон, Спитаменбонк, Тавҳидбонк, Душанбе –ситӣ,инҳо бонкҳои хусуси Раҳмонову бачаҳову домодҳояшанд.

Ба ҳайати ҳукумат нигоҳ кунед, ки кӣ аз киҳо иборат аст?

Масалан Озода, роҳбари дастгоҳу Рухшона сафир дар Бритониёву Ашраф-шуи Парвинаи Раҳмонова сафир дар Дубай.

 Магар Раҳмонов ин ҳамаро монда меравад? Магар Раҳмонов барои он Қонуни асосиро иваз карду худро «пожизненӣ» сохт, ки биравад? Вай Рустамро барои «эҳтиёт» овардааст, ки мабодое ягон бало нашавад.

Ҳоло «Сифатфарма» ҳоло «Озода-кемикал» ҳоло Амирӣ, ҳоло Таҷэро….ки номи ҳамаашро инҷо овардан намешавад.

Масалан даромади Фароз аз фурӯши прававу техталону техосмотр, фурӯши шираи камол, фурӯши ташхиси лаборатория дар бемористонҳо, насби чипҳои ҳисобкунаки автозаправкаҳо….фурӯши ангишти саросари Тоҷикистон ба Афғонистону Узбакистон …воридоти бензину газу соляркаву мазут…

Хулоса, Раҳмонов хуни халқро макидан дорад. Вай аз макидани хуни халқ варам карда бошад ҳам сер нашудааст. Вай сер намешавад ва ин интизорро ҳам надошта бошед!.

Бори дигар мегуям, ки сабаби асосии нарафтани Раҳмонов ана ҳамин сарвату давлати ҳангуфт ва аз роҳи осону муфт ба даст овардааш аст. Вай аз ин ҳама дил канданӣ нест. Вай фукашро аз охур берун кашиданӣ нест.

 Раҳмонов дар фикри ободии Тоҷикистон нест. Раҳмонов барои сохтмони роҳу амбулаторияву мактаб аз мардум ва аз «соҳибкорни бонангу номус» пул металабад, аз муҳоҷирони меҳнатӣ пул металабад, аммо худаш ва фарзандонаш на фақат бюҷет, на фақат сармояи хориҷӣ, ҳатто пули светро ҳам мебалъанду медузданд.

 Арзиши корхонаи Азотро даҳ маротиба пойинтар карду ба Рустам дод. Аммо кӣ мегуяд, ки ҳамин пули арзонро ҳам Раҳмонов ба давлат супорид ё хайр?

Тамоми беш аз сӣ сол дуздид ва боз дуздида истодааст, аммо сер намешавад, сер шуданӣ нест.

Раҳмонов ҳатто агар Рустамро ҳам овард, фикр мекунед барои пешравиву ободии ману шумо ва Тоҷикистон аст? Ҳаргиз не. Ҳеҷ гоҳ не. Раҳмонов фақат ва фақат худаш, оилааш ва авлодашро мебинад, обод мекунад, сер мекунад.

 Ба гапҳои ободиву ободонии Раҳмонов бовар накунед. Ин агар солҳои ҷанг одам кушт, тоҷик кушт, ҳозир маҳал ва макони ризқи мардумро гирифта мардумро аз ин ҳисоб мазлумтар карда истодааст. Пули муҳоҷирҳоро мегираду бинои ҲХДТ месозад. Аммо худашу бачааш Азот мехаранд. Аз куҷо?  Ва боз як ҳиллаву найранги Раҳмонов, ки ин ҳам рабт мегирад ба корхонаи «Азот». Ин корхона қаблан ду маротиба фурӯхта ва ду маротиба мусодира ва ба моликияти давлат бадал карда шуд. Аммо ин навбат дар қарордоди хариду фурӯш таъкид мешавад, «молу мулки сармоягузор» мусодира ва ё миллӣ (давлатӣ) нахоҳад шуд. Яъне   «Осиё Кемикал» онро фақат худаш мехурад.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо қарз аз давлати Хитой обод карда шуд, аммо фоидаи онро ширкати пулчинаки IRS, аз они Ҷамолиддин ва Озода мебинанд ва аз киссаи халқ ошкоро медузданд.

Паст кардани нархи барқ барои «Азот» ягона саховатмандии ҳукумат барои соҳибони нави корхона нест. Раҳмонов на фқат нархи масрафи барқ ба «Азот»-и Рустамро паст кард, ду соли пеш бо дастури Раҳмонов «Осиё Кемикал», соҳиби ширкати «Азот»- 5 сол аз пардохти «андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ» озод карда шуд. Даҳҳову садҳо корхонаҳои оилаи Раҳмонов аз пардохти ҳама навъи андозу боҷ озоданд. Ана барои чӣ Раҳмонов аз ҳукумат намеравад ва рафтанӣ нест.

Дигар ҳама кори Раҳмонов мисли як бозӣ аст. Ҳафтаи баъдӣ шоҳиди шуруъи бозии навбатии Раҳмонов бо номи интихобот мешавем…

Share This Article