«Раҳмонов дар 73-солагӣ: байни орзуи «запасной аэродром» ва дасти адолати таърих»

Ислоҳ нет

5 октябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмонов, диктатори гандапир 73 сола мешавад. «Ислоҳ» ба муносибати рӯзи таваллуди ин зоғи бадмур ин навиштаро тақдим мекунад        

Эмомалӣ Раҳмонов, ки рӯзи 30 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон суханронӣ ва бо донишомӯзон сӯҳбат мекард, айнан чунин гуфт: «агар намурам, зинда бошам, куҷоеда, ки бошам, ҳамин Тоҷикистонда, ягон ҷои дигар ман запасной аэродром надорам, ҳамин Тоҷикистондаюм».

 Бисёриҳо, чи касоне, ки дар он ҷаласа нишаста буданд ва чи онҳо, ки аз шабакаҳои телевизионӣ ин суҳбатҳоро шуниданд, камтарин эътибор надоданд, ки Раҳмонов чӣ гуфт ва чаро дар бораи намурдан, зинда будан, дар Тоҷикистон будан ва бахусус аз «запасной аэродром» ёдовар шуд. 

Гуё ин тавр буд, ки ин суханҳо аз даҳони ин диктотур парид, яке дар омади гап, нохоста, ногаҳонӣ баромад. Ва амдан, махсус, дидаву дониста ва ҳарфи ҳисоб набуд. Хуб, бигзор, ҳамин тавр бошад.

Аммо…аммо, ончуноне мегӯянду мову шумо ҳам хуб медонему ва исбот ҳам шудааст, ки дар афсонаҳо ҳам ҳақиқатҳое ниҳон аст, афсонаҳо ҳам гоҳо ҳақиқат доранд. Инро ҳама медонад.

Раҳмонов беҷиҳат дар мавриди «запасной аэродром» намегӯяд. «Запасной аэродром» дар фикру хиёли Раҳмонов ҳамеша вуҷуд дорад, ҳаст, ташвишу таҳлука ва нигарониҳо дорад, хавотир аст, беваҷҳу беасос дар бораи паноҳгоҳи эҳтиётӣ сӯҳбат намекунад.

 Чунки масъалаи «запасной аэродром» дар фикру хиёл ва андешаи он идда аз роҳбароне, ки бо халқу мардум, рост нестанд, каҷанд, ҳамеша ҷо ва вуҷуд дорад, хутур мекунад. Ин гуна роҳбарон ба масал бори қаҷанд ва беҳуда намегуянд, ки «бори каҷ ба манзил намерасад». Барои он бори каҷ ба манзил намерасад, ки фиреб аст, қоидавӣ ва росту дурусту саҳеҳ нест.

Раҳмонов ҳам айнан ҳамин бори каҷ аст. То ҳамин имрӯз дурӯғу дасиса, фитнаву фиреб аст, муртакиби ҳазорҳо ҷиноёт шудааст, муттаҳам аст, дузд аст, қотил ва ҷаллод аст ва ҳиҷ гоҳ, ҳиҷ гоҳ ба мардумаш содиқу самимӣ ва софу шаффоф набуд. Дар ягон масъала, на дар интихоботҳо, на дар сулҳу созиш, на масоили озодиҳои диниву мазҳабӣ ва фаъолияти аҳзобу расонаҳо, на дар гирифтани қарзҳои хориҷиву харҷу масрафи онҳо, на дар масъалаи сохтмони барои мисол неругоҳи Роғун ва мушкилоти норасоии неруи барқ ва ҷорӣ кардани лимит, на дар варшикаста кардани Талко, на дар хариди самолёти садмиллиондолларӣ, на дар хариди саҳмияҳои Роғун, на дар пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд, хулоса, дар ягон масъала бо мардум росту дуруст набуд ва тӯли тамоми фаъолияташ фақат мардумро фиреб кардааст. Яъне аз рӯзи аввали кораш то ба имрӯз як ҷинояти бузург ва як ҷинояткори ашаддӣ аст. Аз ин ҷост, ки масъалаи «запасной аэродром» ҳамеша дар мадди назари Раҳмонов ҳаст ва мудом дар бораи он фикр мекунад. Зеро, чуноне гуфтем, ҷинояткор аст, домани тар ва ҳамеша хотири мағшушу мушавваш ва ноорому ошуфта дорад, ки Худо нахоста як рӯзе барои ин ҳама ҷиноёт халқ гиребонашро нагирад. 

Новобаста аз онки маддоҳону чоплсуону тардоманаконе барояш шеъру достон менависанд, аз танаш ҷилд, ҷилд китоб чоп мекунанд, озмуни «донандаи беҳтарин китоби пешво» мегузаронанд, мактаби сиёсии пешво мегӯянд, дар пешаш гул мефишонанду духтарону кудаконро ба рақсу бозӣ медароваранд, худаш хуб медонад, ки ин ҳама корҳо саҳнасозӣ аст ва халқи Худо чи гуна нафареро, ки тамоми олу авлодашро болои халқ бор кардааст, дӯст медоштааст, эҳтиром мекардааст. Вай инро хуб медонад, ки тамоми мардум аз вай кайҳо безор шудааст. Ва, агар ба дасти халқ буд, кайҳо ӯро ба сазои аъмолаш мерасонд ва ӯ инҷо, ки ҳаст набуд.

Раҳмонов, ҳанӯз чанд соли пеш буд, ки ин «запасной аэродром»-ашро бо Қонуни Асосгузору пешво пардапеч карда барои худаш иммунитет бахшида буд. Дар он қонун ошкоро навишта шуда буд, ки Раҳмонов барои иртикоби ҷиноёте, ки тайи муддати раҳбарӣ, шурӯъ аз соли 1992, аз раиси Шӯрои олӣ то вақти супоридани курсии президентӣ, ки маълум нест кай иттифоқ меуфтад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Дар ин қонун бо хати хоно ва шрифти пурранг навишта шуда аст,ки

 «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст».

Аз қабули ин қонун даҳ сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддат Раҳмонов арсаро комилан барои худ тахлия кард ва ҳеҷ рақибе на дар чап монд ва на дар рост. Аммо ҳоло ҳам аз ин фикр, ки «запасной аэродром» дошта бошад ё надошта бошад, фориғ ва дур буда наметавонад. Вагарна метавонист ба он ду донишомӯз, ки ҳамроҳашон саволу ҷавоб мекард, аз «запасной аэродром» аслан чизе нагуяд. Вай наметавонист ба он донишомӯзон, бигӯяд, ки баъди панҷ сол ҳам баргардеду оед ман ҳаминҷоям, ба шумо кӯмак мекунам, раиси ҷумҳурӣ набошам ҳам ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат дар қудрат мемонам ва ниҳоди ба ин ҳадаф ташкил намудаам, то он вақт фаъол мешавад, хуллас, то бозгашти шумо аз Амрико (яъне он ду донишҷӯ) ҳастам, албатта, метавонист бигӯяд. Аммо, чизе нагузошт,ки ин тавр бигӯяд ва тарҷеҳ дод, ҷойи онки бигӯяд, то омадани шумо Асосгузори сулҳу ваҳдат мешаваму Рустам раиси ҷумҳур «запасной аэродром» гуфт.

Аммо «запасной аэродром» надорам гуфтанӣ Раҳмонов мадрак ва паёми иқтидору зӯри вай нест. Чунки ҳар нафаре, ки бо кӯмаки хориҷӣ сари қудрат меояд ин тарсу ҳаросро дорад, ин тарсу таҳлука ӯро тарк намекунад. Раҳмонов на аз он ҷиҳат аст ки зӯр асту зӯр шудааст ва мезанаду медараду мешиканад. Ҳо, дуруст мезанад, мусолаҳа ва муомила сараш намешавад. Аммо ин сустӣ, камҷасоративу камҷуръатӣ, камғайратӣ ва сари хаму даҳани пӯшидаи мову шумост, ки ӯро то инҷоҳо овард.

 Бинои ҳокимияти Раҳмонов бар тарсу ҳарос рост шудааст. Вай инро ҳам хуб медонад, ки рӯзе аз рӯзҳо тарс аз мардум меравад. Насли нав меояд ва омадааст.

Аммо, то ҳамон «рӯзе аз рӯзҳо» бояд бимонад ва «кор» кунад.

Раҳмонов дар ҷойи худаш бачаашро меорад, худаш ҳам дар мақоми болотар қарор мегирад, яъне кишвар дар мушташ аст, сварка кардагӣ, зарурат барои «запасной аэродром» боқӣ намемонад, аммо чи чизе ӯро тела ва таҳрик дод, ки аз масъала ё мавзӯъи запасной аэродром гап кушояд. Барои онки Раҳмонов хавотир ва нигарон аст. Барои онки ҳеҷ гоҳ бо ирода ва орои халқ сари қудрат наомадааст. Фақат тақаллуб, фақат фалсификатсия, фақат перепис. Ягон вақт дилаш аз халқ пур нашудааст ва намешавад, чунки ягон вақт халқ ба вай овоз надодааст, тарафдорӣ накардааст.

Курсӣ ва иқтидори Раҳмонов ларзон ва шикананда аст. Ин набуди неруи билқувва ва ҳарифи сиёсӣ, оппозитсияи зӯр Раҳмоновро дарозумр кардааст ва дар қудрат боқӣ гузоштааст.

Аз байн бурдани ҳама аҳзобу гуруҳҳои сиёсӣ, куштану зиндонӣ кардани шахсиятҳо ва ба ҳошия рондани афроди матраҳ, мунтаҳо, ғасбу тасаллути фазо ва муҳит бо истифода аз қудрат барои ҳамин рӯзҳо буд. Аммо, ин ҳолат ҳам дигар чорасоз буда наметавонад. Чун идораи давлат беш аз пеш хусусӣ ва оилавӣ шуда истодааст ва ҳамин КГБ, МВД ва дигар қудратиҳо ҳам ҳамаро дида ва мушоҳида карда истодаанд, ки ба ҷуз аз посбонӣ ва ҳифзу ҳимояти сагвори оилаи Раҳмонов кору амали дигаре надоранд ва онҳо на ходиму сарбози ватан, балки хизматгорону бандагону бардагони як оилаанд, ки фардо падар мераваду писар ҷойи вай меояд.

Агар роҳбари давлат бо интихобот сари қудрат омада бошад ва бо интихобот аз сари қудрат биравад чунин мушкил нахоҳад дошт ва дар бораи «запасной аэродром» фикр ва хиёл намекунад.

Агар роҳбари давлат дар кору амалаш қонуну қоида муроот шуда бошад, дар бораи «запасной аэродром» сӯҳбат намекунад. Вале барои Раҳмонов вуҷуди «запасной аэродром» муҳим ва лозим аст. Чунки Раҳмонов дар содир кардани ин ҳама ҷинояту хиёнат тоқа нест, амсоли тамоми диктотурҳои дарозумр, ки дар гирди хони ҳукумат ҳама хешу таборонашонро гирду ғун карданд. Барои ҳамин «запасной аэродром» на фақат барои шахси Раҳмонов, масалан барои ҳамин Азизмои газетхонаку  Ҳасан Асадуллозодаи ишкамба, Озода Раҳмонова, Шамсулло Соҳибов, Зоири мундуқ, Рустам ва Шарифбеки Давлатбек, Бек Сабур, Ашраф Гулову Парвина  дигару дигарони ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ лозим ва зарур аст ва Раҳмонов барои онҳо ҳам бояд дар «запасной аэродром»-аш ҷой биёбад.

Албатта,барои ин гурӯҳ гап задану ёдовар шудани масъалаи «запасной аэродром» аз тарафи Раҳмонов баробари хабари салоти ҷаноза аст. Раҳмонов ҳатто нохоста ҳам аз «запасной аэродром» бигӯяд, инҳо чун барги бед дар ларза шаванд. Аз ин ҷиҳат «запасной аэродром» барои Раҳмонов аз диктотурҳои дигари дунё, ки фирор карданд «вазбинтар» меафтад.

 Ин ба касе пӯшида нест, ки «запасной аэродром як ҷойи хушу хуб нест.» Запасной аэродром яъне завол, яъне конетс, яъне инқилоб, яъне пи@детс яъне капут, кападуд аст.

«Запасной аэродром» ҷое аст ки дигар на пожарний, на мчс, на кгб, на мвд, на миноборон на омон на спетсназ на Шоҳинҳои Шоҳруху Рустам ва на СНГ на 201 коре аз дасташон барнамеояд.

На Абдулло Раҳнамо, на Ато Мирхуҷа, на Давлат Сафар  ҳам коре карда метавонанд.

«Запасной аэродром» яъне фирор барои ҳифзи ҷон, запасной аэродром яъне паноҳгоҳ, маҳалле амн, ки дар берун аз қаламрави кишвар хоҳад буд. Манзури Раҳмонов ҳамин аст-берун аз хок ва қаламрави кишвар ва агар успет кард бо самолёти садмиллиондолларӣ. Вале баъид аст ки ин ҳавопаймои садмиллиондолларӣ ҳам барои ин қавми бештар аз яъҷуҷу маъҷуҷ ончиро дар даруни Душанбе Ситӣ, Спитаменбонк, Коммерсбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Ориёнбонк, Тавҳидбонк ҷамъу захира кардаанд ва ончики дар амборҳои осоишгоҳҳои Зумрату Шоҳамбарӣ, фермаи Мармарӣ, складҳои Фарозу Авестогрупп ва Сиёма-моллу Кушониён Талко голду дигару дигараш баҷо кардаанд, мувофиқ ояд, камӣ мекунад.

Албатта, ки дар фикри запасной аэродром ҳаст ва беҷиҳат дар ин бора гап ҳам назадааст.

Боз ин ду се рӯзи ахир,ки хабарҳо аз ғоибона суд кардани Башор Асад, диктотури фирории Сурия ба нашр расидааст, Раҳмонов беш аз пеш дар фикри «запасной аэродром» мешавад.

 Вале барои Раҳмонов ба ҷуз аз Русия ва Белорусия дигар роҳбаре омода барои додани «запасной аэродром» нахоҳад буд. Ҳатто Чин! Чин задагӣ Раҳмоновро. Урупо аслан қабулаш намекунад, ҳамчунин Амрико.

Бале, Лукашенко, шояд бипазирад ва дар канори Қурмонбек Боқиеву Максим барои Раҳмонову Рустам ҳам ягон хона ҷудо кунад.

Путин ҳам шояд розӣ бишавад, ки барад дар канори Виктор Янукович қарораш бидиҳад ва ду кас гарданбагардан шаванд.

Вале, бидуни шубҳа Путин Раҳмоновро айни Башор Асад-голий, куни луб луч мекунад, бахусус, ки ин шабурӯзҳо пулҳои Раҳмонову қавми яъҷуҷу маъҷуҷаш барои Путин ва ҷанги вай бисёр ҳам зарур аст.

Ваҳму воҳима ва ваҳшату тарс табиист, ки ҷиноёяткорро, агарки вай раиси ҷумуҳурӣ ҳам бошад тарк намекунад. Вай хотири осуда ва орому ҷамъ надорад, дошта наметавонад. Ҳар гоҳе танҳо шуд, махсусан вақте сари ба болин монд маҷмӯъи ҷиноёташ мисли навори кино аз пеши назараш мегузарад. Яқин медонад, ки посух хоҳад дод. Масалан барои ҳамин марги Зубайдуллоҳи Розиқ, масалан барои ҳабси  Рухшона Ҳакимова,ки кудаки ширхорааш берун мемонад, масалан барои онки миллионҳо доллари халқро дуздидааст, масалан барои онки ҳазорон нафар бе гуноҳ гурезаву овора аст.

 Барои ҳамин Раҳмонов агарчи вонамуд мекунад, ки ҳамаҷоро задаву кубидаву ружду рост кардааст ва касе нест, ки бо вай панҷа ба панҷа афканад, аммо дар дарунаш безобита аст, бетоқат аст, пурташвиш ва пуртаҳлука аст, туфону тундбод дорад.  

«Запасной аэродром» барои Раҳмонов мисли обу ҳаво зарур аст. Вай шабҳо на калима арза мекунад на салавот мефиристад, вай шабҳо феҳристи переводҳоро мебинад, ҳисобу китоб мекунад. Кореро, ки ҳамеша ва ҳамавақт дар хуфия аз мардум кардаасту мекунад. Маълум аст ки хуфиякорӣ вайро ҳамеша осебпазир мекунад, агарчи С-300 аз Русия оварда мустақар кунад ҳам.«Запасной аэродром» ҳамеша дар фикраш ҳаст, агарчи мегӯяд надорам, ҳеҷ гоҳ дар хиёли вай қатъ ва канда нашудааст.

Ҳамин аст ҳақиқати зиндагии Раҳмонов: ӯ аз халқ гурехта наметавонад ва «запасной аэродром»-е, ки орзу мекунад, ҷое ҷуз зиндони кирпични ё қабр нест. Халқ дер ё зуд ба по мехезад ва ба ҷинояткор на имкони фирор медиҳад ва на ҷойи паноҳ. Раҳмонов на ба воситаи қонун, на ба воситаи «пешвоӣ» ва на ба воситаи ҳазорон қумондон наметавонад аз адолати таърих наҷот ёбад. Зеро ҳукми халқ сахттар аз ҳар додгоҳ аст ва рӯзи ҳисоб ногузир меояд!

Имрӯз Раҳмонов ба синни 73 расид. Аммо ин синну сол на рамзи таҷрибаи ҳаёт ва на нишони хирадмандии пирӣ аст. Баръакс, ҳар соле, ки ба умри ӯ илова шуд, ба умри миллат фоҷиа, зулм ва маҳрумият афзуд. Дар 33 соли ҳукмронии худ, ӯ на ободие гузошт ва на адолате, балки танҳо як империяи дурӯғ, тарс ва хиёнат сохт. 73-солагии ӯ на рӯзи шодӣ, балки рӯзи ҳушдор аст: ки умри диктотур ҳарчӣ боло меравад, умри қудрати ӯ рӯ ба поён аст. Чунки таърих ва халқ ҳеҷ гоҳ ҷиноятро намебахшанд. Ва агар имрӯз ӯ дар орзуи «запасной аэродром» сӯҳбат кунад, пас ин худ эътирофест, ки поёни роҳи ӯ наздик аст. Барои миллат 73-солагии Раҳмонов рамзи поёни давраи сиёҳу торик аст, ки ҳатман бо субҳи адолат ва озодӣ иваз хоҳад шуд.

Share This Article