Инқилоб наздиктар мешавад?
Чунин як таҳаввулу тағйироти беназир ва бесобиқа дар моҳи марти соли оянда иттифоқ хоҳад уфтод ва Тоҷикистон давлату ҳукумати он амалан ба моликияти хусусии Раҳмонов ва Оилаи вай бадал хоҳад гардид, масалан мисли Спитаменбонк ва ё ширкати пулчинаки «IRS» ва ё фермаи ҳайвони калони шохдори «Мармарӣ» ва ё «Фароз» ва ё «Сифатфарма». Метавонед, ки Тоҷикистонро ҳам мисли ин корхонаҳо дар нохунак гиред ва моликияти частнийи Раҳмонову бачаву духтараш биҳисобед. Ва акнун на фақат Эмомалӣ Раҳмонов лидер ва пешво мешавад, аъзои Оилааш ҳам ҳамин тавр, мисли худи вай лидер мешаванд.
Тамоми тапуталош, ҷунбуҷул ва мисли дуздҳои шабрав омодашуданҳои Раҳмонов ва дорудастааш барои овардани Рустам аз он дарак медиҳад, ки вай қасд ва ният дорад ин протсессро дар замони баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки қарор аст моҳи марти соли 2025 доир шавад, гузаронад.
Ба Рустам дар аввал курсии раёсати ҲХДТ-ро медиҳад. Яъне Рустам Раҳмоновро аввал дар Ҳизби халқии демократӣ ва сипас дар раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иваз мекунад. Интиқоли қудрат аз Раҳмонов ба Рустам тавассути Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Дуруст аст ки номзадии Рустамро Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон ҳам пешбарӣ мекунанд, аммо бинобар маълумотҳои расида тайи ду- се моҳи ахир дар долонҳои болои ҳукумат ва дар даруни худи Оила «корҳо» барои баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ пуршиддат идома дорад. Агарчи бисёр ҳам ноаёну пушида сурат мегирад, аммо Раҳмонов марҳалаи вогузории курсии зери пояш ба Рустамро шуруъ кардааст. Инки Си Ҷинпин дар сафараш ба Душанбе дар ин бора ягон ишора кардааст ё хайр, вале баъди рафтани вай тадорукот дар ин самт тундтар шуда истодааст.
Инки ҳизбҳои демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сосиалистӣ бидуни кадом зарурате Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир ва «пир»-ҳоро гуселу «ҷавон»-ҳоро оварданд, беҷиҳат нест ва аз шуруъи иҷрои барномаи таҳвили қудрат аз падар ба писар дарак медиҳад.
Қарор аст Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки дар он Раҳмонов истеъфо ва Рустам дар ҷояш раиси ҲХДТ интихоб мешавад, дар ҳамин наздикиҳо баргузор бишавад.
Овардани ҷавонҳо ба сари аҳзоби киссагӣ, ҳамчуноне қаблан ҳам гуфта шуда буд, дар чаҳорчуби барномаи таҳвили қудрат ба иҷро расида истодааст. Вагарна ҳиҷ зарурат ба баргузории Анҷумани ғайринавбатии ин аҳзоб набуд. Барои мисол Сайҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ҲДТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумони кишвар, ки феълан дар боздошт аст, замоне аз барузории Анҷумани ҳизбаш дарак ёфт, ки аллакай шахсияти раиси нави он мушаххас ва муайян шуда буд.
Хуб, агар интихоботи Рустам ва овардани вай дар дастури кор набуда бошад, чи зарурат бар иваз кардани раисони аҳзоб, масалан ҳамин Усмонзода? Ва, чаро дар ҳамин шабурӯз ҳукумат ба тағйири раисони аҳзоб даст зад?
Тибқи маълумотҳо интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз баҳори соли 2025 доир хоҳад шуд ва Раҳмонов курсиро барои Рустам ҳам дар ҲХДТ ва ҳам дар Раёсати ҷумҳурӣ тахлия хоҳад кард.
Шояд савол медиҳед, ки ин Анҷуманҳои ғайринавбатӣ кори худи ҳизбҳо аст, чаро бори ҳукумат мекунед? Саволатон дуруст аст. Вале бубинед, ки на Саидҷаъфар Усмонзода, на Ғаффорзода ва на Рустам Раҳматови ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ омода барои вогузории курсиҳо ва бахусус доир кардани Анҷуманҳои ғайринавбатӣ набуданд. Фикр мекунед, ки чаро яку якбора ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор мекунанд? Хуб, як ҳизб, ду ҳизб пеш аз вақт, ба иллати пеш омадани ягон ҳолати изтирорӣ ғайринавбатӣ Анҷуман доир кард, аммо, вале ҳамаи аҳзоби сиёсӣ чаро бояд дар як мақтаъи муайяни замонӣ ғайринавбатӣ Анҷуман ороянд ва ҳатман раисашонро бигиранд ва ҳатман раисро нав кунанд?
Бубинед, инҳо, ки Анҷуманҳои ғайринавбатӣ доир карданд, ба чи даст ёфтанд? Чи бурд карданд? Касби обру карданд? Электорат зиёд карданд? Пойгоҳи иҷтимоияшон қавӣ шуд? Ва ё ягон баёния ва изҳороти сиёсӣ дар робита ба интихоботи оянда доданд?
На ва боз ҳам на! Ин аҳзоби киссагӣ дар асл филиал ва ё бахшҳои дигари ҲХДТанд, ки ба ҳангоми зарурат вориди саҳна карда мешаванд, то тавассути онҳо дар хидъаву шайтанати Раҳмонов сарпуш гузошта шавад. Ин бор фақат раисҳоро «ҷавон» карданд. Чунки ин навбат на худи пирамард, балки бачааш номзад ва довталаби асосӣ хоҳад буд. Бояд бо ҷавонҳо вориди интихобот шавад. Шарм карданд, ки акси Рустам ҳам дар ҷойи акси падараш якҷо бо Абдуҳалим Ғаффору Рустам Раҳмату Рустам Латипов ба унвони номзад нашр ва дар бюллетенҳои интихоботӣ сабт шавад. Барои ҳамин пешопеш доранд саҳнаороӣ ва маъракасозӣ ва «лабулунҷросткунӣ» мекунанд.
Агар ин Анҷуманҳои ғайринавбатии аҳзоб ба хотири компайни Рустам ва кори дасти худи Раҳмонов набошад, дуруғаш зуд ошкор намешуд. Ҳатман аз як ҷое дарз мехурад, ифшо мешавад.
Масалан Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сосиалист, як ё ду рӯзи пеш аз Анҷуман ба расонаҳо тасдиқ карда буд, ки ҳизбаш анҷумани ғайринавбатӣ мегузаронад, аммо курсии раёсат барояш ҳифз хоҳад шуд ва раис боз ҳам худи вай мешавад. Аммо, мебинем, ки як рӯз пасаш булбулаки Ғаффорзода дигаргуна ба сароидан сар кард. Гуфт пир шудааст ва ба ҷавонҳо эстафетаро супорид. Яъне маҷбур карданд, ки биравад ва нафари ҷавонтар ояд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Анҷумани як ҳизби ба истилоҳ парлумонӣ ҳатто ним соат бештар тул накашид. Харҷу масрафи баргузори Анҷуманашро ҳам намедонад, ки кӣ пардохт кардааст? Ҳиҷ масъалаву ҳиҷ маърузаву ҳиҷ ҳисоботу ҳиҷ гузорише ҳам набуд. Чунки барои Раҳмонов фақат ҷавон кардани раисони ин аҳзоб муҳим аст, дигараш ҳеҷ.
Аз худи Ғаффорзод ҳам ғарибтару аҷибтар нафари дар ҷояш омада аст. Ин нафар Ғулом Ҳалимзода ном дорад. Вай дар аввалин суҳбати матбуотиаш мегуяд:
«ҳаракат мекунем ба парлумон мутобиқ бошем, сонӣ моро интихоб мекунанд. Мо аввал бояд худро нишон диҳем».
Ва ё ба саволи хабарнигор: «Шумо барои маъракаҳои калонтари сиёсӣ, масалан интихоботи президентӣ омодагӣ мегиред?» посух медиҳад, ки: «Ман ҳанӯз ба ин чизҳо омода нестам, ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам. Ин кор барои ман нав аст, ҳадафамон набуд, ки интихоб мешавам, ё интихоб намешавам. Ман ҳам дар як ҳаяҷон ҳастам, росташ».
Ин марди Худо самимона суҳбат кард ва рости гапро гуфт,ки «ҳадафамон набуд», «омода нестам», «дар ҳаяҷон ҳастам, росташ». Ин гуна ҳарфҳоро як нафаре, ки раиси ҳизб мешавад ҳаргиз нахоҳад зад. Маълум аст ки ин «раисӣ» таҳти таъсири бисёр ҳам сахту шадиди омили берунӣ иттифоқ афтодааст. Омили берунӣ ба ҷуз аз интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳурӣ ва овардани Рустам чи буда метавонад?
Албатта пас аз ончи бар сари Усмонзода оварданд ва ба ҷояш кадри ҷавонро шинонданд,мо гуфта будем ин корро бо ҳама аҳзоб анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо худатон шоҳиди он шуда истодаед.
Инки Раҳмонов Рустамро дар ҷойи худаш омода карда истода буд, ҳарфи наве нест. Аммо савол ин аст ки Раҳмонов, ки ҳануз аз соли 2016 ҳама шароит барои таҳвили қудрат ба Рустамро фароҳам карда буд, чаро то ба имрӯз сокит буду ҳоло мехоҳад бо ин аҷала қудратро биспорад. Вай метавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 Рустамро оварад ва ё ҳоло ҳам то поёни замони қонунии худаш ҳам ду-се соли дигар мондааст, метавонист он сол оварад, вале чаро онро ждат намекунад. Хуллас, чаро маҳз дар соли 2025 мехоҳад қудратро биспорад?
Дар воқеъ Раҳмонов хеле барвақттар мехост, ки Рустамро сари кор оварад ва то замоне худаш ҳаст вайро «раисӣ» ёд диҳад. Аммо авомили асосан берунӣ ва ба эҳтимоли зиёд ноқисии худи Рустам сабаб шуд, ки ин равандро кашол дод. Вале ҳоло ин корро барои он мекунад, ки дар моҳи марти соли 2025 давраи навбатии интихоботи Маҷлиси олӣ сурат мегирад.
Раҳмонов қасд дорад интихоботи раёсати ҷумҳуриро якҷо бо интихоботи Маҷлиси олӣ-Маҷлиси Намоянагон ва Маҷлиси Миллӣ доир кунад. Чаро? Мехоҳад интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар сояи ин интихобот бигзарад ва дар бораи он сарусадо камтар бошад, балки аслан набошад ва он ҳарчиқадар ноаёну номаълум бигзарад. Чунки Раҳмонов медонад, ки на танҳо Тоҷикистон, тамоми ҷаҳонро аблаҳу аҳмақ фарз карда истодааст, чунки Раҳмонов медонад, даст ба ҷинояти мудҳиши давлатӣ зада истодааст, тасарруф ва ғасби ҳокимият карда истодааст ва ҳокимиятро бо роҳи найрангу фиреб ба дасти худу оилааш гирифта истодааст.
Инки Раҳмонов бетоби кардаву Сайҷаъфар Усмону Акбаршо Искандару Ҳамрохон Зарифиву дигарҳоро дастгир кард, дар чаҳорчуби ҳамин барномаи овардани Рустам аст. Мақсад касе лому мим нагуяд ва лому мимгуро, масалан Маҳмадсаид Убайдуллоевро антенна монд. Чанд бор бурду аз гирбенаш гирфт. Дигар мурад, ки ғинг намегуяд. Агарчи аз ин пеш ҳам ғинг намегуфт вале ғинг-ғинг мекард. Мисли як бачамард вориди саҳна намешуду рубоҳвор аз паси саҳна мегашт, ки яке…толеъ мададаш мекунад. Инки Раҳмонов бираваду Рустам биёяд, мутмаин бошед, ки чизе иваз намешавад, ҳама чиз бад неву бадтар мешавад, як дузд меравад, як дуздбача меояд, гов меравад, гусола меояд, пиёниска меравад, наркоман меояд, водка меравад, метамфитамин меояд. Хулоса мардуми тоҷик аз таги борон ба таги новадон мезанад.
Аммо Раҳмонов мехоҳад, ки ин маъракаи бузурги сиёсӣ, ин маъракаи сартосарӣ мисли як ҷаласаи пушида ва камодам ва хеле ҳам бесарусадо гузарад, то аз ин ҷинояти гушношунид камтар гап зананд, ба он таваҷҷуҳ ва диққат камтар ҷалб шавад.
Иллати овардани раисони ҷавон ба аҳзоб аз як су бо соли Рустам баробар кардани соли онҳо-ҳарифону рақибони дастисохт бошад, аммо сабаби асосӣ поин овардани сатҳи онҳо то сатҳи Рустам ва поинтар кардан аз сатҳи Рустам аст. Бовар кунед, ки ҳатто ҳамин Абдуҳалим Ғаффоров аз Рустам шараф дошт. Табдили раисони аҳзоби киссагӣ ва муханнасҳои сиёсии Тоҷикстон, ҳамчуноне ба ҳангоми табдили Сайҷаъфар гуфта будем барои Рустам аст. Як навъ изо кашиданд ва хиҷолаташон омад, ки дар соли 2006, дар соли 2013 ва дар соли 2020 ҳамин Абдуҳалиму Рустам Латипову дигару дигараш ҳарифони Раҳмонов буданд ва боз ҳарифи Рустам шаванд. Барои онки ҳарифҳо ҷадид бошанд бояд роҳбарони ин ҳизбҳо ҳам нав карда шаванд. Вале бояд рақибони Рустам ҳарчи пасттару поинтар, номаълумтару нонамоёнтар ва ношиностар интихоб шаванд. Ва ин нафарон гапҳое заннад, ки на дар белу на дар каланд меистад ва на дар қуттии аттор ҳаст. Рустам дар байни онҳо булфузул, шахсият, политик ба ҷилва ояд, фарзанди фарзона уже дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохташуда. Си Ҷинпин саломаш кард. Валентина Матвиенко мешиносад. Шавкат Мирзиёев мешиносад. Қосимжомарт Тоқаев мешиносад, Сердар Бердимуҳаммадов ва Илҳом Алиев мешиносанд. Шухӣ гап аст чӣ? Ин Шаҳбози Аброру Ғулом Ҳалиму дигару дигарашро кӣ мешиносад? Шахсияти шинохташуда, тем более бачаи Пешвои муаззами миллат, «сер»,раиси Маҷлиси Миллӣ. Ва сариву сарварӣ ҳақи ҳалоли ҳамин шахсият аст. (Ҳоло мебинед, ки маърака сар шавад, абдуллораҳнамоҳо, атомирхуҷаҳо, сайф мизробҳо, акамшонҳо, давлатсафарҳо ва амсолаҳум аз Рустам чи сифатҳое намекунанд) Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки Раҳмонов «хитрий ход» карда мумкин дар моҳҳои ноябр-декабр худро ба касалӣ андозад ва корношоям эълон шавад ва Рустам минҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ маъракаи интихоботиро таҳти назорати бевоситаи худ гирад ва таъйиду тасдиқ кунад, ки «кор ҳал шудаасту фақат расмиёташ бояд иҷро шавад».
Ин нақшаи Раҳмонов аз чанд соли пеш буд, ки мехост интихоботи раёсати ҷумҳурии пеш аз вақт ё зудҳангом баргузор кунад ва ҳоло айни вақт аст, ки онро бо интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як руз доир кунад. Яъне дар моҳи марти соли 2025. То он вақт 7-8 моҳ боқӣ мондааст. Ва тибқи қонун марҳалаи интихобот се моҳ пеш аз рузи баргузории он эълон мешавад. Ба ин тартиб то шуруи марҳалаи интихоботӣ панҷ моҳ вақт боқӣ мондааст. Дар ин панҷ моҳ шарт набуд, ки аҳзоб внеочердной съез гузаронанд. Анҷумани интихоботӣ доир мекарданду вориди интихобот мешуданд. Аммо, масъала масъалаи раисҳо аст ки онҳоро тайи ин муддат ҳади ақал дар матбуот ном гиранд ва Рустам бо афроди ба он дараҷа гумном вориди корзор нашавад. Яъне раисҳоро то он вақт ақалан номҳояшонро мардум донанд ва Рустам ҳам гуё аз «қатор» намемонаду раиси ҲДТ мешавад ва ҳамакаса ба интихобот мераванд. То ин вақт раисҳои навро инструкторҳо ва советникҳо ёд медиҳанд, ки дар рубару, дар вохуриҳо чи гуянд чи нагуянд. Мабодо боди корро набароранд. Ин шабурӯзҳо Раҳмонов дар фикри он аст ки чи гуна мардуми тоҷикро гул занад, аблаҳ аҳмақ кунад ва Рустамро президент кунад. Тамоми фикру зикраш ба ҳамин банд аст. Айни замон, чунон манобеъи мо аз Оила ва аз Дастгоҳ хабар доданд дар долонҳои ҳукуматӣ кор барои овардани Рустам дар раъси ҲХДТ ва баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ босуръат идома дорад.
Маълумотҳои шуми дигар низ ба мо мерасанд,ки чуноне бо Сайидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва… бо иттиҳоми кудато ё переворот боздошту зиндонашон карданд. Ин корро бояд дар кулли кишвар дар дохилу хориҷ ҳар шаҳрванде,ки каме маъруфият дораду дорои фикру андешаи мустақил ҳаст бояд ба ҳар шакле бе зарар гардонда шаванд. Ҳатто бо зиндониҳои маъруфи кишвар ҳам ҳам чунин нақшаҳои шуме ҳам доранд. Яъне фазо ва ҷомеъаву кишварро комилан суфта ва тозашуда барои ҳукуматронии Рустам омода кунанд. Рустам бояд ҳеҷ мунтақиду мухолифе набояд дошта бошад. Дар ин чистка хело аз рутбадорҳои маъруфи низомӣ шомиланду ҳатман бояд безарар гардонида шаванд.
Хулоса, ғалбер аз об ба дериаш то моҳи март бардошта мешавад. Чунки замони амали Маҷлиси олӣ, ҳам тамом мешавад ва Рустам аз мақоми дуввум-раиси Маҷлиси Миллӣ меравад ва Раҳмонов чунин натиҷа гирифтааст, ки айни вақт аст ки якбораи ба курсии аввал оварадаш. Аммо курсии раиси Маҷлиси миллӣ-нафари дуввум камтар аз курсии раёсати ҷумҳурӣ нест. Онро ба кӣ медиҳад? Ончики ба мо маълумот расид, ин курсиро ба Озода медиҳад, ба Озода Раҳмонова, роҳбари феълии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон. Дар марти оянда интихоботи нав мешавад. Раҳмонов мехоҳад ноаёну хапу хомуш ин раванд ва ин марҳаларо ба анҷом расонад, то хаси масҷид наҷунбад, барги дарахт наҷунбад.
Ва худаш ҳам орому осуда бишинад дар курсии Пешвои муаззами миллат. Ва дигар тозанду тозанду дозанду дозанд.
Ин ҳамон бозии куҳнаи Раҳмонов аст. Бозӣ бо демократия ва бозӣ ба тақдири давлату миллату мардум. Як интихобот неву намои интихобот, сурат ва зоҳири интихобот.
Яъне халқ манбаъ ва сарчашмаи ҳокимият неву Оилаи Раҳмонов, наздикону шиносони Раҳмонов, вазирону раисони ҳукумати Раҳмонов манбаъи ҳокимиятанд. Халқ фақат манбаъи даромаду ғорату порагириву зиндонисозиву облававу амсоли инҳо аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ садояш, эътирозаш, додаш шунавида намешавад.
Интихоботи ташкилмекардаи Раҳмонов ва овардани Рустамдар ҷойи худаш ана ҳамин ҳолатро идома медиҳад, балки садбаробар бадтар аз ин ҳолат мешавад. Хулоса ин ватан ва ин давлат ва ин мардум «гг»(гуҳандаргуҳ) мешавад. Тоҷик хандахаришу хандасор. Як оила як миллатро саворӣ мекунад.
Рустам пеши интихобкунандаҳо намебарояд. Мутмаин бошед. Дар ягон дебат ва гуфтугу ширкат намекунад. Чун наметавонад. Ҷуръат ва ҷасорат намекунад, ки бо мардум рубару шавад.
Як нуктаи ҷолиб. Ҳеҷ кадоме аз ин рақибон ва ҳизбҳои онҳо қароргоҳ-офис надоранд.
Аммо, яке Рустамро завқаш боло гирифту гуфт аз қароргоҳи ҲСТ ва ё ҲДТ ва ё Ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ дидан карданӣ аст, куҷоро нишон медода бошанд? Ин барои Рустам мояи хиҷолат ва шармсорӣ нахоҳад шуд. Рустам –а!!?? Наход бо ҳамин гуна ҳарифон вориди сабқат шавад ва баъд гуянд бо чанд бомж интихобот омаду ғалаба кард, ба бомж кӣ овоз медиҳад?
Аммо барои инҳо муҳим нест. Муҳим ин аст ки «интихобот»-ро бигзаронанд ва то замони инқилоб ва шуришу қиёмҳои мардумӣ, ки танҳо чораи халосӣ аз ин Оила аст, дузданду тозанд,тозанду дузданд. Дигар ҳеҷ. Хулоса то интихоби Рустам хело бебандубориҳо ва буридани сарҳо, зиндонкуниҳо,ваҳшатафканиҳо аз тарафи режим сурат мегирад. Сангинтарин ҳолат мардуми кишварро интизор аст, мо гуфтему шумо шунидед!