номаи шикоятии мардуми Балҷувон бахшида ба рӯзи таваллуди Рустами Эмомалӣ
Мо, сокинони ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон аз шумо хоҳиш менамоем, ки ин номаи моро нашр ва аз вазъияти бади ба сари мо омада, аниқтараш оварда, аз тарафи Рустами Эмомалӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон хабар диҳед.
Аммо, пеш аз нашри шикоятномаи сокинони ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, мехоҳем чанд ҷумла дар шаъни Рустами Эмомалӣ бинависем, чунки имрӯз вай «ден рождений» дорад.
“Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе зодрӯзи худро таҷлил мекунад. Феълан дар бораи чигунагии ин маъракаи пурзарқу барқ ва пурхароҷот чизе гуфта наметавонем. Маълумот дар ин бора дертар мерасад. Аммо маълум аст, ки вай ҳар сол зодрӯзашро дар ҳалқаи дӯстон-«узкий круг» ва даъвати ягон артисткаи машҳури хориҷӣ баргузор мекунад. Албатта харҷу масорифи ин зодрӯзро, ки на камтар аз ниммиллион доллар мешавад, «дӯстон»-аш бар ӯҳда мегиранд. Солҳои пеш ҳамин тавр буд. Имсол ҳам, тибқи маълумоти расида ба мо, Акбаралӣ Ғуломов, раиси ширкати «Ғаюр семент»,Хуршед Мирзоев, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва яке аз муассисони «Авесто –групп», Исмоил Соҳибови ҷиянаш мутасаддии баргузории ин зодрӯз шудаанд.”
Рустам ин бор на танҳо шаҳрдор, балки ҳамчун раиси Маҷлиси миллӣ, зодрӯзашро баргузор мекунад. Хурсандии дигари Рустам дар ин ҷашни зодрӯзаш боз аз он ҷиҳат аст, ки Рухшонаи апааш сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир таъин шуд. Ба ин муносибат Шамсуллои шавҳари Рухшона ҳам ин бор тӯҳфаи хеле гаронарзиш медиҳад. Чунки вай ба гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш сахт хӯ кардааст. Инки Эмомалии отааш вақти ба ҷойи Убайдуллоев оварда раиси шаҳр мондан гуфта буд, ки «ту сер ҳастӣ» дурӯғ будааст. Рафтору кирдори Рустам нишон дод, ки вай на танҳо сер набудааст, балки як чашмгушнаи носерами баднафс будааст. Ман барои ин гуфтаам метавонам даҳҳо далел оварам. Аммо, навишта тулонӣ мешавад. Фақат ёдоварии инки ба хотири орому осуда кардани нафси худаш, манбаи даромад пайдо кардан бозори «Султони Кабир»-ро хароб карда барои худаш аз ҳисои бюҷети шаҳрдорӣ маркази тиҷоратии «Сиёма-молл» сохтро метавон гӯшнишон сохт. Дар ҷой Булочнии як вақтҳо овозадори шаҳри Душанбе як маркази савдо бисози. Дар ҳоле чанд ҳазор нафар дар он метавонист кор кунад. Албатта агар як шахси босавод раиси шаҳри Душанбе мебуд. Агар Рустам шахси сер буд, бозор намесохт, ягон корхонаи истеҳсолӣ месохту барои одамҳо фурсатҳои шуғлӣ эҷод мекард. Аммо, азбаски ниҳоят баднафс аст, мехоҳад ҳарчи зудтар пули бисёр ба даст оварад.
” Ёдатон бошад, ҳамагӣ баъд аз 5 соли хатми донишгоҳ Рустам бо фармони падараш сардори Хадамоти Гумруки Тоҷикистон таъин шуд ва ба ӯ рутбаи генерал-майёр ҳам дод. Он вақт 26-сола буд. Инро барои он гуфтам, ки Рустамро аз ҳамон рӯзҳои аввал бо дуздиву порахӯриву талаву тороҷ «отааш» ошно кард. Эмомалӣ Раҳмонов фақат насиҳаташ мекунад, ки «пока имконият ҳаст» фақат бидузду ҷамъ кун.”
Аз рӯи ҳамин насиҳатҳои падараш буд, ки бо як қарор хост, ки осорхонаи устод Садриддин Айниро дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзоа Ниёзии Душанбе ба хок яксон карда ва ҳамон 20 сотих замини зери онро ба кадом як «домсоз» бифурӯшад. Ин айнан далели мувассақи дигар аст ки Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ сер набуд ва сер намешавад ва инки Эмомалӣ Раҳмон вақти таъиноташ бо лофу газоф мегуфт, ки «ту сер» ҳастӣ дурӯғи маҳз аст.
“Замини маҳалли ҷойгиршавии осорхонаи Садриддин Айнӣ қимат аст ва аз тарафи дигар системаи канализатсия ҳам дорад. Чунин ҷойро барои «домсоз»-ҳо бо нархи дучанд мефурӯшад. Дар ҳар сурат натавонист, чунки халқи Тоҷикистон зидди ин нияти баднафсонаи Рустами Эмомалӣ ба по хест ва осорхонаро аз даҳони аждаҳои нафси вай халос кард.”
Дар ҳақиқат барои ҳамин 20 сотих замини ҳавлии устод Айнӣ чашми тамаъ дӯхтанаш маълум мекунад, ки сахт носерам аст ва беҳуда намегӯянд,ки «гар куҳнагадое, ки тавонгар гардад, сад сол гузарад бӯи гадоиш наравад».
Агар Рустам серу пур буд ширкати «Мармарӣ»-и вайро падараш барои 7 сол аз тамоми анвои андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод намекард. Ин ширкат ба навиштаи расонаҳо ба гурӯҳи ширкатҳои “Авесто Гурӯҳ” –и мутааллиқ ба Рустами Эмомалӣ марбут аст ва ба парвариши чорво ва мурғ машғул хоҳад буд. Рустам агар серу пур буд ба падараш мегуфт,ки «не,ота ман ҳам зайли дигарҳо андозҳоро месупорам, имтиёз намегирам, аз ҳисоби пули халқ бизнес намекунам, ман ҳам ба бюҷет маблағ месупорам». Аммо, ҳарисиву тамаъ ва чашмгушнагӣ монеа мешавад. Бояд андӯзаду дуздад, мисли падараш, мисли Таҳминаву Зарифбек ва дигарҳояшон, мисли IRS-як қарақчӣ дар роҳи халқ, ки11 сол аст дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз даҳони мардум кашида гирифта истодааст.
Аммо ин номае, ки аз Балҷувон ба дасти мо расид, дигар 100% собит мекунад, ки Рустам ба ҳеҷ ваҷҳ сер намешавад. Ширкати «Мармарӣ»-и вай ба ин ноҳия омадаву замину замони мардуми бе ин ҳам фақиру нодорро кашида гирифтааст.Шумо, ин номаро хонеду қазоват кунед, ки «ту сер» гуфтани Раҳмонов воқеият дорад ё не
НОМА
Директори муассисаи давлатии чорвопарварӣ Миралиев Сайдаҳмад чорвоҳои мардумро мефурӯхту мехӯрд ва дар Душанбе хона мехарид. Вале ҳоло дар болои ин одами зӯр як зӯри дигар пайдо шуд. Аниқтараш дар болои дузд як дузди зӯри дигар омад. Ин дузди зӯр Рустами Эмомалӣ ва фирмаи «Мармарӣ»-и вай аст. Ҷамоати мо 9.000 аҳолӣ дорад. Фирмаи «Мармарӣ»11ҳазор гектар замини моро гирифт. Тамоми деҳаҳои мо дар даруни ҳудуди фирмаи «Мармарӣ»-и Рустами Эмомалӣ даромад. Заминҳои мо асосан заминҳои ғайриобӣ-лалмӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат зиндагиамонро ба зӯр, як бало карда пеш мебарем. Акнун аз ин ҳоламон ҳам мондем. Фирмаи «Мармарӣ» мехоҳад на фақат заминҳо иншоотҳои аз шӯравӣ бозмонда, аз он ҷумла фермахое, ки совхоз тавассути биржаи давлатӣ ба фурӯш гузошта ва халқ харида буд, кашида гирифта истодааст.
Ин фирма дар ин заминҳо, ки аз соли 2000 халқ зиндагониашро пеш мебурд, гов оварда парвариш карда истодааст. Халқи ҷамоат пурсида истодааст, ки пас, мо чи кор мекунем, чи хел зиндагӣ мекунем? Гову моли мо куҷо биравад? Дар посух мегӯянд, ки аз гушнагӣ ҳеҷ кас намурдааст, Русия меравед, кор мекунед.
“Эмомалӣ Раҳмонов қарор карда буд, ки мардум дар чунин заминҳо боғҳо бунёд кунанд. Акнун ин боғҳоро ҳам гирифтанду амниятиҳоро посбон монданд,то ки меваашро ҳатто соҳибаш ҷамъоварӣ накунад. Гуфта истодаанд,ки замин замини давлат аст. Давлат чи хеле форад, истифода мекунад. Аҳволи мо дар ҳақиқат хеле бад шудааст. Намедонем чи кор кунем. Бе ин ҳам директорамон ҳамаро дуздида фурӯхта буд. Ҳоло ҳама чизи боқимондаро бо ду дасти адаб ба «Мармарӣ» дода истодааст, то аз ҷавобгарӣ халос хурад.”
Чи хеле гуфтем заминҳои мо ҳама куҳу пушта аст, дар заминҳои мо кишти пахта намешавад, обчакорӣ намешавад, мо танҳо гандум ва зағир мекорем. Ҳамонро ҳам аз ночорӣ кишт мекардем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳосили заминҳои беоб кам аст, лекин ба ҳар ҳол моро Худо бенаво намемонд, ризқамонро медод. Мардуми мо бо машаққатҳои зиëд дар ин куҳу пуштаҳои беоб меҳнат карданду боғ бунёд намуданд. Имрӯз боғҳо ба ҳосил омаданд. Аммо ҶДММ «Мармарӣ»-и Рустами Эмомалӣ заминҳоро моликияти давлат гуфта аз дасти халқ гирифт.
“Охир ин давлат барои кӣ аст? Мо, чаро ҳуқуқ надошта бошем? Охир мо ҳам дар хоки хамин сарзамин ба дунë омадем. Бобову бобокалонамон дар инҷо зиндагӣ кардаанд, ин хоку диёри мост. Моро хунхорони худи ноҳия ва директории хоҷагӣ бас набуд, ки боз «Мармарӣ»- омада хуни халқи бечораро мемаканд. Ман фикр мекунам, ки натанҳо мо-9000 аҳолии хоҷагии Сайф Раҳими Балҷувон, сӯхта истодаем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳоли сухтан ва оташ гирифтан аст.”
Хоҷагии деҳқонии ба номи Сангак Сафаров дар ҷамоати деҳоти Сайф Раҳим дар ноҳияи Балҷувон зиёда аз 1000 сар гови зотӣ дошт.95% ин говҳоро фурӯхтанду нобуд карданд. Беш аз 500 гектар замини ин хоҷагиро ба аҳолӣ фурӯхтанд. Айни замон бошад аз халқ нопурсида, бидуни розигии аҳолӣ саҳми замини мардумро ба ҳисоби ҶДММ «Мармарӣ» гузарониданд. Раиса Зоирова халқро фиреб дода мегуяд, ки хоҷагӣ ҳамон хоҷагӣ асту фақат номаш дигар шуд. 9000 аҳолӣ дорад ин ҷамоат. Бо додани замину замон ва сохтани ферма барои Рустами Эмомалӣ100 ҷои кор мешавад ё намешавад, аммо сарнавишти 9000 каси дигар, ки зиндагияш аз ҳисоби замину гову мол буд, чӣ мешавад?
Соли 2015 гуфтанд қарзи совхозро диҳед заминҳоятонро хоҷагии деҳқонӣ мекунем. Як қисми халқ дар банки давлатӣ 250.000 сомонӣ супорид. Аммо фиреб карданд. Ягон кас ба чавобгарӣ кашида нашуд.
Аз рӯзе,ки ҶДММ «Мармарӣ» мурғпарвар шуд (дар Данғара фабрикаи мурғпарварӣ доранд) як кг гушти мурғ аз 25 ба 38 сомонӣ хест. Раиси совхоз Миралиев Сайдаҳмад барои онки аз аввал, то охири нобудкунии совхоз гунаҳгор аст мехоҳад бо ҳамин роҳ аз ҷавобгарӣ халос шавад.
Зеро дар замони раёсати вай ҳама қарздор шуданд. Чи гуна совхоз қарздор шуд. Говҳоро чи гуна фурухтанд. Вақте ревизия карданд 250000 сомонӣ камомадро ошкор карданд, инчунин аз пули андоз низ қарздор буданд. Хулоса, ин қарзҳоро пардохт кунем гуфта дар гушҳои мардум лапша кашол карда, заминҳоятонро хоҷагии деҳқонӣ мекунем гуфта фиреб доданд. Баъди аз қарз халос шудан боз ба ҳамон корҳояшон баргаштанд, боз дуздиву фиребгарӣ. Имрӯз диданд, ки боз қарз зиёд шудааст, дигар медонанд, ки мардум бовар намекунад, танхо роҳи халосӣ фурухтани молу мулки совхозро ба «Мармарӣ» диданд. Мо намедонем ин балохӯри «Мармарӣ» аз куҷо болои сари мо пайдо шуд. Магар дигар ҷо набуд, ки маҳз назди мо оянду замину замони моро бигиранд. Имрӯз тракторҳояшонро оварданд, пагоҳ мехоҳанд, шудгорро сар кунанд.
“Айни замон аҳолии ҷамоати Сайф Раҳим зиёда 6000 сар гов, 300 асп, қариб15000 бузу гусфанд доранд. Ҳамаи ин шумора чорво бояд нобуд шавад, агар нашавад ҶДММ «Мармарӣ» дар инҷо гову ферма карда наметавонад.”
Ин фирмаи Рустами Эмомалӣ дар Ёвону Ҳисор ҳам хело ҷойҳоро гирифтааст. Дар Ҳисор заминҳоро бо деҳаҳояшон гирифтааст. Дар ҷамоати Қалъаи Ҳисор, сокинони деҳаҳои Булбулчашма, Кончи, Иттифоқ ба хонаҳои худ бо пропуск дохил мешаванд. «Мармарӣ» ин ҷойҳоро аз они худ кардааст. Ҳатто подабонҳояшонро аллакай то 100.000 доллар қарздор караанд. Дар ҳақиқат як сар гови «Мармарӣ» то 5.000 доллар ҳам арзиш дорад. Ин ҳама пулро Рустами Эмомалӣ аз куҷо ёфта ошад. Мо, сокинони ба ҷонрасидаи ҷамоати Сайф Раҳим ба ҳамдеҳаҳои худамон муроҷиат карда гуфтанием, ки аз шумо хоҳиш мекунем, ки натарсед. Вақте шумо хестед онҳо тарсиданд. Инак, бо дасти худамон заминҳоямонро гирифта истодаанд. Ба воситаи Сайидаҳмади директори хоҷагӣ, раисони маҳаллаҳо, Бобоҷони Маърифат, Сӯҳроби Амон, Саймурод, ба инҳо ё сум ва ё тарс доданд, ки онҳо мардумро тамоман гӯш накунанд. Раиси ҷамоат барвақт тар кардагӣ аст. Дур-дур гурехта истодааст. Танҳо роҳ ҳамин аст, ки ҳамаи деҳаҳо ҷамъ оем, маслиҳат кунем ва як роҳи ҳаллашро биёбем. Агар илоҷашро наёфтем, метавнем кӯчу борамонро бандему бароему равем. Дар байни ин кӯҳҳо бе замин, бе гову мол чи кор мекунем?
“Хитоби ман ба чоплусҳову хушомадгӯҳо, ки ҳоло подаи инҳоро қабул кардаед, тракторҳяшонро ронда истодаед, шумо бидонед, ки вақте халқ бедор шуд, шумо ҳамчун хоин мемонед. Фарзандони шумо, аз пушти шумо барин хоинҳо сарҳояшон хам мешавад. Дар он руз ин хатоиро, ин доғро тоза карда наметонӣ! Вале ҳоло шумо метавонед, тракторашро, подаашро ба сарашон шапида обу рӯятонро ҳифз кунед.”
Ҳоло сокинни бархе аз деҳаҳои Ҳисор ба деҳаашон бо «пропуск» медароянд, дар Ёвон бошад роҳи мактабро бастагианд. Агар сокит бошед ин ҳол ба сари мову шумо ҳам меояд.
Ин буд, номаи мардуми Балҷувон, ки носеру чашмгушна будани Рустами Эмомалиро бори дигар тасдиқ мекунад. Ин оила, аз Калонаш сар карда то хурдаш ақли сершавӣ надоранд. На худи Эмомалӣ Раҳмонов ва на Рустами Эмомалиаш.
Вале, мо дар бораи ҷашни имсолаи зодрӯзаш, ки ҳамин лаҳзаҳо идома дорад, дар барномаҳои баъдӣ хоҳем гуфт. Ва, инро ҳам мегӯем, ки ин бор кадом артисти хориҷӣ барои Рустами Эмомалӣ ин бор овозхонӣ кардааст. Солҳои гузашта Симонс Ева Мария, овозхони ҳолландӣ ва овозхони лулитабори руминӣ Otelia бар ивази садҳо ҳазор долларӣ ҷашни зодрӯзи Рустамро гул кунонида буданд. Рустаме, ки ҳоло барои чаронидани говҳояш заминҳои мардуми камбағали Балҷувонро кашида гирифта истодааст ва имрӯзу пагоҳ онҳо ҳам бояд ба деҳаҳояшон бо пропуск ворид шаванд, чун ин деҳаҳо ҳамагӣ чарогоҳ ва фермаи Рустами Эмомалӣ хоҳанд шуд.
Дар охир Пойгоҳи “Ислоҳ” дар ин рӯзи зодрӯзаш танҳо ҳаминқадар мегӯем: “Рустам роҳу равише падарат бо язнаҳо ва апаҳоят анҷом доданд ту ин роҳу равишро пешаи худ накун! Ниҳояти ин роҳу равиш хело сангин ва посух гуфтанаш ҳам хело душвор аст. Аз истеъмоли доруҳои мадҳушкунандаву наркотикӣ дурӣ кун. Масулияти 10 миллион шаҳрванди кишварро андеша кун ва ба некӯ аҳволии ин мардум биандеш. Афроди тасодуфие дар атрофат дорӣ аз онҳо шадидан дурӣ куну мушовирони бо савод ва дар фикри ин мардум бударо ба худат ҷалб кун. Ҳоло ҳам имкони тағйири вазъро дорӣ. Мо гуфтем ва ту шунидӣ!”