Рузхои ба шуморро ганимат донем.
Аз якояки шумо азизон хохиш ва таманнои онро дорам то ин дахаи муборакро ба хондани Куръони карим ва зикру корхои хайр гузаронед. Ин рузхо хело рузхои мубораканд ва хар сонияи онро ганимат бояд шумурд. Соли гузашта хело ёру дустон шиносону хамдехагон бо мо буданд вале имсол ачал онхоро нагузошт ва дар ин даха бо мо нестанд. Онхо низ мисли мо орзу ва хавасхо бо худ доштанд вале даъвати хакро лабайк гуфтанд.
Сакароти марги солехе !
Яке аз гузаштагони солех чун дар бистари марг карор дошт руй ба писараш намуд ва чунин гуфт: ” Писарам харвакто, ки рамазон мерасид чунон мегуфтам ин охирон рамазони ман аст. Харвакто, ки мохи зилхичча мерасид мегуфтам ба ман боз фурсат дода шуд то ибодат намоям. Ончунон дар ин ду мох дар талош будам,ки худро шахсе мехисобидам,ки чанд рузи ба шуморе дорам ва бояд онро бе самар нагузаронам. Охирул амр он рузи мавъуд,ки он нушидани чуръи марг буд расид.Он дакикан рузи Айёми ташрик( се рузи иди курбон) будааст . Афсус мехурам, ки аз дунё меравам вале рузхое нестанд,ки ман дар онхо руза дор мебудам,то хуччату далели хубе аз ин дунё бо худ мебурдам. Писарам чуноне мебини ин ман ва ин холи пирамарди нотавонест,ки корхои зиёди анчом нодода доштам.
Писараш мегуяд: Падарчон ман шуморо надидаам,ки намози чамоъатеро тарк карда бошед ва рузхои Душанбе ва панчшанберо руза надошта бошед. Ман харгиз хоби шуморо шаб надидаам ва Кироъати Куръони шумо хамеша ва пайваста буд. Агар шумо худро чунин бигуед пас холи мо чи мешуда бошад?
Писарам: Ончи гуфти ин вазифа ва карзи хар бандаи мусалмон аст. Агар хохад кабраш боге аз богхои чаннат бошад ва хашраш осон ва чехрааш нурони ва номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад бояд чунон бикунад. Аммо намедонам онхоро Аллох аз мо пазируфта аст ё на? Ин бигуфту ояте аз Куръони карим тиловат кард ва чон ба хак таслим намуд.
Аз Аллохи субхон таманно дорем ибодатхои нокиси моро дар ин дахаи муборак пазирад. Сакароти марги моро осон ва калимаи шаходатро дар забонамон чори бигардонад омин.