чаро мехоҳанд, ки ба Раҳмонов бори дуввум унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад?
Ин бор ин пешниҳод аз тарафи Қофлонбой садо дод. Қофлонбой, ҳамон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ бо нашри як муроҷиатнома аз номи иштирокчиҳои ҷаласае дар Донишгоҳи Хуҷанд «аз мақомоти олии қонунгузории кишвар» хостааст, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов такроран унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад. Қофлонбой ин муроҷиатномаашро шахсан аз номи худаш нашр накардааст, чуноне гуфтем аз номи иштирокчиҳои маҷлиси Донишгоҳи Хуҷанд. Маълум аст ки Қофлонбой ошкоро ва рӯйирост ба хушомадгуиву тамаллуқкорӣ даст зада истодааст, ва албатта беҳадаф нест.
“Маҳз ҳамин Қофлонбой буд, ки соли гузашат ҳайкали кампири Майрам-модари гурсухтаи Эмомалӣ Раҳмоновро дар фурудгоҳи Хуҷанд гузошт.”
Чанде пеш дар деҳаи Раҳмонободи ҷамоати Обурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як мусобиқаи футболбозӣ ба хотири 112 солагии бобои Раҳмон-падари Эмомалӣ Раҳмонов баргузор гардид ва дастандаркорони ин мусобиқа гуфтанд ин чорабинии тафреҳӣ ба хотири гиромидошти падари «Пешвои муаззами миллат» доир шуд. Вале, гуфта нашуд, ки бобои Раҳмон ба футбол чи дахл дорад ва ҳамчунин шарҳ дода нашуд, ки ҳайкали кампири гурсухта ба хотири кадом кори босазояш гузошта шудааст. Аммо барои ман ва аксари хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” ҳамеша ин муаммо боқӣ мемонад,ки Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов буд. Охир Шарипи Чақр падараш буд чаро Раҳмонобод? Чаро Раҳмонро падараш мегӯянд? Чаро инро шарҳ намедиҳанд ин боз ҳам бар мегардад аз бе аслии ин қаҳрамони дуюмкарата.
“Аммо, боз як хабари дигар дар фазои маҷозӣ давр хурда истодааст, ки дигар авҷи аълои хушомаду лесолесиро нишон медиҳад. Нафаре бо номи Муродулло Почозода, ки унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва муовини раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ будааст дар мавзӯи”
“Тавсифи шахсият ва корномаи сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷодиёти шоирони Мастчоҳ”, дар конференсияи илмиву амалӣ таҳти унвони “Сулҳи пойдор ва суботи сиёсӣ – омили муҳими рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол”, маъруза кардааст.
Бархеҳо барои онки худро ба Эмомалӣ Раҳмонов ширин кунанд, хушомад зананд, таваҷҷуҳашро ба самташон ҷалб кунанд, тамаллуқу лесолесиро аз дараҷаи ғулув ҳам гузоронида истодаанд. Як вақт дар Ҳисор тандиси китоби Раҳмоновро гузоштанд. Китоби яктоннагӣ аз чӯбу оҳан, шаш метр паҳнӣ чор метр дарозӣ ва 12 ҳазор сомонӣ иборат аст ҳашар карда, ҷамъ карда ноябр 2016 дар назди шуъбаи маориф сохтанд.
“Ба азамат ва бузургии Аллоҳ қасам, ки Раҳмонов китоб, ки чи, як абзатси маърузаҳояшро навишта наметавонад.”
Чанде пеш Зариф Ғулом ном як «адиб» бо ишора ба онки ба номи Пётри кабир русҳо шаҳреро номгузорӣ карданд ва ё Нурсултони Қазоқистон пешниҳод карда буд, ки Душанбе Раҳмонобод номида шавад ва далел пеш оварда буд, ки «Пешвои муаззами миллат худ таърих аст ва таърихи давлати навини тоҷиконро пас аз 1000 сол ҳамчун меросбари асили шоҳ Исмоили Сомонӣ аз нав бунёд намуд ва месазад пойтахти мамлакатамонро ба номаш гузорем. Фарзи мисол, Раҳмонобод, Раҳмонканд, Раҳмоншаҳр»…Ин “адиб” бояд бидонад,ки Пётри Кабир Санкт-Петербургро ва ҳамин тавр Назарбоев Нурсултонро сохтанд.” (Вале ҳоло Назарбоев чи ҳол дорад,ба ҳама маълум аст).
“Оё магар Раҳмонов Душанберо сохтааст ва ё танҳо як кучаи марказиро барои меҳмононе меоянд ҳамчун тазвир сурхӣ ва сафедӣ кардааст? Раҳмонов барои Душанбе чӣ хидмат кардааст? Мо намегӯем чӣ гуна қасрҳо барои худаш ва кайфу сафояш сохтааст, то истироҳат кунад. Саволи мо ин аст ӯ барои Душанбе чӣ кардааст? Ӯ барои сокинони Душанбе чӣ кардааст ?”
Аммо,чуноне мебинем Қофлонбой дар боби тамаллуқу хушомад ба Раҳмонов ҳамаро ба ақаб задааст.
Дар муроҷиатномае, ки вай аз номи ширкатдорони ҷаласаи Донишгоҳи Хуҷанд паҳну нашр кард тавсиф ва ситоиши Эмомалӣ Раҳмоновро то ба осмонҳо дакка занондааст. Раҳмонов сохти конститутсиониро барқарор кардааст, низоми давлатдории навинро бунёд ниҳодааст ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши арзанда гузоштааст, сулҳу ваҳдати миллиро таъмин кардааст, ҳадафҳои стратегии мамлакатро бомуваффақият таъмин намудааст ва ҳамин тавр дар таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар нақши асосӣ бозидааст.
Дар зимн пешниҳоди Қофлонбой пешниҳоди нав нест. Қаблан низ на як бору ду бор матраҳ шуда буд. Вале он замон ин пешниҳодро шахсони алоҳида, на мансабдори давлатӣ матраҳ карда буд. Аммо, ин бор ин пешниҳод дар остонаи 25умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-и Шӯрои олии Тоҷикистон ва 30-солагии ба сари қудрати омадани Эмомалӣ Раҳмон беҳуда садо намедиҳад.
То имрӯз Раҳмонов ва маъмурияти вай вокуниш накардаанд. Вале ин бор мисле, ки фарқ мекунад. Чун қабули ин муроҷиатнома бо ҳузури муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси вилоят сурат гирифтааст. Гумони ғолиб ҳам ин аст ки пешниҳоди вилояти калон ва раиси он «ба эътибор» гирифта нашавад ва “ба замин”гузошта шавад. Ва, низ баъид ба назар мерасад, ки як чунин мансабдори баландпоя ин гуна масъалаҳои “нозук”-и марбут ба Пешвои муаззамро «худсарона» ва бидуни «ҳамоҳангӣ» ва гирифтани «ризоият»-и қаблӣ пеш оварад ва нашр намояд.
Аз тарафи шахсиятҳое мисли Ҳикматулло Насриддинов садо додани айни ин пешниҳод дар чанд соли пеш ва ё ба ҷоизаи сулҳи Нобел муносиб донистани Эмомалӣ Раҳмонов аз сӯи нависанда Саттор Турсунро мешавад натиҷаи валвалаи ботинӣ ва ҳосили ишқу муҳаббати хусусӣ ,мунтаҳо “амри дил” ҳисобид. Вале, вақте ин пешниҳод аз тарафи ва бо иштироки як мансабдори баландмақоми давлатӣ матраҳ мешавад, дар амри дил будани он машкук мешавед. Бидуни шак ин як навъи дигар хушомаду худширинкунӣ, тамаллуқ, яъне як тарзи дигар порадеҳӣ ҳам ҳаст. Ба «оянда»-и боз ҳам беҳтар мусоидат мекунад. Васила барои ба даст овардани мансаби болотару пурдаромадтар, ба гуфти мардум «ҷои руғанӣ» мешавад. Чунки дар боло ба инобат гирифта мешавад, ки ин пешниҳоди олиро маҳз ӯ баён кардааст. Мавриди марҳамат ва лутфи хосу алоҳида қарор мегирад, соҳиби имтиёз мегардад .
” Қофлонбой чиро ҳадаф қарор додааст ва ё кадом мансабро? Ҷойи оянда ва ниҳоии раиси вилоят ва он ҳам вилояти Суғд дар замони мудирияти Эмомалӣ Раҳмонов сарвазирӣ аст. Аммо, масъала инҷо аст ки ин бор Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳам кадри «шимол» мебошад ва овардани ӯ ба мақоми сарвазирӣ истисно нест, чун тавозуни минтақаӣ нигоҳ дошта мешавад.”
Як мақоли мардуми форси забон ҳаст,ки мегӯяд: “забони чарб, сари хушк мекунад обод”. Мо, шоҳид ҳастем, ки Раҳмонов аз таърифу тавсиф чи қадар меболаду хурсанд мешавад. Ин ҳолат равонии вайро махсусан мансабдорон ва ё нафароне, ки ниёзи шадид барои ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ ва наздиконашро доранд, бештар ҳис кардаанд. Агар ин пешниҳод қабул шуд, бовар кунед, як сабаб ва заминае дигаре мешавад, ки маъракаи тавсифу ситоиш ва мадҳу санои Эмомалӣ Раҳмонов бо шиддате бештар навсозӣ хоҳад шуд. Расонаҳои Тоҷикистон ва ба вижа шабакаҳои телевизионӣ ин бор тавре барномаҳо месозанд, ки Раҳмонов на фақат Асосгузори сулҳу Асосгузори давлатдории навин, балки асосгузори халқи тоҷик эълон мешавад. Ва, вақте вай асосгузори халқи тоҷик эълон мешавад, дигар ҳама мушкилот барои интиқоли қудрат бо гузинаҳои озарӣ ва туркманӣ “дукаратду” мешавад.
“Албатта дар ҳавои саркуби Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, ки ниҳоят, баъди 30 сол ҳам буд, Раҳмонов зӯрашро гузаронд ва дар инҷо низ «сохту сохторҳои конститутсионӣ» мустақар шуд, эҳтимоли додани ин унвон ба Раҳмонов вуҷуд дорад. Инҷо ин нафарон, масалан ҳамин Қофлонбой аз онки Раҳмонов бо онки гуфт, амри куштори бадахшониҳоро худи вай додааст, ва худро ошкоро ҷинояткори давлатӣ эълон кард, парво надоранд, заррае мижаашон хам намехурад. Муҳим ин аст ки ҳама чизро ба пойи Раҳмонов бирезанд, то инки вай барои онҳо имконият бидиҳад, ки ҳамин тавр дуздиву тозӣ карда ҳукумат ронанд.”
Вале нуктае, ки касро бар андеша водор мекунад ин аст ки агар бар фарзе дар ҳамон солҳои пешин, вақте ин пешниҳод садо дод, таҳаққуқ пайдо мекарду карати дуввум дода мешуд, иктифо мекарданд ва ё боз барои бори баъдӣ пешниҳод мешуд. Бовар дорам ҳоло боз ҳам пешниҳод мешуд, ки бори саввум ҳам эъто бишавад. Шояд беҳтар бошад, ки қаҳрамони абадӣ ва умрбод эълон бишавад. Ҳамчуноне курсии раёсати ҷумҳуриро якумрӣ забт кардааст.
Дар ҳар сурат имсол соли иду санаҳои барои Эмомалӣ Раҳмонов муҳимме чун 25 солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи16 ва 30-солагии касби қудрат аст. Баҳонаҳо ва заминаҳо фароҳам аст ва аз онки ба такрор садо дода истодааст, афкори умумӣ ҳам барои қабули он аз солҳо пеш омода шудааст. (Афкори умумиро кӣ пурсидааст, ки ин бор бипурсанд). Барои ҳамин эҳтимол меравад, ки ин бор ҷаноби Раҳмонов розӣ бошад, ки дубора унвони қаҳрамониро бигирад.
Вале, хуб, ки чи хоҳад шуд? “Дважди” бишавад, “трижди” бишавад, чи иваз мешавад?
Улоғи ҳазрати Исоро Макка бурданд, омад, дигар нашудааст. Леонид Илич Брежнев чор карат Қаҳрамони Иттифоқи шӯравӣ шуда буд. Аммо, ку он давлат?
Агар аксу номи қаҳрамони миллатро аз ҳама ҷо барчинанду ба ҷойи онҳо танҳо Раҳмоновро овезанд. Агарчи феълан ҳам чунин аст. Аммо боз ҳам расман эълон кунанд, ки ҳеҷ касе мисли Раҳмонов қаҳрамонӣ накардааст ба ин кишвар аслан суде нахоҳад дошт. Ин ҳама як вақти муайян ва мақтаъи замонии муваққатӣ то ба “Саъир” ё “Ҳовия” рафтани ӯ аст. Ҳамин, ки ӯ рафт аз ӯ ҷуз номҳое чун “қотил” ,”хоин” “ватанфурӯш” , “миллаткуш” “исломситез” “габр” ва … дар таърихи сафҳоти ин миллат ба мондгор хоҳанд монд.
Бо сароҳат мегӯям:
“агар мо имрӯз аз қотилону ва ваҳшатафканоне чун Чингиз, Ҳолоку, қотилони Муғул ва муосироне чун Сталин, Берия, Гитлер ва ғайра медонем. Ин шо Аллоҳ номи Эмомалӣ Раҳмонови бачаи Майрам дақиқан чунин ёд хоҳад шуд. Таърихнигорон таърихи ин миллат ва ватанро навишта истодаанд ва дар он ҳеҷ таҳрифе нест. Танҳо ва танҳо ту мард шав ва рав, ана он вақт насли хабисаат ва мардуми кишвар ва олам онро ба вузуҳ хоҳанд дид!”
Ин бор Раҳмонов дар малаи омм эълон ва эътироф кард, ки дастур дод помириҳоро ба қатл расонда шаванд. Вай гуфт, ки қатли помириҳоро ӯ ба гардан мегирад.
Магар қотили садҳо ҳазор шаҳрванд қаҳрамон мешавад?