(Чеҳраи воқеъии раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иборат аз 5 қисм)
“Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.
(Эмомалӣ Раҳмон, 26 декабри соли 2019)
“Дар структураи аввали шуури ҷамъиятӣ – «моли тоза»-и ҳар фард заминаи аслии муносибат ба Ватан, Миллат, Падару Модар, дӯстон, эътиқодот, умуман муҳити ҷисмонӣ ва маънавии атроф шакл мегирад”,
(Саймумин Ятимов, 20 апрели соли 2017)
Қисми 1
12 манзили хусусӣ, 2 бинои бисёрошёна, 5 бӯстонсаро
ё “маънавиёт” барои ҳайати шахсӣ
Норасоии манзили зист барои хизматчиёни давлатӣ яке аз проблемаҳои асосии хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад. На танҳо кадрҳои ҷавон, балки ҳазорон нафар мутахассисони варзида дар навбати манзил номнавис шуда, интизори хона ё як-ду утоқи иловагӣ мебошанд. Табиист, ки беҳтар кардани шароити зиндагонии ин гуна хизматчиёни давлатӣ аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон аст. Ин сиёсат тавассути сохтану тақсимоти манзили хизматӣ аз ҷониби идораву муассисаҳо, кумитаву вазоратҳо амалӣ мегардад, аз ҷумла дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. Дар ин кумита беш 400 нафар мутахассисони варзида ва кадрҳои ҷавон ниёз ба беҳтар кардани шароити зист доранд. Аммо дар 5–6 соли ахир танҳо шароити зиндагии раиси Кумита, генерал-полковник Ятимов Саймумин Сатторович, хешовандон ва одамони наздики ӯ ба таври бемислу монанд тағйир ёфтааст. Ба маълумоти зерин таваҷҷӯҳ кунед:
1) Ятимов С.С. дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, дар биное, ки хонаи хизматӣ дорад, як хонаи дигарро аз худ намуда, онро ба хоҳари ҳамсараш шаҳрванд М.А. тӯҳфа намудааст. Дар ин амал аломатҳои кирдори ҷиноятии сӯиистифода аз мансаби давлатӣ мушоҳида мешаванд;
2) Ятимов С.С. қитъаи заминеро, ки дар тавозуни Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ буд, аз худ карда, зери пӯшиши ҶДММ “Сарпараст”, ки мутаалиқ ба соҳибкор Муродов Маҳмуд (машҳур бо лақаби “Маҳмуди ургутӣ”) мебошад, бинои баландошёна сохтааст. Ин амали ӯ соҳибкории ғайриқонунӣ буда, сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ низ мебошад. Интихоби ин шарики тиҷоратӣ тасодуфӣ нест, зеро ному насаби аслии Муродов Маҳмуд дигар буда, баъди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани ӯ бо кӯмаки Ятимов С.С. тағйир ёфтааст;
3) Ятимов С.С. дар кӯчаи Беҳзод, 32 шаҳри Душанбе дар бинои навсоз, ки дар рӯ ба рӯи Кумитаи ҳолатҳо фавқулода ҷойгир аст, соҳиби хонаи истиқоматӣ мебошад. Хонаи мазкурро ба номбурда Ҳоҷӣ Умар, роҳбари ширкати ҶДММ “Лола”, зодаи ноҳияи Фархор, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, ки ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғул аст, тӯҳфа кардааст;
4) Ятимов С.С. бо сӯистифода аз вазифаи ишғолнамудааш заминҳои шӯъбаи ноҳиявии КДАМ дар ноҳияи Варзобро хусусӣ гардонида, дар ҷои ин бино бо ҷалби соҳибкорон ба номи духтараш С.Ятимова истироҳатгоҳи боҳашамат бунёд намудааст, ки арзиши бозории он зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ин бино ғайриқонунӣ аз тарафи кормандони КДАМ муҳофизат мешавад.
Раҳбарии ин муҳофизонро Камолов. А. бародари ҳамсари Ятимов С.С. ба ӯҳда дорад. Ӯ расман дар шӯъбаи амнияти ноҳияи Варзоб ба ҳайси корманди оперативӣ фаъолият мекунад, аммо дар асл сардори дастаи муҳофизони истироҳатгоҳи номбурда мебошад.
Бояд таъкид кард, ки духтар ва домоди ӯ Парвиз Содиқӣ, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия фаъолият мекунанд, як умр хизматчии давлатӣ мебошанду имкони бунёди бӯстонсарои ним миллиондолллариро надоранд;
5) Дар Варзоб боз ду бӯстонсарои дигари фарзандони Ятимов С.С, ки бе кӯмаки ӯ наметавонистанд ин гуна амволи гаронарзишро соҳиб шаванд, ҷойгир мебошанд. Қитъаи замини яке аз ин бӯстонсароҳо қаблан ба шаҳрванд Ҳусейнов Т. сокини ноҳияи Варзоб тааллуқ дошт, ки ба сифати ширинкома ба раиси КДАМ пешниҳод шудааст. Ҳусейнов Т. ҳангоми фаъолият дар дастгоҳи марказии кумита ин қитъаи заминро бар ивази ба муддати 5-сол ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон намояндаи КДАМ будан ба Ятимов С.С. додааст.
Бо мусоидати раиси кумита фарзандони Ҳусейнов Т. то ҳол дар Олмон истиқомат ва таҳсил мекунанд. Ҳусейнов Тағаймурод бо ин амалаш машҳур аст, ки ҳангоми ба кор шурӯъ намудани ширкати IRS сокинони Варзобро барои монеъа эҷод кардан ба фаъолияти ширкати зикргардида барангехта буд. Қитъаи дигари замин дар ҷамоати деҳоти Варзобқалъа, дар километри 22-юм ҷойгир буда, дар дар поёнтари он бӯстонсарои Кумита ҷойгир мебошад. Нархи ин бӯстонсаро беш аз 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
6) Ятимов С.С. дар мавзеи «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав соҳиби истироҳатгоҳи замонавӣ мебошад, ки аз тарафи шӯъбаи сохтмонии КДАМ сохта шудааст.
7) Ятимов С.С. инчунин дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар соҳили Баҳри Тоҷик истироҳатгоҳи 3-ошёнаи боҳашамат дорад;
8) Ятимов С.С. дар маркази шаҳри Ваҳдат барои бунёди ду хонаи истиқоматии боҳашамат иборат аз 6 ошёна талоши зиёд дошт, ки яке аз онҳо ба номбурда ва дуюмаш ба Камолов Искандар (бародари ҳамсараш, собиқ корманди шуъбаи амнияти шаҳри Ваҳдат, айни ҳол дар корхонаи тиллои «Зарафшон» намояндаи КДАМ мебошад) тааллуқ дорад;
9) Ятимов С.С. дар наздикии роҳи Душанбе-Ваҳдат як кӯли моҳипарварӣ дорад, ки дар он ҷо истироҳати хос мекунад;
10) Ятимов С.С. зимни тақсимоти хонаҳои хизматӣ аз ваколатҳои худ берун баромада, ба хешутаборчигӣ ва маҳалбозӣ роҳ дода истодаст, ки ин амали ӯ норозигии кормандони кумитаро ба миён овардааст. Нашри ин руйхатро, ки мо дастрас намудем, қонун манъ кардааст, аммо таҳлили он нишон медиҳад, ки беш аз 80 %-и хонаҳои хизматии кумита ба хешовандон ва шахсони наздики Раиси кумита тақсим карда шудаанд, ки баъзеҳояшон ҳатто 3 сол ҳам собиқаи корӣ дар мақомот надошта, аксарияти онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин руйхат ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қисман маълум мебошад.
Ҳол он ки дар кумита кормандоне ҳастанд, ки зиёда аз 20–25 сол собиқаи корӣ дошта, ба хонаи хизмати таъмин намебошанд ва то ҳол дар хонаи иҷоравӣ зиндагӣ намуда истодаанд.
Бо мутолиаи ин маълумот ва ёд овардани “мақолаҳои илмӣ”-и Раиси кумита, ки хондани онҳо мунтазам ба афсарон тавсия дода мешавад, дар зеҳни солим суол пайдо мегардад, ки оё шуури ҷамъиятии ин кормандон дар муҳити маънавии дар КДАМ фароҳам сохтаи раиси кумита чӣ гуна шакл мегирад? Обрӯю эътибори давлат назди онҳо чӣ мешавад? Хоса вақте медонанд, ки раиси Кумита ҳатто аз иҷораи манзилҳои зиёдаш ба хориҷиён фоида мегирад?
“Хонаи генерал-да биё!”
Ҷамъ овардани маълумот тавассути хонаҳои иҷоравӣ бо ҷалби агентура дар бозори амволи ғайриманқул яке аз самтҳои фаъолияти оперативӣ мебошад. Ҷои таааҷуб надорад, ки кормандони оперативии Кумита дар ин самт маълумоти зиёд ба даст меоранду тақрибан ягон чиз онҳоро ҳайратзада намекунад. Аммо на дар давраи раисии Ятимов С.С.
Тавре маълум шуд, худи номбурда дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, дар бинои навсоз, воқеъ дар пушти Маркази савдои «Ситора» соҳиби 5-хонаи истиқоматӣ ва як таваққуфгоҳ шудааст, ки онҳоро ба шаҳрвандони хориҷӣ ба иҷора медиҳад. ;
Бинои мазкур аз тарафи соҳибкор Маъруф Ҳабибов, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ бунёд шудааст. Магар доштани шарикони тиҷоратӣ барои хизматчиёни давлатӣ қонуншиканӣ нест?
Генерал-полковники чорводор
Таърихи мақомоти амнияти Тоҷикистон шуғлу хоббиҳои гуногуни раисони кумитаву афсарони олирутбаро дар ёд дорад, ки аз ҷамъоварии маркаву сиккаҳои гуногун то китобу нишонҳои нодирро дар бар мегирифтанд, аммо роҳбари чорводору боғпарвар надошт. Чор нафар раисони пешини замони Истиқлол участкаҳои наздиҳавлигӣ ва гулбоғ доштанд, аммо чорводор набуданду барои буққапаронии говҳои олмонӣ ва кишти тирамоҳии гандум ҳавсалаю вақт надоштанд. Ҳич кадоме аз онҳоро сарватманд номидан имкон надорад, баъзеяшонро ҳатто миёнаҳол ҳам.
То таъин шудан ба ин вазифаи масъул Ятимов С.С. низ чунин шуғл надошт, ҳамчун ҷонибдори ашаддии таълимоти Карл Маркс ва Владимир Ленин пайваста зидди хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ба ҳайати шахсӣ лексия мехонд, аз Гегелу Карл Попер мисол меовард, аммо бо пайдо шудани ваколати тақсими мансабу вазифаҳо нохост дар ноҳияи Ҳисор соҳиби фермаи чорводорӣ, киштзорҳо ва боғи калони мевадиҳанда шуд.
Барои таҷҳизонидани фермаҳои мазкур кормандони амният, ки бо Ятимов С.С. нисбати хешовандӣ доранд ва ё шахси наздикаш маҳсуб меёбанд, ҷалб шуданд, ки боиси норозигӣ дар ҳайати шахсӣ гашт.
Аз ҷумла ҳуҷҷатгузории як қатор иншоот (замин ва биноҳо) ба зиммаи корманди кумита Холиқов Фируз, ҳамон давра сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Ҳисор вогузор шуд.
Инчунин аз ҷониби сардори Раёсати амният дар шаҳри Душанбе полковник Шомадов Н.Ё. барои ин иншоотҳои Ятимов С.С. як адад комбайн ва дигар техникаҳои ёрирасон харидорӣ шуданд.
Қисмате аз заминҳои фермаро ба Ятимов С.С. собиқ сардори Раёсати тафтишоти ВКД ҶТ Тухтаев Алишер дар пайи як муноқишаи падараш раиси шаҳри Ҳисор Маҳмадалӣ Тухтаев бо раиси ҳамонвақтаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Амиршо Миралиев “тӯҳфа” кардааст, ки амали шубҳанок буда, бояд аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳқиқ шавад.
Мақомот ҳамчунин бояд дақиқ намоянд, ки чаро ронандаи Ятимов С.С. ҳар ҳафта 700–800 литри сӯзишвории Кумитаро ба ин фермаву боғ мебарад?
Замини боғи зерин, ки дар акси аз Гугл гирифташуда мебинед, аз ҷониби Ятимов С.С. бо нархи арзон харидорӣ шуда, бо ҷалби соҳибкорон обод гардида, гуё ба роҳбари ширкати ҶДММ «Расул-сохтмон» (http://avesta.tj/2014/05/12/
Додугирифт бо Арабистони саудӣ
Чун ин ширкати мутаалиқ ба мухолифини собиқ аз абзорҳои асосии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон шумурда мешаваду зери сарпарастии генерал-майор Бекназаров Амирбек — наздиктарин шахси Ятимов С.С. дар кумита фаъолият мекунад, амалиёти хариду фурӯш дар асл кӯшиши руйпӯш кардани маблағҳои барои Ятимов С.С ихтисосдодаи Арабистони Саудӣ мебошад.
Ин ҳамкорӣ ба Арабистони Саудӣ ҳамчунин имкон медиҳад, ки одамони ба ин кишвар заруриро аз ҳисоби зиёиёни шинохта, руҳониён, рӯзноманигорон ва ғ.ҳ. ба ҳаҷи умра ва ҳаҷ равон карда, минбаъд онҳоро дар амалиёти зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон истифода баранд.
Чорводорӣ то дараҷае ба генерал-полковник писанд будааст, ки ӯ ба амали гушношунид дар таърихи мақомоти амният даст задааст.
Қисми 2
Дастдарозӣ ба амволи мусодирашуда
“Аз нигоҳи назарияи илмӣ “хабар” аз “маълумот” ба тарзи принсипиалӣ фарқ мекунад”, (Саймумин Ятимов, “Ҷумҳурият”, 30-юми майи соли 2017)
Дар Ваҳдату Рашту Тавилдара нафаре нест, ки аз ду отар гӯсфанди собиқ муовини вазири мудофиа Ҳалим Назарзода ва бародаронаш дар дараи Ясмани ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт надонад. Акнун ин отарҳо соҳиби нав пайдо кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ бояд ин маълумотро таҳқиқ кунанд, ки чӣ тавр моли қаблан ба собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ Назарзода тааллуқ дошта, дар ҳаҷми беш аз 400 ҳазор доллари ИМА соҳиби нав пайдо кардаанд?
Табулограммаи сӯҳбатҳои телефонии чӯпон Турахонов Абдураҳмон (+992 903- 88-70-88) ба онҳо барои маълум кардани соҳиби кунунии мол кӯмак мекунанд. Ҳамчунон муфаттишон бояд донанд, ки мутаасифона, ин ягона ҳолати аз худ кардани амволи мусодирашуда ё маблағҳои ҷудошуда дар КДАМ нест.
Моҳи январи соли 2014 Анвар Хоҷаев, сардори дидбонгоҳи гумрукии “Терминал”-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва сарнозири дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров барои фурӯши вазифаи сарнозири дидбонгоҳи гумрукии “Регар” бар ивази 15 ҳазор доллар ( https://www.ozodi.org/a/25238022.html ) боздошт шуданд.
Ин хабар зуд дар расонаҳо ҷой дода шуд, вале маълумоти асосӣ пинҳон монд: мақсади асосии ин чорабинии фаврӣ тоза кардани минтақаҳои гумрукӣ аз одамони “гапнодаро” ва ”бегона” буд.
Анвар Хоҷаев тез гапдаро шуду ҳамчун ҷазои иловагӣ нисбати номбурда мусодираи молу мулк татбиқ гашт. Аммо котеҷи 3-ошёнаи нотамомаш, ки дар наздикии «Барқи Тоҷик» ба ихтиёри Ятимов С.С. гузашта, аз тарафи соҳибкорон таъмиру бозсозӣ гардид.
Ин котеҷ дар ҳамсоягии котеҷи раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бек Сабурӣ ҷойгир аст (Нигаред ба акси 2). Дар ин маҳалла ҳама медонанд, ки ин котеҷи Ятимов С.С-ро устоҳои Кабиров Шералишо, раиси Шӯрои директорони “Талко” таъмиру бозсозӣ кардаанд. Нархи ин котеҷ бо таъмири гаронбаҳо беш 1,2 млн. долларро ташкил медиҳад.
Чӣ тавр амволи гумонбаршуда дар ҷиноят, ки мебоист ба фоидаи давлат мусодира шавад, дар ихтиёри раиси КДАМ қарор гирифтаасту чаро як хизматчии давлатӣ бо харҷи садҳо ҳазор доллар котеҷи мансабдори олимақоми дигарро таъмир кардааст, бояд мақомоти тафтишотӣ муайян кунанд. Ҳамчунон, ки мақомот бояд маълумот дар бораи азхуд кардани маблағҳои ҷудо намудани Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро таҳқиқ намоянд.
Хокпошӣ ба чашми амрикоиҳо
Барои азнавсозии инфрасохтори иншоотҳои таъиноти махсус аз ҷониби Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон $ 1 800 000 маблағгузорӣ шуда буд. Иншооти мазкур базаи “Альфа” буда, дар маҳаллаи Н. шаҳри Душанбе дар иншооте, ки аз Назарзода Ҳалим мусодира шудааст, бунёд шудааст.
Ятимов С.С. ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бе баргузории тендер ҶДММ «Сабр-Аф» (шаҳри Душанбе, к.Маяковский 66 ), ки ба қудояш Асламов Абдурасул тааллуқ дорад, ҷалб кардааст, ки амали ғайриқонунӣ мебошад. Санҷиши мақомот нишон дод, ки дар корҳои иҷрошуда ҳудуди 400 ҳазор доллари ИМА масраф шуда, маблағи боқимонда бо роҳи изофанависӣ аз худ карда шудаанд.
Ба хотири коҳиш наёфтани обрӯи давлат назди хориҷиён ин корро руйпӯш карданд. Аммо барои ҷомеа ин кор мисли қазияи мошини тамғаи “Лексус” пинҳон намондааст.
“Лексус”-и Назарзода дар БМТ
Дар наворҳои фаврии гузоришҳои мақомот аз ҳодисаҳои 4 сентбяри соли 2015, ки борҳо тариқи телевизион намоиш дода шудаанд, як мошини тамғаи “Лексус” соли бароришаш 2015 буд, ки ба собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Ҳалим тааллуқ доштааст. Мошин аз руйхати амволи мусодирашуда ғайб зад, аммо аз Душанбе не.
Беш аз чор сол ин мошинро дар назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон дидан имкон дошт.
Соҳиби нави он корманди БМТ Умеда Ятимова мебошад. Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр мошини ба фоидаи давлат мусодирашуда дар ихтиёри духтари раиси КДАМ қарор гирифтааст, тадқиқоти зиёд лозим нест. Мутаасифона, Умеда Ятимова ягона нафар аз наздикон, хешовандон ва ҳаммаҳалҳои Ятимов С.С нест, ки дар қонуншиканиҳо ба хотири ҷамъ кардани сарват ширкат мекунанд.
Қисми 3
“Аввал хеш, баъд ёру ошноҳо”
Ятимов С.С. дар муддати Раисии КДАМ-ро ба уҳда доштанаш ба хешовандони наздикаш шароит фароҳам овардааст, ки онҳо низ даст ба амалҳои ғайриқонунии зиёд даст зада, соҳиби молу мулки зиёд шаванд. Чанде аз онҳо ва аъмолашонро ном мебарем:
1) Ятимов Абдулмумин Сатторович (бародари Ятимов С.С.) раиси хоҷагии ҷангалпарварии ноҳияи Фархор буда, солҳои тулонӣ аст, ки ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезанад.
Аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи маводи сузишворӣ ва чорвои калони шохдор (аз Ҷумҳурии Қирғизистон), бо роҳи ғайриқонуни хусусигардонии моликияти давлат (фермаи молпарварӣ дар хоҷагии «Дектр»-и ноҳияи Балҷувон) ва (автомашинаи тамғаи «УАЗ» — шӯъбаи амнияти ноҳияи Дустии вилояти Хатлон, Тойота – дастгоҳи марказии амният), ғайримақсаднок истифода намудани моликияти давлат ва саркашӣ намудан аз пардохти андоз машғул аст.
Ятимов А.С., заминҳои ба хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор тааллуқ дошта ва заминҳои дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойдоштаро ба чарогоҳҳои шахсӣ табдил дода, барои манфиати худаш истифода менамояд, ки ҳифзи сарҳади давлатиро мушкил мегардонад.
Ғайр аз ин дар ноҳияҳои Сангвор, Ховалинг (ҷамоати деҳоти Шугнов) ва шаҳри Ваҳдат бо роҳи зуроварӣ ва истифодаи номи бародараш чарогоҳҳои сокинонро ба манфиати шахсии худаш истифода намуда, соҳибони ҷарогоҳҳоро маҷбур мекунад, ки ба ҷои ӯ дигарон андози истифодаи заминро пардохт намоянд.
Номбурда инчунин дар таъин намудани кормандони амният ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дохилшавии донишҷӯён ба мактаби олии Кумита саҳм дорад.
Сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Фархор полковник Хушвахтов М. бо дастгирии бевоситаи Ятимов А.С ба ин вазифа таъин гардида, ба иҷроиши фармоишҳои ғайриқонунии ӯ машғул аст.
Ятимов А.С. дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ хешовандон ва ё шахсони ба худаш наздикро ба ҳайси сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ таъин мекунонад. Барои мисол, дар гузаргоҳи сарҳадии “Панҷи поён” Сатторов Олим ва Ғиёсов Илҳом аз ҳаммаслакони асосии ӯ ба шумор мераванд.
Ятимов А.С. аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳидоятулло. А. дар ҳаҷми 200 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, маблағи маҳсулотро ба соҳибкор пардохт накарда, ӯро фиреб додааст. Баъди шикояти Ҳидоятулло А. Ятимов А.С. бо дастгирии бародараш нисбати шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро иҷборан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун мекунанд.
Ятимов А.С, соҳиби 4 зан буда ба ҳамаи онҳо аз шаҳри Душанбе ҳавлиҳои гаронарзиш харидорӣ намудааст. Бо далелҳои ахлоқӣ мо аз овардани суроғаи зист, ному насаби занҳо ва номи кӯдакон худдорӣ мекунем.
Баъзе аз дороиҳои Ятимов Абдулмумин Сатторович, ки бо сарпарастии бародараш Ятимов С.С. бо роҳҳои ғайриқонуни ба даст овардааст:
550 гови зотии олмонӣ;
564 асп;
5170 гусфанд;
зиёда аз 3000 мурғи марҷон.
2) Ятимов Алишер Абдулмуминович (ҷияни Ятимов С.С.) корманди прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров мебошад, ки фаъолияти ғайриқонунияш мардуми ноҳияро ба дод овардаасту боиси накуҳиши мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ гаштааст. Номбурда дар амалҳои ғариқонунии падараш Ятимов Абдулмумин (қочоқи чорво ва сузишворӣ) иштирок менамояд;
3) Ятимов Ҷамшед Сатторович (бародари Ятимов С.С.). Мақомоти кишвар номбурдаро гумонбар дар гардиши маводи мухаддир медонанд, аз ин ҳисоб аз қочоқбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маблағи калони пулӣ қарздор аст.
Ҳамсари дуюми ӯ бо номи Лутфияи тиллофурӯш машҳур мебошад, ки ба номаш 7 манзили гаронарзиши нархашон беш аз 2,5 миллион доллари армикоӣ ба расмият дароварда шудааст. Айни ҳол барои аз номи ӯ берун овардани ин манзилҳо ҷанҷоли оилавӣ меравад, ки мақомоти давлатӣ аз онҳо огоҳӣ доранд.
Як гуруҳ қочоқбарони афғон соли 2019 бо мақсади ситонидани маблағашон аз Ятимовҳо сарҳади давлатии ҶТ ғариқонунӣ убур намуда, чорвои мутаалиқ ба онҳоро ба ҳудуди Афғонистон бурданд. Дар ин бораи радиои “Озодӣ” (https://www.ozodi.org/a/30384279.html) хабар дода буд, аммо маълумоти асосӣ: аз тарафи ин гуруҳи ҷинояткор ваҳшиёна ба қатл расонидани як корманди хоҷагии ҷангалпарварии ноҳияи Фархор бо истифода аз яроқи отафишон ва захмдор кардани корманди дигар пинҳон карда шуд.
Нисбат ба Ятимов Ҷ.С. аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қаблан парвандаҳои коркарди оперативӣ оғоз гардида, оид ба ин амалҳои ҷиноиаш маълумотҳои оперативӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумла маълумотҳо оиди ҳамкории зичи Ятимов Ҷамшед бо Гадоев Эраҷ, сокини ноҳияи Восеъ, маъруф бо лақаби «Эраҷи развилка», (https://www.ozodi.org/a/
Танҳо як истироҳатгоҳ (дача)-и Ятимов Ҷ.С., ки дар Варзоб ҷойгир аст, беш аз 700 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад.
Ним рӯзи назорату мушоҳида кифоя аст, то маълум гардад, ки ин истироҳатгоҳ Ятимов Ҷ.С. ва бӯстонсарои ба номи Ятимова С. С дар Варзоб дар асл ситодҳои кории як гуруҳи муташаккил мебошанд, ки мисли ҳаштпо тамоми соҳаҳои муҳимро фаро гирифтаанду кори асосияшон сарватҷамъкунӣ ва мансабгирӣ мебошад.
“Ҳаштпо аз Фархор”
Ба ин гурӯ ҳ наздикон, хешовандон, ёру ошноён ва шахсони содиқи раиси Кумита шомил мебошанд:
1) Генерал-майор Валиев Нарзулло Мирзоевич, сардори Раёсати разведкаи амният, зодаи ноҳияи Фархор, новобаста ба сину соли ба нафақа расиданаш дар кумита фаъолият намуда истодааст;
2) Генерал-майор Ғиёсов Ҷумъахон, ки зодаи деҳаи Туғули ноҳияи Фархор мебошад, ба ҳайси намояндаи амният дар Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият дорад;
3) Шакаров Алишер, зодаи ноҳияи Фархор, намояндаи амният дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият дорад;
4) Буриев Баҳодур ва Амирхоҷаев Ғоибназар, ки ҳарду зодагони ноҳияи Фархор мебошанд ва бо Раиси Кумитаи амният риштаи хешовандӣ доранд, намояндаи амният дар сафорати Тоҷикистон дар Ҷумхурии Исломии Покистон фаъолият доранд;
5) Тураев Шодӣ, ки зодаи ноҳияи Фархор мебошад айни замон намояндаи амният дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербурги ФР фаъолият дорад. Мавриди зикр аст, ки нисбати Тураев Шодӣ соли 2016 аз ҷониби Агентии зидди фасод бинобар сабаби баромадан аз ваколатҳои хизмати парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд;
6) Полковник Муродов Нуралӣ Умаралиевичро, сардори Раёсати контрразведкаи амният, (писари аммаи раиси Кумита, қаблан дар вазифаи Сардори раёсати амният дар ноҳияи Рашт фаъолият мекард. Қобили зикр аст, ки Муродов Н.У дар давоми фаъолияташ дар ноҳияи Рашт бо амал ва муомилаи ношоистааш норозигии аҳолии минтақаи мазкурро нисбат ба мақомот ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба миён овард. Дар шабакаи интернет борҳо оид ба амалҳои ғайриқонунии Муродов Н. маълумот нашр шудааст. Новобаста ба ин Ятимов С.С. Муродов Н.У.-ро барои гирифтани мукофоти давлатӣ пешниҳод кард. Пешниҳоди кормандони нолоиқ ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва калидӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби Ятимов С.С. дар байни ҳайати шахсии Кумитаи амният фазои носолими психологӣ ва як навъ дилсардиро эҷод кардааст.
7) Генерал-майор Бегназаров Амирбек, сардори Раёсати мубориза бо терроризм. Номбурда шахси наздики Ятимов С.С., мебошад. Ятимов С.С. баъзе корҳои ғайриқонунии худро бо дасти ӯ амалӣ мекунад;
8) Муовини сардори раёсати мазкур Раҷабов Суҳроб Муъминович, зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Қобили зикр аст, ки Ятимов С.С. раёсати мазкурро барои шахсони наздикаш, ки нақша дорад онҳоро ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин кунад ҳамчун “трамплини хизматӣ” истифода мекунад. Аз ҷумла, капитан Суярхонов Беҳруз, зодаи деҳаи Туғули ноҳияи Фархор, ба муддати 3–4 моҳ дар раёсати мазкур фаъолият кард ва баъдан ба вазифаи сардори амнияти ноҳияи Дустӣ таъин гардид. Ҳол он ки Суярхонов Б. ҳангоми фаъолияташ дар Раёсати амният дар шаҳри Душанбе соли 2016 ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 000$ дастгир гардида буд. Аммо бо дахолат ва дастгирии Ятимов С.С. аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуд;
9) Тешаев Азизбек, ки зодаи ноҳияи Фархор (писари қудои раиси Кумита) мебошад, ки як муддат дар Раёсати мазкур фаъолият намуда, ба вазифаи сардори шуъбаи амнияти шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, ваколатдори калони оперативии шуъбаи амнияти шаҳри Ваҳдат майор Мирзобобоев Фирдавс ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 000 сомонӣ аз тарафи кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир карда шуд;
10) Сайназаров Тоҷиддин, ки домоди хонадони Ятимовҳо мебошад (шавҳари духтари аммаи Ятимов С.С.) як муддати кутоҳ дар Раёсати мубориза бар зидди терроризм фаъолият карда, ба вазифаи сардори шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент таъин гардид. Қаблан амалҳои ношоиста ва ғайриқонунии Сайназаров Т. норозигии мардуми шаҳри Панҷакентро ба миён оварда буд ва нисбаташ борҳо шикояти дастаҷамъӣ ворид гардида буд. Аммо ба ҷои чораандешӣ, Ятимов С.С. Сайназаров Т.-ро барои гирифтани мукофоти давлатӣ пешниҳод карда, сардори шуъба таъин намуд;
11) Раҷабов Сафаралӣ, зодаи ноҳияи Фархор буда, намояндаи амният дар Вазорати молияи ҶТ фаъолият менамояд. Вазифаи асосии ин намоянда ҷамъоварии иттиллоот дар бораи раҳбарони Вазорат, аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев буд;
12) Подполковник Исҳоқӣ Сино, дар баробари дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва номатлубаш то ҳол бо як гуруҳ аз кормандони Кумита, ки аксарияташон бо номбурда дар Мактаби олии Кумита якҷо таҳсил кардаанд ба истеъмоли маводи нашъаовари навъи “бангдона” машғул мебошанд, ки аз ин амалаш аксарияти кормандони Кумита хабардоранд. Вазифаи асосии ӯ дар Кумитаи амният савдои мансабҳо ва рутбаҳои ҳарбӣ ба ивази маблағи муайян мебошад. Аз ҷумла сардори шуъбаи дастгоҳи марказӣ 3000$ ИМА ва сардори шуъбаи ноҳиявӣ (вобаста аз ноҳия) аз 5000 $ то 8000 $ ИМА нархгузорӣ карда шудааст. Номбурда аз ин ҳисоб зиёда аз 10 адад хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе харидорӣ намудааст. Автомашинаи тамғаи “Камри” соли бароришаш 2019 ба арзиши 30 000 $ ИМА хариди охирини ӯ мебошад. Сино Исҳоқӣ ба бемории эпилепсия гирифтор асту набояд ба хизмат ҷалб гардад;
13) Капитан Юсупов Аъзам, зодаи ноҳияи Фархор, хешованди наздики Ятимов С.С. мебошад. Бинобар сабаби ифшо нагардидани хешутаборбозиаш Ятимов С.С. махсус ин ҷавони бе таҷрибаро сардори шуъбаи кадрҳо таъин намудааст, то ба воситаи ӯ нақшаҳои номатлуби худро амалӣ созад;
14) Полковник Ғаниев Парвиз, муовини сардори Раёсати тафтишоти амният, зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Бародари Ғаниев П. барои даст доштан ба гардиши ғайриконунии маводи мухаддир дар хаҷми махсусан калон дастгир гардида, аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ ҳуқуқи кор кардан дар Кумитаро надорад;
15) Полковник Заробов Раҳмоналӣ, сардори раёсати И. мебошад, зодаи деҳаи Туғули ноҳияи Фархор. Номбурда бо Ятимов С.С. нисбати хешовандӣ дорад. Функсияи асосии ин раёсат санҷиши фаъолияти ҷузъу томҳо ва кормандони Кумита мебошад, ки ин фишанги муҳимро Ятимов С.С. барои манфиати шахсии худаш, аз ҷумла барои барканор кардани кормандони нохушоянд ва рақибонаш истифода мекунад.
16 ) Сардори амнияти минтақаи Кӯлоб полковник Халилов Сафаралӣ Ҷумъаевич, зодаи ноҳияи Фархор. Бесаводтарин шахс дар амният ба шумор меравад;
17) Сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Достиев Нодир, зодаи ноҳияи Фархор мебошад;
18) Сардори шуъбаи амнияти шаҳри Турсунзода – Мирзоев Суҳроб, хешованди қудои Ятимов С.С мебошад;
19) Сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Шаҳринав – Иброҳимов Оятулло, зодаи ноҳияи Фархор (хешованди Ятимов С.С.) мебошад;
20) Сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Нуробод – Қаюмов Сарафроз, зодаи ноҳияи Фархор мебошад;
21) Собиқ сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Лахш – Исоев Оқил, зодаи ноҳияи Фархор ва хешованди наздики Ятимов С.С. мебошад. Номбурда ҳангоми фаъолияташ дар ноҳияи Лахш даст ба корҳои ғайриқонунӣ задааст ва нисбаташ дар шабакаи интернет маълумоту шикоятҳои зиёд нашр шуд. Исоев О. мавриди пуштибонии Ятимов С.С. қарор гирифтааст ва бо ин сабаб ин маълумоту шикоятҳо мавриди санҷиш қарор нагирифта, номбурда барои давоми фаъолият ба Раёсати амнияти шаҳри Душанбе гузаронида шудааст;
22) Сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Варзоб Акобиров Саид, писари қудои Ятимов С.С. мебошад;
23) Сардори шӯъбачаи амният дар ҷамоати деҳоти сарикиштии н. Рӯдакӣ Убайдов Хуршед аз ноҳияи Фархор мебошад;
24) Полковник Меликов Маҳмадқул Эмомович, муовини сардори шуъбаи амният дар ш. Хучанд шахси наздики Ятимов С.С. мебошад ва бевосита аз тарафи ӯ дастгирӣ меёбад.
Меликов М.Э, ҳангоми адои вазифаи Сардори раёсати амнияти ш.Душанбе аз гумонбаршуда Давлатов Музаффар 16 ҳазор доллари ИМА пора гирифта, аз тарафи амнияти дохилӣ дастгир гардида буд. Аммо ба ҷои он ки ба ҷавобгарӣ кашида шавад, баръакс бо дастгирии Ятимов СС сардори шӯъбаи амният дар минтақаи Кӯлоб таъин шуд.
Меликов М.Э. ҳамчун шахси наздик ба Ятимов С.С аз фаъолиятҳои оперативии зидди раҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ дар солҳои 2015–2017 огоҳ аз салоҳиятҳои хизматӣ суиистифода бурда, бо мақсади шантаж ва пора ситонидан як қатор кормандони баландпояи ин мақомотро дастгир намуда буд, ки аз он “амалиёти говҷӯшӣ” ном бурда мешавад.Аз он поёнтар қисса хоҳем кард.
Қисми 4
Дар миёни “кадрҳои худӣ”-и раиси Кумита як тоифаи махсус ҳастанд, ки дар бораи онҳо бояд махсус таъкид кард.
Хидматгорони хоҷаи марксист
Хоҷагии калони даврони феодалӣ бе ҷалб кардани қувваи кории иловагӣ ё хидматгорон фаъолият карда наметавонист. Хизматгор ва ғуломони хуштарбия доштан шарти пешбурди хоҷагӣ буд. Ҳоло низ дар хоҷагиҳои моҳиятан феодалӣ вазифаҳо тақсим мешаванд, вале на ба ғуломону камбағалҳои гирду атроф, балки кормандони тобеъи раиси Кумита. Инҳо ба гуруҳи хидматгорон шомил мебошанд:
- Тағоев Сабзалӣ, зодаи ноҳияи Фархор буда, дар корхонаи “Тиллои Тоҷик” ба ҳайси намояндаи амният фаъолият дорад. Номбурда ҳангоми сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Рӯдаки буданаш бинобар сабаби ба корҳои коррупсионӣ, аз ҷумла фурӯши замин даст доштанаш аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳти таҳқиқ қарор гирифта буд. Тағоев С. аз мансаби ишғолнамудаи худ сӯистифода намуда, дар назди бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе зиёда аз 1 га заминҳои ноҳияи Рӯдакиро аз худ намуда, нуқтаи фурӯши сузишворӣ (нархаш беш аз 200 ҳазор доллар) ва хонаҳои баландошёна бунёд намудааст. Аммо чун хароҷоти хонаи Ятимов С.С.-ро бар душ дораду одами наздиктарин ҳисоб мешавад, бо дастгирии бевоситаи худи Ятимов С.С. аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуд;
- Камолов Искандар, зодаи ноҳияи Фархор буда, ҳамчун намояндаи амният дар корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон” фаъолият менамояд. Номбурда бародари ҳамсари Ятимов С.С. мебошад. Камолов И. соҳиби 5-адад мошинҳои боркаши калонҳаҷм мебошад, ки онҳоро аз номи раис ба корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон” иҷора дода, ҳар моҳ аз ин ҳисоб 400 000 сомонӣ даромад гирифта, хароҷоти ҳавливу хонаҳоро ба уҳда дорад;
- Қурбонов Файзалӣ, (ҷияни Ятимов С.С. мебошад), номбурда ба ҳайси намояндаи амният дар заводи алюминбарории “Талко” фаъолият дорад. Тавассути ӯ супоришҳои серхароҷоти раиси Кумита ба роҳбарияти “Талко” расонида ва иҷро мешаванд;
- Неъматов Икромиддин, (қудои Ятимов С.С.) буда, номбурда солҳои 1999 барои саркашӣ аз иҷрои супоришҳои роҳбарияти мақомоти амният аз вазифа озод карда шудааст. Баъди Раиси Кумитаи амният таъин шудани Ятимов С.С. Неъматов И-ро дубора дар амният ба кор қабул кард. Вазифаи асосии ӯ ҳалли проблемаҳои оилавӣ ва хоҷагидорӣ мебошад;
- Мирзоев Фатҳулло, муовини Сардори раёсати муҳофизон, зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар Раёсати мазкур 3 хешованди наздики (писарони апаву хоҳари) Ятимов С.С. адои хизмат менамоянд. Аксарият кормандони раёсати зикргардида зодагони ноҳияи Фархор мебошанд, ки худро “резерви кадри”- и Ятимов С медонанд.
- Сардори Раёсати амнияти шаҳри Душанбе полковник Шомадов Неъмат Ёрмадович.
Шомадов Н.Ё., то Раиси Кумитаи амният таъин шудани Ятимов С.С. аслан фаъолияти оперативӣ накардааст ва дар шӯъбаи ғайриоперативӣ фаъолият мекардааст, аммо баъди Раиси кумита таъин шудани Ятимов С.С. якбора ба вазифаи сардори шӯъбаи ноҳияи Шоҳмансур таъин гардида, бо пуштибонии хоси Ятимов С. то ба сардории Раёсати амнияти шаҳри Душанбе расид. Ӯ барои аъзои оилаи раиси Кумита ва хешовандонаш мушкилосонкун ҳисоб мешавад.
Амалиёти “говҷӯшӣ” дар Агентӣ
“Шахсиятҳои бузурги миллӣ на танҳо бисёре аз иштибоҳоти дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд, аз замони худ беҳтарин дастовардҳо ва шоистагиҳо (эътибор, шаън, қадру қимат, манзалат) — и умумимиллиро ба мерос мегузоранд, балки барои на кам аз сад соли оянда шароити муфиди рушди миллиро муҳайё месозанд”.
(Саймумин Ятимов, “Ҷумҳурият”)
Баҳори соли 2017 хабари боздоштҳои пай дар пай дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. ВАО аз боздошти даҳҳо нафар хабар медоданд, ки дар миёнашон боздоштҳо ва ҷинояткорони воқеъӣ буданд, аммо маълумоти асосӣ аз назари ҳукумат ва ҷомеа пинҳон монд: беш аз як сол зидди кормандони роҳбари ҷавони Агентӣ Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси раиси КДАМ амалиёти махсус мерафт, ки мақсаду натиҷаҳои дигар ҳам дошт.Дар ҳамон давра шахси наздиктарини раиси Кумита Меликов М.Э. аз фурсати муносиб истифода бурда, дар ҳамбастагӣ бо зердастонаш: Нарзуллоев Баҳодур, Одинаев Баҳром, Қодиров Ҷамшед ва Давлатов Эраҷ аризаи сохта ташкил намуда, зиёда аз 70 нафар кормандони Агентиро ба бинои амният даъват намуда, аксарияташонро ба мӯҳлати то се шабонаруз маҳкам карда, пас аз гирифтани ришва (аз ҳар кадоми онҳо аз 30 000$ то 50 000$) онҳоро аз “ҷавобгарӣ назди Рустами Эмомалӣ ва президент” озод мекунанд.
Барои эҷод кардани воҳима ин гуруҳ пайваста маълумоти тафтишоти пешакиро ба ВАО равон мекарданд, то боздоштшудаҳо аз кӯмаки эҳтимолии раиси собиқи Агентӣ Рустами Эмомалӣ маҳрум бошанду шикояти онҳоро роҳбарияти давлат ҷиддӣ нагиранд.
Меликов М.Э. аз ин ҳисоб дар наздикии бинои сафорати ИМА воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони ш.Душанбе як ҳавлӣ харидорӣ намудааст, ки нархи он беш аз 700 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Ятимов С.С дар симои Сардори Раёсати амнияти дар ВМКБ полковник Меликов Маҳмадқул Эмомович “ояндаи миллат”- ро мебинам гуфта, ӯро рӯирост дар ҷаласаҳо ситоиш менамояд. “Агар ӯ намебуд, давлат фурӯ мерафт” гуфтани Ятимов дар ҷаласа мардуми Бадахшонро ҳайратзада карда буд.
Қисми 5
Тасарруфи вилояти Суғд
“Далели тасдиқи шуури муқаррарӣ дар амал, ҳаракат, кӯшиш, мақсадгузорӣ ва албатта нутқ, ҳамчун ҷузъи фаъолияти инсонҳо зуҳур меёбад. Аммо ягона меъёри баҳо додан ба сохт, муҳтаво ва сифати шуури муқаррарӣ, натиҷаи фаъолияти инсон ….аст”,
(Саймумин Ятимов, “Ҷумҳурият”)
Вақте сухан аз “кадрҳои ба Ятимов СС” меравад афзалият доштани ду самт барои ӯ баръало намудор мешавад: таваҷҷуҳи хоса ба вилояти Суғд ва раёсати муҳофизатии кумита. Нахуст таваҷҷуҳ кунед ба одамони ӯ дар вазифаҳои калидӣ ва географияи таъиноти шахсони наздиктарин ба ӯ:
- Сардори шӯъбаи амнияти шаҳри Хуҷанд – Абдуллоев Рустам, зодаи ноҳияи Фархор, писари хоҳари раиси КДАМ Ятимов С.С мебошад. Бо роҳи хешутаборчигӣ ба ин вазифа таъин шудааст;
- Сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Зафаробод – Абдуллоев Аъзам (собиқ сардори шуъбаи амнияти Б.Ғафуров), зодаи ноҳияи Фархор, домоди Ятимов Абдулмуъмин (бародари раиси КДАМ Ятимов С.С.) мебошад. Номбурда аслан саводи кофӣ надошта, дар мақомот 3 сол таҷибаи корӣ дорад, аммо роҳбари идора дар дувумин ноҳияи бузурги вилояти Суғд таъин шудааст. Вазифаи асосии ӯ ширкат дар тиҷорат бо Қирғизистон мебошад. Сабаби ба вазифаи дигар гузаронидани ӯ шикоятҳои зиёди мардум ба ҳукумат мебошад;
- Сардори шӯъбаи амнияти шаҳри Бустон – Сайфиддинов Ислом, зодаи деҳаи Туғули ноҳияи Фархор (хешованди Ятимов С.С.), мебошад;
- Сардори шӯъбаи амнияти шаҳри Гулистон – Иззатов Лутфулло, зодаи ноҳияи Фархор (хешованди Ятимов С.С.) мебошад;
- Сардори гуруҳи амнияти ҷамоъати Чоркуҳи шаҳри Исфара – Курбонов Сафаралӣ, зодаи ноҳияи Фархор (хешованди Ятимов С.С.) мебошад;
- Маҳмадалиев Ориф Гардакович, муовини сардори амнияти вилояти Суғд, зодаи ноҳияи Фархор. Одами асосии Саймумин Ятимов дар вилояти Сугд мебошад. Дар ҳолатҳои фавқуллода ҳама бояд ба ӯ итоат кунанд.
Ду бародари Ориф Маҳмадалиев барои даст доштан ба гардиши ғайриконунии маводи мухаддир дар ҳаҷми 100 кг “чарс” ва 45 кг “героин” аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки бародари Маҳмадалиев Ориф (Маҳмадалиев Абдулло) ҳангоми фаъолияташ дар Қушунҳои сарҳадии дар дидбонгоҳи сарҳадии №6 (н. Ҳамадонӣ) ҳангоми интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби ҳаммаслакони ҷиноиаш кушта шудааст;
- Сардори шӯъбаи контрразведкаи Раёсати амнияти вилояти Суғд, подполковник Юсупов Исматулло, зодаи ноҳияи Фархор.
Номбурда пас аз таъин шудани Ятимов С.С. ба ҳайси Раиси амният ба вазифаи сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Ёвон таъин гардида буд. Бинобар сабаби майнушии аз меъёр зиёд ва паст задани шаъну шарафи мақомот аз тарафи Раиси Ҳукумати ноҳияи Ёвон ба ҳукумат шикоятҳо ворид гардидааст. Ятимов С.С. ба ҷои он ки нисбати Юсупов И. чораандешӣ намояд, баръакс Юсуповро ба дастгоҳи марказӣ ба вазифаи сардори шуъба таъин намуда, пас аз як муддат ӯро ба Раёсати амнияти вилояти Суғд ба ҳайси сардори шуъбаи контрразведка таъин намудааст;
- Музаффарзода Шуҳрат Шарофиддин (шавҳари духтари Ятимов С.С) прокурори шаҳри Истаравшан мебошад. Самти сарҳад бо Узбекистонро назорат мекунад ;
- Азимов Раҳмат (шавҳари духтари Ятимов С.С.) дар корхонаи «Талко Ресурс» кору фаъолият намуда, фурӯши ангиштро аз чандин конҳои вилоят зери монополияи худ қарор додааст;
- Камолов Искандар, зодаи ноҳияи Фархор буда, намояндаи КДАМ дар корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон”.Номбурда бародари ҳамсари раиси КДАМ Ятимов С.С. мебошад. Дар боло аз шумори хизматгорони хона будани ӯ маълумот дода будем;
- Сайназаров Тоҷиддин, собиқ сардори шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент, домоди Ятимов С.С мебошад (шавҳари духтари аммаи Ятимов С.С.) Ҳоло сардори шӯъбаи дастгоҳи марказӣ мебошад. Ӯ ба корхонаи тиллои “Зарафшон” техникаҳои бо роҳи шубҳанок ба даст овардаашро ба иҷора медиҳад, ки амали ғайриқонунӣ мебошад. Самти Ургут ва Самарқандро зери назорат дорад.
- Ятимов Алишер Абдулмуминович (ҷияни Ятимов С.С.) корманди прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров. Номбурда дар амалҳои ғайриқонунии падараш Ятимов Абдулмумин (қочоқи чорвои калон ва сӯзишворӣ аз Қирғизистон) гумонбар дониста мешавад.
- Полковник Меликов Маҳмадқул Эмомович, муовини сардори шуъбаи амният дар ш. Хучанд.
Тасарруфи раёсатҳои асосӣ
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми КДАМ Тоҷикистон зиёда аз 140 нафар хешовандони Ятимов С.С.дар вазифаҳои гуногун кор ва фаъолият менамоянду раёсатҳои асосиро зери назорати худ доранд.
Аксарияти хешовандони Ятимов С.С. ба талаботи санадҳои меъёрӣ оиди саниҷиш ва омӯзиши номзад ба хизмати ҳарбӣ дар сафи мақомоти амният ҷавобгӯ набошад ҳам аз вазифаи ишғолнамудааш сӯистифода намуда, онҳоро ба кор қабул намудааст.
Ҳамчун намуна аз Неъматов Шариф Икромиддинович (писари қудои Ятимов С.С.) ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон солҳои тӯлонӣ таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифтаасту, айни ҳол дар шӯъбаи К.и Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ фаъолият намуда истодааст.
Такя ба кадрҳо аз як маҳал амали ғайриқонунӣ буда, боиси кам шудани иқтидори муҳофизатӣ мешавад, ки оқибатҳои ногувор дорад. Шумораи ночизи кормандон дар дастгоҳи марказӣ он ҳам дар корҳои дуюмдараҷа низ боиси нигаронӣ мебошад. Кормандоне, ки дурнамои корӣ доранд бо ҳар гуна баҳонаҳо, новобаста аз натиҷаи кориашон ба минтақаҳои дурдаст, аз он ҷумла ВМКБ фиристонида мешаванд ва ё аз кор бо ҳар гуна баҳона озод карда мешавад.
Ятимов С.С. дар симои кормандони фаъолу ботаҷрибаи мақомоти амният, ки дар онҳо дурнамо ва эҳтимоли таъин гардиданашон ба вазифаи Раиси Кумита ё ба вазифаи роҳбарикунанда зоҳир шавад, рақиби худро дида, аз паи “шикасти” онҳо мешавад. Афсарони зерин аз шумори қурбониёни муносибати носолими ӯ ба кадрҳои малакадор мебошанд:
Генерал-майор Амонов Акрам
Генерал-майор Ҷалилов Абдуҷаббор
Генерал-майор Шовалиев Точиддин
Генерал-майор Ҷалов Абдулазиз
Генерал-майор Абдуллоев Нурулло
Генерал-майор Маҳмадалиев Раҷабалӣ
Полковник Шарипов Ҷалолиддин
Полковник Рустамов Раҷабалӣ
Генерал-майор Саидов Саидасрор
Полковник Арипов Аловатшо
Полковник Раҷабов Бадриддин
Полковник Айдарбеков Алидод ва дигарон.
Фош кардани сирри давлатӣ
Маълумот дар бораи ҳайати шахсии КДАМ сирри давлатӣ буда, таъмини он аз вазифаҳои асосии кумита мебошад. Д
ар таърихи мақомот ҳеҷ роҳбари он маълумоти шахсии садҳо нафар кормандони Кумитаро якбора фош накарда буд, аммо бо супориши Ятимов С.С. ҳайати шахсии амният вазифадор карда шуданд, ки бо пешниҳоди нусхаи шиносномаашон бо арзиши 300-сомонӣ аз “Бемористони Ибни Сино” суғуртаи тиббӣ харидорӣ намоянд.
Баъд аз ба шакли дастаҷамъӣ ба клиникаи мазкур пешниҳод шудани нусхаи шиносномаҳо дар байни ҳайати шахсии кумита норозигиҳо ба миён омад, аммо дер шуда буд.
Ному насаб ва аксҳои кормандони амният (нусхаи шиносномаҳои ҳайати шахсии) дастраси кормандони клиникаи мазкур шуд, ки миёнашон даҳҳо нафар шаҳрвандони ҶИЭ буданд.
Раиси Кумита ин корро руйпӯш кард, то раҳбарияти давлату ҳукумат аз он хабардор нашаванд. Дертар маълум шуд, ки Ятимов С.С дар қатори шаҳрванди ҶИЭ Алиризо. М. ва Холиқов А. аз соҳибони асосии бемористони мазкур будаанд.
Акнун хонандаи гиромӣ бояд худ қазоват кунад, ки Ятимов Саймумин кист?: марксисти ҳақиқӣ ё як феодали шарқӣ, олиму академик ё як шиорбоз.
Дар мақолаҳои баъдӣ аз дигар паҳлуҳои фаъолияти 10-солаи ӯ, ки тақрибан тамоми соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангиву сиёсии Тоҷикистонро фаро гирифта, вазъи амниятиро дар кишвар мураккаб гардонидаанд, ҳикоят хоҳем кард.