Маросими таҷлил аз 111- солагии матбуоти тоҷик дар рӯзҳое сурат мегирад, ки тибқи навиштаи хабаргузории «Азия +» ва радиои «Озодӣ» маъмурони амниятӣ Хуршед Фозилов, журналисти мустақил дар водии Зарафшонро дар рӯзи 6-март дастгир кардаанд.
Ин чанд рӯзе, ки расонаҳоро аз тариқи интернет пайгирӣ мекунам,ҳеҷ хабару иттиллоъе, ки сабаби боздошти ин журналистро шарҳ диҳад, ба чашм намехурад. Ман, худову ростӣ, Хуршед Фозиловро намешиносам. Аммо, номи ӯро он солҳо дар нашрияҳо, махсусан дар «СССР» медидам.
Вале имрӯз аз бетафовутӣ, бепарвоӣ, нодидагирӣ, ба нофаҳмиду нодонӣ задан, эътино накардан, сукут варзидани ҳамкасбони Хуршед Фозилов дар сарнавишти як ҳампеша ва ҳамкор таассуф мехурам. Аммо ин ҳол баёнгари вазъу шароити матбуот ва журналистика дар Тоҷикистон аст.
Он нашрияҳое, ки Хуршед Фозилов барояшон менавишт дар даҳон об гирифтаанд, гӯшашон кар шудааст, гӯё тамоман нашуниданду нафаҳмиданд, ки ӯ як ҳафта мешавад, дар боздошт қарор дорад.
“Созмонҳои ҳомии ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон ҳам, ки кам нестанд, аз ҷумла Иттиҳоди журналистон сукут кардаанд. Аслан маълум нест, ки Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон вуҷуд дорад ё не? Бидуни шак, имрӯз ҳам барои чанд нафар аз журналистони нашрияҳои расмӣ ҷоизаи Иттиҳодияро месупорад. Кори ин Иттиҳод солҳост, ки ҳамин ҷоизаи беқадру беэътибор шудаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро додан асту халос.”
Вале агар Худо нахоста, ҳарфе аз адами иҷрои рисолат ва масъулияти журналист ва ба як гурӯҳи садақахору хушомадгӯ табдил шудани онҳо дар Тоҷикистон бигӯед, тамом. Онҳо худро професионал меҳисобанду мегӯянд, ки як нафар аз кӯчаи журналистика ногузашта моро насиҳат мекунад. Худро нофи замин меҳисобанд. Аммо, имрӯз мебинем, ки сарҳоро даруни китфон панаҳ кардаанд. Хеле сахт аст ин тамсил, ин ба ҳамон ҳолате шабеҳ аст, ки улоғ гургро дидаасту чашмҳоро бастааст.
Аммо, журналистика ин нест. Ҳокимияти чаҳорум ин нест. Шумо ва мо бояд бигӯем, ки Тоҷикистон фақат молу ватани Раҳмонов ва думравону чоплусони вай нест. Як қисмати бузурги миллат ва мардумро, яъне моро-душману хоину ифротӣ хондану ҳар каси барояшон номақбулро дар «ҳамкорӣ» бо мо гунаҳкор кардану ба зиндон андохтану ҳаёту зиндагии онҳоро сӯзонидану шикастан дигар барояшон «кор» ва «зиндагӣ» шудааст. Ҳоло мебинед, ки ҳамин Хуршед Фозиловро ҳам дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мамнуъ-яъне Гуруҳи 24 ва ҲНИТ муттаҳам мекунанд. Ин гуна иттиҳом, айни ҳамон иттиҳомоте аст ки дар солҳои таъқиботи сталинӣ тамоми шуравии собиқро фаро гирифта буд. Вале солҳост, ки маълум мешавад, ин ҳамааш дурӯғу буҳтон будааст.
“Ҳамин Нусратулло Махсум ва ҳамин Шириншо Шотемури Қаҳрамонони феълии Тоҷикистонро ҳам дар вақташ «душману хоин» ва ҳамкори дигар гурӯҳҳо хонда маҳкум ба қатл карда буданд. Сталину сиёсаташ маҳву нопадид гардид, онҳо сафед шуданд. Сафед, ки чӣ бо фармони худи Раҳмонов онҳо Қаҳрамонони Тоҷикистонанд.”
Гурӯҳи 24 ё ҲНИТ ба ҳеҷ гоҳ хоину душмани ватану миллат нестанд. Онҳо фарзандони сарсупурдаи ҳамин миллат ва ҳамин ватан ҳастанд. Бо баҳонаи онки бо онҳо «ҳамкорӣ» кардаанд, наметавон ҳамаро бурду шинонд. Бахусус журналистро. Зеро журналист тибқи тамоми қонуну қоидаи байналмилалӣ ҳақ дорад бо тамоми қишру табақа ва гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ҳатто агар он манъу мамнуъ ҳам бошад, иртибот дошта бошад. Алоқаву робитаи журналист ба ин маъно нест, ки бо онҳо ҳамкорӣ карда бошад.
“Аз сӯи дигар афкору азҳони мардумро намешавад бо хосту табъи худ, агарчи он ҳукумат аст, соҳиби қудрат аст, мутобиқ ва мувофиқ кард. Бо зӯрӣ ва бо фишору тарс намешавад ҷонибдору тарафдор пайдо кард. Кушишу саъйи ҳамаро ранги худ, ҳамфикру ҳамақидаи худ кардан ҳам кори ношуданист.”
«Минбари халқ»-нашрияи ҲХДТ наздики 112.000 обуначӣ дорад. «Ҷумҳурият» 52.000. Боз чандин газетаву маҷаллаҳои расмӣ аз марказ то ба навоҳӣ амал мекунад, ки ҳамин гуна тиражҳои калон-калон доранд. Дар ҳоле, ки Азия плюс 2000 тираж надорад ва маълум нест, ки тиражи нашрияҳои гуё мустақил чи теъдод аст, чун нишон намедиҳанд. Аз зикри тиражи пойин изо мекашанд. Вале пули аз ҳисоби обунаи «Минбари халқ» дар ихтиёри Ҳизби халқӣ-демократӣ аст ва барои ҳамин аст ки Абдуҷаббор Азиз дар курсии сардабирии он Суҳроб Раупови ҷияни худашро шинонд. Минбари халқ танҳо нашрияе буд, ки дар он «бегона» сардабир буд. Ҳоло сардабирии тамоми нашрияҳои расмӣ ва марбут ба он дар дасти «бачаҳакои боло» аст, ки бовар кунед, аз журналистика фарсахҳо дуранд.
Чанд рӯзи пеш дар хабаргузории расмии Ховар ҳам аз «бачаҳакои боло» оварданду шинониданд.
Ин нашрияҳои ба истилоҳ расмӣ ҳамеша аз як кас ва аз як қаҳрамон мегӯянд. Шумо як раҳ ба сомонаҳои ин нашрияҳои ба истилоҳ расмӣ дароеду нигоҳ кунед, ки чи мебинед? Фақат ва фақат Раҳмонов. Аксу сурати вай, ва дар бораи вай. Айни ҳамин ҳолат дар матбуоти ба ном мустақил ҳам мушоҳида мешавад. Фақат аз пешвову аз Рустаму аз Исмоил.
Раҳмонов дар ТВ-ҳо, дар радиоҳо, дар газетаву журналҳо. Ҳамаҷо Раҳмонов.
Ҳамин чанд рӯзи пеш яке мутаваҷҷеҳ шудам,ки соати «Ахбор»-и Шабакаи аввал иваз шудаасту садои Раҳмонов ҳам, ки ҳамзамон бо тоб хурдани ақрабаки он мегуфт: «Дуст бошед,иттифоқ бошед, шукронаи … кунед» ро дигар карданд. Навори садои Раҳмонов дигар шудааст. Раҳмонов, гумон мекардем, ки ин суханҳоро дар кадом ҷамъомаде гуфтаву чоплусакон онро дар барномаи «Ахбор» монтаж карда бошанд. Аммо ҳоло маълум мешавад, ки вай маҳз барои Шабакаи аввал онро аз нав «қироат» кардааст.
Эй, шармандае!! Кори дигар надорӣ? Рафтанду гуфтанд, ки инро аз дигар хон, шиштиву боз аз дигар хондӣ!! Ҳай-ҳайе. Ҳайфи туе!
Сарнавишту саргузашти он диктотурҳои сарнагуну нагунсоршудаи мамолики арабӣ сабақат нашуд, ақалан аз тақдири Назарбоев дарс нагирифтӣ? Рондаву радди маърака карданд, дар саг дар хар, дар буз обру монду дар вай намонд. Худат аз худат шармат намеояд, ки чи корҳое карда истодаӣ?
Сайти Ҷумҳуриятро кушо-Раҳмонов, Садои Мардумро кушо- Раҳмонов, Народная газетаро кушо- Раҳмонов, Халқ овозиро кушо- Раҳмонов, Ҳақиқати Суғдро кушо, Ҳақиқати Хатлонро кушо -Раҳмонов, Минбари халқро кушо- Раҳмонов. Фирузаро кушо- Раҳмонов, Бонувони Тоҷикистонро кушо- Раҳмонов. Боҷу хироҷро кушо- Раҳмонов, Омӯзгорро -кушо Раҳмонов.
Дар Тоҷикистон дигар гапу хабар нест, дар Тоҷикистон аслан дигар нашрияву маҷаллае нест.
Тоҷикистон бояд Раҳмоновистон шавад?
Дар Тоҷикистон бояд аксу навори Раҳмонов тоб бихурад, муҷассамаи модари Раҳмонов бояд барафрохта шавад, совхозу колхоз ба номи Раҳмонов гузошта шавад, мусобиқаи футбол барои ҷоми падари Раҳмонов ташкил шавад, ҷоми Рустами Эмомалӣ дар Душанбе ҷоизаи Исмоили набераи Эмомалӣ дар гуштӣ- бузкашӣ хуллас, Тоҷикистон Раҳмоновистон бишавад ва ….рисолати журналистӣ, касби журналистӣ ҳам бояд ҳамин тавр шавад.
Э,мардум ин чи вазъу ҳол аст?
Ҳеҷ созмону ниҳоди журналистӣ дар баробари боздошту зиндонисозии журналист чизе нагуфт.
Ҳокимияти чаҳорум чӣ аст?
Эй, ҳамкорони журналист, шумо чи касоне ҳастед? Шумо, вазифадор нестед, ки мухолиф бошед, даъвои сиёсӣ кунед. Аммо шумо дар бораи мухолифин ҳам ҳақ доред бинависед. Мухолифин намурдаанд. Ҳастанд, ҳастем. Ин рисолати журналист аст ки бояд аз ин тараф ҳам бигӯяд. Шумо расонаву матбуотро фақат Раҳмонов ва Рустам кардаед. Ҳар кадоме аз шумо ҳатто ба ҳамин нашрияи зери назаратон то соли 2015 бингаред, ки онҷо чи мегуфтеду ҳоло чи мегуед?
Сафҳаи аввали Ҷумҳурият аз сафҳаи авали Фараж ё Тоҷикистон ҳиҷ фарқе надорад. Сурати ин диктотурро мечаспонаду менависед расонаи мустақил. Ин чи ҳолу рӯз аст? Шумо чаро ин тавр шудед?
Чаро ҳама бояд Раҳмонов бишавад, чаро бояд ҳама фақат Раҳмоновро гуяд?
Ҳозир Раҳмонов бо Толибон ҳамкорӣ карда истодааст. Толибон, ки террористу ифротӣ эътироф шудааст. Пас, кӣ бояд Раҳмоновро дар ҳамкорӣ бо онҳо гунаҳкор бикунад?
Хеле зишт аст, ки чанде аз ба истилоҳ нашрияҳои мустақил дар феҳристи обунаи нашрияҳои расмӣ ворид карда шудаанд. Вақте ҳол чунин аст аз кадом журналистикаи мустақил, аз кадом ҳокимияти чаҳорум мешавад суҳбат кард?
Тибқи охирин хабар ба наздикони Хуршед Фозилов гуфтаанд, ки чизҳои лозим ва сару либосашро оваранд.
Танҳо дар соли гузашта 7 нафар аз журналистони тоҷик равонаи зиндон шуда аз 7 то 20 соли ҳукми зиндон гирифтанд.
Ин навиштаро ба анҷом мерасонидам, ки байте аз адабиёти классикиамон ба ёдам расид, ки бозгӯи вазъу ҳоли журнаистони имрӯзи тоҷик аст:
Гурги аҷал якояк аз ин гала мебарад, Ин галаро бубин, ки чи осуда мечарад.
Ростӣ, забонам намегардад, ки ба муносибати иди касбӣ шуморо табрик бигӯям. Беҳтар аст ҳамаи шуморо тасаллият бигуям!