Нашри навбатии Семейканюс аст. «Чеҳраи марказӣ»-и ин шумора Зоир Соҳибов, шавҳари Фируза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмонов, яъне домоди нахустини Раҳмонов ва падари Исмоили пингвини дастбахайр аст. Дар бораи Зоир мо қаблан ҳам навишта будем ва дар оянда ҳам хоҳем навишт. Ин бор барои он мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифт, ки дар борааш маводҳо бештар вориди почтаи Ислоҳ шуданд. Аммо дӯстону нодӯстон хонандаҳои пур аз ихлосу муҳаббат ва низ мардумони дар даст заррабину дар қалб уқда, гуфтанием, ки ин бор барномаро бо «Ахбор»-и марбут ба наздикону дӯстони ин Оила ва аъзои он шуруъ мекунем.
Феълан Оила ва аъзои он ба масъалаи барояшон ҳаётумамотӣ машғул ва банд аст. Оила ва бахусус раис ва бунёдгузори Оила, ин пирамарди гарданбалонигазии ру думбаи гуспандиҳисории ғабғабу занах хамири аз карсон нишеби, пешонӣ пусти куни маймунӣ, абруҳо пашми думи бузи ангорӣ, чашмҳо дар даруни жир ғутидагӣ, ҳашҳашу фашфаш карда истодааст, ки аъзои Оиларо аз қабл вақти зинда ва дар ҳаёт будани худаш дар итоати Рустам дароварад, чун дигар замон барои овардани Рустами герчики наркомани конченний фаро расидааст. Аммо на ҳама аз аъзои Оила ҳозиранд, ки раёсати Рустамро, онгуна ки раёсати «ота»-ашонро фармон мебурданд, фармон баранд. Рустам камкам ҷилави хоҳарону домодҳоро кашида ва онҳоро дар ҷояшон, то ҷояке шинонида истодааст. Бебандуборӣ дар Оила ба масъалаи доғ ва аввали Раҳмонов бадал шудааст. Вай дӯстону наздикони Рустам, маслан Хуршед Мирзоев, Диловар Ҷураев, Шоҳрух Саиду боз чанд нафари дигарро зуд-зуд ба хонааш фарёд карда бо онҳо «садтосадто» карда ба аъзои Оила нишон дода истодааст, ки дигар ба шароити нав ху кунанд. Аз соли оянда пешвои муаззами Оила Рустам мешавад.
Ҳоло дар ҷойи Зоиру Ҳасану Шамсуллову Муҳиббу Нуриддини тагтаррафта дар гирди мизи манзили Раҳмонов ҷураҳову руфақои Рустам зуд-зуд гирди ҳам меоянд. Аз ин ҷост, ки баъди каме хомуш истодан Хуршед Мирзоев боз зери Ҳасани Ориёнбонкро ба кофтан сар кард. Ва хабари аввали ин навбати «Семейканюс» ҳам марбути Хуршед Мирзоев аст. Аҷиб он аст ки мақомот чун пештара тарс аз авлод надорад ва ба ивази маблағҳои хуб маълумотҳои даркориро меёбад. Хуршед Мирзоев оиди дороиҳое, ки аз Ҳасани Ориёнбонк дар хориҷ ҳастанд, аз қабили хона, мошин, мағозаву тиҷоратҳо ва суратҳисобҳои хориҷиашро пайгирӣ дорад. Ин ягон муҳобот нест. Аз худи КДАМ хабар расид, ки чунин маълумотҳо лозим шудааст.
Кор чунин аст ки ягон корманди болоии КДАМ ё ягон муовин талаби маълумотҳо оиди ин ё он нафарро мекунад ва вақте савол шуд, ки чаро дарав мегуяд, ки барои боло. Бо ҳамин гап мурд. Маълумотҳоро ҷамъ карда ба заказчик медиҳанд.
Ин як бизнес шудаст. Хуршедҷон ҳам чунин кардааст. Фақат нарх фарқ мекунад, тамом. Агар нафари лозима болоӣ бошад, нарх автоматӣ баланд мешавад. Хуршед бояд Ҳасанро якнима кунад. Мирзоевҳо маблағҳои доштаашонро дар Рустам задаанд, бояд чекпотро гиранд.
Шоҳрух Саид аз Диловар Гулов чаро қасд гирифт?
Хабари дигар аз руфақои Рустам, ки зеби нашр дар «Ахбор»-и «Семейканюс» меравад ин аст ки баъди нашри хабар дар бораи онки дар УУР аз Шоҳрух дида Диловарро бештар эҳтиром мекунанд, Шоҳрух Саид, сардори милисаи Душанбе аз Диовар қасос гирифт. Шумо агар мутолаа кардед, дар расонаҳо аз моҷарои нави Диловар Шерализод (Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, собиқи вазири энергетика ва саноат ва яке аз қудоҳои расмии Эмомалӣ Раҳмонов) хабарҳо ба нашр расид. Раёсати корҳои дохилии Душанбе-ин яъне Шоҳрух Саидзода бар алайҳи Диловар Гулов тибқи моддаи 330 ва 316-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз карда ӯро водор ба пардохти ҷарима кардааст.
«Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар баробари насби таҷҳизоти махсуси равшанидиҳанда (мигалка), ҳамзамон оинаи пеши воситаи нақлиёти худро яклухт бо плёнкаи сиёҳ(наповал) рупуш намудааст. Нисбати номбурда тибқи моддаҳои 330 ва 316-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд»
Дар асл, Диловар Гулов аз ин пеш ҳам дар мошинҳояш мигалкаҳои милисаро зада мегашт ва аз ин чанд бор пеш ҳам барои авбошиву ҷангҷол бо милисаҳову суръати баланди мошин дастгир шуда буд. Аммо ин бор ГАИ-и Душанбе закази Шоҳрухро дар нисбати вай иҷро карданд. Чунки ба Шоҳрух Саид маълумоти чопшуда дар бораи онки нисбати вай авторитети Диловар дар УУР баланд аст, ӯро бештар ҳурмат мекунанд сахт алам кардааст. Беш аз ин Диловар гуфта буд, ки «Шабнам аруси маҳай, Шабнам ҳар голубой қатӣ намегарда, ранги Шорух» ва барои ҳамин гапҳо Шоҳрух дар қасди гирифтани ниқор аз Диловар буд. Диловарро бо дастури худи Шоҳрух қапида бурданду махкам карданд ва зоҳиран барои ҳамин мошинаш. Аммо Диловар Гулов бо ин мошин аз чандин вақт ба ин тараф мегашт. Вале баъди чопи ҳамон маълумот дар «Ислоҳ» Шоҳрух, ки аз хонандаҳои ҳамешагии «Ислоҳ» аст, зуд аз пайи қасосгирӣ шуд…
Ашраф ва Парвина бо зани Рустам наздиктар мешаванд
Ашраф Гулов ва Парвина Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва раиси фирмаи фарматсевтии «Сифатфарма» рӯзи 15 июл келин фаровраданд. Мошинҳои қатор дар он руз дар Душанбе барои меҳмонҳои давлатӣ набуд. Онҳо рафтанду аз манзили духтари Лутфулло Давлатов набераи духтарии ӯро ба писарашон оварданд. Исми келин Сумайя ва исми хуштомани писари Ашраф Фарзона аст.
Аммо чанд вақти пеш Парвинаро Ашраф бо бачаи Бобои Файз ( ачата бугу) меқапад. Вай шофери хонаводагиашон буд. Ислом ном дорад. Ӯро аз даргоҳ меронанд ва дар Барқи тоҷик ба кор мемонанд. Аммо ҳоло гумугур аст. Спортсмен буд. Зинда ё мурда буданаш ҳам аниқ нест.
Парвина бо бачаи Давлат Сироҷов собиқ сардори налоги Душанбе ва бозори Ҷалҷам ҳам ҷура буд. Бо вай ҳам даст меафтад. Барои ҳамин Ашраф гирифту бурдаш Туркия. Манобеъи мо гуфтанд, ки баъди нашри маълумотҳо дар бораи Ашраф дар «Семейка 6» байнашон хеле ҷанҷол мешавад. Дар он матлаб дар бораи Ашрафу духтарбозӣ ва духтарбизнесаш гап мерафт. Парвина гуфтааст, ки «мо амихелием буфората, ҳамин нафората худут медонӣ».
Аммо мошини корвони туйи писари Ашраф ва Парвина ба самти хонаи набераи Лутфулло Давлатов бо «сопровождений» мерафт.
Ашраф ва Парвина ба ин қарор омадаанд, ки минбаъд туҳфаҳои пурбаҳоро аз Туркия ба зани Рустам оваранд, на ба Азизмои хуштомани Ашраф ва модари Парвина. Зани Рустам ҷияни Лутфулло Давлатов аст. Ва хешутабории Рустаму Ашраф акнун дарунандарун шудааст ва ба эҳтимол Ашраф дар ҳукумати Рустам ҳадди ақал ба сатҳи муовини вазири хориҷӣ ояд.
Яке аз додарҳои нотании (падаряки модарҷудои Ашраф) домоди Лутфулло Давлатов будааст. Вай дар прокуратура кор мекунад.
Ашраф ба Парвина гуфтааст, ки ҳозир гапзано фақат дар круги Рустам.
Баъзе афроди Оила дар назди КДАМ
Як нафар аз ҳаводорони «Ислоҳ» аз КДАМ барои мо як хабари ҷолиберо нисбати як шогирди асили СС.Ятимов, ки ба мисли худаш як кофири мутлақ мебошад, роҳӣ кард. Ин нафар Шомадов Неъмат Ёрматович ном дорад ва ниҳоят исломситез аст ва бо мусалмонон ва мусалмонӣ мушкил дорад. Аз забони як одами наздикаш, ки ӯ ҳам дар беимониаш дар ҳайрат мондааст нақл карданд, ки Қуръони маҷидро дар пеши чашми одамон футбол кард.
Аммо ин Шомадов Неъмат робитаҳои маҳрамонаи Озода ва Шаҳбозро ба навор гирифта будааст ва низ бо скритий камера ҳолатҳои наркотик задани Рустами Эмомалиро навор карда ба СС.Ятимов додааст ва нисбати Озодаву Рустам ОНД – оперативно наблюдательная дело завадит карда будааст,ки ба ҷуз аз худаш ва СС.Ятимов касе намедонистааст.
Баъзе аз делоҳо дар КДАМ таҳти номҳои мустаор-псевдоним нигоҳ дошта мешаванд. Дар болои делаи Рустам`ХАНИГА` навишта шудааст, яъне ин псевдоними Рустам аст. Аз они Озода бошад `БЕГЕМОТ’. Шомадов Неъмат ҳам Озодаро пинҳонӣ дар назди одамони наздикаш бегемот гуфта мазоҳу масхара мекунад. Мегуяд фигураашро мебинӣ, талхакаф мешавӣ, «ранги бегемотай».
Вале Шомадов бо Рустам бисёр наздик аст. Шояд баъд аз президент шудани Рустам Шомадов ягон мақоми баландеро ишғол намояд.
Шумо дар барномаҳоятон сад дар сад дуруст гуфта будед нисбати Озодаву Шаҳбоз. Ҳамин ҳоло ҳам ин ду нафар дар робитаанд. Шаҳбоз дар назди ҷураҳояш фахр карда телефон мекард ва дар баландгуяк монда чунон Озодаро истинтоқ мекард: Ээээээ барои чи у одами гуфтагима корша ҳал накадӣ? Озода аз он тараф овозаш меомад, ки «ҳамаш мешава, гуфтагиюм». Хулас бисёриҳо медонистанд, аммо барномаҳои Шумо қиссаи ин Лайлии сониву девонаи Маҷнунро пурсарусадотар кард.
Аммо ин нақлро аз забони як нафар телехи Озода бароятон ҳикоят мекунам.
Озодаро як нафар духтур масҳ мекардааст. Ӯро, яъне ҳамон духтурро ҳар вақт, ки Озода бихоҳад ронанда рафта меовардааст. Кадом вақт як адад кремаш гум мешавад. Озода аз ҳамон духтури масҳгар гумонбар шуда ӯро маҷбур мекунад, ки кремро ёфта диҳад. Вай мегуяд, ки ман нагирифтаам. Вале маҷбур мекунад, ки пули кремро, ки фармоиш дода аз хориҷа оварда буд, бипардозад. Бар замми ин ҳамчун ҷазо он духтур чандин вақт Озодаро бепул масҳ-массаж мекардааст. Боз ҳар вақте аз хонаи Озода берун меомадааст, сумкаашро охрана проверка мекардааст. Хулоса, маблағи ҳамон крем 90 доллар будааст, ки баъди овардан аз хориҷа пули онро ҳамин духтур пардохтааст.Ин оила хело носерам ва гушначашманд.
Рустам чаро писар амакашро аз прокурори Сино1 барканор кард?
Ва як ҳодисаи монанд ба ҳамин, аммо дар бораи Умеди писарамаки Озода, Нуриддини трактористи тагтаррафта, ки ҳоло прокурори райони Ҳисор мебошад.
Чанд нафар дар хонаи Умед кор мекардаанд. Як рӯз Умед мегуяд, ки дар подвал чанд адад либосҳои истифода шуда аст, онҳоро бигиред. Бачаҳо мегиранд. Онҷо як туби футбол, як либоси варзишӣ ва як шортик ҳам будааст. Онҳоро ҳам бачаҳо мегиранд. Аммо, чанд маҳал пас Умед дар суроғи ҳамон шорт ва либоси варзишӣ -спортивка шуда онҳоро пайдо намекунад. Бачаҳо мегуянд, ки худат гуфтӣ гиред, гирифтем. Аммо ҳоло истифода накардаем, бармегардонем. Вале Умед дашному ҳақорат карда онҳоро, ҳоло корро нашуда аз хонааш, ки дар шафати мактаби рақми 53-и Душанбе дар наздикии хонаи амакаш Эмомалӣ Раҳмон аст пеш мекунад ва 1800 доллар пули корашонро намедиҳад.
Аслан Умед мебоист, ки прокурори Душанбе мешуд. Вале уро ба Ҳисор бурданд. Он ҳам баъди ду моҳи барканорӣ аз мақоми прокурори ноҳияи Фирдавсӣ. Гап дар бораи он аст ки Умедро на Эмомалӣ, балки Рустами Эмомалӣ аз ин мақом барканор карда буд. Чи тавр? Тақрибан як сол пеш бачаи апаи Комили ЖД як бачаро кордча мезанд. Ин ҳодиса дар нохияи Сино -1 руй медиҳад. Комил мерава пеши Умеди писари Нуриддин, ки онҷо прокурор буд. Умед дастур медиҳад, ки делояш кунанд. Комил вазъиятро ба Рустам мефаҳмонад. Рустам Умедро мегуяд, ки сараш деҳ!
Баъди 6 моҳ боз бачаи бародари Комил Фаррух касеро кордча мезанад. Ин карат Комил намеравад. Генпрокурор мегуяд, ки ман ба корҳои онҳо лезит намекунам. Баъди се моҳ Комил ба Рустам мегуяд, ки «не удобнай, неки янгам ҳар руз хона мебия гиря мекна». Бо Рустам зангш мезана Умедро, ки сарш, те ишам Умед сар мета.
Тақрибан дар охирҳои декабри гузашта ва аввали январи соли ҷорӣ як ҷияни дигараш ба номи Бобоҷон пиён бо чанд духтар мераван Варзоб ҷанг мешаванд. Кадоме аз онҳо бо стакан дар руяш мезанад руяш медарад. Он духтар меравад ба Умед ариза менависад. «И карат Умед мега касе гап зана ира ма суд мекнм». Ҳамин хел Рустам бо зангш мезанад. Умед Рустама мега «айба намедонӣ, ту коре кардестӣ, ки халқ умедшона ай ма бканан махсусан, пеши ма барои ҳами миян, ки мада зури сумдоро намераса неки ту 3 умборай мара беобру дорӣ ва Рустам ҳар гапш мега». Рустам занг мезанаду мегуяд: «уволитш кне, то вақте ма ҳастум ту шаҳрда кор намекнӣ»
Барои ҳамин Умедро Эмомалӣ ба Ҳисор бурд, вагарна вай бояд прокурори Душанбе мешуд.
Рустам барои он ин қадар Комили ЖД-ро дастгирӣ ва кумак мекунад, ки Комил барои вай «хизмат»-и зиёд мекунаду карда истодааст. Ҳатто ин гапҳо ҳам ҳаст, ки Комил баъди Рустам дар ҷойи вай меояд-яъне раиси Душанбе мешавад. Комил тағои зани Хуршед Мирзоев, яке аз наздиктарин дӯстони Рустам аст. Дар интиқоли маводи мухаддир ҳам қаблан бо Зоир ва ҳоло бо худи круги Рустам кор мекунад.
Оила дар изтироб аст
Феълан барои таъмини зиндагӣ ва маишату рифоҳи ҳар яке аз аъзои оила ин ё он вазорат вобаста шудааст ва зери назорати вай амал кунад. Агар солҳои пеш танҳо Таҳмина буд, ки дар шумори кормандони ВКД, Прокуратура ва КДАМ «одам»-ҳои худашро дошт, ҳоло ҳар кадоме аз онҳо низ ҳамчунин гуруҳҳои муташаккиле мураккаб аз сохторҳои қудратиро доранд, ки барои онҳо ва ба манфиати онҳо кор мекунанд. Раҳмонов натавониста истодааст, ки аъзои оилаашро дар итоат ва тобеъияти Рустам дароварад. Раҳмонов ягон зарра дар ин фикр нест, ки имкон дорад сарнавишти Нурсултон Назарбоев ба сари ӯ ҳам такрор бишавад. Вай тавозун ва эътидоли фикриро аз даст додааст ва пиндораш ин аст ки (балки ҳамчунин нақша ва барномаро кайҳост, ки кашидаву дорад татбиқ мекунад) дигар Оли Раҳмон бунёд кардааст ва пас аз Рустам ҳам бояд аз ҳамин Ол ба сари қудрат ояд ва шояд ҳам дар ояндаи наздик сохти давлатро монархия эълон кунад. Аммо, дида истодааст, ки аъзои оила барои Рустам нофармонӣ мекунанд ва Рустам, акнун, ки қудрат ба дасташ мерасад, ҳатман қудратро истифода мебард
Барои ҳамин вай аз бозиҳои дарунии фарзандонаш сахт дар тарсу ҳарос аст ки аз пушти бозиҳои онҳо ба ҳадафи асосиаш, маврусӣ ва монархия расида наметавонад.
Ҳамчуноне гуфтем, вогузории ин ҳама салоҳияту ваколату ҳокимияти васеъ ба духтару домодҳои бешумор онҳоро то ҳадде бехуд ва мағрур кардааст, ки ҳар нафаре аз онҳо мехоҳад ин ё он ниҳод дар даврони Рустам ҳам барои ӯ кор кунаду ба ӯ хизмат кунад.
Ба ҷуз аз Фируза, духтари калонӣ ва Фарзона духтари хурдӣ дигар ҳамаи духтарҳои Раҳмонов масъулиятҳоеро дар давлат ва ниҳодҳои наздик ба давлат доранд. Барои ҳамин Озода ба манфиати худ,Таҳмина, Парвина, Рухшона, Зарина ба манфиати худ кор карда истодаанд. Ҳар кадоме аз инҳо пулҳои калон доранд ва кормандони ниҳодҳои қудратиро бо камтар пул мутеъ ва бардаи худ кардаанд.
Азизмо бошад дар ин васат сараш гиҷ шудааст, ки тарафи шавҳарашу Рустамро гирад ва ё боқии аъзои хонаводаашро. Дар масъалаҳои кадрӣ Азизмо нақши калон дошт, барои ҳамин ҳама хуб гушаш мекунанду дар хизматаш камар бастаанд. Аммо баъди дар мақоми аввал омадани Рустам дар ин манзалат қарор хоҳад дошт ва ё фақат модар мемонаду бас, айни замон номаълум аст.
Ҳасани бародараш, ки як замон аз пурнуфузтарин афроди Оила ба шумор мерафт ҳоло ба бузичаи апаҷони Азизмоҳаш бадал шудааст. Очаҷон гуфта тарафаш медавад. Ҳасан сахт аз Рустам метарсад ва қариб, ки шабонарузӣ маълумотҳоро аз МВД ва КГБ мегирад, ки Рустам чи кор карда истодааст. Мехоҳад ҳама кирдорҳои Рустамро донад, чунки ҳаёти Ҳасан ва фермаи калони фарзандонаш ва дороиҳояш ба будани худи ӯ тавъам аст.
Зоир Соҳибов ва корномаи сиёҳи ӯ
Ва акнун меоем ба сари қаҳрамон ё чеҳраи асосии ин нашри Семейканюс, яъне Зоир Соҳибов
Зоир ё Маҳмадзоир Соҳибов то соли 2010 дар ҳукумати Раҳмонов кор мекард. Марди ҳукумат буд. Аммо ғайричашмдошти ҳамагон моҳи майи соли 2010 Раҳмонов Маҳмадзоир Соҳибов, раиси Агентии давлатии харид, кор ва хадамоти Тоҷикистон аз мақомаш барканор кард. Хелеҳо бар ин бовар буданд, ки Раҳмонов тоза ақлаш сари ҷояш омад ва аз ҳукумат наздиконашро берун мекунад. Аммо бархеҳо мегуфтанд, ки ҳаводиси Қирғизистон ва сарнагунии Қурмонбек Боқиев, ки барои хешутаборбозӣ халқ дар муқобилаш қиём ва сарнагунаш кард Раҳмоновро тарсонд.
Зоир -Пабло Эскобари тоҷикӣ, домоди калонии Раҳмонов ҳануз ҳамон солҳо аллакай ба пулдори калон бадал шуда буд. Курсие, ки дошт дигар нафси ӯ ва хусурашро таъмин намекард. Зоир писари ҳоҷӣ Шариф вазифаро супориду вориди тиҷоратҳои бузург шуд. Албатта пештар ҳам тиҷорат мекард, аммо ин бор таври дигар пеш рафт. Қурғонтеппа ва атрофи онро забту тасарруф кард. Аксарияти мутлақи корхонаҳои панбаро гирифт. Маслокомбинатҳоро гирифт. Назорати гумруки бузургтарин вилояти Тоҷикистонро аз сатми Афғонистону Хитой ва Узбакистн ба тасарруфи худ даровард.
Ҳукумати вилояти Хатлон амалан дар зери контроли вай аст. Аммо вай тиҷорати наркотикаро комилан ба дасти худ гирифт. Зоир, Тоҷиддин командири қудояш наркотикро дигар бо тарафи Русия ва Аврупо бидуни мумониат пеш мебурданд.
Вай осоишгоҳи Зумрат ва Шоҳамбариро гирифт ва ҷолиб ин нукта буд, ки Раҳмонов ба ҳангоми фаъолсозии яке аз ин осоишгоҳҳо онро натиҷаи ранҷи тоҷирони ватандуст унвон кард. Тоҷири ватандуст ин Зоири домодаш буд. Кори Зоир ба дараҷае пеш рафтааст, ки Исмоили пингвини бачааш дигар ба филантроп бадал шуд ва маъракаҳои бузурги варзишии Тоҷикистонро сарпарастӣ мекунад. Як ҷавони 23 сола ба як нафар муҳтоҷе дар Узбекистон хона харида медиҳад. Ин ҳама аз куҷо?
Соли 2019 бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» натиҷаи таҳқиқоти OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод як шабакаи ҷаҳонии хабарнигорон ва муборизони зидди фасодро дар робита ба дуздиҳои Раҳмонов ва Маҳмазоир Соҳибови домодаш нашр кард. Ин матлаб дақиқан 27-уми декабри соли 2019 дар сомонаи ин ташкилот чоп шуд ва ҳоло чанд абзатсеро аз ин матлаб бознашр мекунем, то бифаҳмед, ки Зоир чи гуна бузургтарин осоишгоҳҳои Тоҷикистонро тақрибан ройгон аз они худ кард:
«Осоишгоҳи «Зумрад» соли 1970 дар канори рӯди Исфара дар шимоли Тоҷикистон сохта шуд, ки дар маконе зебоманзара ва дар наздикии марзи Узбекистону Қирғизистон воқеъ аст. Ин осоишгоҳ ҳамон замон дар саросари Осиёи Миёна ба хотири обҳои маъданӣ ва гилҳои шифобахшаш машҳур шуда буд.
Ҳоло дар ин осоишгоҳ 500 муштарӣ метавонанд дар як замон бо пардохти аз 11 то 25 доллар дар шабонарӯз истироҳат кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки маоши миёна дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 135 то 164 доллар аст, бештари шаҳрвандон барои истироҳат дар ин осоишгоҳ пули кофӣ надоранд.
Дар моҳи апрели 2015 ҳукумат аз хусусисозии ин осоишгоҳ хабар дод ва арзиши онро 1,1 миллион доллар таъйин карда буд. То охири сентябри ҳамон сол ширкати «Сомон-Суғд», саҳоми ин осоишгоҳро ба қимати 950 ҳазор доллар ва 600 ҳектар замини атрофи онро ба қимати 91 ҳазор доллар харид. Моликони ин ширкат ду домоди президенти Тоҷикистон ва раиси он бародари онҳо Нарзулло Соҳибов аст.
Нарзулло Соҳибов аз соли 2014 ба ин сӯ дар як ниҳоди давлатӣ муовини раис аст ва бар асоси қонуни зиддифасоди Тоҷикистон ба унвони як мансабдори давлатӣ ҳаққи машғул шудан ба тиҷорат ва сармоягузории хусусиро надорад.
Осоишгоҳи «Зумрад», ки ҳоло пурра дар ҳоли бозсозӣ шудан аст, тибқи дастуру қарорҳои тасвибшуда дар моҳҳои март ва июли соли 2019 аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ озод шудааст.
«Шоҳамбарӣ» осоишгоҳи дигаре бо собиқаи дурахшон аст, ки моҳи июни соли 2016 ба маблағи 395 ҳазор доллар ба ширкати «Рӯҳафзо-2015» фурӯхта шудааст. Ин ширкат низ ба хонаводаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад».
Дар навштаҳои қаблии «Ислоҳ» дар бораи онки амборҳои Зумрад ба амборҳои наркотикаи Зоир табдил ёфта ва раиси ин осоишгоҳ амалан раиси Исфара шуда буд, маълумотҳои муфассал дода будем. Барои ҳамин дар ин маврид зиёд намеистем .
Вале ҳоло аз он мегуем, ки Зоир боз ба як бизнеси пурдаромадтар аз героин даст ёфт. Дар тамоми мағозаи Тоҷикистон, аз як дукони кучак то супермаркету гипермаркети деҳоту шаҳраку шаҳрҳои бузург ва ҳамин тавр тарабхона, чойхона, бар, дискоклубҳо маҷбурӣ кассовий апарат оварда тавассути идораҳои налог тақсим карда истодааст. Барои ин апаратҳо соҳибони фурушгоҳҳо муваззафанд ҳар моҳ 96 сомонӣ пардохт кунанд. Тибқи ҳисобҳои минималие, ки мо кардем дар як моҳ аз ҳисоби ин ба истилоҳ кассовий апаратҳо 146 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Хабари дигар ин аст ки ҷияни Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов, яъне Зайнулло дар ноҳияи Куйбеш (Абдураҳмони Ҷомӣ) ҳама ҳавзҳои моҳиро аз соҳибонаш кашида гирифта аз худ карда аст.
Як маълумоти дигар ҷолиб дар бораи Исмоили Пингвини бачаи Зоир, домоди Тоҷиддин-командири наркобарон аст. Вай чи касале шудааст, ки рангу руяш паридагӣ. Аммо талош мекунад, ки кас пай набарад. На Зоир медонад, на Фирузаи очаи Исмоили Пингвин. Исмоил анализ месупорад, ки ҷавоб безеб мебарояд. Хулоса, як рафиқаш гуфт, ки ё СПИД ё сифилис шудагӣ аст. Сахт лоғар шуда истодааст.
Зоир мавқеи худро дар тиҷорати наркотик боз ҳам мустаҳкамтар кард. Вай моҳирона бародари Рамазон Раҳимзодаро ба Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовар овард. Раҳмонқул Раҳимзода, бародари Рамазон Раҳимзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар таъин кард.
Аз ин тағйирот Юсуф Раҳмон бехабар буд, намедонист, вагарна ҳатман баҳонае ё чорае барои намондани ӯ меҷуст. Дар 6 моҳи охир тиҷорати наркотик зиёд шудааст. Чанд вакт тариқи фельдиегерская служба интиқоли наркотик манъ буд, боз сар шуд.
Як нуктаи дигар дар бораи Зоир. Эмомалӣ Раҳмонов тарзе нишон медиҳад ва вонамуд мекунад, ки ӯ бо Толибон хуб нест, аммо дар асл бошад пинҳонӣ хуб аст. Гуё барои мардуми афғон ҳамчун кумак дору равон мекунад ва дар ивазаш чизе намегирад, аммо доруҳои срокгузаштаро, ки аз Сифат фарма мебошанд, равон мекунанду аз он тараф дар дар мошинҳои бузурги дулану фураҳо наркотик меояд.
Як нафар аз кормандони як идораи қудратӣ ба мо навиштааст, ки «Ҳамон заводе, ки шумо дар барномаи Семейкаи пешина(№6) гуфтед, ки барои истеҳсоли дору месозанд, дуруст аст, фақат дар он завод ҷои махсус барои фасовкаи наркотик низ пешбинӣ аст. Ҳозир тамоми маводҳои наркотикии экстазиро дар Тоҷикистон Зоир дар ҷойҳои пинҳонӣ истеҳсол мекунад, баъди сохтани он завод озод дар он хоҳанд кард. Тамоми бизнеси экстазиро Зоир контрол дорад, аммо то ҷое ба мо маълумот расидааст Юсуф Раҳмон ба наздикӣ ба ин самт ҳам зарба мезанад. Мақсад аз зарба он нест, ки аз тиҷорати маводи мухаддир ҷилавгирӣ бикунад.
Мақсад он аст ки нишон диҳад, ки дигар Зоир қудрати контроли тиҷорати маводи мухаддиро надорад ва Юсуф Раҳмон хубтар ва амнтар аст. Яъне бо Юсуф Раҳмон ҳамкорӣ кунанд. Юсуф Раҳмон харитаи интиқоли наркотикро муайян кардаасту масири интиқоли онро низ муайян дорад. Аммо Зоир бо Парвинаи хоҳарарусаш (зани Ашраф Гулов) ҳоло истеҳсоли ин навъи доруҳоро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мондаанд.
Дар қафои бинои аптекаи №1, ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, як бонки хонагии Зоир қарор дорад. Бонки хонагӣ дар як ҳавлӣ, ки дар он офиси Исмоили Пингвин ҳам ҷойгир мебошад, қарор дорад. Ҳар вақте ба Зоир, Исмоили Пингвин ё дигар аз нафарони оилаи Зоир сум даркор мешавад, мераванду аз ҳамон Бонки хонагӣ мегиранду корашонро буд мекунанд. Пингвин бисёр вақт доляҳое, ки ба ӯ баъзе аз соҳибкорҳо ва дигар нафароне, ки кураторшон аз авлод Исмоили Пингвин аст медиҳанд дар дохили ҳамон бонки хонагӣ мегирад. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дараки ин бонкро ёфтаст ва акнун аз болои он ҳавлӣ назорат бурда истодааст: кӣ медарояд, чи медароранд, кӣ дар дасташ чи медарораду мебарорад, умуман назорати 24 соата. Аллакай Юсуф Раҳмон сад дар сад медонад, ки сумҳо аз савдои героини Зоир аст ва барои ҳамин бурда ҳамонҷо месупоранд.
Аммо аҷобати кор дар дигар чиз аст. Инҳо, ки ҳар кадомеаш бонки дорад, пас ҳоҷат ба бонки хонагӣ чӣ аст? Гапи асосӣ ин будааст, ки ин бонк асосан бо пулҳои ғайриқонунӣ сохта шуда дар асл ҳеҷ малиёти бонкӣ анҷом намедиҳад. Дар асл онро мешавад хранилишӣ ё амбори пулҳои нақди Зоир гуфт. Чанд моҳ пеш як ҷавоне пулҳои Исмоилро ҷамъоварӣ мекард чанд миллион долларро ҷамъ мекунад вале ба он бонки кучаки оилави намесупорад. Хулоса он ҷавон чанд милиона ҷамъ карда аз кишвар фирор мекунад. Ному насаб ва ҷое ин ҷавон қарор дорад дар назди мо маҳфуз аст.
Ва як мавриди ҷолиби таваҷҷуҳ. Зоир дар байни дустонаш гуфтааст, як- ду арусҳоро бурда дам гирифта будем, баъдтар мефаҳмам, ки онҳо арусҳои Исмоил будаанд.
Ва охирин маълумоте,ки ба дасти мо расид ин аст ки Зоир дар дохили зиндонҳо ҳам маводи мухаддир тақсим ва тиҷорат мекардааст. Дар ин кор ба Зоир Музаффар Ашуриёни қудояш, вазири адлияи Тоҷикистон кумак мекунад.