Ш.Гадоев қабл аз сафараш ваколатро ба миллат дода буд!

Ислоҳ нет

 

Аз ончӣ давоми панҷ рӯзи охир гузашт ҳама аз он огоҳӣ доред ва намехоҳам дар мавриди ончӣ гуфтанду,таҳлил карданду,туҳмат карданду,дурӯғ гуфтанду,наворҳои Голевудӣ нашр намуданд нависам.Мехоҳам пас аз нашри навори “ВАСИЯТ” и бародари мубориз ва ҷасурамон Шарофиддин Гадоев дар барномаи чашмандози ББС ва пас аз он дар шабакаи ютубии ПМТ  нашр гашт нависам.

Нашри ин навор хело як инфиҷори азимеро нахуст дар кишвар ва пас аз он дар олам ба бор меорад ва режими имрӯзии Тоҷикистонро дар олам ба бадтарин ва худкоматарин ҳукумате муаррифӣ менамояд.Нашри ин навор барои ҳама олам нишон медиҳад,ки мухолифони сиёсии кишвар, ончӣ дар мавриди ин режим мегӯянд ҳама ҳақиқати раднопазиранд.Бо сароҳат метавонам бигӯям,ки ин режим худашро бо ин амали нангини охираш ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ хело хуб муаррифӣ намуд.Дигар ҳангомеки номи Тоҷикистон дар ҳар куҷое шунида шавад,дар ҳол дар пеши назари ҷаҳониён як режими одамрубо,қотил,ситамгар,ваҳшӣ таҷассум меёбад.Дигар титулҳо ва унвонҳои пешвои хирасараш ин режимро аз ин лаккаи сиёҳ пок кардан наметавоанд.Барои ин амалкарди охир бидуни ҳеҷ таваққуфу интизорие вазирони ВКД ва КДАМ барои ин амали нангинашон сабукдуш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.Хоссатан омилони аслии ин ҷинояти бениҳоят сангини одамрубоӣ ҳар афроде бошанд бояд муҷозот шаванд.Тибқи маълумоти ба мо расида дар ин одамрубоӣ Шоҳрух Сайдов шахсан иштирок намудааст.Агарчӣ ӯ дар тими Рустам аст ва дар сар вазири корҳои дохилӣ шуданро дорад.Қабл аз вазир шуданаш ба ҷиноте дастзад,ки ҷояш зиндон аст.Дар ғайри ин дигар тоҷикистонро кишвари “Демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона” наномед. Танҳо нависед ҳукумати “Фронти халқӣ” ҲФХ дигар касе шуморо чизе намегӯяд ва дар ҳар ҷинояте анҷом медиҳед озодед.Чун миллати тоҷик хуб медонанд “Фронти халқӣ” аз чӣ касоне ташкил шуда буд ва чӣ ҷиноятҳои хунину сангине анҷом дода буданд ва то имрӯз анҷом дода истодаанд.

Сабти навори навбатӣ аз Шарофиддин Гадоев дар назар аст

Дар аснои навиштани ин мақола ба мо маъулмоте расид,ки пас аз нашри ин васияти Шарофиддин Гадоев мақомоти қудратӣ бо фишор аз ӯ навореро сабт доранд,ки ин наворро такзиб кунад.Дигар ҳеҷ наворе аз Шарофиддин Гадоев қобили қабул нест,зеро он наворҳо зери фишор аз ӯ сабт мегарданд.Ин наворе нашр гашт ҳама наворҳои баъдии ӯро ботил менамоянд.Дигар мақомоти қудратӣ худро аз ин бештар шарманда накунед ва шуморо сабти ҳеҷ наворе аз Шарофиддин Гадоев,ки онро зери фишор сабт менамоед, сафед намекунад.Шумо ҷинояте содир намудаед,ки хело сангину нобахшуданист.

Шарофиддин волотарин рамзи муборизони миллат аст

Дар таърихи муборизони ин миллат афроди зиёде бар алайҳи ин режим бо шаклҳои гуногӯне мубориза бурданд. Аллоҳ аз ҳамаи он муборизони роҳи ҳақ рози бошад ва қадамҳояшонро устувор намояд.Онҳоеки тавассути ин режим зиндонӣ гаштаанд Аллоҳ онҳоро озод намояд.Онҳоеки тавассти ин режим ба шаҳодат расидаанд,шаҳодати онҳоро бипазирад.Шарофиддин Гадоев дар миёни ҳамаи муборизон комилан шакли нави муборизаеро пеш гирифт,ки қаблан собиқае надошт.Шарофиддин ҷони худро барои пирӯзии ин миллат дареғ надошта,бо шуҷоъату шаҳомат ба майдон баромад.Ӯ қабл аз ин сафари пурхтар намуданаш васияти худро барои муборизон намуданд.Муборизонро ба идомаи мубориза даъват ва барои ҳар фард рӯҳияи тоза ва бар ҳақ будани ин роҳро нотарсида баён намуд.Ӯ дигар тоқати дидани миллати азият кашидаамонро, дар қабзаи ин золим надошт ва худаш танҳо ба ин роҳи пурхтар баромад.Метавон гуфт ӯ дар ин мубориза қаҳрамоне ҳаст,ки қабл аз ӯ касе чунин шеворо корбурд ва таҷриба накарда буд.Ӯ шевои муборизаеро аз худ ба ҷой гузошт,ки дигар навиди пирӯзиро наздик намуд.Ҳар фарди ин миллат бояд барои ӯ ба по хезем ва ин ҷонфидо ва қаҳрамони миллатро аз чанголи ин режими золим ва мустабид озод намоем.

Васият ва ваколати Шарофиддин ба миллат

Шарофиддин Гадоев дар навори шаш дақиқагии худ, аз пок ирода ва дар роҳи муборизаи ҳақталабона ва озодихоҳии худ дарак дод.Паёмеки барои ҳар як шаҳрванди озода ва бо шараф ва бо номуси кишвар гузоштааст,набояд ҳеҷ шаҳрванди кишварро бе парво ва фориғбол боқӣ гузорад. Барои ҳар як шаҳрванд ваколат додааст,ки аз номи ӯ ҳақ дорад сухан гӯяд ва озодии ӯро ба шакли густурда талаб намояд.Медонам дар зеҳни ҳар хонанда чунин саволе хутур мекунад,ки ин режим магар ӯро озод мекунад? Бале озод мекунад агар ман ва ту бо як садо дастаҷамъона инро аз ин режими мустабид ва шаҳрванддузд қотеъона талаб намоем. Агар ҳар як шаҳрванд бо истодагарӣ аз мақомоти одамрубо талаб кунад,ки чаро ба ин ҷиноят даст задед? То ба кай шаҳрвандони кишварро аз хориҷ медуздед,бар дурӯғ ба листҳои ҷинояткорон изофа менамоед? Магар ин шаҳрвандон ғуломони пешвои фронти халқии шумоянд,ки ҳар тамғае хостед ба онҳо мегузоред? Охир инқадар ҷавонмардони ин миллатро куштед,туҳмат кардед,зиндонӣ кардед барои чӣ?Бо кадомин гуноҳе чунин ҷиноятҳои сангинро бар шаҳрвандони кишвар раво донистед? Кӣ ин ҳақро ба шумо додааст ва дар кадом қонун ин амалҳои шумо дарҷ шудааст?

Ҳушдор ба режим!

Ё  инки Шарофиддин Гадоев ва ҳама зиндониёни сиёсии кишварро бидуни қайду шарте озод менамоед ё ҳамаатон истеъфо диҳед!

Дар ғайри ин сурат ҳазорҳо Шарофиддин Гадоев аз ин шаҳрвандон ба ҷойи ӯ дар муқобили шумо хоинон қад алам хоҳанд кард!

Агар имрӯз,бале дақиқан имрӯз ин талабро аз ин режими истибдодгар накунем,фардо навбати ту ва дигар афроди ин миллатҳам мерасад.Он вақт дигар садоӣ мо ва туро касе ҷуз зиндонбонҳои режим намешунаванд ва дигар он рӯз пушаймонӣ,бароямон суде надорад.

Пеши худ ва Аллоҳу ватан аҳд ва паймон намоем ва бо азму иродаи қавӣ аз ин режим ҳаққи ҳалол ва шаҳрвандии худамонро қотеъона талаб намоем!

Дигар бас аст зулм ва истибдоди шумо як оилаи ҷинояткори ҳоким!

Озодӣ ба Шарофиддин Гадоев ва ба ҳама зиндониёни сиёсии бе гуноҳи кишвар,даст аз шиканҷа ва зулму бедодгарӣ бардоред!  

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article