Шайх Абдулазиз ибни Солеҳ Ал-Тувайҷирӣ ба шаҳодат расид
Шайх Абдулазиз Ал-Тувайҷирӣ доъватгари маъруфи саъудӣ рӯзи 17 январ дар давлати Ғона дар шаҳри курвонӣ, аз тарафи чор шикорчии саҳроии бутпараст бо зарби ду тир дар қисмати синнаш ба шаҳодат расид. Шайх Абдулазиз ба ин давлат,ки чанд рӯз қабл сафар намуда буд,то кумакҳои хайрия ва даъват ба сӯйи исломро анҷом диҳад.Бо заҳмат ва талошҳои шайх чандин бутпараст ба дини ислом мушарраф гаштаанд.Инчунин кумакҳои зиёде барои ин давлати Ғона ва Соҳили Оҷ тавссути чанд муассисаи хайрия анҷом додааст.Аз қабили чанд мактаб, маркази таҳфизи қуръон,масҷид,чоҳи об ва маркази тибби бунёд намуда буд.
Шайх Абдулазиз ибни Солеҳ Ал-Тувайҷирӣ фориғуттаҳсили донишгоҳи Имом Муҳаммад бин Саъуд Ал исломӣ буда ва магестри қисми Суннати Набавии факултети Усулиддин ва даъваи ин донишгоҳ мебошад.Шайх устоди улуми шаръии иниститути илмии Даръия ифои вазифа намудааст.Дар чанд масоҷиди пойтахти саъудӣ риёз имоматиҳам намудааст.Бо хости худаш ин ҳамаро канор гузошта дар солҳои охир машғули сафарҳои даъватӣ ва хайриявӣ ба давлатҳои африқоӣ будааст.
Шайхро наздиконаш чунин тавсиф мекунанд: Ӯ марди бо тақвое буд ва сухани зиёд намегуфт.Ҳамеша дар ҳама корҳои хайр аз аввалинҳо мешуд.Хидмат кардан ба мардумро дӯст медошт дар ҳаркуҷое мерафт аз маҳбубити хоссе бархурдор буд.
Шайх Аҳмад Мансур,ки дар ин сафар Шайх Абдулазиз Тувайҷириро ҳамроҳи мекард ва аз ин ҳодиса солим монд.Ман шоҳид будам чандин таҳдидҳо ба шайх мешуд аз тарафи баъзеҳо вале бо табассуме гӯё чизеро намедонад.Ҳамеша мудовим зикр мекард ва қуръон мехонду ашк мерехт.
Аллоҳ Шайх Абдулазиз ибни Солеҳ Ал-Тувайҷириро раҳмат ва шаҳодаташро пазируфта бошад, мороҳам чунин хотимаи неке интизор бошад омин.