Шарми ин раҳбар кунед, ки одамкушу хунхор аст

Ислоҳ нет

 

  Боварнакарданист, аммо Қурбоналӣ Мусулмонов, яке аз 29 нафар маҳбуси кушташудаи зиндони мавсум ба “Кирпичний” зинда ва сиҳату саломат будааст. Қурбоналие,ки рӯзи 23 май, баъди чаҳор рӯз аз қатли омми зиндони мазкур дар даруни тобут ба зодгоҳаш рустои Одешти ноҳияи Ванҷ бурда ва бидуни кадом кафану ҷаноза таги хокаш карданд, рӯзи 30 июн,яъне дар бегоҳ ё рӯзи чилаш аз маҳбас ба модараш занг мезанад.

 

Акнун шумо тасаввур кунед, ҳоли модару падареро,ки чиҳил рӯз аст дар мотаму азо нишаста “во балам, вой бачам” мегуфтанд. Хонаи онҳо мурдахона буд, онҳо азодору мотамзада, хоҳарону модар сиёҳпӯш, хешу таборҳо,ҳақу ҳамсояҳо,ҳамдеҳаҳо, ёру ошноҳо тайи ин муддат ба манзили онҳо фотеҳахонӣ меомаданд, дилдорӣ медоданд. Чиҳил рӯз манзили ин ҷавонмард,манзили волидони ӯ ба мотамхона мубаддал шуда буд. Ва, чӣ мотаме?  Ба ҳадде сару сураташ куфтаву задаву резаву вараму омос доштааст, ки падараш нашинохтааст!

 

  Ҳоло ҳар кадоме аз мову шумо лаҳзае ҳам бошад худро ба ҷойи падару модар ва бародарону хоҳарони ин бародар бигузорем. Воқиан хеле сахт ва хеле сангину азиятовар аст.Албатта, агарки иҷоза медоданд, ки ӯро мисли як фарзанди мусулмон шуставу кафан андохта ва ҷанозааш мекарданд, яқин аст,ки мешинохтанаш.Аммо ӯро низ иҷоза ва имкони ҳатто ҷаноза надодаанд, Хуб, ҳоло натиҷа чӣ шуд?

 

   Ӯ –Қурбоналӣ Мусулмонов Сунаварович зинда будааст ва модараш дар маҳбас бо ӯ дидору сӯҳбат кардааст. Албатта, ки ҳоло шодиву нишоти ин хонавода ҳадду марз надорад. Вале ҳоло суоле, ки дафъатан халқ мешавад ин аст ки дар қабристони Одешти Ванҷ киро гӯрониданд ва он бадбахте, ки ҳам худаш бадбахт асту ҳам падару модараш дар бадбахтӣ қарор доранд, ва бадтар аз ҳолу аҳволи волидони Қурбоналиро доранд ва сахттар аз дарду ранҷи ӯро доранд, кӣ бошад? Ин мурдаи дар баландии Одешти Ванҷ беҷанозаву ношуста ба гӯр рафтаро падару модар дар чи фикру хиёл бошанд?Дақиқан, ки аз мурда будани писари худ огоҳ нестанд, чун то ҳоло ин қабр бозкушоӣ ва ҷасад ба соҳибони асосиаш таҳвил дода нашудааст, ҳадди ақал хабари мурдаи бачаашонро ҳам нарасонидаанд. Чанд рӯзи пеш бархе аз расонаҳо, аз ҷумлаи шабакаи телевизионии “Настоящее время” гузоришеро ба нашр расонида буд,ки чандин падару модар дар муҳавватаи зиндони мазкур рӯзҳост, ки наметавонанд бо фарзандонашон дидор бикунанд.

 

Шояд иттифоқе, ки бо Қурбоналӣ Мусулмонов рух дод, ягона набошад? Ва шояд шумори воқеии кушташудаҳо дар “Кирпичний” хеле зиёд аст ва ё аз маълумоти нашршудаи мақомот фарқ мекунад. Инки аз феҳристи мунташира дар сайти Вазорати корҳои дохилӣ,ки шумораи маҳбусони кушташударо 29 мегуфт як нафар кам шуд, дигар дақиқ аст, чун як нафар аз ин феҳрист,яъне Қурбоналӣ Мус улмонов, ки таҳти рақами 16 зикр шудааст, зиндаву саломат аст. Аммо боз ҳам суол инҷо аст, ки пас, сифри 29 аз куҷо омад? Магар мешавад,ки 28 зиндониро бикушанду 29 нафар эълон бикунанд?Албатта,ки не! Дар ин мавридҳо бидуни шубҳа шумораро кам нишон медиҳанд.Ё Қурбоналиро куштанӣ буданду  баъдан аз ин тасмим сарфи назар карданд? Не. Ин тавр нест, чун кушта шудани 29 зиндониро эълон карданд,албатта, ки якто-якто шумориданд ва диданд, ки 29 ҷасад аст. Аммо ҳоло як нафар-Қурбоналӣ зинда аст.Пас он як нафаре, ки Қурбоналӣ нест, ва ҳоло дар қабристони Одешти Ванҷ аст, кӣ аст? Агар ки Қурбоналӣ зинда аст бояд ҷасадҳо28 бошад вале 29 касро гӯрониданд, ку? Пас, агар дуруст мутаваҷҷеҳ бишавед мефаҳмед,ки шумори зиндониҳои кушташуда,яъне маҳбусҳои ба қатл расида аз 30 нафар ҳам бештар аст. Ҳадди ақал он бо нафаре,ки ҳоло дар қабристони Одешт аст ва ҳам бо нафаре номаълум, ки шумораи кушташудаҳоро ба 29 мерасонад,маълум ва рӯшан шуда истодааст, ки дар ин феҳристи 29 нафари исми 2 каси дигар зикр нашудааст.

 

   Тибқи риволи корӣ дар ҳамчунин шароити пешомада, манзурам ошӯб ва ё қатли омм аҷсоди маҳбусинро сараввал худи кормандони зиндон,табиби зиндон,роҳбарияти он муоина карда акт-санад тартиб медиҳанд. Санад ва ҷасадро бояд прокурори назоратӣ(надзор) бубинад ва такзиб ва ё таъйид бикунад. Албатта, қабл аз прокурори надзор аз худи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҳам комиссиюн ин ҳамаро мебинад. Аҷсод барои колбудшикофӣ ба мурдасаро-морг мунтақил мешаванд. Пизишки қонунӣ       ( судмедэкспертиза)ҳар яке аз онро ҳатман ташхис хоҳад  кард. Наход ҳеҷ яке аз ин ҳамаи ин ниҳодҳо нафаҳамид,ва надонист, ки нафаре,дигарро ба ҷойи нафари дигар ба Одешти Ванҷ мебаранд. Контса –контсов  дар сари синаи ҳар яке аз маҳбус ному фамилия, рақами тартибӣ ва моддаи ҷиноятӣ ва оғозу анҷоми муҳлати ҷазои ӯ навишта шудааст, ку?! Афзун бар ин ҳар рӯз 9 маротиба доишиҳо дар маҳбас “ҳасту нест” мешаванд. Ва, бадеҳист,ки ҳодисаи рухдода то чанд муддат назорат сахттар бояд бошад. Пас, чи тавр шуд, ки як нафари зиндаро, ки ҳамарӯза ному фамилияашро нуҳ маротиба мехонед ва ӯ “ман” гуфта садо мекунад, шумоҳо мебинед, ки солим аст,мебареду дар қабр меандозед.Шояд, бо як ғалате ҳамчунин ҳам шавад. Яъне ҷасад бо ҷасад иваз бишавад. Фаҳмидан мумкин,аммо чи тавр ҷасад бо одами зинда иваз бишавад? Одам зинда аст.Чил рӯз мегузарад. Худаш ба хонаводааш занг зада аз зинда буданаш дарак медиҳад,пас ин ҳама моҷаро маълум ва ошкор мешавад. Тули ин чиҳил руз чаро мақомот сокит буд? Чаро раиси зиндони “Кирпичний” чизе намегуяд? Магар кори ӯ,масъулияти ӯ чӣ аст?Дар вақти раҳбарии ӯ дар зиндон ҳамчунин ҳодисаи хунин иттифоқ афтод, касе пишакашро ҳатто пишт нагуфт.

 

Ҳоло  дигар ҳатто ба мурдаи зиндониҳо чени як буз ё гусфанди хоҷагии ёрирасони зиндон аҳамият намедиҳад? Чаро? Аммо берӯиву беҳаёии Идораи зиндонҳо ва ин ҳабсхона то ба ҳадде аст ки ба хабаргузории “Азияплюс” хабари зинда будани Қурбоналӣ Мусулмоновро такзиб карда муаллиф ва расонаро бар тӯҳмат ва дурӯғгуӣ муттаҳам карданд.Фантазер гуфтаанд.Гузашта аз ин дар ҳаққи падару модари мусулмонов тавҳин кардаанд, ки омада мурдаи бачаашро нагирифтанд, аз Русия наомаданд, ҷасадро хешу таборҳо шинохтанд ва вақти гурониданд падару модараш иштирок надоштанд.Бубинед, то куҷо беҳаёву беимонанд, ки рӯирост тавҳин ва тӯҳмат мекунанд. Дар ҳоле, ки модари Қурбоналӣ рӯзи 3 ё 4 июл бо ӯ дидор кардааст. Чаро ба ин ҳад хунукназарӣ,бепарвоӣ? Гусфанд набуд. Одам буд.Магар одам ба одам, то ба ин ҳад муносибати ғайриинсонӣ мекунад? Ба ҷойи онки раиси ин зиндон ва ё вазири адлия аз ин падару модар расман узр бипурсанд ҳамчунин ахлоқи ғайриодамӣ нишон медиҳанд.

 

 Фарзияи кори ДОИШ будани ҳодисаи қатли оммро тарзи куштори нафари номаълуми зери қабр дар деҳаи Одешт як бори дигар таъйид мекунад. Мақомоти тоҷик гуфтанд,ки доишиҳо се зиндонбон ва се маҳбуси дигар яъне Махсуми Абдусаттор, Шайх Темур ва эшони Сайидқиёмиддинро бо як бераҳмӣ ва барои ихтилофоти мазҳабӣ куштанд. Ва, ба хотири безарар гардонидани онҳо аз силоҳ кор гирифта шуд. Аммо вақте падари Қурбоналӣ рӯи писарашро, ки ӯ ҳам барои узвият дар ДОИШ “кушта” шуда буд, мебинад,ки чеҳраи ӯ ба ҳадди шинохта нашаванда таҳти хун ва вараму омос,яъне пайи шаллоқу зарбдигар шудаст. Ҳоло савол инҷост, ки агар нафари фавтида, ки ҳоло маълум мешавад Қурбоналӣ нест ба  айби ҳамкорӣ ва ё узвият дар ДОИШ мавриди зарбу шиканҷа қарор гирифта бошад, аз сӯи кӣ ин ҳама зарбу латро мутаҳаммил шудааст. Магар доишиҳо доишии худро зада обиву нонӣ карда сару сураташро ба ҳадде расонидаанд,ки шинохта намешавад? Ва ё инки он нафари номаълуми дар қабрро худи кормандони маҳбас тоба  ҳадди  шинохтанашаванда заданд?

 

 Як нуктаи дигарро мешавад инҷо тазаккур кард. Ҳодисаи ба сари Қурбоналӣ Мусулмонов омада бори дигар исбот кард, ки куштори зиндониҳоро на ДОИШ, балки худи ҳукумати Раҳмон ташкил кардааст. Вагарна ҳам дар наҳваи гуру чуби зиндониҳо ва ҳам дар шиносӣ ва интиқоли онҳо  чунин  тарзи бархурд ва муносибати ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва ғайрикасбӣ бояд ҷавобгарӣ дошта бошад. Аммо онҳо хеле дилпурона, нотарсона ва мисле, ки аз руи барнома рафтор ва муносибат карданд. Агар медонистанд, ки кори онҳо тафтиш ва таҳқиқ мешавад, ба ҳамчунин хатоии фоҳиш роҳ намедоданд ва ҳадди ақал дар рузҳои нахуст ислоҳ мекарданд. Аммо на танҳо ислоҳ накарданд, балки боз иттиҳом заданд ва ҳатто боз ҳам тасдиқ карданд, ки не Мусулмонов кушта шуда аст ва нафари зери хок ӯст. Зимнан ин нуктаро ҳам мешавад зикр кард,ки кадом нафаре дигар бо номи Мусулмонов Қурбоналӣ  ва ё Мусулмонов Қудрат аз Норак дар феҳристи кушташудаҳои рӯзи 19 май дар зиндони Кирпичний нест ва барои ҳамин намешавад, гуфт ки ба маҳзи як будани ному фамилия ҳамчунин иштибоҳ рух додааст. Аммо эҳтимол дорад,  ҳамчунин нафар ҳам бошад ва кушта шуда бошад. Аммо дар феҳрист зикраш накардаанд. Ва ин як бори дигар нишон медиҳад, собит мекунад,ки теъдоди маҳбусони кушташуда аз 29 нафар зиёд аст.

 

  Аммо барои ман як паҳлуи дигари ин моҷаро ҳамоно суол аст. Оё ҳоло он қабрро канда ҷасадро ба соҳибони воқеиаш хоҳанд дод.Ва,ба соҳибони он ҷасад чӣ хоҳанд гуфт? Ҷуброни кушташудаҳоро нахоҳанд дод, ки ин яқин аст,аммо ба онҳо- соҳибони ҷасади дар Одешти Ванҷ хобида хисорот падохт хоҳанд кард ва ё ӯро ҳам дуғу пуписа хоҳанд кард, то сокит бошад, то лому мим нагуяд, вагарна хоҳанд кушт. Аҷаб, …”шукри ин давлат кунед”…шукр кунед,ки ватани азизу маҳбуб доред мегӯяд. Кадом номус ва кадом шараф надорад. Чи тавр мешавад шукр кард, вақте ту ва навкарони чун худат одамкушу одамхор ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст аз хунхорӣ ва аз зулм сер намешавед? Беҳтар аст бигӯям, ки шарми ин давлат кунед, шарми ин раҳбар кунед, ки чунин одамкушу хунхор аст

 

 

Share This Article