ШАВҲАРИ НАҶОТБАХШ

Ислоҳ нет

Бо хоҳаре аз Укроина шинос шудам, Елена ном дошт. Аз зоҳираш маълум буд, ки хеле вақташро дар талаби илм ва ибодати Аллоҳ сипарӣ мекунад.  Албатта, пас аз шиносоӣ дар ҳол аз чигуна мусалмон шуданаш пурсон шудам. Ӯ бошад ҳикояти ҳидоятёбиашро шуруъ кард.

 

Дар шаҳри Киеви Укроина ба дунё омадам. Дар оила фарзанди ягона мебошам. Пас аз хатми донишгоҳ, дар яке аз ширкатҳои Киев ба ҳайси муҳандиси роҳсозӣ  кор мекардам. Дар якҷоягӣ бо мо дар ширкат ҷавони мусалмони Доғистоние кор мекард. Боре ҳангоми кор он ҷавони Доғистонӣ ба ман гуфт:

 

Медонӣ Елена, як рафиқи наздик дорам. Хеле тоҷири сарватманд аст. Ҳоло инҷо дар меҳмонии ман аст ва мехоҳад бо ягон хонуми укроинӣ хонадор шавад. Агар хоҳӣ туро бо дустам шинос кунам.

 

Ман, ки  мусалмонҳоро шавҳарони золиму сахтгир шунида будам, дар ҳол ҷавоби рад  дода ба киноя гуфтам:

 

Оре, ту пешниҳод кардӣ, ман ҳам розӣ шудам, ҳамсари як мусалмони қофқозӣ гардам, то фардо маро дар хона қулф кунаду барои ба ҷое рафтан иҷоза надиҳад. Ҳамсари ӯ шавам, то ҳамчун каниз тамоми хидматашро ба ман фармон диҳад, ҳатто пойҳояшро бишӯёнад. Бадтар аз инҳо, ҳар вақто, ки хост ба сари ман зани дуввум ва ҳатто севвум орад. На! ман ҳанӯз ақлам дар ҷояш ҳаст, то ҳамсарии як мусалмонро қабул кунам. Ман шумоёнро хуб мешуносам, фарқи мову шумо аз замин то осмон аст. Беҳтараш мавзӯъро пӯшем.

Баъд аз шунидани таънаҳои ман ҳамкорам каме абрувонаш паст хамиданд, Маълум буд, ки озурдахотир шуд. Аммо, бо як виқори ба худ хос оромона ба ман гуфт:

 

“Хонуми Елена! Хеле хуб, акнун маро гӯш кунед. Дуруст қайд кардед, байни мову шумо аз замин то осмон фарқ ҳаст. Шумо кай хостед, ба куҷо хостед, бе иҷозаи шавҳаратон меравед,аммо, дар мо занҳо аввал аз шавҳаронашон иҷоза мепурсанд. Худи ҳамин бо иҷоза ба ҷойе рафтан сабаб мешавад, ки дар мо мусалмонҳо хиёнат ба шавҳар ниҳоят кам ба назар мерасад.  Оре, занҳои мо хидмати шавҳарро мекунанд, аммо ба ивазаш дили шавҳарро ба даст меоранд, муҳаббату самимияти шавҳаррро соҳиб мегарданд. Ба фарқ аз шумо, дар мо занҳо ба шавҳари худ доду фарёд намезананд. Шавҳарро аз хона намеронанд. Оре, дуруст аст, баъзе мусалмонҳо ду ва ё се зан доранд. Аммо, танҳо Худо медонад, мардҳои шумо бо чанд нафар зан иртибот дошта бошанд, ду се чор… Агар гапҳои ман хато бошад, аз ин мардҳои атроф як суол кунед”. – инро гуфту ба сӯи мардони ҳамкор ишора кард. Боз ҳам ба суханронӣ идома дод:

 

“Елена хонум! Ҳаминро бидонед, ки оила ба як фарди мусалмон пас аз ибодати парвардигораш муқадддастарин пайванд аст. Мусалмон барои ба саъодат расонидани оилааш ва ҳамсару фарзандаш барои ҳама машаққатҳо ҳозир аст. Аммо, шумо барои кайфу сафои дурӯза метавонад оилаатонро аз даст диҳед”. изҳор намуд дӯсти доғистониям.

Баъд ба ман бо таъкид гуфт, ки “ман танҳо хостам ба ту кӯмак кунам. Инак ихтиёр бо туст. Метавонӣ бо як марди мусалмон издивоҷ кунӣ. Марде, ки алкол наменӯшад, сигорӣ нест. Ба зану фарзандаш хиёнат намекунад, то қадри тавон барои саъодати ту кӯшиш мекунад. Ҷудоӣ аз оилаву фарзандонро бадтарин мусибати дунё медонад.

Метавонӣ бо марди масеҳии худат издивоҷ кунӣ. Марде, ки аз ҳама пеш авлавияташ худаш аст. Кай хост масту сархуш меояд, аз хиёнати туву оилааш боке надорад. Кай хост аз ту ҷудо мешаваду дар ҳол хонуми дигареро пайдо мекунад”.

 

Ин суханҳо маро ба фикр фурӯ бурд. Воқеан суханҳояш нисбати мардҳои укроинӣ рост буд. Охир, дар ҷомеъаи мо чанд оила вуҷуд дорад, ки бо ҳамдигар содиқу самимӣ бошанд?

Чанд нафар аз калонсолонро мешиносам, ки ҳатто боре ҳам хиёнати ҳамсарро накарда бошанд?

Кадом шавҳар дар мо оилаи худро то охири умр ҳамроҳӣ кардааст?

Хеле ва хеле кам ҳастанд.

Пас аз фикрҳои тӯлониву шакку шубҳаҳои бардавом, билохира, тасмим гирифтам бо дӯсти ҳамкорам мулоқот кунам. Боваратон намешавад. Дар аввалин мулоқот Шамил (номи ҷавони мусалмон ва ҳамсари Елена) ба ман гуфт:

 

“Ман дар бораи шумо аз дӯстам маълумоти кофӣ дарёфт кардаам. Медонам шумо низ нисбати ман маълумоти кофӣ доред. Агар розӣ бошед, худи ҳамин шаб бо оилаатон шинос шавам, аз онҳо бобати шумо хостгорӣ намоям”.

 

Аввалин дидор ва талаби хостгорӣ! Бовар кунед, дар Укроина духтару писар бояд солҳо бо ҳам равобиту дустӣ дошта бошанд, то билохира ҷавон тасмими ниҳоӣ гираду ҷавонмардона аз духтар хостгорӣ кунад. Аксари ҳолат ҷавондухтарони мо дар орзӯи шунидани пешниҳоди издивоҷи дӯстписарашон ҷавонияшонро аз даст медиҳанду пешниҳоде ҷавонмардона аз дӯстписарашон намешунаванд. Кам нестанд, нафароне, ки баъди чанд муддати бо ҳам будану муносибатҳои маҳрамона, пеш аз он ки издивоҷ кунанд, ҳамдигарро тарк гуфтаанд.  Аммо, ин ҷавони мусалмон бори аввал маро диду дар ҳол хостгорӣ кард.

 

Вақте падару модарам Шамилро диданд, одобу рафтораш ва албаттта касбу сарваташ писандашон омад, аммо бо як шарт ризоият доданд. Ба шарти он, ки маро маҷбур намесозад то мусалмон шавам. Ҳамон тавре, ки мани масеҳиро ба ҳамсарӣ қабул кард, ба дину оини ман набояд кордор шавад. Шамил ба шарти инҳо розӣ шуд, аммо гуфт, ки агар бо ризогии худаш ислом оворад маро гунаҳгор накунед.

 

Алҳамдулиллоҳ бо ҳам издивоҷ кардем. Пас аз издивоҷамон моҳе нагузашта бо ҳам ба Чин рафтем, чун  тиҷорати шавҳарам дар Чин буд. Аз рӯзи аввали издивоҷамон одобу ахлоқи шавҳарам маро ошиқи Ислом кард. Бо тамоми хушӯъ ибодат мекард, ба падару модараш хеле меҳрубон буд. Доимо бо кумакҳои молӣ дили наздиконашро шод мегардонид. Бо ман муҳаббати зиёд дошт, ҳар чизе, ки мехостам аз паяш меафтид. Он қадар дар бари ин ҷавони мусалмон хушбахт будам, ки эҳсос мекардам агар дар тамоми дунё соҳиби бахт ду нафар бошанд, яке аз онҳо ман ҳастам.

Боре ба ман гуфт: “Ман туро ба гаравидани Ислом маҷбур намекунам ва ҳақ ҳам надорам. Аммо хеле дилам мехоҳад туро бо либоси исломӣ бубинам, зеро, қисме ҳам бошад,  бадани туро дидани бегонагон бароям зишт аст.

Агар росташро пурсед, ман хостам не гӯям, аммо натавонистам. Охир ӯ хостаҳои маро асло рад намекард. Аз ҷониби дигар рашки самимии шавҳарам ва ҳифозаташ маро аз чашми бегонагон бароям хеле хушоянд буд. Чун дар ҷомеае, ки ман калон шудаам, кам мардон вомехуранд, ки парвои ҳифзи зани худ аз чашми бегонаро дошта бошанд.

 

Ҳамин тавр мани масеҳӣ либоси исломиро ба бар кардам. Шавҳарам пайваста маро бо Ислому ҳақиқатҳои дунё шинос мекард. Гоҳе бо гиряҳои дилшикан, гоҳе бо лабхандҳои самимӣ  ҳаёти Паёмбари гиромии исломро ба ман нақл мекард. Аҷаб ошиқи Паёмбар буд ва бо қиссаҳои шавҳарам ман низ нохудогоҳ дустдори он ҳазрати гиромӣ гаштам. Оятҳои Қурониро ба ман тафсир мекард, аз илми Шариъат хеле хуб бохабар буд. Ҳеҷ гоҳ аз фаҳмондани Ислом малол намекард. Бо вуҷуди он, ки мудири Ширкат буду хеле серкор буд, ҳатман соати холие барои даъвати ман пайдо мекард.

 

Пас аз як соли издивоҷ ва даъватҳои бардавоми шавҳарам тасмим гирифтам исломро қабул кунам.

Исломро бо тамоми вуҷудам қабул кардам  на ба хотири шавҳарам ва на ба хотири дигарон. Исломро барои наҷоти худам ва ризогии Парвардигорам қабул кардам. Бо Холиқам аҳд кардам, ки ҳеҷ гоҳ  аз роҳам боз намегардам ва ҳамеша дар динам устувору пойдор боқӣ мемонам.

 

Вақте мусалмон шудам шавҳарам хеле шод шуд. Аммо пас аз муборакбодӣ ба ман гуфт:

Инак бояд ба имтиҳонҳои илоҳӣ омода бошӣ зеро  Аллоҳ мегӯяд:

 

احسب الناس ان يتركوا ان يقول امنا و هم لا يفتنون 2  و لقد فتنا الذين من قبلهم فليعلمن الله الذين صدقوا و ليعلمن الكاذبين 3

 

“Оё мардум гумон доранд, ки онҳо имон меоваранду мо онҳоро имтиҳон намекунем. Албатта он шахсоне, ки пештар имон оварда буданд имтиҳонашон кардем, то Аллоҳ бидонад, онҳоеро, ки дар имони худ содиқ хастанду ба имтиҳону машаққатҳо нигоҳ накарда, дар динашон собиту устувор мемонанд. Касоне, ки бо омадани имтиҳону шиддатҳо аз динашон боз мегарданд ва дуруғ мегӯянд, дар асл имон наовардаанд”. (Анкабут 2,3)

 

Дар ҳақиқат имтиҳонҳои Илоҳӣ шуруъ шуд. Рӯзе, ки аз пайвастанам ба дини мубини Ислом ба падару модарам хабар додам, дигар бо ман қатъи робита карданд. Намехоҳанд бо духтаре, ки дини волидонашро тағйир дод суҳбат кунанд.  Модаре,ки он қадр дӯсташ медорам ва ягона ҷигарбандаш ҳастам, дигар ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад. Чӣ қадар мехоҳам садояшонро бишнавам ва ба волидонам бигӯям, ки ман дусташон медорам ҳеҷ гоҳ имони ман онҳоро ба ман бегона намесозад. Баракс мусалмон гаштаму фаҳмидам, ки то чӣ андоза модару падарам болои ман ҳуқуқ доштаанд.  Аммо ба ман ҳатто фурсати як ҳарф заданро намедиҳанд.

 

Агар бо ин қатъи робита маро тарсониданӣ бошанд, то аз динам боз гардам, бидонанд, ки ман аз дини худ ҳеҷгоҳ боз намегардам.

Аммо, хеле пазмонашон шудааму дӯсташон медорам. Инро гуфту ба пок кардани оби дидагонаш шурӯъ кард.

 

Бо овози ларзон суханашро идома дода гуфт,  муҳити бачагии ман тамоман дигар буд, фарзандон нисбати падару модар хеле бепарво ва камаҳамият ҳастанд.

Баробари ислом оварданам меҳри ин ду бузургвор ба ҳадди тасаввуротнопазир дар қалбам хона кардааст. Касеву шахсе, ҳатто шавҳарам ба он хонаи дил роҳ намеёбад. Муҳаббате, ки танҳо барои волидон аст, тасаввурнопазир мебошад. Ингуна муҳаббати самимӣ ба падару модарро аҳли имон метавонанд беш аз ҳама эҳсос кунанд. Барои ҳамин вақте ба дустонам дар бораи зиёд шудани меҳру муҳаббатам ба падару модарам гап мезанам, дар ҳоле, ки волидонам аз ман дурӣ меҷӯянд, хеле ҳайратзада мешаванд.

Эй кош Аллоҳам маро ба падару модарам мерасонду онҳо маро ба оғуш мекашиданд. Аз бӯи хуши модар мешамидам, кош сарам  силаи дастони падар медид. Аз ин фироқ азият мекашам, азият!

 

Шукри Худо, ки шавҳари ғамхор дораму таскини дилам аст. Зуд-зуд ёдрас мекунад, ки ҳамеша дар барам хоҳам буд ва кӯшиш хоҳад кард, ки ҳама мушкилиҳои зиндагиро бо ҳам пушти сар мекунем.

 

Инаст, ки умеди ман ба ояндаи нек зинда аст. Дӯст дорам, кош бо пайвандони худам ҳамдин мебудем. Умед дорам, ин ҳам шуданист. Чун Аллоҳи мо ваъда кардааст, дуоро қабул мекунад. Ҳатман дуоҳоям қабул мегарданд ва волидонам низ мусалмон мешаванд ва мо аз сари нав ба ҳам пайванд мешавем.

 

Воқеан ман хушбахтам!  Хушбахт аз он, ки динам ба ман ҳамеша роҳи саодату хушбахтиро роҳнамоӣ мекунад. Хурсанд аз онам, ки Аллоҳ ба ман шавҳаре насиб кард, ки ҳалиму хирадманд аст ва ҳам маро аз гумроҳӣ наҷот дод. Шавҳаре дорам наҷотбахш. Наҷот аз гумроҳии тасаввурнопазири замони номусалмон буданам.

***

 

Вақте ман бо ин хоҳарро шинос шудам соҳиби як писарча ҳам буд. Воқеъан як оилаи саъодатманду худотарс ба назар мерасиданд.

 

Имону ихлоси Еленаро дида, ман як чизро хуб дарк кардам. Занҳое ки Исломро танҳо ба хотири ризогии шавҳар ва ё ба хотири тарс аз шавҳар қабул мекунанд, устувор буда наметавонанд. Хусусан дар ҳоле, ки оиди дини худ маълумоте надоранду донистан ҳам намехоҳанд. Танҳо Аллоҳ медонад, ингуна шахсон дар дини худ то куҷо пойбанд ҳастанд ва дар набудани шавҳар воҷиботи худро то куҷо анҷом медиҳанд.

 

Аммо, хоҳароне, ки пас аз огоҳӣ аз ҳақиқати Ислом бо муҳаббату самимият ин динро қабул мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар фармудаҳои илоҳи кутоҳӣ  намекунанд. Чӣ шавҳар ҳузур дошта бошад, чӣ дар мусофират бошад, содиқона фармудаҳои Аллоҳро иҷро мекунанд.

 

Бинобар, тавсияи ман ба хонандагони ин сатрҳо инаст, ки дар мусалмон шудани касе шитоб накунед. Беш аз ҳама барои огоҳ кардани азизон шитобед. Ваҳдонияти Аллоҳ ва ҳақиқати Исломи азизро бо ахлоқу одоби намунаи худ ба азизонатон шинос кунед. Яқин бидонед, ки кӯшишҳои шумо бенатиҷа нахоҳад монд.

 

Муслимаи Аҳмадӣ

Share This Article