Матни баромади онлайнии Шавкати Муҳаммад дар гурӯҳи фейсбукии Паёми мардум
30.05.2018
Бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паҳлуи Масҷиди калоне, ки дар ҳолати сохтмон аст, санги асосии бинои нави ҳафтқабатаи Донишкадаи исломӣ гузошта шуд. Бинои нави Донишкадаи исломӣ барои 1500 донишҷӯ дар як баст бо харҷи 136 миллион сомонӣ (15 миллион доллар) дар майдони қариб 3 гектар сохта мешавад.
Агар хушбинона баҳо диҳем, сохтмони Донишкадаи исломӣ ва ба истифода додани он як иқдоми беҳтарин барои заминагузорӣ ба баланд бардоштани савияи дониши динии мардум ва огоҳ шудани шаҳрвандон аз маърифату таърих ва фарҳанги исломӣ хоҳад буд. Дар таърихи истиқлолияти кишвар бо чунин шукуҳу шаҳомат қомат афрохтани махзани илму маърифати исломӣ бе собиқа буда, воқеъан талаботи вақт аст.
Аммо айни ҳол даҳҳо биноҳои мадрасаҳои динӣ, ки бо меъмори классикӣ ва замонавӣ дар гушаву канори кишвар, дар назди масҷидҳои калон ва ё алоҳида сохта шудаанду ба ҳусни шаҳру навоҳии кишвар ҳусн зам мекунанд, фаъолияташон баста шудааст ва ё ба мақсади дигаре истифода мешаванд.
Мадрасаи исломии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, ки сохтмонаш соли гузашта ба итмом расид, ҳамчун китобхона ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар назди масҷиди “Нури Имон”-и ҷамоати Понғоз мадрасаи боҳашамате сохта шудааст, ки ба хотири надодани иҷозаи фаъолият аз ҷониби мақомот дари ин биноро ягон толибилм накуфтааст.
Мадрасаи Рустамбеки Истаравшан, ки яке аз қадимтарин мадрасаҳои таърихии кишвар мебошад, бекор хобидааст. Мадрасаи “Муҳаммадия”-и Кофарниҳон, ки яке аз каалонтарин мадрасаҳои кишвар маҳсуб меёфт, бинобар қатъи фаъолияташ аз ҷониби мақомот чанд сол мешавад, ки аз фаъолият мондааст.
Дар Кулобу Қурғонтеппа низ чандин биноҳои мадрасаҳоро дорем, ки ҳукумат ба дари онҳо қулф задааст.
Чунин биноҳои зебо бо меъмори классикӣ ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир, дар ҳоле бекор хобидаанд, ки ба сабаби надоштани бинои муассисаи таълимӣ дар чанд ноҳияву деҳаҳои кишвар хонандагон дар оғилхонаҳои хоҷагиҳо таълим мегиранд. Садҳо мактабҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. дар ин бора даҳҳо гузоришҳои ҳатто видеоӣ расонаӣ шудаанд.
Аммо ин ҳамаро ба ҳисоб нагирифта, сохтмони бинои донишкадаи исломӣ бо масрафи 15 миллион доллар бо иштироки раисҷумҳур оғоз шуд.
Бинобар далелҳои боло тасмими сохтмони донишкадаи нави исломӣ, ки бо вуҷуди доштани даҳҳо донишгоҳҳои бекорхобидаи исломӣ рӯи даст гирифта шудааст, метавон як амали риёкорона бо мақсади аз худ кардани маблағи буҷаи давлатӣ ё ҳаракати пулшӯӣ номид.
Ингуна амалҳои риёкорона ва назарфиребонаро вақтҳои охир ҳукумати кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш қарор додааст. Ҳамеша бо оморҳои дурӯғ ва амалҳои назарфиребона, мардум фиреб карда мешаванд.
Ба хотири он, ки даъвои банда аз гуфтаҳои боло бо далел бошад, бастани масҷид ва мадрасаҳои кишвар аз ҷониби мақомо ва дар оморҳои расмӣ фиреб шудани мардум аз ҷониби ҳукумат ва роҳбарияти онро бо далелҳо бароятон ироа мекунем.
Ҳануз санаи 18 майи соли 2011 Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини ҳамон вақт, дар мусоҳибааш бо Радиои озодӣмаълумот дода буд, ки он замон дар Тоҷикистон 3 720 масҷид, 1 донишгоҳи исломӣ, 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекунанд.
Дар сояи татбиқи протоколи 32-20, дар соли 2012 садҳо масҷид дар Тоҷикистон баста шуда, аризаи тасдиқи ифтитоҳи фаъолияти садҳо масҷиди нав беҷавоб монданд. Дари чандин мадраса ба рӯи толибилмон баста шуд.
Тафтиши масҷидҳо аз ҷониби ниҳодҳои гуногуни мақомот аз ҷумлаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, андоз, барқ, дезбюро, экология, худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра хеле дар авҷ буданд.
Новобаста аз ҳама ин масҷидбандиҳо ва барҳам додани фаъолияти муассисаҳои динӣ, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш соли 2013 эълон кард, ки теъдоди масҷидҳо дар кишвар ба 3982 расидааст, ки ин нисбат ба гузориши дар моҳи майи соли 2011 додаи Абдураҳим Холиқов 262 адад масҷид зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди расонаӣ шудани бастани фаъолияти садҳо масҷид ва муассисаҳои диннӣ, дар ин муддат кушодашавии ҳеҷ масҷиде расонаӣ нашудааст.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, санаи 31 июли соли 2015, зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷид баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд.
Теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои диниро прокурори генералӣ дар ин нишасти хабарияш 4089 адад эълон кардааст, ки аз ин 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд. Яъне, бино ба маълумоти прокурори генералӣ дар соли 2015 агар теъдоди муассисаҳои динии ғайриисломиро ба назар нагирем, теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои динии исломӣ 4016 адад дониста мешавад.
Ин адад аз нишондоди соли 2013, омори ду соли пеши Кумитаи дин, бо вуҷуди он, ки дар худи 6 моҳи аввали ҳамин сол, тибқи омори расмӣ 1032 масҷид баста шудааст, 34 адад зиёд мебошад.
Дар ин миён як сол мегузарад ва соли 2016 фаро мерасад. Дари садҳо масҷиди дигар баста мешавад. Даҳҳо масҷидро бо трактору булдозер дар ин сол ба хок яксон мекунанд. Дар худи вилояти Суғд бино ба омори расмӣ зиёда аз 100 масҷид баста шуд. Дар моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд.
Давоми 6 моҳи аввали соли 2016 тибқи гузориши Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти 133 масҷид қатъ шуда буд.
Аммо 13 июли соли 2016 Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ боз ҳам бо ҳамон омори кӯҳна, бо як каме найранги ҷумласозӣ эълон мекунад, ки дар ду соли охир 1032 масҷид баста шуда, боз ҳамон теъдод 4089 адад муассисаҳои динӣ боқӣ мондаанд.
Ногуфта намонад, ки дар ҳисобкунаки мақомоти зидахл аломати тарҳ вуҷуд надорад. Ё ин ки ҳисобкунаки мақомот тарҳ кардани рақами бисёрро хуш надорад. Зимни нишасти матбуотӣ моҳи октябри соли 2017, масъулини Кумитаи дин ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3989 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд. Дар ин гузориш ҳарчанд аз ифтитоҳ, кушодашавӣ ва ё ба истифода додани ягон адад масҷиди наве маълумоте нест, бо вуҷуди баста шудани зиёда аз 1000 масҷид, адади муассисаҳои динӣ нисбати соли гузаштаи 2016 танҳо 100 адад кам шудааст.
Дар соли 2018 Кумитаи дин эълом кард, ки дар кишвар 1707 масҷиди ғайриқонунӣ баста шуда, 231 масҷиди дигар дар ҳоли «коркард» қарор доранд. Яъне инҳо низ ба наздикӣ баста хоҳанд шуд.
Дар нишасти хабарии Кумитаи дин, санаи 5 феврали 2018 гузориш шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 3906 иттиҳодияи динии исломӣ ва 67 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи динӣ фаъолият мекунанд.
“Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо мӯътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд”.- омадааст дар гузориши нишасти матбуотии Кумитаи дин.
Аммо дар бораи ифтитоҳ ё кушодашавии ягон масҷиди нав дар имсол низ маълумоте дода нашудааст. Бо вуҷуди бастани 1707 масҷид дар ин сол, танҳо 14 адад масҷид нисбат ба соли гузашта кам нишон дода шудааст.
Даъвои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ки гуфта буд, дар кишвар танҳо масҷидҳое баста шудаанд, ки фаъолияташон ғайрирасмӣ буд, мисоле, ки дар зер меорем, ботил месозад. Сомонаи хабарии akhbor.com иттилоъ дод, ки шоми 19 феврали 2018 имомҳои 10 масҷиди панҷвақта дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба намозгузорон хабар додаанд, ки бо дархости мақомот бояд ин масҷидҳо баста шаванд. Аз масъулони ин масоҷид хостаанд, ки дар бораи худбарҳамдиҳӣ протокол ва ариза тартиб диҳанд ва аз 20 феврал ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.
Агар ин 10 масҷид дар шимоли кишвар расмӣ ва ба қайд гирифта нашуда бошанд, пас протоколи худбарҳамдиҳӣ чӣ зарурият дорад? Ариза ва протоколи худбарҳамдиҳӣ барои масҷиде, ки ба расмият шинохта нашудааст, чигуна тартиб дода мешавад? Чигуна онҳо худро барҳам медиҳанд, дар ҳоле, ки шӯрои муассисон расмӣ набуд?
Як мисоли дигар, агар фаразан Кумитаи дин танҳо фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмиро барҳам додааст, чаро дар гузориши соли 2017 нисбат ба соли 2016 теъдоди масҷидҳои расмӣ 100 адад кам шудааст? Ё худ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 теъдоди масҷидҳои расмӣ 14 адад кам шудааст. Чигуна ин масҷидҳоеро, ки як соли пеш ба расмият мешинохтед, ғайрирасмияш кардед ва аз теъдоди умумии масҷидҳои расмӣ берунашон намудед? Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дурӯғҳои шохдори мақомотро фош мекунад ва месазад гуфт, ки даъвои Сулаймон Давлатзода, ки мегӯяд мо ягон масҷиди расмиро набастаем, дурӯғ, найранг, фиреб ва хок пошидан бар чашми миллат аст.
Фиреби масъулин кам набуд, ки чанд рӯз пеш раисҷмҳури Тоҷикистон зимни баромадаш дар вохурӣ бо фаъолони ҷомеъа зикр кард, ки озодӣ ва ҳуқуқи эътиқодмандон дар кишвар таъмин аст ва теъдоди масҷидҳо дар кишвар наздик ба панҷ ҳазор адад мебошад. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ чуноне, ки дар боло зикр кардем дар соли 2018 ин адад 3973 буда, ҳатто теъдоди шумори расмии масоҷид дар Тоҷикистон ба чор ҳазор намерасад. Раисҷумҳур бошад, беибо бидуни ҳеҷ шарме якбора ҳазор адад масҷидро зиёд нишон медиҳад. Ин дурӯғпароканӣ аз ҷониби худи раисҷумҳур ба он оварда мерасонад, ки ҷасорати фирбе додани мардуми кишвар аз ҷониби масъулин ва зердастони роҳбарияти кишвар бештар шавад.
Ҳамватанони азиз! Аз рӯи худи ҳисоботи аз соли 2011 ба баъд додаи мақомот, ки дар боло оварда шуд, агар воқеъиятро пайгирӣ кунем, айни ҳол дар кишвар аз 29 мадрасаи исломӣ, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ ягонтоаш фаъолият намекунад ва теъдоди умумии масоҷид дар Тоҷикистон айни ҳол аз ду ҳазор зиёд нест.
Аз ин рӯ андешаи ин ҷониб инаст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси он роҳбарияти кишвар айни ҳол ҳавасманди сохтмони донишкадаи исломӣ нестанд ва ин амал найранги сиёсӣ буда, як тиру ду нишон аст. Бо эълони сохтмони ин бино роҳбарияти кишвар мехоҳад ҳам холи сиёсӣ ба даст оварад ва ҳам амали пулшӯӣ анҷом дода, маблағи буҷаи кишвар ба ҷайби як оила равад. Ин ҳам як баҳси дигар аст, ки дар ҳолати даст додани фурсат бароятон зикр хоҳем кард.