Ҳама сола дар миёнаи фасли баҳор, то охири тобистон дар куҳу пуштаҳои кишвар ҷамъоварии решаи камол шурӯъ мегардад.То зинда будани Нуриддин Абдурраҳмонов маҳз ӯ ҷамъоварии решаи онро роҳбарӣ менамуд. Дигарҳо аз ӯ мехариданд ва он тарафаш корИ худашон буд. Дар масъалаи иҷозат гирифтан бошад, танҳо робита бо одамони акаи Нуриддин дар гузашта кофӣ буд. Ҳар коре мехост мекард ва қонӯн ҳам худаш буд, суд ҳам, прокурор ҳам, ниҳоди иҷозат диҳанда ҳам ӯ буд.
Мардуми минтақаи Данғара ё дурустараш аз Норак то Данғара дар гузашта, аз ҳама куҳу пушта, ҳарчӣ мехостанд мечиданду захира ва мефурӯхтанд. Ҳукумати шуравӣ натавониста буд бо симхор ҳамаро руст ва симхорпеч кунад, ӯ тавонист ин корро кунад. Метавон гуфт ӯ мири он мантиқ буд ва ба ҳеҷ қонуне итоат намекард. Ӯ соли гузашта, дар асари бемории маҷҳуле вафот кард. Ҳоло ҷойи ӯро домодҳо мехоҳанд дар он манотиқ ишғол намоянд.
Яке аз он домодҳои эрка ин Шамсуло Соҳибов аст, ки хело якрав ва гапнодаро мебошад. Барои ҷамъоварии шираи Камол аз Афғонистон зиёда аз 3000 нафарро вориди Тоҷикистон кардааст, ки дар гӯшаву канорҳои Тоҷикистон ба ҷамъоварии шираи Камол машғуланд ва ин таҳти роҳбарии домоди Эмомалӣ Шамсуллоҳ Соҳибов, раиси ширкати Фароз анҷом гирифта истодааст ва барои ҳар як афғоне, ки вориди Тоҷикистон мешавад, 6 моҳа виза гирифта додааст ва нархи ҳар визаи шаш моҳа,сари ҳар нафаре 1200$ долар аз ҳисоби коргарони Афғон ситонида шудааст. Дар ҷамъ 3,600,000$ долар (се миллиону шашсадҳозор долар) аз онҳо пешакӣ барои судури ҳар виза гирифта шудааст. Агар тибқи қонун қимати як раводиди байни Тоҷикистону Афғонистон барои як моҳ30$ аст, барои 6 моҳ 180$ мешавад. Лекин сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон аз ҳар як нафар 1200$ ситонида аст. Ин порае, ки кормандони сафорат ғайриқонунӣ аз ин афғонҳо гирифтаанд, ҳатман ба ин масала, яъне тиҷорати ҷаноби вазири хориҷа, ҷаноби Сироҷиддини Муҳриддин (Аслов) бояд аҳамияти ҷидди дод.
Инро низ бояд зикр намоям, ки он нафарҳое аз Афғонистон ба онҳо виза содир шудааст, дар байнашон ягон тоҷик нест, ҳамаашон аз паштузабонҳое мебошанд, ки аслан забони тоҷикиро намедонанд. Ин интихобашон дар паштунҳои Афғон ҳам бо ҳадафҳои махсӯс будааст. Гӯё барои бехатарии кишвар ин интихобро кардаанд, ки агар аз тоҷикони Афғонистон коргар биёранд, мумкин аст байни онҳо ва тоҷикони Тоҷикистон ягон муносибат пайдо шавад. Агар инҷо каме андеша кунем, ҳатто тоҷикони Афғонистон ҳам аз дасти ин ҳукуматдорони тоҷикбадбини мо дар азобанд.
Дар масъалаи кори ин шаҳрвандони Афғонистон дар шаш моҳе, ки онҳо аз моҳи апрел то моҳи сентябр дар кофтукоби решаи камол кор мекунанд, ба онҳо 3600$ дода мешавад, яъне ҳар моҳ ба як шахс 600$ медиҳанд, ки барои афғонҳо маблағи чашмрас аст ва барои тоҷикон бошад орзӯи деринаи дар ватан бо чунин маош кор кардан мебошад. Чун тоҷик – гастрабайтерҳои бечораи мо дар Русия ин маблағро кам дар кам ба даст меоранд. Ин ҳукумат бо ин оилаи ҳоким ба тоҷикони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон зулм ва ситамро раво медоранд. Агар аз мардуми худамон истифода мекарданд ё ҳамон ашхосе барои кор меоварданд, ақалан тоҷикони Афғонистон мебуданд, то ин андоза аламовар намебуд. Ин миқдор маблағе, ки Шамсуло Соҳибов шавҳари Рухшона, духтари чоруми Эмомалӣ ба паштунҳои Афғонистон медиҳад, магар кори хуб аст?
Маблағи музди меҳнат бо ҳисоби миёна даҳ миллиону ҳаштсад ҳазор $ дар шаш моҳ ба ҳориҷ меравад 600*6=3600* 3000= 10,800,000 $.
Агар ин маблағ дар дохили кишвар ба шаҳрванди Тоҷикистон дода мешуд, як мавсими корӣ 3000 нафар аз азоби муҳоҷират ба кишвари ғайр наҷот меёфт. Чӣ қадар оилаҳо бе ниёз ва ором мегаштанду дар ҳаққи ҳукуматдорон дуъои хайр мекарданд.
Мо аз маблағҳои фурӯши “шираи камол”, ки Шамсулло Соҳибов ба даст меоварад, пас аз вафоти Нуриддини Абдурраҳмон чизе намегуем. Як килои он дар бозори сиёҳ аз 1200 ба боло фурӯхта мешавад. Бо ҳисоби миёна ҳар сол аз 200 тон боло решаи камол ҷамъоварӣ мегардад. Акнун худатон ҳисоб кунед 200,000 ро ба 1200 зарб занед ва маблағи ҳангуфтро, ки аз сарватҳои ин сарзамин ва миллат мебошанд, дар ихтиёри чӣ касоне қарор доранд. Тоҷик аз ин сарватҳо ҳеҷ манфиъате надорад.