Мулоқоти раиси ҲНИТ М.Кабирӣ бо раиси ҲНИТ Рошид Ғанушӣ дар ҳамоише дар Олмон
24-уми феврал дар шаҳри Бонни Олмон ҳамоише бо ташаббуси Маркази фарҳангии Тунис дар Олмон таҳти унвони ‘’ Тачрибаи татбиқи низоми демократӣ дар ҷаҳони ислом’’ баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии М. Кабирӣ ширкат намуд.
Дар ин нишаст ичнунин сиёсатмадорон ва коршиносони олмонӣ ва дигар кившарҳои Ховари Миёна ҳузур доштанд ва суханрони намуданд. Меҳмони вижаи ҳамоиш Роҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тунис Рошид Ғанушӣ буд, ки имрӯзҳо бо ҳайате аз ҳизбаш дар Олмон қарор дорад.
Таҷрибаи Тунис дар умум ва таҷрибаи Ҳизби Наҳзати исломии ин кившар ба таври хос мавриди таваҷҷуҳи коршиносон ва сиёсатмадорони муосир қарор гирифтааст. Зеро, пас аз хезишҳои мардумии маъруф ба ‘’ Баҳори араб’’ , ки аз Тунис ҳам оғоз шуд, танҳо ин кишвар тавонист самараи онро ба таври дуруст итифода намояд ва имруз яке аз кившарҳои нисбатан озоду пешрафта дар ҷаҳони араб маҳсуб мешавад. Диктатори собиқи Тунис Зайналобидин Бен Алӣ, ки аз 7 уми ноябри 1987 то 14 уми январи 2011 тақрибан 24 сол бо хонаводааш кившарро идора мекард, дар натиҷаи як қиёми мусолаҳатомези мардумӣ аз кившар фирор кард ва пас аз он низоми марудмсолории президентӣ-парлумонӣ барқарор шуд.
Яке аз неруҳои фаъол чи дар давраи қиёми мардум ва чи 8 сол баъд аз он наҳзати исломии Тунис буд, ки дар аввалин интихоботи парлумонии ин кившар пас аз озодӣ акарияти раъйро ба даст овард ва тули 4 сол , то 2016 дар ин кишвар ҳукмронӣ намуд. Аммо, дар интихоботи парлумонӣ ва президентии баъдӣ бо фарқияти андаке дар муқобили ҳизби ‘’ Нидои Тунис’’ бохт ва қудратро ба ҳизби пируз супурду худ дар мақеъи оппозиционӣ қарор гирифт. Имсол дар интихоботҳои маҳаллӣ аз нав аксарияти маҷлисҳои минтақаҳоро ба даст гирифт ва тибқи назарсанҷиҳои ахир эҳтимоли пирӯзӣ дар интихоботҳои ояндаи парлумонӣ ва президентиро дорад.
Таҷрибаи интиқоли мусолаҳатомези қудрати сиёсӣ дар натиҷаи интихоботҳои озод на танҳо барои як кишвари арабӣ, балки аксари кившарҳои ҷаҳони сеюм нодир аст. Ин мавзуъ аст, ки диққати ҷомеъаи ҷаҳонро ба таҷрибаи Тунис ҷалб кардааст.
Суханронии роҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тунис Рошид Ғанушӣ ҳам бештар ба шарҳи ин таҷрибаи мусбат ва нодир бахшида шуда буд. Ӯ дар як қисми суханрониаш аз таҷрибаи тоҷикон ёдоварӣ намуд ва гуфт, ки ‘’ тоҷикон барҳақ аз мо тунисиҳо дар ин мавзуъ собиқа доранд, аммо ин таҷрибаи хуб ношинохта ва нотамом монд’’.
Ӯ инчунин рушди мардумсолорӣ ва бунёди ҷомеъаи озоду гуногунандешро аз авлавиятҳои мардуми мусалмон донист. Ба гуфти ӯ, ‘’андешаи созгор набудани арзишҳои исломӣ бо низоми демократӣ аз бузургтарин туҳматҳо дар ҳақи ислом ва мардуми мусалмон маҳсуб мешавад’’.
Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ таҷрибаи Тунисро яке аз намунаҳои нодир ва муфид барои ҷаҳони ислом донист ва саҳми мактаби фикрии Рошид Ғануширо дар муваффакияти ин таҷриба аз омилҳои калидӣ ҳисобид. Ӯ гуфт: ‘’ Маъмулан фикрҳо ва андешаҳои шахсиятҳои миллии мо дар кившарҳои худамон қурбони рақобатҳои сиёсӣ ва гурӯҳӣ мегарданд. Таҷрибаи тоҷикон метаовнист яке аз маваффақтарин таҷрибаҳои мушоракат ва мусолаҳаи сиёсӣ эътироф гардад, агар ба он ҳамчун як таҷрибаи миллӣ муносибат мешуд, на таҷрибаи як ҳизб ва як гуруҳ. Надоштани нигоҳи миллӣ аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон боис гашт, ки таҷрибаи сулҳ ва ҳамзистии мусолаҳатомези тоҷикон ба зудӣ дар маҳфилҳои байналмиллалӣ фаромуш шавад ва имруз аз он ҳамчун як таърих ва як таҷрибаи нотамом ёд мекунанд. Дар сурате, ки ҳукумат ва миллати Тунис таҷрибаи худро ҳамчун сармояи сиёсӣ ва фархангӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ва бояд ин таҷрибаро барои миллати худ ва наслҳои оянда ба мерос бигзорад ва ба касе иҷозат надиҳад, ки онро помол кунад.’’
Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба таҷрибаи ҳиҷрати Наҳзати исломии Тунис гуфт: ‘’ Шумо 25 сол пеш дар натиҷаи сиёсатҳои саркубгароёнаи диктарори худ ба Аврупо ҳиҷрат кардед ва пас аз 20 соли ҳиҷрат бо сари баланд ва пирӯз ба ватан баргаштед. Наҳзати исломии Тунис дақиқан замоне ба ватан баргашт, ки Наҳзати исломии Тоҷикистон ба аврупо ҳиҷрат кард. Шумо ва дигар аҳзоби мухолифи Тунис аз ҳиҷрат дар Аврупо барои ояндаи кившари худ чизҳои бисёре омӯхтед ва имруз, ки Тунис як кившари ором ва демократӣ аст, натиҷаи таҳавулоти фикрии ҳамаи шумо тунисиҳо дар замони ҳиҷрат аст. Барои мо , ҳизбу ҳаракатҳои тоҷикии мавҷуд дар хиҷрат ин таҷрибаи шумо мухимтар аз ҳама чизи дигар аст. Чигуна аз таҷрибаи ҳиҷрат барои ояндаи миллат ва кившари худ истифода намоем ва чигуна заминаҳои як кившари пешрафтаву муосирро имрӯз дар ҳиҷрат ба вуҷуд биёрем. Агар чанд сол пеш аз ман мепурсиданд, ки намунаи як кившари нисбатан муваффақ кадом кившари исломиро мебинед, ман одатан Туркия ва Малайзияро мисол меовардам. Имруз бо итминон метавон Тунисро яке аз намунаҳои муваффақи дигар номбар кард, ки тавонист ба як созиши миллии устувор дар натиҷаи гуфтугӯ ва ҳамдигафаҳмӣ бирасад.’’
Ӯ дар идома гуфт: ‘’ миллати тоҷик ҳам метавонист бо таҷрибаи нодири худ намунаи ҷаҳонӣ бошад, ҳамчуноне, ки чанд соли аввали пас аз сулҳ буд. Аммо, мусибати мо тоҷикон дар он буд , ки зимоми кишвар, раванди сулҳу оштӣ ва натиҷаҳои он ба дасти нафаре афтод, ки тафаккураш, ҷаҳонбиниаш ва ҳадафаш аз худ ва хонаводааш фаротар нест. Сулҳу оштӣ ва ваҳдатро барои як марҳалаи кӯтоҳ ва он хам ба хотири таҳкими қудрати шахсӣ ва хонаводагии худ истифода намуд. Созишномаи сулҳро шикаст, конуни асосиро чанд бор ба нафъи худ ва хонаводааш тағйир дод, Тоҷикистонро аз кишвари умедбахши демократӣ ба кишваре табдил дод, ки дар руйхати ақибмондатарин ва фасодзадатарин кившарҳои олам қарор дорад. Имрӯз касе аз таҷрибаи нодири тоҷикон дар маҳфилҳои байналмиллалӣ ном намегирад, чун он қурбони рақобатҳои дохилӣ ва гуруҳӣ гардид. Ҳифзи таҷрибаи шумо танҳо масъулияти як тараф нест, балки ҳамаи миллати Тунис бояд ин таҷрибаро ҳамчун мероси миллӣ ҳифз кунад ва дар ихтиёри як нафар насупорад’’.
Пас аз суханронии Муҳиддин Кабирӣ шайх Рошид Ғанушӣ бо ишора ба суҳбатҳои ӯ мулоҳизаи кӯтоҳи дигаре аз таҷрибаи ҳиҷрати худ ва ҳизбаш илова кард. Ӯ гуфт: ‘’ вақте мо ҳиҷрат кардем ва садҳо нафарони мо зиндонӣ шуданд, бархе гуфтанд, ки кори мо тамом шудааст. Ҳатто, бархе ба ватан баргаштанд. Мо алайҳи онҳо чизе нагуфтем, балки худро барои як муборизаи тулонӣ ва ҷиддӣ омода кардем. 20 сол дар ҳиҷрат кор кардан, кори содда нест. Бисёриҳо ноумед шуда буданд. Ман шаке надорам, ки миллати Шумо ҳам рӯзе пирӯз хоҳад шуд. Ин қонуни зиндагӣ аст. Ягон диктатура то охир намондааст ва аз шумо ҳам нахоҳад монд. Бен Алӣ худро ивазнашаванда медонист, аммо имрӯз мо дар Олмон барои баргардонидани пулҳои дуздидаи ӯ ба хазинаи миллат суҳбат дорем, ки миллиардҳо аст. Кӣ инро 10 сол пеш бовар мекард? ‘’
Дар ҳамоиш ичнунин намояндаи Хизби масеҳӣ – демократии Олмон дар маҷлиси минтақавии Бонн ва собиқ Вазири умури хориҷаи Тунис Абдусалом Рафиқ суханронӣ намуданд.
Пас аз ҳамоиш мулоқоти роҳбарони ду ҳизб баргузор гашт.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат