Омадан ё дақиқтар бигуем овардани Шоҳрух Саидзода, сардори УУР-Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ба Раёсати ин вазорат дар пойтахти Тоҷикистон таъйиноти ғайримунтазира набуд. Шоҳрух ба мисли уребча-памперси Рустами Эмомалӣ аз пушт ва ё дар пушти вай рафтан мегирад. Ҳаминки Рустам дар курсии падараш нишаст ва нақшаву нияти шумашон ҳам ҳамин тавр аст Шоҳрух низ дар курсии вазири дохилӣ хоҳад нишаст. Ва Шоҳрух чашму гуши Рустам дар мақомот ва сохторҳои қудратии кишвар хоҳад шуд ва КДАМ-у прокуратураву вазорати мудофиаву дигар ниҳодҳои қудратӣ ба мисли Кумитаи изтирорӣ, Оҷонсии зидди фасод ва Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир дар ҳукумати Рустам дар мақоми баъд аз вазорати дохилӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин ба он маъно аст ки на Прокурори генералӣ ва на раиси КДАМ-и оянда он ҷойгоҳ ва нуфузеро, ки вазири дохилӣ, яъне Шоҳрух ба даст меоварад, нахоҳанд дошт. Ҳоло агар Юсуф Раҳмони Генпрокурор ва СС.Ятимови КДАМ ҷойгоҳи баланде дошта бошанд, дар ҳукумати Рустами Эмомалӣ ин ҷойгоҳу мақомро Шоҳрух хоҳад дошт.
Таъиноти ахири кадрӣ дар вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки 7 июн сурат гирифт,дар воқеъ аз таъйиноти пешина мутафовит ва дигартар буд. Дуруст, ки фармони таъиноти кадрҳои тозатаъйинро Рамазон Раҳимзода имзо кардааст, аммо ин бор ин кадрҳо кадрҳои Шоҳрух Саиданд ва Рамазон Раҳимзода чору ночор зери фармонҳое имзо гузошт, ки онҳо интихобу таъиноти Шоҳруханд ва Рамазон Раҳимзода мисли саги гарданбаста ресмончаи гарданашро дар дасти Шоҳрух додааст.
Як мисоли одӣ меоварам, тасбит мекунад,ки «давр»-и Рамазон Раҳимзода ба поён расидааст ва Шоҳрух имрӯзу фардо курсиро аз зери вай мегирад. Бубинед, ҳамагӣ ду моҳу чанд рӯзи пеш генерал Шодӣ Ҳафиззода, домоди бародари Рамазон Раҳимзода, ки то чанде пеш сардори яке аз Раёсатҳои муҳим-мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ-УБОП, яъне ҳамон 6-ой отдел буд ва дар пайи интиқоди шадиди Раҳмонов аз кор сабукдуш шуда ва чанд вақт дар «распоряжений кадр» қарор дошт ва охиран бо имзои Рамазон Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи ВКД таъйин шуда буд, дигарбора аз вазорат берун карданд. Мусалламан ин берунандозӣ кори Рамазон Раҳимзода нест ва ба назаратон домоди Рамазон Раҳимзодаро ба чунин шеваи таҳқиромез кӣ ва барои чӣ мегирад? Рамазон Раҳимзода ӯро роҳбари дастгоҳи худ таъйин карда буд, аммо маълум мешавад, бармеояд, ки онҳое, ки тавонистанд ӯро аз ин мақом барканор кунанд, ба раҳбари Дастгоҳи ВКД таъин кардани Шодӣ Ҳафиззода розӣ набуданд. Ӯро Шоҳрух,ки дар пушташ Рустам аст муваффақ шуд, аз вазорат дур афканад. Ин ба он маъно ва хотир аст ки Рустам ва Шоҳрух ин вазоратро бо «кадрҳои худӣ» таъмин мекунанд ва дигар барои «кадр»-ҳои махсусан Рамазон Раҳимзода рузҳои охир ва сиёҳ пеш омадааст. Вагарна барои ҳамагӣ ду моҳ дар дастгоҳи вазорат роҳбар таъйин кардани Шодӣ Ҳафиззода тамоман маъно надорад. Дурандозии вай аз вазорат далели он аст ки «тим»-и Шоҳрух дорад вазоратро мегирад ва «кор»-и Рамазон Раҳимзода низ ру ба поён аст ва дигар Шоҳрух дар ин вазорат ҷавлон ва ҷавлона мезанад.
Акнун Шодӣ Ҳафиззода, ки моҳи феврал, пас аз 7 соли кор аз сардории Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) барканор ва апрел раҳбари дастгоҳи ин ниҳод шуда буд, пурра аз сафи кормандони пулис берун карда шуд.
Агар омадан ва ё ҳамчуноне гуфтем овардани Шоҳрух Саид ба Раёсати дохилаи Душанбе ғайримунтазира набуд, вале дар воқеъ, барканории Ҳафиззода ва бархе аз масъулони ин вазорат дар ноҳияҳо ғайриинтизор ва гуфта мешавад, ки то охирин лаҳза аксари барканоршудаҳо аз он хабар надоштанд.
Нуктае дигар бозии миёни Рамазон Раҳимзода ва Шоҳрух Саид, ки ишора ва то ҷое мешавад гуфт тасдиқ мекунад, ин аст ки Шоҳрух «пуху прах»-и Рамазон Раҳимзодаро бароварда истодааст ва барои онки то ҳадде ӯро таскин бидиҳанд, эълони «мақом»-и нави Шодӣ Ҳафиззода аст. Шодӣ Ҳафиззода машваратчӣ-мушовири котиби Шурои амният таъйи шуд. Ва эълони мақоми нави Шодӣ Ҳафиззода тавассути дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Фикр мекунед чаро? То ҳамин ҳоло кӣ, кай ва дар куҷо хондаву дидааст, ки таъйноти мушовир -машваратчии котиби Шурои амният аз тарафи дафтари Раёсати ҷумҳурӣ эълон шавад. Масалан Амирқул Азимов ва ё Маҳмадалӣ Ватанов ҳам, ки котиби Шурои амният буданд мушовир машваратчӣ доштанд, аммо чаро онҳоро касе намешинохт ва намедонист ва дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурӣ ҳам эълон намекард. Магар Шодӣ Ҳафиззода чи корнома доштааст, ки таъйиноти вай дар як мақоми кории як ниҳоди нонамоёни ҳукумат эълон шавад? Чаро таъйиноти вай эълон шуд? Ин кадом вазифаву мансабе нест. Дар асл ин эълон на барои Шодӣ Ҳафиззода аст, балки барои Рамазон Раҳимзода аст, ки як каме таскин ва тасаллояш дода бошанд. Боз як ҳолати дигар дар ин таъйинот аст ки нишон медиҳад Рамазон Раҳимзода бояд кафшу ҷомаашро барои рафтан аз ВКД омода дошта бошад.
Полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул 18 апрели соли 2023 ба вазифаи сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуд, аммо баъди чизе бештар аз як солу як моҳ, яъне дар таъйиноти ахир ӯро барканор ва дар ҷояш подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом, яке аз рафиқони наздики Шоҳрухро таъин карданд. Табиист, ки Ҷумахон Назарзода «сухт»,пули додааш барои ин мақомро ҳануз успет накардааст, ки биканад.
Хуб, ҳоло сухтан ба канор. Инҷо гап дар сари он аст ки сардорони милисае ҳастанд, ки чандин сол дар як курсӣ кор мекунанд ва ин тавр, ки барои як сол сардори милиса бишавад, редкий случай аст. Албатта, агар нафар ба мақоми боло биравад, гапе нест. Вале комилан аз система биравад ва ё дар ҷойи поинтар таъйин шавад, инҷо ҳатман «гап» дорад. Ва ҳамин таъйиноти ахири кадрӣ дар вазорати дохили хеле «гапдор» аст. Масалан капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдарро дар ҳамон 18 апрели соли гузаштаи 2023 сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда буданд аммо ҳоло Шоҳрух дӯсти худаш– майори милитсия Ниёззода Саидмақсуд Сайдамир ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ё полковник Алихони Рустам дӯсти хонаводагии Шоҳруху падараш дар ҳамон апрели соли гузашта сардори ШКД-и ноҳияи Хуросон шуда будба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД оварданд то бо Фаттоҳ Саид коракояшонро давом диҳанд ва хумор бшкананд.
Ва инки гуфтем ин тағйироти кадрӣ мутафовит ва дигартар аст беҷиҳату бесабаб нест. Бубинед, боз як «факт»-и дигари ҷолиб. Дар ҳоле, ки дар Конибодом дар ним соли ахир кушторҳои ваҳшиёнаи оила дар чанд маврид (ҳадди ақал шаш хонавода) бо шумули пирону мусафед ва кудакон сурат гирифт ва то ба имрӯз касе дастгир ва мазнун эълон нашудааст, сардори милисаи Конибодом полковник Пирзода Маҳмадсафар Қудратулло «повишенний» меравад ва РВКД ё сардори милисаи вилояти Суғд таъйин мешавад. Феълан сокинони Конибодом дару дарвозаҳои худро ҳатто рӯзонаҳо қуфл мезананд ва амнияти онҳо таъмин нест ва ҳуқуқи онҳо барои зиндагӣ помол шудааст, сардори милисаи Конибодом сардори милисаи вилояти Суғд мешавад. Инҷо касе чаро ҷавоб намедиҳад? Сокинони Конибодом аз Абдулло Навҷувонов шикоят мекарданд қотилонро пайдо кунад. Пах раиси милисаи Конибодоми ноуҳдабаро мешавад РВКД Суғд.
Ва, таъйиноти дигари баҳсбарангез таъйини полковник Машраф Истамзода аст. Ин Машраф Истамзода сардори милисаи Вахш таъйин шуд. Дар бораи шахсияти ин нафар милиса зидди ҳиҷобу зидди сатр на як бору ду бор навишта будем ва матбуот инро ҳам навишта буд, ки ҳамин дар моҳи январи имсол бародари вай Ашраф Истамзода, сардори кумитаи ҳифзи муҳити зисти Паҷакент бо 1 миллиону 200 ҳазор ба дасти коррупсяи афтода буд. Худи Машраф Истамзода вақти дар шуъбаи Синои Душанбе кор крадан виговор гирифта ва ахиран аз мақоми муовини сардори Раёсати дохилаи Суғд барканор шуда буд. Аммо имрӯз уро дар Вахш дар ҷойи асосии занҳои муҳаҷҷаба ва мастур бурданду монданаш. Хуб, дигар рушан аст ки курсии вазоратро барои пушти Шоҳрух дуруст карда истодаанд. Пуште, ки достону қиссаҳои онро ҳам гуфта будем.
Эмомалӣ Раҳмонов дар хеле аз корҳо водор ва исрор меварзад, аммо ба овардани Рустам тамкину сабр карда истодааст. Рустамро ёд дода истодааст. Аммо Рустам новобаста аз онки гусолаи шаво ҳаст ё хайр як нуктаро ба вузуҳ пай бурд ва мутмаин гардид, ки Раҳмоново ба ҷуз аз вай чорае дигар надорад.
Раҳмонов 100% дилпур аст ва аз онки барои иҷрои ин нақшааш дар сари роҳаш кудом мумониат ва халал меуфтад, ягон бим надорад. Барои ҳамин воляро ба Шоҳрух, ки писархондаш ҳам ҳаст дода истодааст. Раҳмонов бар ин фикр задааст, ки вақте худаш ҳаст имкон диҳад ва бубинад, ки Рустаму Шоҳрух сиёсати кадриро чи тавр пеш мебаранд ва онҳое, ки мемонанд, содиқ ҳастанд, корро метавонанд.
“Шоҳрух Саид соявор ва чун аъзои пайрави ҷумла аз қафои Рустам кашолу молон рафтан мегирад. Рустам аз раиси шаҳр Президенту Шоҳрух аз сардори милиса вазир мешаванд.”
Маҳмадсафар Пирзода, сардори РВКД-и вилояти Суғд дар Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам кор кардааст. Суҳроби Каромат, писари дӯсти собиқ ва мурдагии Эмомалӣ Раҳмоновро аз вазорати гирифтану ба Хуросон фиристоданд. Нафаре, ки умедвор буд ҳадди ақал муовини вазир ва ё сардори УВД-и Хатлон таъйин мешавад.
Баротзода Тоҳир Барот, ки акнун курсии Шоҳрухро дар вазорат гирифт яъне УУР аз шогирдони худи Шоҳрух аст. Чанд вақт сардори милисаи фурудгоҳ ҳам буд. Аз Данғара аст. Ин Тоҳир тамоми пайдову пинҳони Шоҳрухро медонад ва мисли саги бовафо ба Шоҳрух кор мекунад.Тоҳир Барот тамоми корҳои Шоҳрухро дар УУР анҷом медоду Шоҳрух кайфу сафо карда мегашт. Ҳоло акнун Шоҳрух тамоми вазорати дохиларо дар таҳти контрол гирифт. Тамоми сардорони милисаҳои ноҳияҳои Душанбе одамони Шоҳрух шуданд. Дар худи вазорат ҳам чандин нафарони Шоҳрух роҳбарии Раёсатҳоро гирифтанд.
Дар мавриди гейнерал майор Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор ки сардори РВКД дар минтақаи Рашт таъин шуда хело маълумот дар барномаҳои пешин доштем. Бовар кунед ин гейнерал аниқ бо машварат ва тавсия Фаттоҳ Саид ба Ғарм фиристода шудааст. Мардуми Ғарм хуб бо диққат писаронатонро назорат кунед!
Вале акнун Рамазон Раҳимзода низ мисли СС.Ятимов дигар фаҳмидааст, ки давронаш ба фано расидааст. Вай мехост, ки Шодӣ Ҳафиззодаро сардори милисаи Душанбе монад.
Аммо кадрҳое, ки бигуем Шоҳрух овард бадномтар ва расвотар аз кадрҳои Рамазон Раҳимзодаанд.
Ҳоло акнун бубинем,ки Машраф Истамзода дар Вахш чи корҳо хоҳад кард? Як милисаи бадномшударо дигарбора аз таги кадом хандақ бардоштанду овард. Ҳамин Машраф намунаи кадри Шоҳрух аст ва овардани Машраф паёми рушани Шоҳрух ва Рустам аст ки мегуяд аз мо умеди беҳбудӣ надошта бошед….