Эмомалӣ Раҳмонов маҳалгароиро чи гуна «давлатӣ» кард?
Эмомалӣ Раҳмонов, диктотуре, ки сӣ сол аст қудрати сиёсӣ дар кишварро қабза кардааст, тайи солҳои ахир ин сиёсатро пеш гирифтааст, ки дар мансабҳои давлатӣ асосан ҳаммаҳалҳои худро таъйин кунад. Агарчи дар зоҳир аз ваҳдати миллат, якпорчагӣ ва иттиҳод сӯҳбат мекунад вале дар амал маҳалгароиро дар сатҳи давлат бароварда, сиёсати кадрии худро дар замина ва бинои маҳал татбиқ карда истодааст.
Ҷой дорад хотирнишон намоем, ки ҳанӯз аз ҳамон рӯзҳои аввали сари қудрат омадани ӯ ва дигар намояндагони Фронти халқӣ ҳамин сиёсат роҳандозӣ шуда буд. Ҳикматулло Насриддинов, собиқ Котиби Ҳизби коммунист ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали омадани намояндагони Фронти халқӣ дар соли 1992 ба қудрат дар рикоби Раҳмонов қарор дошт дар китоби худ бо номи «Таркиш» он солҳо навишта буд, ки бо дастури Сангак Сафаров, раиси ин Фронт аз вилояти пешини Кулоб 80 нафарро ба Душанбе оварда дар вазифаҳо, аз ҷумла радиову телевизион ба кор истихдом карданд ва ҳамин тавр қарор бар ин шуда буд, ки менависад вай ҳеҷ ягон нафар аз тарафдорон ва ё шахсиятҳои ин вилоятро, ки бо мухолифин ҳамкорӣ кардаанд, набояд муҷозот кард, балки онҳоро ҳам дар ҳукумат кор гирифт. Ҳамин тавр Шарофиддин Имомов, муовини раиси созмони «Растохез», Абдуҷаббори Раҳмон, узви раёсати ин созмон ва Асадулло Раҳмон, ҳоло ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ дар умури кадрҳо, дар доираи ҳамин сиёсати маҳал ба корҳои давлатӣ ҷалб шуда буданд.
Нуктаи дигар ҳам дар мавриди онки Эмомалӣ Раҳмонов бо расидан ба сари қудрат ҳамин сиёсати маҳалгароиро дар авлавияти кори худ қарор дода буд, ин аст ки ҳанӯз дар солҳои 1996-1997 бо онки дар аксарияти шӯъбаҳои милисаву амният кадрҳои «бачаҳакои боло» таъйин шуда ва дар маҳалҳо даст ба бедод мезаданд, як шӯришҳову исёнҳои мардумӣ дар Уротеппаву Панҷекату Хуҷанду бархе дигар аз навоҳии шимоли кишвар рух дода буд ва ин «бачаҳакои боло»-ро барои чанд муддат ақиб бурда буданд. Он замон тамоми кишварро як руҳияи зидди ин сиёсат ва ин давлат фаро гирифта ва мардум сахт умедвори омадани нерӯҳои оппозитсиюн ва бартараф кардани ин авзоъ буданд. Аммо сар аз ибтидои солҳои 2000, ки чизе иваз нашуд, сиёсати маҳалгароӣ ва ба мақому вазифаву мансабҳо таъйин кардани «бачаҳакои боло» дигарбора ба иҷро дароварда шуд.
Дар ҳоли ҳозир кадрҳои вилояти собиқи Кулоб ва бахусус Фархору Данғара беш аз 80%-и мақомоти раҳбарӣ дар ҳукумати марказӣ ва мақомоти вилоятиву ноҳиявиро ишғол мекунанд. Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ, додситонӣ, амният, мубориза бо коррупсия, мубориза бо маводди мухаддир, суд, идораи андоз ва гумруки саросари кишвар кадрҳои ин ду ноҳия ҳатмани ҳатман ё сардоранд ва ё муовин ва амалан ноҳия ва ё шаҳрро онҳо идора мекунанд. Барои мисол Иззатуллои Акобир, «аз бачаҳакои боло»-додситони ноҳияи Мастчоҳ -ин ноҳияро идора мекунад ва гапи ӯ болотар ва бурротар аз раиси ноҳия аст. Дар ин маврид чанд матлаб ва навореҳам нашр намуда будем,ки метавонед бубинед. Онҳо на танҳо, соҳиби ин вазифаву мансабанд, онҳо амалан, чуноне гуфтем соҳиби ин шаҳру ин ноҳия мешаванд ва барои онҳо ин қадар салоҳияту ваколат ва ихтиёроти беҳадду марз дода шудааст, ки ҳар ғалате бихоҳанд анҷом медиҳанд.
Фарз кардем сардори милиса ва ё сардори амнияти ноҳияи N,ки аз «боло» омадааст, ҳадафаш ин нест, ки дар ин ноҳия тартибу низом, қонуният ва ҳуқуқи мардумро рияот ва ҳимоят кунад, вай инҷо бойшавӣ омадааст, бояд, ки фақат дуздаду сарватҷамъоварӣ кунаду ғорат намояд. Мегӯянд, ки як нафар аз ҳамон «бачаҳакои боло» ,ки камтар аз як сол дар яке аз шуъбачаҳои як ноҳия сардори милиса буд, вақте бозпас бурданаш танҳо гови ҷамъоварӣ кардааш 70-сарро ташкил додааст, ки дар чанд КаМаз бурдааст. Дар мавриди раиси КДАМи Лахш Оқил Исоев ва молу мулкҳое аз ин ноҳяи ғорат кардаро бо санад ва ном ба ном тақдиматон намуда будем. Онҳо бар ивази ин ҳама имтиёзоту ихтиёрот вазифаи асосиашон ин аст, ки ҳукумати Раҳмонов ва ҳукумати авлодиву қабилавии худро ҳифзу ҳимоят кунанд. Чапаву рост аз мардум ришват мегиранд, пул меситонанд ва тарсу ваҳшатро дар қалби мардум амдан ҷо мекунанд, чун мардум чунин ҳукумат ва намояндаи ҳукуматро, ки ошкоро ришва гирад ва тарафдори пулдорро бигирад ва ба хотири пул як бегуноҳро бараду маҳбас кунадро надида буданд. Ва, ин сиёсат, ки бояд аз ин ҳукумат битарсандро аз худи боло барояшон дастур медиҳанд. Беҳуда нест, ки Раҳмонов чандин маротиба дар суҳбату мулоқотҳояш бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкоро таъкид мекунад:
«шукр гӯед, содиқона хидмат (ба ман) кунед, утоқи корӣ, мошини хидматӣ, бологузар»….ин ҳама намёкҳо ҳадафмандона ва ишораҳову рамзҳо дорад, ки ман барои шумо ин шароитро додаам….» як бор андеша кунед, ки чанд сол пеш кӣ будеду куҷо будеду чи доштеду ҳоло чи доред»?
Яъне барои шумо шароитро додам, ки халқро ғорат кунеду бой шавед…аммо бояд ману ҳукуматамро ҳимоят кунед. Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳаммаҳалу ҳамшаҳриҳояшро ба мансабу вазифаҳо меоварад.
Ҳамчунин тамоми вазирону раисони ниҳодҳои қудративу интизомии давлати Тоҷикистон ҳаммаҳалҳо ва ҳамшаҳриҳои худи Эмомалӣ Раҳмонованд. Бори дигар инҷо таъкид мекунам, то мардумони шарифи Кулоб ва Данғара, Фархор фикр накунанд, ки манзур мардуми оддиро дар назар дорем. Инҷо маҳз ихтиёраш аз он маҳалҳост ва ин як намуд отмазка ва гӯё шумо ҷанг кардед ман раис шудам ҳоло шумо ҳам бо манед. Дар ҳоле вазъияти вахими шуморо хуб медонем. Зулму ситаме бар шумо анҷом додааст ҳеҷ аҷнабӣ бар миллати дигаре накарда буд.
-СС. Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ,
-Рамазон Раҳимзода, вазири дохила,
-Ш. Мирзо, вазири мудофиа,
-Юсуф Раҳмон, Додситони кулл,
-Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсия,
-Ҳабибулло Воҳидов, директори Агентии мубориза бо маводди нашъаовар,
-Қ. Чиллахон, раиси Палатаи ҳисоб,
-Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз,
-Хуршед Каримов, раиси Хадамоти Гумрук
-Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон.
Дар навбати худ ин вазиру раисҳо хешу табору аҳли авлоду ҳаммаҳалҳои худро ба вазифа ва масъулиятҳои ниҳоди зери раҳбариашон интисоб мекунанд, ҳамчуноне «Ислоҳ.нет» дар ин бора, масалан инки КДАМ комилан дар дасти фархориҳои хешу табори раисаш афтодааст, навишта буд.
“Бархе бар ин назаранд, ки таъйини ҳаммаҳалҳову ва гоҳе хешу таборҳо ба ин хотир аст, ки Раҳмонов ба онҳо бештар эътимод дорад. Ва, онҳо ба фасоду дуздӣ даст намезананд. Аммо воқеият тамоман чизи дигарро мегӯяд. Маҳз ҳаминҳоанд, ки дар ниҳодҳои зери раҳбарии онҳо ришвату пора ва дуздӣ бештар ба мушоҳида расидааст.”
Аз тарафи дигар ин савол пеш меояд,ки агар маҳаки эътимод маҳалл ва ҳамшаҳрӣ будан бошад ва ба маҳзи ҳамин омил онҳоро ба ин мақомҳо таъин карда бошад, ба мардуми одии дигар маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов боварӣ надорад? Ва, дигар инки чаро бояд идораи кишвар танҳо дар дасти одамони як маҳал бошад? Чаро ба як маҳал дар нисбати дигар маҳалҳо бартарӣ дод? Магар мешавад танҳо бо дар гирду атрофи худ ҷамъ овардани ҳаммаҳалҳо миллат ва давлат сохт? Мешавад ин ҳукумат ва ин давлатро миллӣ гуфт?
Магар дар дигар маҳалҳо кадр ва мутахассис нест?
Дар боқии вазорату кумитаву оҷонсиҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар курсии аввал умдатан намояндаҳои ҳамин маҳал нишастаанд:
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ,
Нуриддин Сайид Ҷартиевич, раиси кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ,
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм,
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молия,
Давлаталӣ Сайид, нойиби аввали сарвазир, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт.
Дар Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ:
Озодаи Раҳмон, Эмомалӣ Насриддинзода, Асадулло Раҳмон, Зариф Ализода ҳамагӣ данғарагиҳоянд. Ҳамин тавр дар бонкҳои кишвар низ фақат кадрҳои ҳамин маҳал дар мақомоти калидӣ таъйин шудаанд.
Ин ҳама интихобу интисобу таъйинотро Эмомалӣ Раҳмонов ба иҷро медароварад. Аз чандин сол аст ки меъёри интихобу таъйин кадрҳо ҳамин ҳаммаҳал будан бо Раҳмонов аст.
“Агар ошкоро бигӯем ҳадафи сиёсати кадрии Раҳмонов чизе дигар аст. Бо тамоми имконот ҳарчи бештар ба даст овардани сарват ва пул аст. Барои онки бо дили пур ба сирқат ва яғмои байтулмоли давлат ва сарватҳои мардум даст бизанад, афроде сахт муътамадро бояд дар манобеи бойшавӣ, хазина ва захираҳо маъмур гузошт. Кӣ метавонад бештар аз ҳаммаҳалҳояш, ки бештаринашон хешу табори худи Раҳмонанд ба ин нақша мувофиқ бошад? Аз тарафи дигар бо ин васила ҳаммаҳалҳои худро дар гирди хони давлат (буҷа) наздик карда ва онҳоро ҳам соҳиби ҷоҳу мол мекунад. Бубинед, ки маблағи буҷҷа ва хазинаи давлат, ки аз оби арақи ҷабини ин мардуми заҳматкаш ва лашкари муҳоҷир ташкил мешавад, киҳо онро обу лой мекунанд.”
Ҳар касе ҳам бошад шакку шубҳа мекунад, ки танҳо кадрҳои як маҳал мутахассис ва ҳирфаиянд. Дар дигар маҳалҳои Тоҷикистон кадрҳои профессионал вуҷуд надорад? Аммо агарки Раҳмонов, то ба ин дараҷа маҳалчӣ аст чаро худро Пешвои миллат ва Асосгузори ваҳдат меҳисобад? Чи гуна як Пешвои миллат тамоми ҳукуматро ба ҳаммаҳалҳояш медиҳад ва маҳалли худро аз маҳалли боқии кишвараш боло мегузорад?
Раҳмонов қарор қабул карда буд,ки Данғара дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мақоми вилоятро бигирад. Вилояти Данғара ва Данғара маркази вилоят. Ин нақша ва қарор чиро дар сӣ солагии истиқлоли давлатӣ дар амал татбиқ нагардид.номаълум аст. Аммо масъулони ин ноҳия дар тобистони соли ҷорӣ низ тасдиқ намуданд, ки ҳоло ҳар бино ва сохтмони маъмурӣ,ки сохта шудаву сохта мешавад, масалан
« беморхонаи сироятии Данғара , бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳия, бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, маркази санитарӣ-эпидемиологӣ»
Ҳамагӣ баландошёна буда барои сатҳи вилоятӣ пешбинӣ шудаанд. Ҷамшед Шарифов, муовини раиси ноҳияи Данғара бо таваҷҷӯҳ ба ин дигаргуниҳо дар нишасти хабарии моҳи июл изҳор дошт,ки «Ин маънои онро дорад, ки Данғара вилоят хоҳад шуд, аммо мо ҳоло вақти дақиқи ин тағйиротро намедонем».
Ҳамакнун Данғарар рӯзторӯз ободтару зеботар мешавад. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”-аш дар Иттифоқи шӯравӣ ҳамто надорад. Донишгоҳи Давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара рашки Донишгоҳи миллиро меоранд. Чандин омӯзишгоҳу коллеҷҳо дар инҷо амал мекунанд. Аммо бо ин ҳама вуҷуд ба назар мерасад ҳоло Данғара омодаи вилоятшавӣ нест.
Кулоб дар баробари Данғара аз чӣ кам аст?
Ва ё кулобӣ аз данғарагӣ дар даврони раҳбарии Раҳмон каму ночиз шуд?
Ва агар кам шуд иллаташ чӣ аст?
Шояд иллаташ ин аст, ки Раҳмон барояш таваҷҷӯҳ накард?
Камтар аз кадрҳояш дар мудирият истифода карду ҳамаро аз Данғара овард?
Дар ҳар сурат Данғара аз Кулоб чӣ бартарӣ дорад?
Исломиддини Нуриддини Раҳмон,раиси Данғара бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмонов аст.Шояд як ё ду соли дигар ӯ раиси вилояти Данғара хоҳад шуд ва ё чуноне аз долонҳои ҳукумат хабар мерасад Асадулло Раҳмон ба ҷой ӯ меояд ва аз пулҳои пора гирифтааш Данғараро зеботар мекунад?
Дар ҳоле,ки Раҳмонов маҳалгароиро то ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонидааст, магар мешавад аз чунин нафар умеди беҳбудӣ барои давлат ва миллати Тоҷикистон дошт? Як чиз яқин шудааст, ки Раҳмонов одати зишти маҳалгароиро ба асоси сиёсати кадрии давлат табдил кардааст. Ҳарчи қадар,ки ӯ дар мақомаш биистад Тоҷикистонро ба маҳаллҳо қисмат карда ҳисса ва ҳаққу саҳми дигар маҳалҳоро ҳатман ба маҳалли таваллуди худ медиҳад.
Дар охир инро мехоҳам биафзоям, ки ин маҳалгароии Раҳмонов авоқиби вахиму шуме дорад. Бадбахти инҷост,ки агар ин кадрҳое интихоб ва интисоб намудааст агар ба ин ватан ва ин миллату мардум хидмати содиқона мекарданд мегуфтем тавонистанд қандашона зананд. Танҳо хидмат ба ин оила мекунанду боз ношармида хидматчии “давлатӣ” худро меҳисобанд. Хидматчии давлатӣ дар хидмати миллат ва мардуми ин давлат бояд бошад,на дар хидмати президент ва оилаи ӯ. Дониста ва огоҳ бошед, ки ин мардуми кишвар солу моҳу рӯз не, сония шуморӣ доранду зери бағал санги хашму ғазаби худро пинҳон намуда мунтазиранд, ки кай вақти мавъуд мерасад. Расидани вақти мавъуд ҳам аз худ пайк дода истодааст ва он рӯзи бузург Ин шо Аллоҳ, ки мерасад. Воқеан он рӯз хело рӯзи сангин бар ин оилаи “истиқлолдузд” ва нукарону чокарони онҳо хоҳад буд.
Дар охир мехоҳам ин ду шеъре аз ҳолати воқеии ин миллат ва ҳокиму қозии он шаҳодат медиҳад тақдиматон намоем:
Нафрини патёрагон
Ай ҳокимон, ай морҳо,
Дар чашми мардум хорҳо.
Вой аз шумо таррорҳо,
Дод аз шумо беорҳо.
Кафторҳо, кафторҳо,
Патёра, бадпиндорҳо,
Сагсорҳо, сагсорҳо.
Айёру бадрафторҳо,
Беморҳо, беморҳо,
Ай хуни мардумхорҳо.
Бадкорҳо, бадкорҳо,
Даҷҷолу бадгуфторҳо.
Бадрую бадангорҳо,
Ай сифлаҳо, таррорҳо.
Хунхорҳо, хунхорҳо,
Ай кинаварҳо, морҳо.
Кавдан, залолатёрҳо,
Мурдору лошакхорҳо.
Халқ аз шумо безорҳо,
Ҳайфи шумо беорҳо.
Маккору бадкирдорҳо,
Бар души мардум борҳо.
Хайфи шумо айёрҳо,
Хайфи шумо беорҳо.
Бадфитрату бадкорҳо,
Ғаддорҳо, ғаддорҳо.
Офат, касофатборҳо.
Ҷаррорҳо, ҷаррорҳо.
Ҳайфи шумо беорҳо,
Дод аз шумо беморҳо.
Ҳайфи шумо маккорҳо,
Дод аз шумо таррорҳо.
Сад доду вовайлои мо
Моро чи рӯзи бад расид?
Моро чи деву дад расид?
Ё лаънат аз гунбад расид?
Сад доду вовайлои мо.
Патёраҳо олим шуда,
Бекораҳо ғоним шуда.
Бечораҳо ҳоким шуда,
Сад доду вовайлои мо.
Дидбону миршаб куру кар,
Ин шаҳнаи ҷуъулбакар.
Минбар мақоми дузду ғар,
Сад доду вовайлои мо.
Гумроҳу фосиқ пири мо,
Олам гиребонгири мо.
Баргашта шуд тақдири мо,
Сад доду вовайлои мо.
Доно чаро хору залил?
Бар коми нодон салсабил.
Миллат дилафгору хиҷил,
Сад доду вовайлои мо.
Найрангу раммоли бубин,
Хунрези, қаттоли бубин.
Бадхоҳиву золи бубин.
Сад доду вовайлои мо.
Қозии мо даччол шуд,
Ғозии мо ҳаммол шуд.
Ин умри мо эҳмол шуд,
Сад доду вовайлои мо.
Дуздон ҳама қози шуда,
Шаккокхо ғози шуда.
Шайтон зи мо рози шуда,
Сад доду вовайлои мо.
Шаҳвона шаҳбону шуда,
Бадкора кадбону шуда.
Шаҳзода бар зону шуда,
Сад доду вовайлои мо.
Коҷу махав – зебонигор,
Бадруй – ёри гулъизор.
Хушгил бубин хайрону зор,
Сад доду вовайлои мо.
Ҳайфи ҳаёти кури мо,
Пешонии пуршури мо.
Ғорат шуда ганҷури мо.
Сад доду вовайлои мо.
Бозориҳо шоир шуда,
Ҳангомаҳо доир шуда.
Бас фитнаҳо зоҳир шуда.
Сад доду вовайлои мо.