Сиёсати молии Усмон ибни Аффон (раз)

Ислоҳ нет

Сиёсати молии Усмон ибни Аффон (р)

(бахши шашум )

 

Ҳафтум. Сиёсати Усмон ибни Аффон (р) дар хусуси  минтақаҳои ҳифозатшуда.

 Ин минтақаҳо махсуси  парвариши шутурон ва асбҳои ҳукумат буд, ки  барои муҷаҳҳаз кардани сипоҳиёни ислом, дар он минтақаҳо нигаҳдорӣ мешуданд. (1)

 Минтақаи Водиюннақиъ, ки дар чиҳил километрии ҷануби Мадина ва ба дарозии ҳаштод километр буд ва дар аҳди Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷиҳати нигаҳдорӣ ва парвариши асбҳо мавриди истифода қарор мегирифт, ҳамчунон дар аҳди Абубакр (р) ва Умар (р) ба он кор ихтисос  дошт. (2)

 Дар аҳди  Умар (р) ба далили афзоиши теъдоди асбҳо ва шутурони ҳукумат, ки барои майдонҳои набард парвариш меёфтанд, бар адади ин минтақаҳо низ афзуда шуд. Умар (р) хидматкори худро ба сарпарастии минтақаи Рабаза гузошт ва ба ў супориш намуд, ки иҷоза диҳад мардумони он диёр галлаҳои ками хешро дар он чарогоҳ бичаронанд, аммо соҳибони галлаҳои бузург ҳаққи чунин кореро надоранд. Ҳамчунин Умар (р) бар хилофи  майл ва ризоияти Бани Саълаба сарзамини онҳоро чарогоҳ ва минтақаи ҳифозат шудаи шутурон ва асбҳои ҳукумат қарор дод ва дар ҷавоби эътирози онон гуфт: Ин замини Худованд аст, ки барои парвариши ҳайвоноти байтулмол онро чарогоҳи онҳо қарор медиҳам. (3) Усмон ибни Аффон (р) низ ҳамон равиши  гузаштаҳои худ дар мавриди ин минтақаҳоро дар пеш гирифт ва ба чаҳорпоёне, ки мардум ба унвони садақа пардохт мекарданд, иктифо менамуд. Бар ҳамин асос чун мусалмонон ва  ба дунболи он садақахои онон низ афзоиш ёфтанд,  Усмон ибни Аффон (р) низ  бар теъдоди минтақаҳои ҳифозатшуда афзуд. (4) Агар  Абубакр (р) ва Умар (р) таъйини  минтақаҳои ҳифозат шуда иқдом карданд ва ҳеҷ кас бо онҳо мухолифат нанамуд,  Усмон ибни Аффон (р) низ ба тавсеа ва густариши ин минтақаҳо рўй овард. Дар замони Ў (р) чун теъдоди чаҳорпоён ва чўпонони онҳо зиёд шуд,  ҷарогоҳҳои хифозатшуда дигар  ғунҷоиши онҳоро надошт ва ба ҳамин далил миёни чўпонон бар сари чарогоҳҳо ҷанчолҳое рух медод. Усмон ибни Аффон (р) низ барои ҳалли ин мушкил бар  теъдоди он чарогоҳҳои ҳифозатшуда афзуд ва ҳеҷ кас бо ин кори Ў (р) мухолифате накард. (5)

Дар воқеъ ин иқдоми Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон ибни Аффон (р) дар хусуси  минтақаҳои ҳифозатшуда дар миёни Саҳоба (р) машҳур буд ва ҳеч кас аз онон дар ин робита  бор ин хулафо ба мухолифат барнахост, ки ин худ ба унвони иҷмоъ маҳсуб мешавад (6)ва Ибни Қуддома низ бар он таъкид кардааст. (7)

Ҳаштум. Анвоъи ҳазинаҳои умумӣ дар аҳди Усмон ибни Аффон (р).

1-  Ҳазинаҳои халифа:

Усмон ибни Аффон ибни Аффон (р) аз байтулмол ҳеч маблағеро дарёфт намекард, ў, ки аз сарваатмандтарин Қурайшиён буд ва дар тиҷорат бисёр  фаъол, ҳазинаҳои хонавода ва атрофиёнашро аз сарвати худ  пардохт мекард.

2- Пардохти ҳуқуқи волиён аз маҳалли байтулмол:

Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ҳукумат ба вилоятҳои зиёде тақсим шуда буд, ки халифа барои ҳар як аз ин вилоятҳо, як волӣ таъйин менамуд. Ин волиён ҳуқуқи худро аз байтулмол дарёфт мекарданд ва дар иҷрои қонунҳо ва  идораи вилояти зери султаи худ, аҳкоми шариатро мабно қарор медоданд. Агар халифа барои байтулмоли як вилоят масъулеро таъйн намекард, худи волӣ масъулияти онро ба уҳда мегирифт ва бар ҷамъоварии даромадҳои ҳосила аз ҷизя, хароҷ ва ушр назорат мекард. Ў ҳар миқдор аз ин даромадҳоро лозим медид, сарфи  ниёзҳои он вилоят мекард зиёдатии онро ба байтулмоли ҳукумат, ки дар Мадина қарор дошт, мефиристод. Аммо закоти ҳар вилоят, ки аз сарватмандони онҷо гирифта мешуд дар бартараф намудани ниёзҳои фақирон ва ятимони ҳамон вилоят ҳазина мешуд. (8)

3 – Пардохти ҳуқуқи сарбозон аз маҳалли байтулмол.

Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) сарбозон илова  бар саҳме, ки аз ғаниматҳо ба даст меоварданд аз байтулмоли вилояте,  ки дар онҷо қарор доштанд, маъош дарёфт мекарданд.  Ба унвони мисол Усмон ибни Аффон ибни Аффон (р) дар номае хитоб ба Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абиссарҳ волии Миср нисбат ба вазъияти сарбозони ҷой гирифта дар он ҷо чунин гуфтааст: “ Эй Абдуллоҳ ибни Саъд! Ҳамон тавр, ки медонӣ Амирулмўъминин нисбат ба Искандария ҳасосият ва аҳаммияти хоссе дорад, ба хусус он, ки дубора румиҳо паймони сулҳ  шикаста ва ба он ҷо ҳамла кардаанд. Бинобар ин сарбозонро дар онҷо нигаҳдор то аз он ҳифозат кунанд ва ту низ дар муқобил ҳуқуқ (маош) ва хўрокаи ононро пардохт кун ва ҳар шаш моҳ неўҳои тозанафасро ба ҷои онон ҷойгир кун. (9)

4 – Пардохти ҳазинаҳои ҳаҷ аз  маҳалли байтулмол.

   Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ҳазинаҳои ҳаҷ аз маҳалли байтулмол та\мин мешудданд. Ба унвони мисол пардаҳои Каъбаро аз навъе катон, ки дар Миср ёфта мешуд, дуруст мекарданд. (10)

5 -Таъмини ҳазинаҳои бозсозии Масҷидуннабӣ аз маҳалли байтулмол.

   Дар нахустин рўзҳои оғозе хилофати Усмон ибни Аффон (р), мардум аз Усмон ибни Аффон (р) дархост карданд, ки ў (р) Масҷидуннабиро васеъ кунад. Дар он айём ба далили густариши рўзафзуни сарзаминҳои  зери нуфузи Ислом, сокинони Мадина рўз ба рўз бештар мешуданд ва ба ҳамин далил  ин Масҷид ба хусус дар намозҳои ҷамъа ғунҷоиши он ҳама намозгузорро надошт.

Усмон ибни Аффон (р) низ ин амрро лозим дид ва як рўз пас аз гузаронидани намози пешин дар Масҷид бар минбар рафт ва баъд аз ҳамду санои Худованд ба мардум чунин гуфт: Эй мардум! Ман қасд дорам, ки  Масҷиди Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)–ро бозсозӣ ва васеъ кунам.  Ман аз Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)шунидам, ки фармуд: “ Ҳар кас масҷидеро бино кунад,  Худованд барояш дар биҳишт хонае фароҳам оварад”. (11)Пеш аз ман низ Умар ибни Хаттоб (р), ки  Худоят аз ў хушнуд бошад , ба ҳамин кор иқдом намуд ва масҷиди Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)–ро васеъ ва густариш дод. Ман бо соҳибназарон ва бузургони Саҳобаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)машварат намудам ва ҳама ба ин натиҷа расидем, ки масҷиди Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)–ро вайрон ва онро аз нав ва дар миқёси бисёр бузургтар бозсозӣ кунем.

Мардум низ аз ин қасди Усмон ибни Аффон (р) истиқбол намуданд. Фардои он рўз Усмон ибни Аффон (р)  бевосита дар амри босозии масҷид ширкати фаъол намуд ва ба раванди кор назорат мекард.(12)

1- Таъмини ҳазинаҳои васеъ кардани Масҷидулҳаром аз маҳалли байтулмол.

Масҷидулҳаром дар замони  Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо шомили Каъба ва як маҳватаи танг ва борик дар атрофи худ мешуд, ки мардум дар онҷо ҳаҷ ба ҷо меоварданд ва намоз мегузориданд. Дар аҳди Абубакр (р) низ вазъ ба ҳамон сурат боқӣ монд,  аммо дар аҳди Умраи Форуқ (р) ба далили тасвеъаи футуҳот ва густариши мамлакати Исломӣ, дар дигар масҷид ғунҷоиши гурўҳи бузурги ҳоҷиён ва мусалмононеро, ки дини ислом мегаравиданд ва ба онҷо меомаданд, надошт ва ба ҳамин далил  Умар (р) теъдоди аз хонаҳои атрофи Каъбаро харид  ва пас аз вайрон намудани оҳо ва афзоиши замини онҳо  ба муҳавватаи Каъба, девори кутоҳе ба даври худи Каъба сохт. Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) низ ба далили густариши рўзафзуни доманаи  ислом ва ислом овардани миллатҳои мухталиф масҷид мебояд густариш меёфт. Ба ҳамин хотир Усмон ибни Аффон (р) монанди Умар (р) хонаҳои атрофи Каъбаро аз соҳибони онҳо харидорӣ намуд ва бо афзудани замини он хонаҳо ба муҳавватаи Каъба девори кутоҳеро, ки ба қомати як мард намерасид, ба даври Каъба кашид. (13)

 Аз тарафи дигар  дар сар то сари вилоятҳои мамлакатҳои Исломӣ  валиҳо ва сохт ва бинои масҷид рўй оварданд. Онҳо ҳазинаҳои сохти он масҷидҳоро аз байтулмоли вилояти худ пардохт менамуданд, ки ба унвони мисол метавон ба бинои масҷид Арраҳма дар Искандария ва масҷиди шаҳри Истахр ( Фирўзобод) ишора намуд. (14)

7   – Таъсиси аввалин нерўи дарёӣ.

Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ва аз маҳали захираҳои байтулмоли мусалмонон аввалин нерўи даёрии мусалмонон таъсис гардид, (15) ки дар баҳси футуҳот ба таври муфассал ба таъсироти ин нерўи дарёӣ дар фароянди набард бо душманон хоҳем пардохт.

8   – Дар соли бису шашуми баъд аз ҳиҷрат мардуми Макка ба ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) пешниҳод карданд, ки ў бандари Маккаро аз Шуъайба ба минтақаи Ҷидда, ки ба Макка наздиктар буд иқдом диҳад. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) низ ҳамроҳи тани чанд аз ёрони худ ба онҷо рафтанд ва чун онҷоро мушоҳида карданд, дастур доданд, ки бандарро ба онҷо тағйир диҳанд. Сипас худ ба даруни об даромаданд ва ба шино пардохтанд ва ба ёрон гуфтанд, ки инҷо макони пурхайру баракате аст. Ҳамчунин ба ёрони худ гуфтанд: ба ин шарт, ки пойини танаи худро бипушонед, метавонед дар об дароед. Сипас ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аз роҳи Ассафон ба Мадина бозгаштанд. Мардум сипас аз тағйири бандари Макка аз Шуъайба ба Ҷидда ах он замон то ба имрўз аз ин минтақа  ба унвони  бандари Маккаи мукаррама  истифода мекунанд. (16)

9       – Аз ҷумла муҳимтарин корҳое, ки  дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ва аз маҳалли байтулмоли мусалмонон сурат гирифт кандани чоҳе ба номи “ Урайс” ба соли сиюми баъд аз ҳиҷрат буд, ки дар фосилаи ду милии Мадина қарор дошт. Моҷарои кандани он аз ин қарор буд, ки рўзе Усмон ибни Аффон (р) бар даҳанаи он чоҳ нишаста буд, ки  ангуштарини Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз ангушти Усмон ибни Аффон (р) ба даруни чоҳ афтод. Мусалмонон ҳар чӣҷустуҷў карданд, натавонистанд онро дар даруни чоҳ биёбанд. Усмон ибни Аффон (р) аз ин ҳодиса бисёр андуҳгин шуд  ва чун аз ёфтани хотам ноумед шуд,  дастур дод, ки барояш ангуштаре аз нуқра ба ҳамон шакли ангуштари Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)бисозанд, ки наққоши шуда “ Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” бошад. Нақл аст, ки ин ангуштар то замони шаҳодати ў ҳамчунон дар дастони он ҳазрат буд ва чун шаҳид шуд, ангуштар ба таври номаълуме рабуда шуд ва ҳеҷ кас надонис, ки чӣ касе онро бурдааст. (17)

10  – Пардохти дастмузд ба  муаззинон аз маҳалли байтулмол.

Усмон ибни Аффон(р) нахустин фарде буд,ки барои муаззинон дастмузд таъйн намуд.. Имом Шофиъи дар ин робита чунин гуфтааст: “ Пешвои роҳи ҳидоят, ҳазрати Усмон ибни Аффон ибни Аффон (р)  барои муаззинон аз маҳалли байтулмол маъошеро муайян намуданд”. (18) Усмон ибни Аффон (р) маблағеро ба унвони дастмузди азон гуфтан таъйин намуд,  аммо ҳеҷ касро ба азон гуфтан аҷир ё истихдом накарданд. (19)

11  – Таллош дар роҳи нашри аҳдофи баланди ислом.

 Дар аҳди хулафои рошидин,  байтулмол илова бар таъмини ҳазинаҳои идораи давлат ва бароварда кардани  манфиатҳо ва ниёзҳои мардум, нақши муҳиме дар нашри аҳдофи баланди  он давлати Исломӣ  ва паҳн кардани дини барҳаққи Худованд ифо мекард. Аз маҳалли байтулмол буд, ки нерўи дарёии давлат таъсис шуд,  масҷидуннабӣ(масҷиди пайёмбар (с) дар мадина) ва масҷидулҳаром (каъба) бозсозӣ шуданд, дастмузди муаззинон  ва маоши волиён, қозиҳо, сарбозон ва кормандони давлат пардохт мегардид, ҳазинаҳои маносики ҳаҷ  ва таҳияи пардаҳои Каъба  таъмин мешуд ва кандани чоҳҳое, ки оби нўшидании мардумро таъмин мекарданд,  сурат мегирифт. Закот ва хумси ғаниматҳо низ , ки аз манбаҳои даромади байтулмол буданд дар бартараф намудани ниёзҳо ва таъмини эҳтиёҷоти қишрҳои заифи ҷомеа монанди фақирон, мискинҳо, ятимон ва афроди ғариб, мусофирон ва ғуломон сарф мешуд. (20)

Нуҳум. Ҳифз ва истимрори низоми пардохтани ҳуқуқ ва дастмузд дар аҳди Усмон ибни Аффон (р).

Усмон ибни Аффон (р) дар даврони хилофати худ,  ҳамон низоми пардохтҳои аҳди Умар (р) – ро ки бар асоси меъёр қарор додани афроди пешқадам дар Ислом устувор буд, ҳифз намуд ва риояти ҳамин шева ва равишро дар тарзи ҳуқуқдиҳӣ ва афрод ва волиён ва коргузорони худ супориш менамуд, ки унвони мисол  Ў дар номаи худ хитоб ба волии Куфа чунин менависад: “Мусалмононеро, ки дар Ислом  пешқадам ба дорои собиқаҳое мебошад, бар дигарон афзал бидон, зеро Худованд аз тариқи онон исломро ба он сарзамин овард ва дигарон ба хотири талошҳо ва заҳматҳои онон аст, ки дар онҷо зиндагӣ намудаанд. Он пешқадамони  сироти мустаҳқим, бар хилофи дигарон, ки аз  ҳақ рўй гардонида, ҳақро барпо доштанд ва онро устувор гардониданд, бинобар ин ҷойгоҳ вай манзалати ҳар як аз онҳоро дар назар дошта бош. Саҳми ҳар як аз мардумро бар асоси ҳаққашон ба онҳо  бипардоз, шинохти мардум ва мизони ҳақ ва ҳуқуқи онон роҳи адолатро ҳамвортар мекунад”.(21)

 Чун футуҳот густариш ёфт, сарватҳои зиёде вориди байтулмол шуд, ба тавре, ки Усмон ибни Аффон (р) ночор шуд сандуқҳо ва хазонаҳои зиёдеро ба ин амр ихтисос диҳад. (22) Таъсири ин сарватҳои зиёд дар ҷомеа чашмрас буд. Ба унвони намуна Усмон ибни Аффон (р) маоши ҳар як аз сарбозоро яксад дирҳам афзоиш дод ва ин суннате шуд барои дигар хулафо, ки битавонанд бар дастмузд ва атоҳои худ ба мардум биафзоянд. (23)

Ҳасан ривоят мекунад, ки: дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ҷорзанони ( хабарчиҳо) фарёд мекарданд, ки эй мардум барои гирифтани саҳми либос ва аслу равған ба байтулмол муроҷиат кунед. Дар он даврон сарват фаровон буд ва баракат бисёр ва равобити миёни мардум ҳасана, ба тавре, ки тамоми мусалмонон дар сафо ва самимият дар канори ҳам мезистанд. (24)

Усмон ибни Аффон (р) ҳамчунин ба марзхо ва марзбонон эҳтимоми хоссе дошт ва ба фармондеҳони худ дастур дода буд, дастмузд ва имтиёзхои марзбонон ва сарбозони худро ду баробар кунанд. (25)

Даҳум: Таъсироти ин сарватҳо дар зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум.

Ҳамонтавр, ки баён шуд дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) далили густариши футуҳот ва ба дунболи он сарозер шудани анвоъ ва ақсоми даромадҳо ба байтулмол, сарвати зиёде насиби давлат мешуд ва ин  худ таъсири беназире бар зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардумони он рўгор гузошт. Абу Исҳоқ аз бобои худ нақл мекунад, ки рўзе ў аз канори Усмон ибни Аффон (р) гузашт. Усмон ибни Аффон (р) ру ба ў намуд ва пурсид, эй пирамард, аҳлу аёли ту чанд нафар ҳастанд ва ў посух дод. Усмон ибни Аффон (р) низ дастур дод ба бобои  ман ду ҳазору панҷсад дирҳам саҳм аз байтулмол пардохт шавад. (26)

 Муҳаммад ибни Ҳилоли Мадинӣ  низ аз модаркалони худ  ривоят мекунад, ки ў дар хонаи  Усмон ибни Аффон (р) кор мекард. Рўзе Усмон ибни Аффон (р) ўро надид ва чун ҷуёи ҳоли ў шуд, ҳамсараш ба ў гуфт, ки модаркалони ман имшаб соҳиби баччае шудааст. Усмон ибни Аффон (р) қосидеро ба манзили ў фиристод то ба ў панҷоҳ дирҳам пардохт кунад. Қосид ба модаркалони ман гуфт, ки ба дастури Усмон ибни Аффон (р) ин саҳми бачаи ту аст, то онгоҳ, ки як сола шавад ва пас аз он саҳми ў яксад дирҳам хоҳад буд. (27) Ҳамчунин  ў аз маҳалли ин даромадҳои саршор саҳми хурок ва пушоки хонаводаҳои сарбозонро дар Мадина мунаввара афзоиш дод. (28)

Нақл аст, ки чун Қутан ибни Амри Ҳилолӣ қасд дшот ба ҳар як аз ҷаҳор ҳазор сарбози худ чаҳор ҳазор дирҳам ба унвони подош ва тақвияти руҳия пардохт намояд, Абдуллоҳ ибни Омир волии Басра номае ба Усмон ибни Аффон (р) навишт ва дар мавриди мизони ин подош аз ў суол кард. Усмон ибни Аффон (р) низ дар посух ба ў навишт: Ҳар чизе, ки битавонад дар роҳи Худо фоидаовар бошад, ҷоиз  мегуфтанд. (29) Низ Усмон ибни Аффон (р) дастур дод, ки подош ва ҷоизаҳои сарбозони исломро ба унвони мерос ба ворисони онҳо пардохт кунанд. Нақл аст, уи чун Абдуллоҳ ибни Масъуд даргузашт, Зубайр ибни Аввом назди Усмон ибни Аффон (р) омад ва аз ў дархост намуд, ки саҳми Абдуллоҳ аз байтулмолро ба хонаводаи ў бипардозад, зеро аҳлу аёли ў нисбат ба ин маблағ аз байтулмол сазовортар ҳастанд ва Усмон ибни Аффон (р) низ понздаҳҳазор дирҳамро ба онон пардохт намуд. (30)

Илова бар ин миқдори бузурги даромадҳо ва сарватҳо вазъияти кишоварзӣ, ҳунар ва бозаргонии мардум дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) низ беҳбуди чашмгире дошт. Мардуми Мадина ва дигар мусалмонон ғарқ дар сарват ва рифоҳ (осоиш) шуданд. Дар канори ин рифоҳ ва осоиш мардумоне, ки аз дигар миллат ва қавмҳо ба ислом гаравида буданд ва ё асир шуда буданд, бо худ тамаддун ва улум ва фанҳои худро ба миёни мардумони Ҷазиратулараб оварданд, ки пеш аз ин ва пеш аз футуҳот мардумони ин нуқта аз ҷаҳон, нисбат ба он масъалаҳо комилан бехабар буданд. Ҳамчун дар ин аҳд буд, ки теъдоде аз саҳоба иқдом ба сохтани хонаҳои бузург барои худ намуданд. (31)

Ёздаҳум: Равобити Усмон ибни Аффон (р) бо хешовандони худ ва миқдори пардохт ба онҳо аз байтулмол:

Ошубталабон ва хавориҷУсмон ибни Аффон (р)-ро тўҳмат мекарданд,  Ў (р) дар тарзи масраф аз байтлмол исроф мекард ва бештари онҳоро  ба хешовандони худ медод. Дар канори ин дурўғҳо ва шойиъаҳо, ривоятҳо ва суханоне вуҷуд доранд, ки сабаъиҳо ва рофизиҳо онҳоро нақл карда ва дар миёни китобҳои таърих пароканда намудаанд, ки мутаассифона  ҳастанд муаррихон  ва мутафаккироне, ки ин ботилхоро бовар намуда  ва онҳоро ҳақиқат мепиндоранд. Аммо ба ҳақиқат бояд донист, ҳеч кадом аз ин дурўғхо ва тўҳматҳо  поя ва асос надорад ва ривоятҳои муътабаре, ки дар мавриди бахшишҳои Ў ба хешовандони худ нақл шуда далиле аст бар сифоти нек ва писандидаи ў ва аз хусусиятҳои баланди Ў хабар медиҳад:

1-    Усмон ибни Аффон (р) марде сарватманде буд, ки бо хешони худ равобити гарм  ва хубе дошт  ва ҳамеша ба онҳо  бахшишҳои фаровон мекард. (32) Онгоҳ афроди баъдхоҳ ва кинатуз ба шахсият Ў (р) ҳамлавар шуда ва Ўро тўҳмат мекунанд, ки аз байтулмоли мусалмонон бахшишҳои зиёде дар ҳаққи  хешони худ анҷом додааст. Усмон ибни Аффон (р) дар ҷавоби ин тўҳматҳои нораво чунин гуфт: “ Ман хешовандони худро бисёр дўст дорам ва дар ҳаққи онҳо бахшишҳои зиёде мекунам, аммо тамоми ин бахшишҳо аз моли худам будааст ва ҳаргиз байтулмоли мусалмононро  на барои худ ва на барои ҳеч каси дигар ҳалол нашумурдаам. Ман дар даврони Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакр (р) ва Умар (р) бисёр саховатманд будам ва ба мардум бахшишҳои бешумор мекардам  ва ҳоло нисбат он рўзгор  тамаъкор ва ҳарис шудаам, ки монанди гузашта он миқдор бахшиш намекунам. Ман як умр ба аҳлу аёли худ ба сар бурдаам ва ҳоло, ки ба поёни умр наздик шудаам  сарватамро дар миёни онҳо тақсим мекунам, ин дурўғгўёни носипос дар мавриди ман чӣ чизҳо, ки намегўянд ?!” (33)                                             

Усмон ибни Аффон (р) амволи худро  дар миёни хешовандони худ дар Бани Умая тақсим намуд. Ў нахуст аз Бани Абилъос оғоз кард ва ба ҳар кадом аз мардумони  Оли Ҳакам даҳҳазор дирҳам пардохт намуд. Сипас ба ҳамон микдор ба Бани Усмон ибни Аффон, Бани Ос, Бани Айс ва Бани Ҳарб саҳм пардохт кард. (34)

 Тамоми ин ривоятҳои мутабар ва нассҳои саҳиҳ далолат бар ин доранд, ки  тамоми суханони газофагўён оид ба исроф ва ҳайфу майли Ў (р) нисбат ба байтулмол ва бахшишҳои беҳаду канор ва ба хешони худ ва низ сохтани қасрҳои зиёд ҷуз достонҳои бепояву асос чизе дигаре нестанд. Ҳарчанд покии Усмон ибни Аффон (р) дар ин масоил равшан ва ошкор аст, аммо ҳаст олимоне, ки  мўътақиданд агар ҳам Усмон ибни Аффон (р) аз маҳалли байтулмол бахшишҳоеро дар ҳақки хешовандони зуд раво дошта, ин иқдоми ў аз назари шар манъ нест,  зеро бар асоси дидгоҳи ин уламо саҳми завилқубро, ки дар Қуръон ба он амр шудааст, марбут ба хешовандони имоми он аср мебошад. (35)

 Ибни Таймия дар китоби худ чунин овардааст: Теъдоде аз уламо чун Ҳасан  ва Абусавр  ба ин боваранд, ки саҳми завилқубро бо мутааллиқ ба хешовандони имом аст. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ ба ҳукми вилоят ба наздикони худ саҳме аз байтулмол пардохт менамуд. Бинобар ин завилқубро дар даврони ҳаёти мубораки  ҳазрати Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Завилқурбои Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)буданд ва пвас аз  реҳлати он ҳазрат  (с), Завилқурбо хешовандони валии амри мусалмонон маҳсуб мешавад,  зеро кўмак ва ёрии валии амр ва дифоъ аз ў воҷиб аст ва бе шак ин наздикону атрофиёни ҳастанд, ки  ба ин кор иқдом мекунанд. Ба таври куллӣ  тамоми хулафое, ки баъд аз Умари Форуқ (р) ба ин мақом даст ёфтанд ба гунаҳои мухталиф қавмҳо ва хешони худро аз байтулмол ва ё ҳукумат саҳмдор мекарданд. (36) Ҳамчунин Ибни Таймия  дар ҷои дигари  китоби худ чунин овардааст: Иқдомоти Усмон ибни Аффон (р) дар хусуси наздикони худ аз се дидгоҳҷоиз аст:  Аввал, ў омили байтулмол буд ва омил ҳарчанд ҳам, ки сарватманд бошад,  боз мустаҳақӣ дарёфти ҳуқук ва имтизёҳо аз байтулмол аст: Дуввум: Завилқурбо иборатанд аз хешовандони имоми он аср: Саввум:  Наздикон ва хешони Усмон ибни Аффон (р) бар хилофи хешовандони Абубакр (р) ва Умар (р) қабилаи бисёр бузург ва  пурҷамъияте буд, ки  ба дунболи он эҳтиёҷот ва дар хостҳое ба маротиб  бештар  аз қабилаҳои Абубакр (р) ва Умар (р) доштанд. (37)

2 -Дар таърихи Табарӣ  нақл шудааст, ки  чун Усмон ибни Аффон (р) ба Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абиссарҳ маъмурият дод, ки агар дар маъмурияти худ муваффақ бошад, якпанҷуми хумси ғаниматҳоро ба ў хоҳад дод. Сипоҳи Абдуллоҳ низ бо гузар аз даштҳо ва кўҳҳои Африқо тавонитанд он минтақаҳоро фатҳ кунанд. Пас аз ин, ки Абдуллоҳғаминатҳои сарбозонро тақсим кард ва хумси онҳоро муайян намуд,  якпанҷуми хумсро барои худ  гирифт ва ҷаҳор панҷуми бақияро ҳамроҳи  Васимаи Назрӣ назди Усмон ибни Аффон (р) фиристод. Ҳайати ҳамроҳ  Васима аз ин иқдоми Абдуллоҳ назди Усмон ибни Аффон (р) шикоят карданд. Усмон ибни Аффон (р) бо радди шикояти онон ба онҳо гуфт, ки  худи ў қавли чунин  подошеро ба ў дода буд. Аммо  ҳайати ҳамроҳи  хумси ғаминатҳо аз ин ҷавоб қонеъ нашуданд ва ба Абдуллоҳ дастур дод, ки  он микдор подошро ба байтулмол пас диҳад ва ў низ итоати амр кард. (38)

Дар ҳадисҳои  мўътабар накл аст, ки  Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)худ ба сарватмандон ва муҷоҳидоне, ки дар майдони набард ҳузур доштанд,  подошҳоеро ато намуданд. (39)

3- Дар фатҳи Африқо, хумс ва ҳайвоноте, ки ба ғаминат оварда шуда буд ба ҳадде буд, ки бурдани бахше аз он ба Мадина  мушкил буд. Марвон ибни Ҳакам ҳамаи онҳоро ба яксад ҳазор дирҳам харид,  ки бештарион маблағро а сурати нақд пардохт кард. Ҳангоме, ки  Марвон хабари ин футуҳотро ба Мадина мебурд,  мусалмонон дар шаҳр  нигаҳорни  он буданд, ки сипоҳи Ислом дар Африқо дучори шикаст шуда бошанд  ва чун Марвон хабари ин  нусратро ба онҳо расонид, ҳамаи онҳо аз ин фатҳ ба пирўзӣ  ба ваҷд омаданд.

Усмон ибни Аффон (р) низ ба унвони ҳайдагирии ин хабар,  бақияи пулеро,ки Марвон мебояд дар ивази хариди он миқдор ғаниматҳои аз Афиқо ба байтулмол медод, ба ў бахшид ва ин аз ихтиёроти имом аст, ки ба қосиди хушхабар  бар муқобили таҳаммули хастагиҳои роҳ подош ато кунад. Додани ин миқдор подош ба Марвон мутанад ва дуруст аст, аммо ривояте, ки баён медорад Усмон ибни Аффон (р) ҳамаи ғаниматҳои Африқоро ба Марвон бахшид, комилан дурўғ ва ғайри мустанад аст. (40)

Агар чӣУсмон ибни Аффон (р) наздикон ва хешовандони худро бисёр дўст медошт, аммо ҳаргиз ин дўстӣ  ва муҳаббат сабаб нашуд, ки дучори гуноҳ ва мудирияти баде дар умури байтулмол ва дигар корҳои ҳукумат гардад ва дурўғҳои ботиле, ки дар китобҳои таърих дар ин хусус нақл шудааст, сарчашма гирифта аз таблиғоти заҳролуди сабаъиҳо ва рофизиҳои ситамкор ва золиме мебошад, ки душманӣ ва адоваташон бо Усмон ибни Аффон (р) ва дигар Саҳоба (р) равшан ва ошкор аст. Дар вақеъ рафтор ва равиши Усмон ибни Аффон (р) бо қавмҳо  ва хешовандони худ бар гирифта аз дастурот ва роҳнамоиҳои Ислом ва Қуръон мебошад, чунон ки Қуръон дар ин робита чунин фармудааст:

«Ин аст он чизе, ки Худо он гурўҳ бандагонашро,  ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд,  ба он мужда медиҳад. Бигў: « Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дўст  доштани  хешовандон  намехоҳам». Ва ҳар кӣ  кори неке кунад,  ба некўяиш меафзоем, албатта, Худо  омурзандаву  шукрпазир аст».

(Сураи Шуро,ояти 23)

 Ва низ онҷо, ки мефармояд:

       Сухани Худо:

    «Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун».(Сураи Исро, ояти 26)

 Аз тарафи дигар рафтори  каримонаи Усмон ибни Аффон (р) ёдовари равиши ва сирати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)буд. (41) Усмон ибни Аффон (р) бархилофи  интиқодкунандагони нодони хеш, Паёмбари  Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дид ва бо Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ашру нашр дошт ва маърифатҳоеро аз аҳвол  ва ҳолатҳои Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фаро гирифт, ки он интиқодкунандагон аз он бебаҳра буданд. Усмон ибни Аффон (р) –ро чунон дар дин ва маорифи он табаҳҳур буд, ки аксари мардум ҳаргиз натавонистанд ба он поя ба мартаба даст ёбанд. Усмон ибни Аффон (р) бо чашми худ дид, ки Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)чи қадар наздикон ва хешовандони худро дўст медошт ва дар ҳаққи онҳо аз ҳеҷ эҳсон  ва бахшише дареғнаменамуд. Чунон ки Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ҳангоми тақсими ҷизя ва закоти Баҳрайн, бештарин саҳмро ба Аббос амаки худ ато карданд ва Алӣ (р) писари амак ва домоди худро бар аморат баргузиданд. Ба  таҳқиқ сирати Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)бузургтарин умуи Усмон ибни Аффон (р) ва дигар мўъмионон буд, ки метавонистанд аз он пайравӣ намоянд ва роҳи саодатро дар он биҷўянд.(42)

Ибни Касир дар ҳамин робита чунин мегўяд: Усмон ибни Аффон (р) фарде буд бузургвор, бо ҳаёву шарм ва дорои ахлоқи неку ва саховати бузург, ки дар Худо нафақаҳои фаровони ба хешон ва наздикони хужд менамуд, то битавонад  ба бахшидани матои фанопазиру беарзиши дунё , онҳоро ташвиқ намояд, ки танҳо ба умури ҷовидон ва бо арзиши охират эҳтимом варзанд ва аз он ғофил нашаванд.

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)низ ҳангоми тақсими байтулмол ба дастае аз мардум бахшиш мекард ва дастаи дигар аз ёронро, ки қаблашон пур аз имон ва ҳидоят буд ва аз он амвол маҳрум менамуд, то шояд дастаи аввалро низ ба роҳи ҳидоят раҳнамое бошад ва ин хислати ҳакимонаро  мунофиқон ва хавориҷҷиҳати вайрон намудани ҷойгоҳ ва манзалати ҳазрати Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ғанимат мешумурданд ва аз ин навъ рафтори Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)интиқодҳои газанда ва нешдоре мекарданд. (43)

Ба унвони мисол Ҷовид ибни Абдуллоҳ (р) дар ҳамин робита ин моҷароро нақл кардааст: Ҳангоми тақсими ғаниматҳо “ Ҷаърона”, ки руде аст мобайни Тоиф ва Мадина, яке аз ҳамин мунофиқон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)айб гирифт, ки чаро дар тақсими ғаниматҳо ҷониби адолатро риоя намекунад ва Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бо ҷавоби муҳкам ва кубанда ба ў посух дод, ки: “ Агар ман адолатро риоя накунам Худованд маро аз раҳмати хеш маҳрум созад”. (44)

Усмон ибни Аффон (р) низ ба ҳамин равиш мавриди интиқоду нешзании мунофиқон ва хавориҷ ва душманони Ислом қарор мегирифт. Ў (р) хитоб ба аъзои маҷлиси шурои уммат ва дар дифоъ аз иқдомоти хеш чунин гуфт: “ Дар робита бо рафтор ва равиши худ ва вазъияти ҳукуматам, шуморо дар ҷараён қарор додаам. Абуба хусусиятҳикр (р) ва Умар (р), ки бештар аз ман дар ин мақом ҳузур доштанд ба хотири ризои Худованд бар худ ва атрофиёни хеш сахт мегирифтанд, ҳол он, ки Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)наздикони хешро аз байтулмол маҳрум намесохт. Ман чун ба ин мақом расидам, дидам, ки мардумони ман дар фақр ва тангдастӣ ба сар мебаранд ва ба ҳамин далил тасмим гирифтам ононро аз сарватҳои байтулмол баҳраманд созам. Ҳоло агар шумо ин иқдомимаро нодуруст медонед, онро бозгу намоед.(45)

 Ибни Таймия низ дар радди иқдом кунандагони Усмон ибни Аффон ибни Аффон (р) баён мекунад: “ Ҳар чанд Усмон ибни Аффон (р) нисбат ба хешовандони худ саховатманд буд, аммо набояд ин гуна ривоятҳоро, ки дар он нақл шудааст, ки Усмон ибни Аффон (р) ба ҳар чаҳор домоди худ , ки ҳама аз Қурайш буданд чаҳорсад динор пардохт намуд. Ҳамчунин ба яқин ривояте, ки дар он омадааст Усмон ибни Аффон (р) як милион динор ба Марвон ибни Ҳакам бахшиш кард, дурўғ ва нодуруст аст. Бояд дар хусуси ин гуна ривоятҳо пурсид, ки санади дуруст ва муътабари ин достонҳо куҷоянд?! Дуруст аст, ки Усмон ибни Аффон (р) ба ҳамаи мусалмонон чӣ аз наздикони худ вадигар мардум бахшишҳои зиёде менамуд, аммо ҳар кадом аз ин бахшишҳо ҷиҳати исботи дуруст ва муътабаре медошад. Ҳамчунин бояд донист, ки ҳеҷ кадом аз хулафои рошидин (р) ҳаргиз чунон маблағҳои зиёд ва бе ҳадду канореро набахшиданд. (46)

Идома дорад мақолаи баъди “Футуҳот ва кишвар кушоиҳои Усмон ибни Аффон (раз) ” мебошад.

 

Манобеъ:

1. Саҳеҳи  Сунани Абудовуд ( 2/ 595).

2. Асрул – хилофату-р- рошидати 225 – 226.

3.Табақоти ибни Саъд 3/326.

4.Низомул – хилофати фил – фикрил – Исломӣ, Мустафо Ҳалимӣ 78.

5.Низомул – хилофати фил – фикрил –Исломӣ … 78.

6.Низомул – арозийи  фи садрид – давлатил – Исломияти 169.

7.Алмуғни (5/581).

 8. Ассисётул – молияти ли – Усмона 130.

 9.Ассисётул – молияти ли – Усмона 140 -141.

10.Ассисётул – молияти ли – Усмона 140 -141.

11.Муснади Аҳмад ( ҳадиси 434).

12.Албидоя ванниҳоя ( 7/60 ) ва Таърихи Табарӣ (5/ 267)

13.Таърихи  Табарӣ ( 5/250) ва Зиннурайн, Муҳаммадрашид 26.

14.Ассисётул – молияти ли – Усмона  147 – 148.

15.Ассисётул – молияти ли – Усмона 148.

16.Муҳаммадрашид Ризо, Зиннурайн Усмон ибни Аффон 26.

17.Албидоя ванниҳоя ( 7/61 ) ва Таърихи Табарӣ(5/ 284 ).

18.Мавсуъату фиқҳи Усмон ибни Аффон, 14.

19.Мавсуъату фиқҳи Усмон ибни Аффон, 14.

20.Ассисётул – молияти ли – Усмона 150.

21.Таърихи  Табарӣ ( 5/ 280).

22.Ал –идоратул аскарияти фи –давлатил – исломияти ( 2/36-68).

 23.Таърихи Табарӣ ( 5/ 245).

24.Муҷмаъуз – завоид (9/93) ва фаслул – хитоби фи мавоқифил – асҳоби, 52.

25.Футуҳу Мисра, 192 ва Футуҳул – булдони ( 1/ 152-157).

26.Ал – идоратул – аскарияти ( 2/ 768 -769).

27.Ал – идоратул – аскарияти ( 2/ 768 -769).

28.Табақоти ибни Саъд ( 3/ 298).

29.Ал – авоил,  Абу Ҳилол, (2 /26-27).

30.Ал – идоратул – аскарияти ( 2/ 77).

31.Ал – ҳузоратул – арабиятил – исломияти, Ваззоҳ Самад, 114.

32.Фаслул – хитоби фи мавоқифил – асҳоби 82.

33.Торихи Табарӣ ( 5/ 36).

34.Торихи Табарӣ

35.Фаслул – хитоби фи мавоқифил –асҳоби саҳ 83.

36.Минҷоҳус – сунна ( 3/ 187-188).

37.Минҷоҳус – сунна  ( 3/ 237) ва Аддавлатул – умавияти, Ҳамдӣ Шоҳин саҳ 163.

38.Тарихи Табарӣ (253).

39.Фаслул – хитоби фи  мавоқифил –асҳоб, саҳ 84.

40.Фаслул – хитоб фи мавоқифил – асҳоб, 84.

41.Саҳиҳул – Бухорӣ ( китобул – ҷизя).

42.Албидоя ванниҳоя (7/201).

43.Албидоя ванниҳоя (7/201).

44.Саҳиҳул Бухорӣ ( китобу фарзул – хумс).

45.Аттабақотул – кубро (3/190).

46.Минҳоҷус –сунна (3/190).

 

Share This Article