Сиёсати шаръӣ

Ислоҳ нет

 

Алҳамдулиллаҳ, вассалату вассаламу ъала расулиллаҳ. Аммо баъд:

Банда хостам ба шумо, дӯстони азиз, каме аз сиёсати шаръӣ маълумоте расонам. Зеро ин масъала яке аз муҳимтарин ва аҳамиятноктарин ҷабҳаҳои илм ба шумор рафта, он даре аз дарҳои илм ва фиқҳи дин аст. Сиёсати шаръӣ муҳимтарин илм дар таҳқкиқи маслаҳаи динӣ ва дунявист. Махсусан, дар асри кунун ва замони фитна бисёр нафароне мушоҳида мешаванд, ки дар мавзӯи сиёсати шаръӣ бидуни илм ва ба хости нафсу ҳавои худ ё маслаҳае, ки ба фоидаашон аст, сухан мекунанд. Дар натиҷа, онҳо мухолифони худро ноҳақ мешуморанд ва фитнаеро байни мардум ба вуҷуд меоранд, ки сабаби тафриқа (ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо шудан) байни мусалмонҳо мегардад.

 

Аз ин рӯ, хостам каме аз қавли уламо ва иқтибосҳо аз китобҳои онҳо дар ин мавзӯъ зикр кунам. Шояд ба бандаи ҳақир ва бародарону хоҳарони муслмонам манфиате бахшад ва сиёсатмадори исломиро аз сиёсатмадори ақлонӣ ҷудо карда тавонем.

 

Дар ин мавзуъ аз уламои садри Ислом то замони муъосир китобҳои зиёде таьлиф шудааст.  Ба монанди китоби «Хароҷ» аз Абу Юсуф, «Сиёсати шаръӣ» аз Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, шогирдони имом Абу Ҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳим), китоби имом Ҷувайнӣ ва ҳамчунин китобҳои «Аҳкоми аҳли зимма» аз Ибни Қаййими Ҷавзӣ, «Ихтилофи дорайн» аз шайх Абдураҳмон, «Сиёсати шаръӣ» аз Абдулваҳҳоби Халлоф (раҳимаҳумулллоҳ) ва садҳо кутуби дагар дар мавзӯи зерин нашр шудаанд.

 

Ин ба он далолат мекунад, ки илми сиёсати шаръӣ шаънаш бузургу манфиаташ азим буда, маърифати саҳеҳи сиёсати шаръӣ сабаби маслаҳаҳои зиёде хоҳад шуд ва ҷаҳлу беилмӣ аз ин илми шариф сабаби мафсадаи бузурге хоҳад буд. Ҳамин сабаб аст, ки дар тамоми китобҳои фиқҳи мазҳабҳои чаҳоргонаи Аҳли Суннат вал Ҷамоъат ин илмро возеҳона баён карда, аз ифроту тафрит барҳазар намудаанд.

 

Чуноне ки Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд: «Фаҳму дарки сиёсати шаръӣ хело муҳим аст, чун надонистани ин илм хело хатарнок ва мавзеъи лағжиш ва мушкиливу машаққат аст. Дар ҳамин боб аст, ки баъзеҳо тафрит кардаанду ҳуқуқро поймол ва ба фуҷҷор ҷуръати гуноҳ дода, шариатро чунин нишон додаанд, ки гуё қоим ба маслаҳа нест”.

 

Гурӯҳи дигаре ҳам ҳастанд, ки дар ин боб ифрот кардаанд ва дар натиҷа бисёре аз амалҳо анҷомидааст, ки зидди ҳукми Аллоҳ ва расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Мушкилии ҳардуи ин гурӯҳ, ин надоштани маърифати кофӣ аз Китобуллоҳ (Қуръон) ва суннати расулаллоҳ (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мебошад».

 

Албатта, омӯзиши ин илм ба ҳама фарз ё воҷиб нест.  Аммо касоне, ки олими дин ҳастанд, масъулияти идоракунии сиёсати шаръӣ ба уҳда доранд, масъулияти идораи умури зиндагии мусалмонон сиёсатмадорӣ ба гарданашон аст, ба онҳо фарз аст, ки аз ҳақиқати ин илми азим бохабар бошанд. Зеро маншаи ин илм аз Китобу Суннат ва аз феълу кирдор ва сиёсату иҷтиҳоди саҳобагон мебошад. Бехабар будани ин гурӯҳт махкур аз сиёсати шаръӣ сабаби паҳн шудани фасод ва машокили бузурге хоҳад буд.

 

Сиёсати шаръӣ

Сиёсати шаръӣ ин исме, ки аз ду калимаи ҷудогона ба вуҷуд омадааст. Пас, ҳар яки ин калима дар алоҳидагӣ маънои ҷудогонаеро дошта, дар мураккаб шуданаш ба маънои хосе далолат мекунад.

 

Қабл аз ҳама, калимаи «сиёсат» – калимаи арабӣ буда, дар луғат  чанд маъноро медиҳад. Дар китоби маъруфи луғати араб, ки «Тоҷул Арус» аст, ин калима ба маънои «роъӣ ва роҳбарӣ» омадааст. Дар китоби «Лисонул Араб» ба маънои «раёсат» омадааст ё «амру наҳй», ҳамчунин «қоим шудан ба коре ки дар он маслаҳа аст», яьне сиёсат ҳамеша мутаъаллиқ ба маслаҳа мебошад.

 

Лафзи сиёсат дар насси шаръӣ

Лафзи сиёсат ё сиғае аз ин калима дар Қуръони карим наомадааст, гарчанде ки калом аз салоҳу ислоҳ, ё аз амру наҳй ва ҳукм ё ки баъзеи дигар аз лафзҳое омадааст, ки маънои сиёсатро дорад. Дар суннат бошад, сиғае аз калимаи сиёсат омадааст, чи хеле ки имом Бухорӣ (раҳимаҳулллоҳ) дар китобашон «Дар боби анбиё» меоранд.

 

Маҳалли шоҳид дар ин ҳадис калимаи “тувасвисуҳумул анбиё” мебошад, ки имом ибни Ҳаҷари Аскалонӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар шарҳи ин калима гуфтаанд, яъне ҳар вақте ки дар Бани Исроил фасоде зоҳир мешуд, Аллоҳ набиёро мефиристод то онҳоро ба роҳи ҳақ водор намояд ва фасодро нобуд ва аз байн бардорад. Инчунин дар ин калима ишора ба лозим будани роҳбар ба раъият омадааст, то мардумро роҳбарӣ намуда, золимонро водор намояд то дар муносибат бо мазлум инсофро пеша кунад.

 

Чуноне дар боло зикр гашт ба мо маълум мегардад, ки сиёсати шаръӣ ба хилофи аксари истилоҳот ба маънои луғавияш истифода бурда шудааст. Масалан “салот” (намоз) ба маънои шаръияш истифода бурда мешавад на луғавӣ, ё “савм” (рӯза) ва ё “ҳаҷ” инчунин ба маънои шаръӣ истифода мешавад, на ба маънои луғавӣ. Дарк ва фаҳми ин масъала хело муҳим аст.

 

Пас, сиёсат ин побарҷо будани “вулотул умур” (волоияти роҳбарият) ба шаъни раъият бо инобат гирифтани маслаҳаи онҳост, аз амру наҳй аз иршодот ва ба он чизе ки муҳтоҷ ҳастанд аз гузошти тартиботу танзимоти идоравие, ки барои ҷалби маслаҳаи онхост, ки ҳадафи дафъи зарарҳову бадиҳову фасодҳоро дорад.

 

Ин таъриф ҷониби амалии сиёсатро мефаҳмонад. Сиёсат дар инҷо дар амал татбиқ намудан ва амалҳо барои ислоҳи раъият ва мардум омадааст. Аз инҷост, ки сиёсатмадори исломӣ бояд аз аҳкоми илоҳӣ нисбати сиёсат ва мақосиди шаръӣ, мафсадаву маслаҳа, ҳамчунин аз қоидаҳои умумии сиёсати шаръӣ диқиқан хабардор бошад, то ки аз матлуб муроде ҳосил шавад.

Аз аҳли илм суханоне ба мо расидааст, ки далолат ба ин гуфтаҳо мекунанд. Ибни Ҷарири Табарӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар баёни сабабе, ки Умар (разияллоҳу анҳу) ин шаш нафар саҳобагонро ба амри хилофат ихтиёр кард, мегуянд:

“Дар аҳли Ислом мисли ин шаш нафаре, ки Умар (разиялллоҳу анҳу) онҳоро ба Шӯро ихтиёр кард, касе набуд, ки ба манзалаи олӣ ва собиқаи ҳиҷрат, ақлу илм ва маърифати сиёсиву донишмандии (дар илми фиқҳ) онҳо баробар шуда тавонад”.

 

Иби Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд: “Оне ки аз сираи Умар зоҳир мешавад, ӯ (разияллоҳу анҳу) дар ихтиёри амирҳо на танҳо афзалтарин кас дар динро, балки ҳамроҳаш маърифати сиёсатро бо иҷтиноб аз мухолифати шаръӣ ба инобат мегирифт”.

Инчунин дар шарҳи ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухани уламо омадааст, ки ба ҳамин мавзуъ тааллуқ дорад.

 

Паёмбар (алайҳиссалоту вассалом) мегӯянд:

“Эй Оиша, агар қавми ту ҳадису аҳд ба куфр (яъне нав аз куфр ҷудошуда) намебуданд, Каъбаро вайрон мекардам ва ба он ду дар мегузоштам, ки мардум бо даре ба хонаи Каъба ворид мешуданд ва аз дари дигаре хориҷ мегаштанд”.

 

Ин ҳадисро Имом Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) дар китобашон оварда, боби ин ҳадисро чунин ном гузоштаанд: “Тарки баъзе аз ихтиёрҳо, тарс аз оне ки фаҳми баъзе аз мардум кӯтоҳӣ кунад ва ба мушкили сахттар аз ин дучор шаванд”.

 

Ибни Ҳаҷар мегӯянд: “Аз ин ҳадис чунин истифода карда мешавад, ки имом ё валиюл амр сиёсаташро ба мардум дар он чизе ки ислоҳи онҳост ба кор меорад, дар ҳолате ки ҳаром набошад”.

 

Мисолҳое аз сиёсати Хулафои Рошидин – сиёсати Абубакр (разияллоҳу анҳу) бо гузоштани халифа баъди худашон ё сиёсати Умар (разияллоҳу анҳу) дар гузоштани шаш нафар аз беҳтарин асҳоби Расули акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои ихтиёри халифа, барои маслаҳаи Уммат ва дур шудан аз ихтилоф, инчунин ҷамъ кардани Усмон (разияллоҳу анҳу) мусалмоноро ба мусҳафи ягона ва сӯзонидани мусҳафҳое, ки ғайри ин мусҳаф бошад. Ин амали Усмон (разияллоҳу анҳу) таҳқиқкунандаи маслаҳа ва собиткунандаи иттифоқи мусалмонон ва дур карданашон аз ихтилофу мафсадаҳо буд. Ҳамчунин сӯзонидани Алӣ (разияллоҳу анҳу) касонеро, ки нисбаташон ғулув карда, эшонро илоҳ номид. Мисолҳо бисёранд, ва ҳамаи ин мисолҳоро вақте таҳлил менамоед, мушоҳида мекунед, ки байнашон  дар ҷалби манфиат ва дафъи зарар робита мавҷуд аст.

 

Намудҳои сиёсати шаръӣ

Сиёсати шаръӣ ба ҳайси масдараш ба ду қисм тақсим мешавад:

Сиёсати динӣ ва сиёсати ақлӣ.

Чуноне ки Инби Халдун баён кардаанд: “Сиёсати динӣ сиёсатест, ки тибқи шариати Ислом бошад. Сиёсати ақлӣ ё вазъӣ (гузошташуда) сиёсатест, ки бузургон ё уламои қавме ё давлате бар худ қонунҳоеро гузошта ва барои иҷрояш кӯшиш намоянд”.

 

Дар садри Ислом ибораи “сиёсати шаръӣ” таъкид бо шаръӣ набуд, балки танҳо сиёсат мегуфтанд. Аммо замоне, ки вулот ва умаро (валиюл амрҳо) аз қарнҳои муфаззала дур шуданд ва маърифату фаҳми сира ва сиёсати Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш кам шуд, он гоҳ ба сиёсати ақлӣ пардохтанд ва сиёсаташон баъзан мухолифи шаръ баромад. Уламо калимаи “шаръ”-ро ба сиёсат ҳамроҳ намуданд, то ки сиёсати ғайришаръиро аз сиёсати шаръӣ берун созанд, ва сипас онро “сиёсати шаръӣ” номиданд. Онро гоҳе “сиёсати адолат” ҳам меномиданд, чуноне ки собит аст:

 

“Вакте хилофат ба дасти Аббосииён расид ва маърифати Суннат дар байни ҳукком кам шуду ихтилофҳои шаръӣ дар сиёсаташон аён шуд, қозиён дар қазоват ба райъи худ такя карданду Қур’ону Суннатро тарк карданд, дар натиҷа ҳуқуқ поймол ва хуни ҳаром ҳалол гашта мафсадаи азиме ҳосил шуд.”

 

Фиқҳ дар сиёсати шаръӣ

Сиёсати шаръӣ ду навъ аз масоилро рӯбарӯ мешавад:

1) Масъалае, ки нисбаташ нусуси шаръӣ омадааст;

2) Масъалае, ки нисбаташ нусуси шаръӣ наомадааст.

 

Фиқҳ ва фаҳм дар қисми аввал бо чанд роҳ аст:

Аввал ин ки фаҳми нусуси шаръии фаҳми хубу бодиққат, на фаҳмише, ки мухолифи фаҳмиши саҳобагон ва уламои садри Ислом бошад. Фаҳмиш бояд аз фаҳмиши онҳо гирифта шавад ва ҳар фаҳми нусусе, ки мухолифи фаҳми саҳоба ва салафи Уммат аст, он фаҳми ғалат ва номақбулу матрук мебошад.

 

Дигар ин ки фарқ кардан байни нусусҳое, ки шомил ба ҳама замон ва ба ҳама макон аст. Асл дар омади нусус (нас яъне далеле, ки аз Қуръон ё Суннат бошад ва сареҳул лафз бошад ё ба маънои муайяне далолат кунад ва дар вай ҳеҷ эҳтимоле набошад).

 

Ин ҳолат шомил ба ҳама макону замон аст ва фарқ байни насҳое, ки аҳком дар вай таҳлил карда шуда, ба иллате ё муқайяд карда шуда, ба сифате ё дар замони ташреъ урферо муроот карда омадааст.

 

Пас, вақте ки касе аз ин нозукиҳои сиёсати шаръӣ хабар надорад, наметавонад, ки марди сиёсии шаръӣ бошад, гарчанде ки иддаои сиёсатмадорӣ кунад. Чӣ расад ба касоне, ки аслан сиёсатро аз назари ғайриисломӣ ва сиёсати ақлонӣ хондаанд, аммо худро сиёстмадори исломӣ медонанд ва ба ҳама масоили сиёсии исломӣ дахолат мекунанд.

 

Мафсадаро аъзам ва бузург мегардонанд ва ғайри худро муттаҳам мекунанд, ки хатову тангназар ҳастанд. Бехабар аз он ки аз сиёсати шаръӣ худашон насибе надоранд ва ба фикру раъйи худ мардумро ба фитнаву фасод мекашанд. Аллоҳу мустаъон.

 

Ва навъи дуюм аз масоил – нусусҳое ки ба хусус дар ин масъала наомадааст, пас фиқҳу фаҳм аз роҳи иҷтиҳоде ки ҷалби маслаҳа ва дафъи мафсада мебошад, муайян карда мешавад.

 

Сиёсатмадори шаръӣ бояд маърифати комил дошта бошад, ки шариати Ислом ғояву мақсадаш ин масолеҳи бандагон дар ин дунёву охират аст. Шариат комил асту ба мукаммалкунанда эҳтиёҷе надорад.

 

Чуноне ки Аллоҳ мефармояд: “Мо имруз дини шуморо комил ва пуррашуда қарор додем”.(Сураи Моида, ояти 3)

 

Шахсе ки худро ба сиёсати шаръӣ нисбат доданист, бояд иттилоъи васеъи нусусҳоро бо фаҳм ва далолаташ дошта бошад. Барои ӯ ҳамчунин шинохт ва фаҳми мақосиди шариъат хело зарур аст, зеро ҳадафҳои шариат ин масдари сиёсати шаръӣ ва инчунин омӯхтану фаҳми сиёсати хулафои рошидин мебошад.

Аллоҳу аълам.

 

Муҳаммад Маданӣ

 

Share This Article