Собир Валиев пас аз “афв” чи гуна милионер шуд?

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Гурӯҳи таҳқиқотии Додситони кулли Тоҷикистон наздики 3миллион доллар хисороти расида ба ҶДММ “Хушнуд” дар ду соли ахирро ошкор кардааст. Вале, гуфта мешавад ин ҳаҷми зарар ниҳоӣ нест ва феълан таҳқиқот дар ин замин идома дорад. Даъвогарон аз ҷониби ин ширкат Халилова Муаззам Абдуллоҷонова модараш ва  Муниса Раҷабова ҳамсари ҳоҷӣ Турсун Халилов, роҳбари пешини ин ширкат мебошанд. Худи ҳоҷӣ Турсун ҳам, ки дар зиндон ба сар мебарад, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат дорад ва дар мақоми ҷавобгар ҳамроҳ бо Собир Валиев, ки дар расонаҳо худро раиси ширкати “Девори ҷаҳон” (“Wall World”) муаррифӣ кардааст, писарамуяш Исмат Валиев ва додарарӯсаш Некрӯз Табаров ончуноне дар бахши аввали матлаб тазаккур додем, айни замон дар курсии муттаҳам дар баробари қозии додгоҳ  нишастаанд ва ба пурсиши даъвогарону додрас посух дода истодаанд. Мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ҳамчунон идома дорад. Ба таъйиди худи Собир Валиев вай ҳанӯз аз сентябри соли 2020 мавриди бозҷӯиву бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор доштааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ӯ дар моҳи феврали соли 2020 бар пояи як афви мақомоти Тоҷикистон аз Туркия ба Душанбе бозгашта буд. Албатта, инки ӯ дар муддати ҳамагӣ 6 моҳ, яъне аз феврал то сентябри соли 2020 муваффақ ба ташкили ширкат шудаву дар ин фосилаи танг корҳое кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифтааст, худ як саволи хеле ҳам калон аст.

   Аммо, мову шумо огоҳ ҳастем, ки Собир Валиев аз тарафи ҳоҷӣ Турсун Халилов, писари Салимбойбачаи ҳисорӣ, ки пайванди таборӣ бо Собир дорад, ба кор қабул гардид ва Собир корманди ширкати ҳамин ҳоҷӣ Турсун аст. Ҳамин ҳоло, ки мурофиаи додгоҳӣ идома дорад ва Собир ва шарикони ӯ дар курсии муттаҳам нишастаанд, мустақиман рабт мегирад ба фаъолиятҳои вай ба ҳайси корманд, баъдтар директор ва сипас роҳбари ҳамин ширкате, ки молики он дар асл ҳоҷӣ Турсун Халилов мебошад. Ба иборати возеҳтар Собир худ ширкат надошт ва корманди ширкати ҳоҷӣ Турсун буд. Ҳоҷӣ Турсун баъди чанде Собир Валиевро, директор таъин мекунад вале баъд аз онки ҳоҷӣ Турсун боздошт ва маҳкум ба зиндон мешавад Собир Валиев раҳбарии ширкати ӯро ба дасти худ мегирад. Ба ҷузъиёти моҷарои чи гуна гирифтани ширкат аз дасти ҳоҷӣ Турсун намепардозем. Танҳо илова мекунем, ки ин кор, яъне тасарруфи ширкати ҳоҷӣ Турсун бо пуштибонии Шоҳрух Саидов, сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноии вазорати дохилӣ сурат гирифтааст. Ва, инки Собир мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2020 алайҳи ӯ бо иттиҳоми сохтакорӣ-подлог, парванда боз карданду сипас то ҳамин поёни соли гузашта аз ҳаракат боздошта шуд, барои он аст ки аз ҳамон оғози ғасби ширкати ҳоҷӣ Турсун модари ҳоҷӣ Турсун алайҳи Собир Валиев ба тафтишот шикоят кардааст.

Яъне тафтишот тайи ин ҳама муддат кори таҳқиқро қатъ накарда будааст. Ва, инки ҳоло тафтишот шиддат касб кардаву Собир Валиев ва ҳамкоронаш мазнун ва муттаҳам шинохта шудаанд, идомаи кори тафтишот аст, на чизе дигар.

 Ва, аммо савол инҷо аст, ки чаро вақте кори Собир Валиев ба ин шакл печида шудааст Шоҳрух Саид аз пуштибонӣ ё «кришават»-и Собир Валиев даст кашид? Аввалан инро бояд бигӯем, ки Шоҳрух тайи ин ду соле, ки ин ширкат аз тарафи Собир Валиев раҳбарӣ мешуд ба 30% даромади он «қуш» будааст. Даромади ширкати ҶДММ «Хушнуд» , ки аз они ҳоҷӣ Турсун асту баъди маҳкумияташ Собир Валиев ғасб кард, дар замони ду соли раҳбарии Собир Валиев ба се ҳисса ҷудо мешудааст. Як ҳисса ба Собир Валиев, як ҳисса ба Исмат Валиев-писарамуи Собир ва як бародари ҳоҷӣ Турсун Зоҳид Халилов, ки ҳоло аз иштирок дар додгоҳ сар тофтаву қарор аст ба зӯрӣ оварда шавад ва як ҳиссаи дигар ба Зафар ном шахсе аз УУР аст ки дасти рости Шоҳрух Саид мебошад. Зафар намояндаи Шоҳрух Саид дар ин ширкат будааст. Ҳоло акнун Зафар дар шумори муттаҳамин ва ҳамҷавобгарони Собир Валиев қарор надорад. Балки акнун зарари расонидаи Собир ба ширкати ҳоҷӣ Турсунро се нафар:- худи Собир, Исмат ва Некруз бояд пардохт кунанд. Шоҳрух муваффақ шуд, ки Зафар ва ҳамин тавр худашро аз «бозӣ» барорад ва «де-факто» Собирро кидат кунад. Чунки акнун Прокурори генералӣ фақат прокурор нест. Вай қудои Раҳмонов ҳам ҳаст ва метавонад бо асноду далоили мувассақ ва муваҷҷаҳ аз кору кирдори Шоҳрух, ки ба унвони намояндаи давлат амалан ба «вимогателство» ва ғасбҳои рейдерӣ шароит фароҳам овардааст, ба Раҳмонов маълумот бидиҳад. Маълумоте, ки баъид аст Рустами Эмомалӣ барои маҳор ва сокит намудани он подармиёнӣ кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Собир ҳеҷ гоҳ рафиқ ва ҳамсинфи Рустам набудааст ва Шоҳрух ҳам рафиқи мактабии Собир несту танҳо вақте ӯро аз Туркия ба унвони як мухолифи тавбакарда ва таслимшуда меоваранд, шинос шуда будааст.

  Феълан ҳайати комиссияи ташкилкардаи Прокуратураи генералӣ дар асоси шикоят ва даъвои модари ҳоҷӣ Турсун ва худи ҳоҷӣ Турсун, ки бо «автозак» ҳаррӯз ҷиҳати ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ оварда мешавад, хисороти расонидаи Собир ва афродаш ба ин ширкатро ҳисобу китоб карда истодаанд. Як савол:-агар ин ширкат, чуноне Собир даъво дорад, ки аз они ӯ аст, буд, пас чаро аз болои ӯ даъво карда мешавад? Ширкат ширкати ҳоҷӣ Турсун, шавҳари духтари холаи Собир аст ва ҳоло онҳоянд, ки Собирро ба додгоҳ кашонидаанд.

  Бинобар маълумоти расида ҳоҷӣ Турсун ва модари ӯ гуфтаанд, ки Собир, Некруз ва Исмат хонаҳои заминӣ ва мошинҳояшонро ба онҳо бидиҳанд, аз даъво даст мекашанд. Ин нуктаро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки зани Исмат Валиев, дар шумори ҳамҷавобгарҳо аст вале ҷавобгари асосӣ худи Собир Валиев мебошад. Чуноне гуфтем қарор аст падари Собир Валиев Асадуллов Валиев , ки дар Туркия кору фаъолият мекунад, низ дар яке аз мурофиаҳои ояндаи додгоҳӣ ширкат варзад. Гуфта мешавад ҳам зани қирғизии Собир ва ҳам модараш, яке ба Қирғизистон ва дуввумӣ ба Туркия баромада рафтаанд ва феълан Собир дар як манзле,ки аз Ҳоҷӣ Турсун барои зиндагони дода буд будааст ва гуё ҳамарӯза дар ҳолати мастӣ қарор дорад. Қарор аст манзили дуошёнаии падарии Собирро, ки дар минтақаи 8-марти Душанбе воқеъ аст ва низ чанд квартира ва ҳамон мошини Аудиро Собир ба ҳоҷӣ Турсун баргардонад. Аммо чуноне ба “Ислоҳ” расид падари Собир Валиев гуфта будааст,ки  ман ҳеҷ хонае барои додан дар ин масала надорам. Собирро бо моддаи 307 нашинонанд бигузор бо моддаи қаллобӣ рафта шинад ва боз мебарояд пас аз чанд соле. Ин барои ҳам ман ва Собир беҳтар аст. Ҳамчунин Некруз Табаров, додарарӯси Собир, ки директори ширкат таъинаш карда буд, хонаи дуошёнаи падариаш дар маҳаллаи маъруф ба колхози Россия, мошини барқии Тесла ва квартираашро ҳамчун товон ба модари ҳоҷӣ Турсун Муззам Халилова бидиҳад. Аммо кори Исмат Валиев як каме шояд сахттар бошад. Чунки Исмат як ширкати ҳамлу нақли колои ҳоҷӣ Турсунро, ки соҳиби мошинҳои борбар буд, тайи ин ду сол идора карда даромади онро ба манфиати шахсияш тасарруф кардааст. Ин ширкати ҳамлу нақли коло ба бизнесменҳои тоҷик, ки аз Хитой, Туркия ва Русия молу маҳсулот ҳамлу нақл мекарданд, хидмат мекард ва ҳамроҳ бо Исмат як бародари ҳоҷӣ Турсун ҳам кор мекардааст. Офиси ин ширкат дар Хитой будаву Зоҳид бародари ҳоҷӣ Турсун дар онҷо хонда ва ҳамсари хитоӣ дошта ва забони хитоиро ҳам медонистааст. Ҳоло модари ҳоҷӣ Турсун алайҳи ин писари худ низ даъво кардааст ва вай низ бояд дар канори Исмат зиёни расонидаро барқарор кунад. Аммо ин Зоҳиди бародари ҳоҷӣ Турсун, ки гуфта мешавад феълан дар Душанбе қарор дорад, аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ фирор карда истодааст. Суд ба ӯ чанд бор повестка роҳӣ кардааст, наомадааст. Гӯё ӯро Шоҳрух Саидов  гурезонида истодааст. Ин бародари ҳоҷӣ Турсун ширкати дар Хитой бударо назорат мекардааст аммо дар толону тороҷи маблағҳо бо Исмат ҳамдастӣ кардааст.

Як чизро бояд илова намоем, ки Собир Валиев ҳангоми баргаштан ва “афв” шуданаш ҳатто пули баргашт надошта аст ва бо 3000 доллари ҳоҷӣ Турсун ба ватан баргашт. Аз ин рӯ ин даъвои Собир, ки дар хориҷа тиҷорат дошту баъди афв ба ватан мунтақил кард, воҳимае беш нест, ҳамчуноне, ки имкон надорад вай дар Тоҷикистон ширкате ташкил карда бошад, ки давоми ҳамагӣ шаш моҳ ин ҳама пулу дороӣ ба даст оварда бошад.

 Бинобар маълумоти ба мо расида аз Прокуратураи генералӣ моддаи 307 ро низ ба Собир Валиев задаанд. Тафтишот Собир Валиевро дар расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои созмони мамнуъаи «Гурӯҳи 24» мазнун мешуморад. Тафтишот Собир Валиевро ба  он муттаҳам мекунад, ки ба кадоме аз аъзои ин созмон 10.000 доллар ирсол кардааст.

  Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ зарари расонида ба ҶДММ «Хушнуд» аз тарафи Собир Валиев ва ҳамроҳонаш 1млн 300 ҳазор доллар ҳисоб шудааст, аммо ҳисобу китоб ҳоло идома дорад ва ин рақам тағйир хоҳад ёфт.

 Модари Собир Валиев, вақте мефаҳмад, ки манзили ӯ дар 8 март низ ба эҳтимоли зиёд мусодира мешавад, аз назди Собир қаҳр кардаву рафтааст ва гуфтааст, ки «бачам акнун худат медонӣ».

 ҶДММ «Хушнуд»-и ҳоҷӣ Турсун ҳамчунин даҳҳо адад дар Душанбеву Турсунзодаву Ҳисор ресторану калян-бар ва мағозаҳои хурду калон доштааст, ки даромади ҳамаи онҳо, муҳосиботи ҳамаи онҳо ба суратҳисоби ширкате, ки офиси марказиаш дар «Голубой экран» аст, ворез мешудааст.

  Модари Собир рӯзи иди Рамазон хонаи ҳоҷӣ Турсун меравад ва оби дида карда мегуяд, чи даркор ҳамин корҳо, суду судбозӣ? Аммо модари ҳоҷӣ Турсун мегуяд, ки чаро дар вақташ пеши роҳи Собирро нагирифтӣ? Ҳоло, ки ин майда-чуйдаҳоро барои фарзандони ҳоҷӣ Турсун меоварӣ, чаро пештар наовардӣ?

  Ҳозир ширкатро пурра ба номи модари ҳоҷӣ Турсун кардаанд ва ҳамаи корҳоро худи ӯ назорат ва идора мекунад.

  Ҳоло ҳам Собир, ҳам Некруз ва ҳам Исмат ҳамаи амволу дороиҳояшон, хонаву сексияву мошинҳояшонро ба фурӯш гузоштаанд, то зарари расонидаро барқарор намоянд.

   Чуноне гуфтем дар мурофиаи аввали додгоҳ модари Собир Валиев ширкат ва нишондод медиҳад. Вай ҳеҷ иттиҳомро қабул намекунад, аммо ҳоло баромадаву рафтааст.

Асадулло Валиев, падар Собир Валиев тибқи амри додгоҳ қарор аст дар мурофиаи баъдӣ ширкат варзад. Додгоҳ ширкати модари Собир барои мароҳили ояндаи додгоҳиро нозарур шуморидааст.

 Аммо падари вай бояд дар бораи забонхати қарздории Салимбойбачаи падари ҳоҷӣ Турсун ба додгоҳ маълумот ва аснод ироа диҳад.

Ҷамшед Ятимов, бародари СС.Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон бо ҳоҷӣ Турсун аз солҳои пеш шинос будааст. Ба гуфтаи як манбаъи наздик ба Собир ва огоҳ аз моҷарои ба сари вай омада Ҷамшед ҳоҷӣ Турсунро бисёр «макида» будааст. Ин манбаъ, ки аз қавли зани Ҷамшед, ки феълан дар Туркия аст суҳбат мекунад мегуяд ба ҳоҷӣ Турсун Ҷамшед хеле зиён расонидааст. (Агар дар мавриди ончи Ҷамшед Ятимов ба ҳоҷӣ Турсун карда донед ва шоҳид бошед ба мо фиристед,то пас аз таҳқиқ дар бахшҳои дигар онҳоро илова кунем.)

   Аммо аз сӯҳбатҳои ахири Собир Валиев бо «Озодӣ» бармеояд, ки ӯ ҳамоно хеле бебокона ва боҷасорат Прокуратураи генералиро дар анҷоми тафтишот ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мекунад ва ҳозир аст муқобили Юсуф Раҳмон, Прокурори генеарлии Тоҷикисон бо «дили пур» ҳарф бизанад. Барои нафаре, ки таҳти пурсиш ва дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, пеш гузоштани ин гуна иддиоҳо дар ҳақиқат ҷуръат ва ҷасорат металабад. Ба назар мерасад Собир Валиев ба чи чизеву касе пушташ сахт гарм аст. Аммо ҳамчунин маълумотҳое ҳам ба дасти мо расидааст, ки гуё қабл аз даъвои модари ҳоҷӣ Турсунро ба тафтишот ва акнун ба додгоҳ кашонидан парвандаи ҷиноятии омодакардаи Прокуратураи генералӣ аз назари Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саид гузаронида шуда ва онҳоро мутақоид кардаанд, ки Собир Валиев дар воқеъ бо истифода аз номи онҳо даст ба аъмоли ҷиноӣ зада истодааст.

Собир Валиев дар суҳбати ахираш дар чанд маврид ба Прокурори генералӣ ва кормандони идораи вай иттиҳом зада ва тавре тавзеҳ медиҳад, ки ин парвандаи ӯ бо маъно ва ҳадафи дигар кушода шудааст. Беш аз ин мегуяд, ки  «кормандони Додситонии кул бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ вориди Дафтари корӣ шуда, санадҳои молӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро бурда,дар нисбат ба ман ва кормандонам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд» ва ҳатто онҳоро дар рабудани пулҳояш муттаҳам мекунад: Ба номи Додситони кул ариза навиштам, ки бо дастгирии кормандони додситонӣ афроди маълум ва ношинос ба ҳуҷраи истиқоматиам ва дафтари кориам даромада, бе санадҳои дахлдор молу мулк ва маблағи калони пулиамро гирифтаанд. Ман дар ариза навиштам, ки чанд маротиба дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба додситонӣ омадам, вале кормандонатон барои бо шумо вохурӣ кардан иҷоза надоданд. Инак, ду моҳ мегузарад, ки намояндаҳои ҳеҷ мақомоти тафтишотӣ маро қабул намекунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ бо далелҳои, ба гуфтае, “худам надидаам, аз касе шунидаам” парвандаро тафтиш кардааст, ки мувофиқи талаботи қонунгузор “аз куҷое шунидаам”, яъне сарчашмаи нишондод возеҳ ва равшан набошад, асоси айбдоркунӣ ё ҳукми айбдоркунӣ шуда наметавонад.

Аз ин суҳбати Собир Валиев бармеояд, ки ҳатто кормандони додситонӣ ҳам ба вай эътироф кардаанд, ки «Ин супориш аз роҳбарияти додситонӣ аст».

 Ин ба он маъно аст, ки Собир Валиев ошкоро худи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералиро барои ифтитоҳи парванда алайҳаш масъул мешуморад ва тавре ташреҳ кардааст, ки ӯ дар воқеъ муртакиби кадом ҷурме намебошад. Ва даъво мекунад, ки ӯ барои исботи бегуноҳии худ ҳама мадорик то наворҳои видеоиро дорад, аммо намефаҳмад, ки чаро Прокурори генералӣ ӯро қабул намекунад:

   «Ман санаду далелҳо видеоматериалҳо барои собит намудани бегуноҳии худу ҳамкоронам дорам, вале Додситони кул ва роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ қабул намекунанд. Ҳатто аз ман баёнот нагирифтаанду зидди ман парванда боз кардаанд. Боз мехоҳам ба як нукта таъкид кунам, ки ба хотири ҳақиқати ҳол аризае, ки ба додситони кул навиштаам, умедворам муҳтарам Раҳмон Юсуф маро пазирад ва далелҳои пешниҳод кардаи маро таҳлили беғараз намояд».

  Қаблан ҳоҷӣ Турсун ва модари вай изҳори омодагӣ карда буданд, ки дар сурати пардохти қисмате аз ин хисорот боқии онро хоҳанд бахшид ва аз даъво мунсариф мешаванд. Зоҳиран ин гуна тавофуқ миёни модари Собир Валиев ва ҳамсар ва модари ҳоҷӣ Турсун ҳосил шуда буд. Аммо азбаски тарафи ҷавобгар сари қавлаш наистодааст, даъвогарон бар пардохти ҳамаи зарар ва барқарории он пофишорӣ карда истодаанд. Дар шумори амволи мавриди даъво як мошини гаронбаҳои мерседи С класс-500-и барориши соли 2020, ки 160.000 доллар арзиш доштааст низ ворид карда шудааст.  Ин мошина аз они ҳоҷӣ Турсун мебошад.Ҳоҷӣ Турсун дар даруни ҳамин мошин дастгир шуда ва маводи психотропӣ, ки аз тарафи кормандони УУР кашф шудааст, маҳз дар ҳамин мошин пайдо шудааст. Ин мошина чанд вақт дар ихтиёри УУР-и Шоҳрух Саидов қарор доштааст. Ҳоҷӣ Турсун барои онки онро бозпас бигирад, тавассути адвокаташ ба номи бародараш генералний доверенност медиҳад.  Аммо вақте ба суроғи мошин меравад дар УУР мегуянд, ки он мошинро Собир Валиев гирифт. Муҳим дар ғайб задани ин мошинаи Мерседеси гаронарзиш Собир Валиев ва Шоҳрух Саид даст доранд. Шоҳрух Саид бе ҳамкори бо Собир Валиев ва Собир бе ҳамкори бо Шоҳрух Саид ин мошин ба ҳеҷ куҷо ғаиб намезад. Вале Собир Валиев рад карда ва гуфтааст,  ки аз он мошин хабар надорад. Ҳоло сарнавишти ин мошини гаронбаҳоро мақомоти тафтишотӣ доранд муайян мекунанд. Мақомоти тафтишотӣ бояд донанд,ки ин мошин миёни Шоҳрух ва Собир қарор дорад!

 Зимнан,ин ҳолати кор ҳам аз забони модари ҳоҷӣ Турсун садо додааст, ки ҳанӯз замоне, ки тоза падари Собир Валиев Туркия мекучад дар онҷо бемор мешавад ва модари Собир Валиев барои ҷарроҳии шавҳараш аз чанд нафар хешону наздиконаш пул мепурсад ва касе ин маблағро ба ӯ намедиҳад ва ин ҳолатро Муниса ҳамсари Ҳоҷӣ Турсун мефаҳмад ва мехоҳад ба шавҳар холааш кумак кунад ва ба шавҳараш мегуяд ва модари Собир меояд ва аз  ҳоҷӣ Турсун 5000 доллар қарз мепурсад. Ҳоҷӣ Турсун 6000 доллар медиҳад ва мегуяд,ки ин пулро ба шумо садақа кардам на қарз додаам. Шумо рӯ ба қибла карда дар ҳақам як дуъо кунед модарҷон бароям кофист.

   Санади қарзе,ки Асадулло Валиев барои Салимбойбачаи падари ҳоҷӣ Турсун доштааст, тавассути зани қирғизи Собир Валиев дуруст карда шуда будааст. Бар мабнои он миёни Асадулло Валиев ва Салимбойбача дар бозори Дордойи Қирғизистон кадом муомилае сурат гирифта будааст. Ҳамакнун ҷаноби Асадулло Валиев бояд дар бораи ин санад ва дурустии он дар додгоҳ баёнот бидиҳад. Албатта дақиқан дар мавриди ин санад,ки аз Қирғизистон оварда шудаасту дар мадорики додгоҳи вуҷуд дорад ахиран модари Ҳоҷӣ Турсун Муаззам Халилова дар навори видоеияшон кутоҳ гуфта гузаштанд,ки дақиқан ҳамон санад мебошад.,ки дар нусхаи навиштаи Муаззам Халилова зери банди дуввум омадааст. “2. Ваколатномаи сохтакори кардашуда аз номи нотариуси Қирғизистон аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳаш.”

Тибқи иттилои манбаъи дигар дар асл хисороти расонидаи Собир ба ширкати ҳоҷӣ Турсун  наздик ба 5 миллион доллар будааст. Ин манбаъ мегуяд, ки ҳамин чанд рӯзи пеш Собир Валиевро дар маркази раводиди Олмон дар Душанбе дидааст. Нуктаи ҷолибаш ин ҷост, ки маркази раводиди сафорати Олмон дар биное ҷойгир аст ки онро ширкати ҳоҷӣ Турсун ба иҷора дода аст.

Гуфта мешавад, ки Собир аз баъзе бинову иншооти ба иҷора додааш пули иҷораи сесоларо пешакӣ гирифта будааст.

 Ҳамон бинои панҷошёна, ки маркази раводид ё визаи Олмон дар он воқеъ аст чуноне гуфтем аз они Ҳоҷӣ Турсун аст. Аз ҳар ширкати дар ин бино қарор дошта Собир Валиев пешакӣ иҷораи се солаи онҳоро гирифтааст. Дар ин бино  ширкатҳое ба иҷора нишастаанд, ки 30 ҳазор доллар,3 5 ҳазор доллар ва аз он бештар ба Собир пардохт намудаанд. Ин масала замоне баромад,ки модари Ҳоҷӣ Турсун,ки ду моҳ аст ширкатро зери идораи худаш гирифта аст хост иҷора пулиҳои ширкатҳое дар бинояшон қарор доранд бигирад. Аммо ҳама он ширкатҳо ба Муаззам Халилова чек ва санади пардохти иҷораҳояшонро барои се сол ва каму беш аз он нишон доданд,ки Собир Валиев ва ё Некрӯзи додараруси Собир аз онҳо гирифтаанд. Пас ин маболиғи гирифта онҳо бояд ба ҶДММ “Хушнуд” боз пас гардонида дода шавад ва ё барои ин қаллобӣ бояд посух гуянд.

Ин манбаъи тафтишот гуфт, иллати то ба ҳамин имрӯз дастгир нагардидани Собир он аст ки ӯ ҳамчун оппозитсионер аз хориҷа ва бар пояи афви давлат баргашта аст.

Дар ҳар сурат ин парванда нишон медиҳад, ки байни Прокуратура ва раиси Маҷлиси миллӣ чи ҳарфҳое дорад мегузарад. Ҳоло агар Юсуф Раҳмон дар ҷойи Ятимов биншинад, ин ба ин маъно аст ки Рустам то ҳамин ҳоло ҳам дар назди падараш рашид ва комил нашудааст ва ҳамоно дар сатҳи «стажер» боқӣ мондааст. Вале ин суҳбатҳо ҳам ҳаст, ки дар ин авохир Прокурори генералӣ ба блоки иқтисодии тими Рустам сахт часпидааст ва айни замон рафтани вай аз ин мақом бар муроди дили Рустам ҳам ҳаст.

Ҳангоми омода намудани ин матлаб ба “Ислоҳ” маълумоти тоза дар мавриди додгоҳи ин ҳафта расид. Дар додгоҳи гузаштаи ҳафтаи сипари гашта Ҳҷӣ Турсун ва Хушнӯди додар аруси Собир Валиев дар додгоҳ гуфту монҳое гузашта будааст. Хушӯд дар назди судия ҳамсари Ҳоҷӣ Турсунро дашном карда аст ва чанд сухнҳои носазое ҳам гуфта аст. Ин амал сабаби нороҳатии ҳоҷӣ Турсун шуда ва дар назди судия Хушнӯди додар аруси Собир Валиевро зада аст. Шоҳидон гуфтаанд,ки мақсаднок Некрӯз ин корро карда будааст, то Ҳоҷӣ Турсун ӯро занад ва кор ба ҳолати дигаре табдил ёбад. Албатта Некрӯз бе маслиҳати пешаки ин корро намекунад ва машвартчиҳое дорад,то қазияро тоб диҳанд. Аммо ин амал бе восита дар назди Судия сурат гирифта аст ва набояд ғайри мунсифона баҳо дода шавад. Ин корҳо бе гуноҳии Собир ва тими қаллоби ӯро сафед наметавонад кунад.

Чуноне рӯзи 7 уми май Муаззам Халилова модари Ҳоҷӣ Турсун дар як баромади видеоияш дар фейсбук ҳама ончи мо дар барнома ва матлаби қаблӣ гуфта будем тасдиқ кард.

Омадааст дар он навор :

“Халилова Муаззам Абдулоҷоновна, ки ҷабрдидаи делаи ҷиноятии Валиев Собир мебошад ва соҳиби аслии ширкати ҶДММ  “Хушнуд” пас аз марги ҳамсараш ба ҳисоб меравад. Валиев Собир пас аз афв шудан ба ватан бармегардад ва ба боварии писари Халилова М даромада пас аз чанд муддати шиносоӣ сиру асрорҳои ширкатро омӯхта бо воситаи милисаҳо аз вазъияти афв шуданаш суистифода карда худи соҳиби ширкатро бо тариқи ташкил додани суратмаҷлиси сохтакори аз ширкатҳояшон пеш мекунад ва ба тариқи рейдери молу амволҳояшонро рӯирост кашида мегирад. Баъд бо воситаи ҳуҷҷатҳои сохтакории кардаашон ҳамчун директори ширкат додараруси худро ки Некруз Табаров мебошад, оварда таин мекунад.

Муддати се сол сипари мешавад, ки ин гуруҳи ҷинояткорон бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакори молу амвол ва ширкатҳои Халилова М ро ба тариқи Рейдери ғасб мекунанд.

Бар замии инҳо Валиев Собир, нотарсида бо аъзои гуруҳи ҷиноятпешааш ба манзили истиқоматии Халилова М омада, ошкоро таҳдиди куштан ва несту нобуд карданро мекунад.”

Инчунин ҷиноятҳои Собир Валиевро ба ин бахшҳо баён намудааст:

Якчанд ҳуҷҷатҳои сохтакори кардашудаи Валиев Собир нишон дода шудааст:

1. Аз санаи 27/07/2020, Тартиб додани Суратмаҷлиси сохтакори кардашудаи Валиев Собир ва гуруҳаш дар ширкати ҶДММ “Хушнуд”, ки бо ҳамин ҳуҷҷатҳои қалбакиаш молу амвол ва ширкатҳои Халилова М ро бо роҳи реӣдери ғасп мекунанд.

2. Ваколатномаи сохтакори кардашуда аз номи нотариуси Қирғизистон аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳаш.

3. Шартномаҳои сохтакори кардаи Валиев Собир дар Туркия ва Дубай бо вуҷуди ширкати нав кушодаи Девори Ҷаҳон, ширкати ҶДММ “Хушнуд” ро қарздор бароварда молу амволашонро низ кашида гирифтани мешаванд.

4. Ҷавоби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми ин ҳуҷҷатҳои дар боло зикр шуда аз ҷониби Валиев Собир ва гуруҳи ҷиноятии ташкил кардаи ӯ, сохтакори буданаш тасдиқ карда мешавад. 

Ин каме аз ҷиноятҳои содиркардаи Валиев Собир мебошад, ки мо гувоҳ мешавем

  Поёни бахши дуввум, давом дорад таҳқиқи ин қазия…

Ps: Пас аз нашри бахши аввали ин қазия хело муҳраҳо дар ҳаракат даромаданд ва хело таҳдидҳо ҳам карданд. Муҳим чеҳраҳои паси пардагӣ боз ҳам ошкортар шуда истодаанд. То ба ин андоза намедонистаму огоҳ набудам ва алҳамдулиллоҳ, ки Худо “муҳраҳо”-ро бо як сабабе ошкор менамояд. Собире, ки хиёнат ба мубориза кард, дар оғуши режими Раҳмонов қарор гирифту бар алайҳи Раҳмонов муборизаро ғалату иштибоҳ мегуфт, ҳоло дар чи вазъу ҳол аст. Аз дохил чанд нафар вокуниши шадид нишон доданду нашри матлабро хуб надонистанд.

   Аммо ҳама мувофиқу мухолиф бояд бидонад, ки ҷинояткор ҷинояткор аст ва ӯ, ҳар касе набошад, бояд ошкор бишавад ва ба ҳеҷ шакле он набояд рӯйпӯш карда шавад ва пинҳон боқӣ монад. Агар мо мисли режими Раҳмонов кору рафтор кунем ва ҷинояткори худиро аз ҷинояткори бегона ҷудо кунем, пас беҳтараш мубориза набарем. Аммо барои ман ҷинояткор ҷинояткор аст ва худӣ ва бегона намешавад. Мо бе парда хоҳем гуфт. Агар ин корро иҷро накунам роҳи дуввумиро таслим шудан бар ин режими ҷинояткор мебинаму тамом.

Share This Article