СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд?

Ислоҳ нет

Ё “Берия тоҷикӣ” ва нақши вай дар воқеаҳои солҳои охир.

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз мухлисони ҳамешагии шумо мебошам ва сайти «Ислоҳ»-ро ҳамеша мехонам. Аслан зодгоҳи ман Фархор аст. Аммо мо дар Данғара калон шудаем. Ҳозир бошад ман дар хориҷа ҳастам. Навиштаҳои шуморо дар бораи СС.Ятимов мехонам ва махсусан навиштаи охирини шумо, ки гуфтааст пир шудаму нафақа мебароям хондам ва хеле писандам омад.

Шумо метавонед СС.Ятимов, яъне Саймумин Сатторовичро бемалол Берияи тоҷикӣ ном баред. Ин одам як умр дар КГБ кор кардааст, аммо тарҷумаи ҳолашро тавре навиштааст,ки гуё вай баъди солҳои зиёди кор ба ин идора рафта бошад. Ҳоло тарҷумаи ҳоли ӯро нигоҳ кунед, ки чи тавр сохта шудааст. Бале, бале, ин тарҷумаи ҳол сохта, ҷаълӣ ва дуруғӣ аст:

Ятимов C.C. (таваллудаш 23 июли 1955, ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор ва дипломати тоҷик. Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Доктори илмҳои сиёсӣ дар соҳаи «Масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рушди глобалӣ». Профессор. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5-ум Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1972 – 1976 сол — донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб;

1976 – 1977 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи №15 ва №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1977 – 1979 сол — хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ш. Каунас, Литва;

1979 – 1980 сол — омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №10 ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1980 – 1992 сол — мудири шӯъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

1992 – 1996 сол — мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Хатлон; 1996 – 1997 сол — сафир оид ба вазифаҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1997 – 2000 сол — мушовир-сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

2000 – 2005 сол — Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2005 – 2 майи 2007 — муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         Аз 2 майи 2007 – 2010 — Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар Подшоҳии Белгия ва ҳамзамон Сарвари Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷомеаҳои Аврупо (Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо оид ба саноати ангишт ва пӯлод, ва Иттиҳоди Аврупо оид ба энергияи атомӣ).

         Дар солҳои 2000—2001 маълумоти дуюми олии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» гирифт. соли 2001 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ҳимоя кард;

соли 2002 — рисолаи докториашро дар мавзӯи «Гуманизм ва идеологияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ» ҳимоя кард;

аз соли 2005 — дарсгӯии курси «Сиёсати байналмилалӣ ва дипломатияи муосир» (“International Relationship and Modern Diplomacy”) бо забони англисӣ бо даъвати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II (соли 2013) сарфароз шудааст. Оиладор, тибқи баъзе манбаъҳо соҳиби 5 фарзанд аст, вале дар манбаъҳои дигар, шумораи фарзандони «берун аз никоҳ» ё фарзандони ақди дуюм то 13 мерасанд. 

    …..Дар бораи шумораи фарзандони ин «қаҳрамонпадар» бигзор дигарҳо бигуянд. Аммо, чизе, ки инҷо ман мехоҳам бигуям, аз он навиштаи шумо кутоҳӣ нахоҳад кард. Сараввал як ҳодисаро, ки ҳақиқати маҳз аст мегуям, то аз хотирам набарояд. Солҳои 2000 -2001 С. Ятимов  чанд нафар чупонҳои ноҳияи Панҷро дар Фархор кушта рамаи мардумиро аз они худ мекунад. Барои онки аз ин кор мардум бохабар нашаванд, кори кардааш рӯпӯш шавад молҳоро бароараш Абдулмумин Ятимв бо ҳамроҳи писари холааш Исмат мефурӯшанд. Ва аз ҳамон вақт соҳиби молумулки зиёд мешавад. Баъдан солҳои 2005 ва 2006 фермаи колхозиро аз они худ мекунанд. Вале як каме баъд фермаро ба домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев мефурушанд. Солҳои 2009-2010 ин фермаро боз аз нав пас мехарад. Ҳоло ин ферм ба Абдулмумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор тааллуқ дорад. Дар Кумитаи андоз ба номи духтари Абдулмумин сабти ном шудааст. 

СС.Ятимов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онгуна,ки нашрияи СССР навиштааст раиси КГБ дар ноҳияи Масковский буд ва маҳз СС.Ятимов буд,ки ҷони Одина Ҳошимро харида будааст. Солҳои давраи Союз ҳам бинобар навиштаи Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КГБ-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон СС.Ятимов якҷо бо Султони Ҳамад, Ҳамрохон Зарифӣ, Суфибек Маҳрамов ва худи С.Камолов дар раёсати мубориза бо дин (муллоҳо) фаъолият кардааст. Ҳамчунин вай чандин сол ба ҳайси корманди фаврии КГБ дар Хоруғ кор кардааст. Аммо, онгуна, ки мебинед дар матни ҳасби ҳолаш навишта нашудааст, ки дар КГБ кор кардааст. Яъне ҳатто ҳувият ва шахсияташ машкук ва махфӣ аст. Чизи дигаре, ки дар ин шарҳи ҳол шакангез ва боварнакарданӣ аст дарёфти унвони илмии сиёсатшиносии уст. Вай баъди як соли ҳимояти кори номзадӣ дар соли дигар унвони докториро дарёфт мекунад. Кори илмиаш ҳам марбут ба муллову ислом аст. Зимнан СС.Яттимов ба унвони атташеи низомӣ яъне намоянлаи амният дар сафорати Тоҷикистн дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардааст ва мавзуъи корҳои номзадиву докториаш ҳам ба Ҷумҳурии исломӣ алоқаманд аст.

  Аммо бояд як чизро тазаккур дод, ки СС.Ятимов ниҳоят шахси муғамбир, зирак ва ҷоҳу мансабталош аст. СС.Ятимов дар кудетои нофарҷоми Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров ҳатмани ҳатман шарик аст. Раҳмонов аз ин тарафи кор пурра дарак ва далел дорад, вале бо чи мулоҳизоте ӯро на аз кор гирифт ва на зиндониаш кард. Ин ҳамин СС.Ятимов аст, ки ин афроди фавқуззикрро ба клуби Валдай-и сохти Путин ҷиҳати таҳияи нақша барои сарнагунии Раҳмонов фиристода аст. Аммо чуноне мебинем ё бисёр ҳам пуштвонаи зур дар Крмелин дорад ва ё дар Пекин, ки Раҳмонов онҳоро шинонд, инро не. Агарчи аз руи баъзе аз маълумотҳо Саидҷаъфар Усмонзода кайҳо ҳама маълумотро дар кафи дасти Юсуф Раҳмонов ва Юсуф Раҳмонов ба самъи Эмомалӣ Раҳмонов гузоштаву равонидаанд. Тибқи маълумоти дигари расида дар ин қазия танҳо Акбаршо Искандаров дар Валдай иштирок намуда ва суҳбатҳояшро анҷом додааст. Аммо ошкоро ба Искандаров гуфтаанд,ки ҳоло мо машғули Украйна ҳастем ва феълан Тоҷикистон бароямон ончунон муҳим ва калидӣ нест. Аммо пас аз баргаштанаш ба Душанбе ӯро мефурӯшанд.

 Муносибати СС.Ятимов на бо ҳама аъзои оилаи президент хуб аст. Масалан, писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сӯи ӯ тир холӣ кардааст. Расонаҳои интернетӣ  он вақт авишта буданд,ки «Ин хабарро бо истинод ба манбаъҳо дар сохторҳои ҳокимияти Тоҷикистон муовини раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Алим Шерзамонов эълон карда буд.  Ба гуфтаи Алими Шерзамонов, шаҳрдори шаҳри Душанбе ва ҳамзамон писари Асосгузори Сулҳ ва Наҷотдиҳандаи Сайёра – Рустами Эмомалӣ аз Саймумин Ятимов талаб кардааст, ки амалиёти низомӣ-полисиро дар Хоруғ оғоз кунад. Тибқи иттилоъи мавҷуда, Ятимов гуфтааст, ки вазъият дар Хоруғ ва атрофи он ба нафъи гузаронидани амалиёти ҷазодиҳанда нест, зеро дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта ҳалок шуда метавонанд. Қайд мешавад, ки аксари низомиён муқобили истифодаи силоҳ алайҳи аҳолии осоишта изҳори назар карда, оқибатҳои манфии ин иқдомро таъкид мекунанд. Тибқи хабарҳои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба сӯи Саймумин Ятимов тир холӣ кардааст ва дар натиҷа1 генерали маҷрӯҳшуда дар беморхона бистарӣ шудааст.   Ҳамзамон, Алим Шерзамонов хабар дод, ки тибқи иттилоъ аз манбаъҳои ҳукуматӣ, дар ҷараёни амалиёти Хоруғ, Саймумин Ятимов бояд ба таври ҷисмонӣ нобуд карда шавад, монанди генерали Назарзода дар соли 2012. Ин вазифа гӯё ба генерали ВКД Аламшозода (Бузмаков) ва одамони ӯ супорида шудааст».

         Дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), аз соли 2012 то майи 2022 таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Ятимови СС. як қатор амалиётҳо баргузор шуданд, ки вокуниш ва маҳкумияти густурдаи ҷомеаро ба вуҷуд оварданд. Ин амалҳо ба пахши сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташон помириён мебошанд, нигаронида шуда, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва зӯровариро дар бар мегирифт, ки метавонанд ҳамчун табъизи системавӣ тавсиф шаванд.

         Рӯйдодҳои ВМКБ дар солҳои 2021-2022 нишон медиҳанд, ки хатари эътирозҳои густурдаи зидди режим вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи баъзеҳо, мушкилоти ҷиддии дохилии сиёсиро барои интиқоли пешбинишудаи ҳокимият, ки шароити суботро барои таъмини қонуният талаб мекунад, эҷод мекунад.

         Вазъият дар марз бо Қирғизистон низ пуртаниш буд ва бисёр ҳодисаҳои марбут ба муноқишаҳои марзӣ мушоҳида шуданд, ки ин вазъи аҳолии маҳаллиро вазнинтар кардааст. Фишорҳои ҳукуматӣ дар сарҳад бо Қирғизистон (ниг.ба ҳуҷҷатҳои 1-42 феҳристи адабиёт) ва низоъҳои дохилӣ дар дохили Тоҷикистон натиҷаи поймол шудани ҳуқуқҳои помириён ва хориҷ кардани онҳо аз идораи давлатӣ буд, ки эътирозҳо ва норозигии аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд овард.

         Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ахлоқии табъизи ақаллияти «Помирӣ» дар Тоҷикистон Табъизи помириён дар Тоҷикистон натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ оид ба марзҳо буд, ки ба ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо таъсири манфӣ расонд. Манъи истифодаи забони модарӣ дар муассисаҳои давлатӣ, бастани литсейи бахшида ба пешвои рӯҳонии помириён, инчунин маҳдудиятҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ — ҳамаи ин ҷузъи сиёсати васеътари пахшкунӣ шуданд.

         Сокинони маҳаллӣ талабҳои худро дар бораи раъйпурсӣ оид ба масъалаҳои марзҳо ва ҳокимият баён карданд, вале овозҳои онҳо аз ҷониби парлумон нодида гирифта шуданд. Ин боиси бад шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии помириён, норозигӣ ва афзоиши танишҳо байни гурӯҳҳои этникӣ гардид. Бо дарназардошти контексти мураккаби таърихӣ, мушкилоти марбут ба додани қитъаҳои замин ба Чин дар соли 2002-ро нодида гирифтан мумкин нест.

         Ин қарор норозигии мардумро ба вуҷуд овард ва саволҳо дар бораи қонунияти амалҳои ҳукумати Тоҷикистон ба миён овард, ки онҳо на танҳо аз омилҳои сиёсати дохилӣ, балки аз таъсири давлатҳои хориҷӣ низ бармеоянд. Далелҳо дар бораи «фурӯши» ҳудудҳо ба Чин танҳо қисми болоии яхбанди бузург дар заминаи мураккаби муносибатҳо байни ин давлатҳо ва танише, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба ҳисоб мераванд. Вазъият бо сабаби стереотипҳои иҷтимоӣ ва набудани каналҳои ошкоро барои баррасии мушкилоти помириён боз ҳам мушкилтар мешавад, ки ин ба ҷудоии бештар байни гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ дар дохили кишвар оварда мерасонад.

         Муноқишаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 — ин низоъ миёни низомиёни Қирғизистон ва Тоҷикистон буд, ки 14 сентябр, дар остонаи саммити СҲШ дар Самарқанд оғоз ёфта, то 19 сентябр идома ёфт. Ин муноқиша аз ҳама бузургтарину хунинтарин дар таърихи муноқишаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар оғози амалиётҳои ҷангӣ муттаҳам мекарданд. Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби қирғизҳо 63 нафар кушта ва тақрибан 140 ҳазор нафар кӯчонида шуданд. Ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, аз ҷониби тоҷикҳо 83 нафар кушта шуданд.

         «Радиои Озодӣ» рӯйхати номии 83 нафар кушташударо аз ҷониби Тоҷикистон нашр кард. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар задухӯрдҳо зиёда аз 200 низомии тоҷик кушта шуда, тақрибан 400 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар 12 соли охир дар марзи тоҷикону қирғизҳо зиёда аз 230 ҳодисаи истифодаи силоҳ рух додааст. 20 сентябри соли 2022 кишварҳо созишномаи сулҳ ба имзо расонданд.

         Идома доштани тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ, ҳамчунин дар давраҳои пеш, панҷ мансабдори баландпояи ҷумҳуриро, ки вазифаҳояшонро аз 11 то 14 сол нигоҳ доштаанд, дар канор гузоштааст. Ҷойи аввали миёни куҳансолони дастгоҳи давлатӣ ба раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимови 69-сола мерасад, ки аз соли 2010 ин мансабро нигоҳ медорад.

 Дар ин ним-як соли ахир Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан ҳамаи роҳбарони шуъба ва ва раёсатҳои амниятро дар марказу навоҳӣ ва вилоёт иваз карда ва дар ҷойи кадрҳои фархорӣ данғарагиҳоро монд. Чунки ба Рааҳмонов дар бораи СС.Ятимов маълумотҳои зидунақиз расида буд. Ин оғози коҳиш ва бе қадршавии СС. Ятимов ба назар мерасад.       

 Маълумот расида буд, ки СС.Ятимов гуё нияти нафареро дар ҷои Раҳмонов оварданро дорад. Баъдии ин маълумот чанд муддат як сукут ва хомушии мутлақ ҳукуматро фаро гирифта буд. Аммо дидору мулоқотҳои Раҳмонов бо Юсуф Раҳмон, Прокурори  генералии Тоҷикистон ва қудои охирини Эмомалӣ Раҳмонов  зуд-зуд сурат мегирифтанд ва сафарҳои Юсуф Раҳмон ба хориҷа ва бахусус Русия афзудан гирифт. Юсуф Раҳмон ба Эрон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Ҳамон вақтҳо буд, ки овозаи омадани Юсуф Раҳмон ба ҷои СС.Ятимов, дар мақоми раиси КДАМ дар миёни доираҳои муайян паҳн гардида буд.

  Ҳамин тавр, пас аз чанде, аввал аз наздиктарин дӯсти СС.Ятимов,роҳбари беморхонаи ибни Синоро шуруъ карданд. Ҳолати ва ҳадафи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Сино дигар буд. Вале ӯро бо иттиҳоми нашри китоб, ки гуё бар хилофи қонун навишта шуда бошад, дастгир карданд ва ӯро барои 9 сол маҳкум ба зиндон намуданд.

  Аммо пеш аз дастгир кардан, зиёд парешон буданд, ки чиро сабаби боздошт кунем.  Дар ин гуна ҳолатҳо камбудикобиҳо сар мешавад. Се нафарро дар сари китобу фаъолияти роҳбари беморхонаи Ибни Сино монданд, ки таҳлилу тафтиш кунанд. Ҳамин тавр китобро баҳона карданду рол бозиданд. Мақсади асосиро пинҳон нигоҳ доштанд, ки СС.Ятимов пай набарад. Гуё, роҳбари беморхонаи Ибни Сино тасдиқ карда бошад, ки СС чунин ният –табаддулоти давлатӣ дорад. Гуё СС ба воситаи Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҲДТкорро шуруъ карда баъдан Убайдуллоевро низ ба бозӣ медароранд. Гуё дар ин кор кадом аз гурӯҳҳои дар Маскав ҳам шарик ва пуштибонанд ва чанд навбат дар нишасти Валдай афроди зикршуда иштирок кардаанд. Валдай ин як бунёде аст ки аз тарафи Путин ва тарафдоронаш дар соли 2004 ташкил шудааст.

Раҳмонов ин гапҳоро, ки мешунавад, қариб ду ҳафта андеша мекунад.  Баъдан ба хулосае омад ,ки бояд бо ин имконият ҳамаи куҳнаавторитетҳоро аз байн барад. Чун вай яқин кард, ки агар ӯро, ки ин қадар сиёсат дорад, мехоҳанд аз байн баранд, пагоҳ Рустамро дар ду ҳаракат меғалтонанд, ҷойро мегиранд. Вай махсусан аз СС.Ятимов бисёр ҳам дар хавфу хатар монд. Барои ҳамин Юсуф Раҳмонро дар ҷойи вай омода кард. Аммо ҳоло ба иллати аз ҳам пошидани ақди никоҳи Фарзонаи духтараш бо Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ҳатман ба ин нақшааш таҳрир медароварад. Вале Раҳмонов, чуноне ҳамон бародари масъул дар охранааш гуфт, дигар дар вазоратҳои ҳарбӣ касе ба ҷуз аз данғарагӣ ва одамони содиқи худашро нахоҳад гузошт.

Ҳамин тавр нақшаро явош-явош сар карданд. Мебоист дар вақти тафтишоти парвандаи роҳбари беморхонаи Ибни Сино Усмоновро дастгир карда пойи СС.Ятимовро бо дигар нафарони номдор мепечонданд. Аммо чун ҳар вақта ФСБ чи буеро пай бурд ва ба Путин шифровкаро расшифроват карда дод. Путин Раҳмонро сигнал дод, ки вақти чистка нест. Подожди гуфт. 

ССро ҳам ФСБ огоҳ кард, ки Раҳмонов фаҳмидааст. СС чанд маротиба талоши назди Раҳмонов даромаданро кард, аммо қабул накард. СС. Ятимов ба воситаи Қамчибек Ташиев масъаларо расонд.

   СС Ташиевро гуфт, ки услуга за услугу. Яъне ту Жапаровро гу бо Раҳмонов телефонӣ суҳбат ва аз ман пуштибонӣ кунад, ман бошам дар масъалаи марз тарафи шумо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҳам шуд. Жапаров чанд бор бо Раҳмонов   телефонӣ суҳбатҳо оиди марз мекунад, ки дар ахбор намегуянд. Чунки махфист. Раҳмонов ССро қабул ва гуш кард. СС сахт тайёрӣ дида буд. Тавонист ва боз Раҳмоновро тоб дод. Раҳмонов ҳам сахт ҳушёр аст. Медонад, ки тамоми нақшаҳои ӯро СС.Ятимов иҷро кардааст ва маълумотҳои зиёд дорад.

Аммо Раҳмонов барои аз байн бурдани нафарони номдор корро пеш бурд.   Усмонов ва дигаронро дастгир карданд. Аз замоне, ки роҳбари беморхонаи Ибни Сино Абдухалил Холиқзодаро дастгир карданд, аз ҳамон вақт аз қафои Усмонов наблюдение сар шуд.   Дар руйхате, ки гуё дар он номҳои ҳаммаслакони Сайдҷаъфар Усмонзода ҳаст, ғайр аз онҳое, ки дастгир шуданд, боз Оқил Оқилов, Эркин Раҳматуллоев, Ғайбулло Афзалов, Муродалӣ Алимардонов, Убайдуллоев ва боз чанд нафари дигар, ки номҳояшонро мумкин ба наздикӣ фаҳмем, хастанд. Раҳмонов Ятимовро зинда намегузорад. СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода зиёд сиру асрори Раҳмоновро медонанду ҷиноятҳои зиёдеро бо дастони ин ду анҷом додааст.

  Хусусан амалиётҳое,ки чандин сол дар ВМКБ ва водии Қаротегин, ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион ва бар зиди ҲНИТ ва дигар нафарони номдор гузаронидаанд, ҳамаашон таркиби ҷиноёти башарии зиёд доранд. СС вақтҳои охир сахт эҳтиёт мекунад. Метарсад, ки ранги Саидамир Зуҳуроваш накунанд.

Ps: Инки СС.Ятимов худро масъули амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон эълон ва муаррифӣ мекунад дуруғи маҳз аст. Инҷо аз рафтору кирдори бародаронаш чанд намунаи мушаххасро бароятон пешкаш мекунем, то бифаҳмед, ки ин оила ба чи корҳои зишту палид қодиранд.

 Ҷамшед Ятимов бародари хурдии СС ҳамсояҳояш бародарон  Абдурозиқ ва Абдухолиқ, писарони бобои Қурбоналиро маҷбур кард, ки хонаашонро ба вай бифурушанд. Аввал Абдурозиқро маҷбур кард, ки хонаашро бифурӯшад. Ин ҳамсояи бечора маҷбур шуд хонаашро, ки дар онҷо як ҳаёт зиндагӣ кардааст, бачаҳояш дар онҷо ба дунё омадаанд, ҳақу ҳамсоя ва хешу табор дорад ба вай фурӯшаду ба дигар ҷо кучбандад. Ҷамшед Ятимов дар деҳаи Аловиддин як хона ба Абдурозиқ харида медиҳад. Як хонаи нообод ва нимасохт. Ӯро мекучонаду хонаи ӯро ба замин ҳамвор карда дар ҷояш фермаи мурғу индуку фазан  месозад. Аз буйи бади фермаи мурғ бародари Абдурозиқ яъне Абдухолиқ маҷбур мешавад, ки аз инҷо бикучад. Моҳи марти соли равон Абдухолиқ ҳам хонаашро ба писари муллои деҳа фурӯхта ба Данғара меравад.

Маълумоти  дигари расида ин аст ки баъди дастгир шудани ронандаи СС. Ятимов ва Синои ҷиянаш барои ҷинояти қочоқи героин ҷияни дигараш Иброҳимзода Сунатулло судяи додгоҳи ноҳияи Фархор дастгир шуда буд. Аммо баъди як сутка озодаш карданд. Мегуянд, ки барои ҳамон «бор»-и Сино дастгираш карданд. Лекин аз кадом ҳисоб бошад, ки озодаш карданд. Ба гуфте Сино гуфта бошад, ки ин «бор» бори худаш аст. Дар он Сунатулло Иброҳимзодаи писари холааш шарик нест. Аз ҳамин ҳисоб судяро озод кардаанд.

Ҷинояти дигари Абдумумин Ятимов, бародари СС. Ятимов ин аст ки анбори деҳаро ба Шарофиддин Кабиров медиҳад. Хонаи падарии Шарофиддин Кабиров дар пушти ҳамин анбор воқеъ аст. Кабиров Шарофиддин дар паҳлуи хонаи СС.Ятимов замини хонагаҳ-участкаи наздиҳавлигӣ дошт. Он солҳо Абдулмумин дар хонаи бародараш СС. Ятимов зиндагӣ мекард. Худаш хона надошт. Ҳоло дар ин замини паҳлуи бародараш хона сохт. Ин хона не як қасри муҳташам аст. Замини анбори деҳаро бошад Шарофиддин Кабиров барои худаш хона сохт. Ин Кабиров Шарофиддин директори мактаб буд. Саги бовафои Абдулмумин мебошад. Ба замми ин бригадири заминҳои Абдулмумин ҳам ҳаст. Азбаски як пояш карахт шуд ба ҷояш писарамаки СС.Ятимов Файзалиро директори мактаби №15, ки ба номи Ятимов Саттор, падари СС мебошад, монданд. Бовар кунед, ки вай як пиёнискаи арақхур аст. Талабаҳоро руирост дашномҳои қабеҳ, ҳатто бар модарашон ҳақорат медиҳад. Ҳеҷ кас муқобилият карда наметавонад. Директориро ба «тағагӣ» гирифтагӣ аст.

 Бо муаллимаҳои шавҳардору бешавҳар амалҳои шаҳвониашро ҳатто дар дохили мактаб анҷом медиҳад. Ҳатто талабаҳо аз ин амалаш огоҳанд ва чанд бор дидаанд. Аммо зури касе намерасад.

  Ҷинояти дигари Абдулмумин  Ятимов  ин аст ки соли 2010 наваду ду участка замини наздиҳавлигӣ дар поёни деҳа, ки онро Навбунаҳо мегуянд ҳар кадоме аз онҳоро бо баҳои аз 2 то 4 ҳазор долларӣ мефурӯшад. Ногуфта намонад, ки 8 таҳҷоӣ дар ҳамин Навбунаҳоро Шарофиддин Кабиров ба аҳлу байти худ мегирад. Ба гуфти мардум онҳо бар ивази 700-800 долларӣ харидаанд. Ҳамин авлои Кабировҳо ними замини Навбунаҳоро гирифтаанд.

Ҷинояти дигари Абдулмумин ва Ҷамшед Ятимовҳо

 Хирманҷои деҳа дар поёни хонаи муаллими Саттор қарор дошт. Ҳоло онҷо хонаи Ҷамшед Ятимов шудааст. Ними хирманҷоро Ҷамшед Ятиимов маҳкам карда гирифтааст. Ва нисфи дигарашро Абдулмумин истифода мебарад. Дар онҷо техникаҳояшро мемонад, яъне гараж кардааст.

Ҷинояти дигари Абдумумин ин аст ки гаражи колхозиро, ки дар чандин гектар масоҳат дошт, замини наздиҳавлигӣ карда фурухт. Аммо нисфи гаражро ба хусури бародари Ҷамшед Ятимов дод.

 Ва боз  дар поёни қишлоқ замини котелний буд.Замини онҷоро ҳам 15 участкаи наздиҳавлигӣ карда фурӯхт. Аз он ҷумла ба қудои худаш Қурбонхон ҳам аз ҳамонҷо замини наздиҳавлигӣ дод. Тақрибан як гектар. Домодаш  дар онҷо қаср  бунёд кард.

Share This Article