СС.Ятимов: «пир шудам, нафақа меравам, акнун мара нигоҳубин кнен» 

Ислоҳ нет

                       Маҷлиси хайрбодӣ дар Туғул

 «Дига бҷуқен бишинен. Ма пенса мером, пир шидум, аку мара нигоҳубин кнен». Берун омадани ин ҳарфу ҳадис аз забони СС.Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ки то ҳамин чанд гоҳи пеш худро кафили амнияти Тоҷикистон ва даҳ миллион тоҷик мегуморид дар ҷамъомади авлод, ҳамаро дар ҳайрату ҳарос андохт.

 23 июли соли ҷорӣ ходими давлатӣ, дипломат, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи далатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович зодрӯзи худро дар иҳотаи авлод дар Туғул Ориёни кунуни доир кард. Барои бори аввал буд, ки Саймумин Сатторович як чунин «ҷамъомад»-еро шахсан  ташкил карда ва дар он тактаки авлод, то домодҳову духтарҳову бародарону хоҳарону ҷиянҳоро даъват кард. Бисёр ҳам пакар, хаста ва дилмурдаву зиқу ҳазину андуҳзадаву ғамнок ба назар меомад. Ту гуӣ бачаи 18-солааш мурда бошад ва ё келини зери чодураш бева монда бошад:

  «Ай кор мерам, хаста ва дилмонда шудам, наметонам, пир шудам таёритона бинед. Ман ҳамата тайёр кардагиам, дигар метонед ки мара нигоҳубин кнен».

  «Ман нафақа мерам» гуфтани СС.Ятимовро касе аз авлод мунтазир набуд. Ҳама бар ин бовар буданд, ки Раис ҳам дигар «якумра» шудагиву бо Калон баробар ва барбабар мераванд. «Ман нафақа мерам» гуфтани Ятимов ин ман мемурам гуфтани ӯ аст.

Абдумумин, (Абдумумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали Фархор) бародари СС.Ятимов, ки то ин лаҳзаҳо худро «корол джунгли» эҳсос мекард, билодиранг ба харгушак, балки ба муши мурда мубаддал шуд: «ба акаам чи шуда боша?»

  Як хидматгори фермаи Абдулмумин дар назди дӯстонаш гуфтааст: «пеши инҳо дигар наоед,ки гап зада намешавад. Авлодро полний вазир фарёд кард, намедонам чи гуфтаст,ки баъди он бо ҳеҷ  кас гап намезананд. Дигар ҳеҷ кадомаш бо касе контакт надорад. Гуфтааст, ки нафақа мерам, дигар метонен, ки  бҷуқен бгарден».

 Дар Фархор одамҳои огоҳ ҳам мегуянд, ки Шоҳрух (Шоҳрух Саид) вазъияти СС.Ятимовро турби турб кардааст.

                                 Шоҳрух чи кор кард?

Шоҳрух кореро кард, ки метавонист соли гузашта, ду соли пеш, чаҳор соли пеш анҷом диҳад, чун сардори УУР, мақоми боло дар ВКД буд, аммо зураш намерасид, ҷуръат ва ҷасорат намекард, агарчи 100% иттилоъ дошт. Гап дар бораи чӣ меравад?

Сино Сайфуллоевич Ҷағалов, писари Сайбии хоҳари СС.Ятимовро бо миқдори 6 кило героин дастгир шуд. Сино Ҷағалов, соли таваллудаш 1989 дар паҳлуи ресторани «Ашрафӣ»-и Ҷамшед Ятимови бародари СС. Ятимов дар маркази Фархор як дукон дорад, ки дар онҷо биринҷу нахуду наску лубиву амсоли ин савдо мекард. Вай солҳо боз ба қочоқи маводди мухаддир машғул буд ва ҳама кормандони мақомот аз ин «самти тиҷорати пурдаромад»-и вай пурра хабар доштанд. Аммо худро нодида меангориданд, чун ҷияни худи СС.Ятимов аст. Сино худаш ҳам муътод аст ва ҳамеша «подкайф» мегардад. Аммо ин бор ходимони милиса дастгираш карданд ва феълан дар СИЗО-и Кулоб аст.

  Аммо, Сино Ҷағалов танҳо аз наздикони СС.Ятимов нест, ки дар охирин рӯзҳои кории СС.Ятимов боздошт мешавад ва вайро сахт подводит мекунад.

Чанд рӯзи қабл аз боздошти Сино яке аз ронандаҳои худи СС.Ятимов низ (ронандаи ба гуфтаи худи фархориҳо «калимарксӣ»-Карл Маркс) дар ҳудуди Фархор бо ҳаҷми зиёди героин, ба як қавле 60 ба қавли дигар 100 кило ба қап хурд. Ин ронандаи СС.Ятимов на фақт ронанда, ҳамчунин телехи Ятимов ва аз одамҳои боваринок ва асоситарини раиси КДАМ-и Тоҷикистон будааст.

Айни замон ин ронандаи СС. Ятимов, ки гуфта мешавад рутбаи баланди афсарии сарҳанг ҳам доштааст, дар СИЗОи Кулоб нигаҳдорӣ мешавад.

 Ногуфта пайдост, ки ин миқдори бузурги героин дар гумон аст ки ба худи вай тааллуқ дошта бошад. Солҳост, ки Абдумумин Ятимов, сардори Идораи хоҷагии ҷангали Фархор ва яке аз одамони бонуфузи Фархор ҳамчун наркобарони сатҳи минтақаӣ машҳур шудааст ва роҳу самтҳои воридоти героин аз Афғонистонро ба унвони лесхоз-мири ҷангали ин минтақа таҳти контрол дорад. Таъйид кардани он ки ин миқдори бузурги героин аз они маҳз Абдулмумин бошад, мушкил аст, чун тибқи маълумотҳо худи СС.Ятимов ҳам солҳо боз бо қочоқи маводи мухаддир машғул мебошад. СС. Ятимов хуб медонад, ки ин боздоштҳо маъмулӣ нестанд. Сигналанд, ки давраат тамом, вақтат ба охир расид.

Ҳоло дар Фархор ва ҳамчунин дар миёни мақомоти қудратии Тоҷикистон ин сарусадоҳо паҳну парешон шудааст, ки боздошти Синои ҷиян ва ронандаи СС. Ятимов кори дасти Шоҳрух аст. Шоҳрух аз чандин вақт аст ки дар пайи СС. Ятимов буд, то ниқори падарашро бигирад. Шоҳрух дар круги худаш гуфтааст : «Оли нигоҳ кунен ма читари мекунум ин муғула, ки ба халосгар зор меша ягон кас ай чанги ма халосш када наметона. Бо мара пеши коргарошда Шоҳрих кличка мондаи, хай ма гуфтм шуниден»

Манбаъи огоҳи мо гуфт, ки баъди дастгир кардани Саидҷаъфар Усмонов СС.Ятимов дар як ҳолати вазнин қарор дорад ва сахт навмеду пакару музтар ба назар меояд. Аммо баъди дастгиршавии ҷиян ва ронандааш, ки ба дунболи ҳодисаи боздошти Саидҷаъфар Усмонов сурат гирифт, комилан шикаста ва маҷруҳ шудааст.

                               СС.Ятимов ва Толибон

СС. Ятимов зери ин ҳама бори нангу накбат ва бадномӣ яке аз охирин сафарҳои кории худ ба хориҷ аз кишварро дар  моҳи гузашта ба Кобул пойтахти Иморати Исломии Афғонистон анҷом доду вале чанд рӯзи пеш расонаӣ шуд. Ҳар касе як сари му аз шахсияти СС.Ятимови махуф  бохабар аст медонад, ки вай ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҳолат ба дидори давлатмардони бо ришу сала, муллову домуллову охунд бо хоҳиши худ ва бо майли худ намеравад. Аз ин ҷост ки ин сафари СС.Ятимов  ба Кобул бо дили нохоҳам ва аз руи иҷбор сурат гирифтааст. Чун СС.Ятимов дар рубару бо онҳое нишаст, ки як ҳаёт бо онҳо мушкил дошт. Вале муҳим,ки нишаст, чун чора надошт. Хабаргузориҳо ҳам навиштанд, ки балки ишораи хос карданд, ки СС.Ятимов бо дастури Раҳмонов бо Толибон мулоқот кард. Маълум аст ки  бидуни дастури Раҳмонов қадаме барнамедорад, ва ин ба кудаки синфи як ҳам маълум аст. Вале ин эҳтимолро наметавон баъид донист, ки Раҳмонов амдан ва махсус фиристодаш, ки биравад ва бо муллоҳову ришдорҳо масъаларо ҳал намояд. Ва СС нишаст дар баробари «террористҳо»,«асри миёнагиҳо», «ҷаҳолату ақибмондагӣ», «таассуб, раҳгумзадагӣ, ҷаҳонбинии кӯркӯрона» дар муқобили «запрету мамнуъа». Бо пиндори азалии худаш за подло медонист.

 Ва ба пову дасти роҳбарони Толибон афтод, ки «бо мабодое ба ҲНИТ кумак кунед, мабодое ҷилави Ансоруллоҳро ба дасти Кабирӣ биспоред. Мо ҳар чизе гуед лому мим нагуфта иҷро мекунем. Ана Аҳмади Масъудро сур кардем. Самолёту чархболҳоятонро ҳам бармегардонем. Интиқоли қувваи барқ зиёдтар мекунем. Бозорҳои марзӣ ҳам зиёд мешавад. Ангиштро ҳам бисёр медиҳем. Медиҳему халос, ҳарчи қадар хостед, ҳар вақте хостед, медиҳем».

   Хонандаи азизи «Ислоҳ». Бубин, кори худоро! Собири басабр чи корҳое намекунад. Инҷо дар дарун ришдорҳоро хоину душману ҷинояткор эълон карду эълон мекунад, ба ҳабсу зиндон мекашад, аммо онҷо мераваду дасту по мебусад, дасту пойи Амирхони Муттақиро, ки ришаш аз риши ҷамъи ришдорони мо дарозтар аст.

Дар инҷо чи қадар ришдорҳоро кушт, маслан ҳамин Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва ё эшони Қиёмиддин ва ё махсуми Абдусаттор, ки асиру бандӣ буданд, кушт. Аммо, бубинед, ки чи қадар оҷизу музтарибу мушавваш дар назди Толибон сар хамонидааст. Ин торсакии Худо аст, ки садо надорад, вале ончунон муҳкаму сангин аст, ки дуд аз ҷигараш мебарояд.

 Дигар дар ҳақиқат фурсаташ сар омадааст. Ва як муруре кутоҳ кунем ба корномаи СС, ки кӣ буд.

     СС.Ятимов кӣ буд ва чи кор кард?

Барои онки осонфаҳм ва осоншинос бошад аз як навиштааш иқтибос меоварам:

«Дар доираи фаҳми категорияи м а н ф и а т ҳар қадар дур рафтан, фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, модӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ, таассуб, раҳгумзадагӣ, дурӯғ ва фиребро дорад.
Бо чунин каромоти ҷаҳонбинии кӯркӯрона, ки гӯё метавонад ҷомеа ё ҳадди ақал як фардро хушбахт кунад, аз эътиқодмандони одӣ, сода, қаторӣ, гумроҳ сар карда то террористони худкуш, ба завқи чашидани «шаҳди шаҳодат» бовар мекунанд.
Шахси соҳибмаърифат ва боандеша ин ақидаҳоро ботил мешуморад. Аммо «ба нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор басе осонтар»  аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд.

СС.Ятимов дар тули тамоми умри худ бо ҳамин ҷаҳонбинӣ ва бо ҳамин фалсафа ва бо ҳамин таваҳҳум ва хиёл зиндагӣ кардааст. Тамоми умри худро дар мубориза муқобили Аллоҳ, Ислом, Расули акрам, мулло ва масҷид гузаронида исломро далел ва иллати қафомондагӣ, асримиёнагӣ ҷаҳолат, таассуб мешиносад.

Аз оғози кораш ба унвони чекист дар шуъбаи зидди дин кор кардааст.

Вақте омаду дар курсии раёсати КДАМ шишт ин ниҳоди муқтадири иҷтимоиву низомиро пурра бар зидди дини 99 дарсади роиҷи кишвар ислом истифода кард. Мешавад аз навиштаҳояш  ҳазорҳо мисол овард, ки чи қадар бо ислом танаффур ва бадбинӣ дорад.

Ҳеҷ роҳбари ҳеҷ ниҳоди дигари ҳукумати Раҳмонов давоми 32 соли раҳбарии Раҳмонов бар муқобили ислом, руҳониҳо, масҷид ин қадар таарруз ва таҷовуз накардааст, ки СС.Ятимов кард. Инки Э.Раҳмонов як фосиди душмани худову ислом аст ба касе пушида нест. Аммо ин СС.Ятимов буд, ки танаффури Раҳмонов бар исломро авҷу тавону зури бештар дод. Зиндонҳо пури салафиву наҳзативу муллову муллобача шуд.

 Кор ба ҳадде кашид, ки «идея»-и СС.Ятимову чанд думрави косалесаш, ки талоши истихроҷи афкори дунявӣ ва зиддидинӣ аз адабиёти классикӣ масалан аз Мавлави Ҷомӣ ва ё хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва ё аҳли тасаввуф чун Бобо Тоҳири Урён карда ва дар расонаҳо бо муаллифони кутуби дарсӣ ҷидолу набард ба роҳ андохта буданд, ки адабиёти классикро дар руҳияи пессимистӣ ва динӣ ба талабагон пешкаш кардаанд дар паёми имсолаи Раҳмонов роҳ ёфт ва Раҳмонов ба бознависии кутуби дарсӣ  талкин ва ташвиқ кард. Манзур бояд китобҳои дарсии адабиёти мо тавре нигошта шавад, ки дар онҳо атеизми ҷанговар ва материалзими диалектикӣ асос ва маҳак бошанд, яъне ғоя, идея ва идеологияи даҳригӣ аз мактаби мутавассита талқин ва тадрис бишавад. Ин ҳама таҳти таъсири атеизми ҷанговар ва неоматериализм ва диамат аст ки СС.Ятимов пайрав ва маҷзуби ин мактаб аст. Ин ки дар Маркази исломшиносӣ ва дар Кумитаи дин соф файласуфҳои аз худобаргашта ва аз исломбезор оварду монд.

Дуруст аст ки масоҷид дар Тоҷикистон қабл аз омадани СС.Ятимов  ба раҳбарии КДАМ ҳам бо ҳар баҳона, масалан санад надорад, баста шуда буд . Сиёсати зиддидинии Раҳмонов ин сиёсати зиддидини худи вай аст. Қаблан ҳам ҳамин тавр буд. Чун ислом рақиб ва душмани сарсахти вай аст. Аммо СС.Ятимов  инҷо беҳад «гузаронд». Ҷаррасти муллову домуллову масҷиду намозхону рузагирро баровард, то ба ҳадде Раҳмонов таҳти таъсир қарор гирифт, ки ошкоро гуфт: «рузаатонро хуреду зардолуро чинеду ғулинг кунеду зимистон хуред, гушна намонед».

 Аммо СС. Ятимов як чизро фаромуш кард, ки бар мабнои таълимоти даҳриҳои динситез дар як кишваре, ки мардумаш мусалмон аст маъмурият ва масъулят дошта наметавонад. Ва агар дошта тавонад ҳам зуракӣ ва муваққат ва ғайритабиӣ аст.

 СС. дар давоми 15 соли кориаш корро барои тамоми ақшору табақоти иҷтимоӣ мушкил ва ғайриодӣ гардонд. Ҳеҷ арса ва соҳае намонд, ки амният ҳатмани ҳатман «нул» назада ва «фук» нахалонида бошад. Фармону амру дастуру қарори Президенту раиси ҳукумат аз ташхис ва муоинаи КДАМ мегузарад. Ба таври автоматик СС ба рақами аввал ва ниҳоди зери раҳбарии вай ба як ғул ва ба як динозавр тағйири ҷойгоҳу шаклу сурат кард.

  Қабл аз омадани СС.Ятимов, дар замони масалан Хайриддин Абдураҳимов ва Сайиданвар Камолов ҳам амният кор мекард, аммо кори давлатӣ мекард.

Дар он давраҳо мардум бо амният мушкил ва сарукор надошт. Аммо баъди омадани СС.Ятимов амният як саги газанда ва ҳору девона шуд. Ба ҳар касу ҳар корхонаву ҳар ҷо сар халонд. Аввал сар халонд, баъд забт кард. Тамоми соҳаҳоро таҳти контрол гирифт. Ду ҳокимиятии омму том ва ошкоро. Ҳатто дар бархе аз навоҳӣ ва идораҳо амният ва куратори амният амалан шахси аввал шуд. Амният ба мақоми аввали ҳукумат баромад. Ҳама чизро амният ҳаллу фасл мекунад. Справкаи амният муҳимтарин санад барои кору мансабу вазифа шуд. Ин СС. Ятимов аст ки мо ҳоло дарбадару гурезаву  паноҳанда гаштаем. 

Чаро Раҳмонов ба СС ин қадар уполномоченний дод? Чунки СС.хеле аз хоста ва таваққуъоти Раҳмонро бароварда кард. Он чизҳоеро, ки Раҳмонов мехост кард. ҲНИТ баста шуд. Рустам оварда мешавад. Фазо дар дохил тарсолуда ва амниятӣ аст. Дигар ҳиҷ эътимоду бовар мавҷуд нест.

  Раҳмонов ба СС.Ятимов ихтиёроти беҳадду марз дод ва вай дар сохторҳои амният хешу таборҳо ва ҳамшаҳриҳои худро ҷобаҷо кард. Домодҳо, ҷиянҳо ва ҳатто хешовандони дури дурашро оварда дар вазифаҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби бюҷети мамлакат хуранд. Боз поро фаротар гузошт ва КДАМро хосси як ноҳия яъне Фархор кард.   

Ин ҳам кофӣ набуд, ба жучокмониву наворгириро сар кард. Аввал мулоҳоро навор гирифт, коре, ки медонист натиҷааш ба Раҳмонов писанд меомад. Сипас вазирҳову давлатиҳоро муттаҳам кард ва ҳамин тавр олимону дигарҳоро. Хулоса як Берияи навбаромад шуд. Ҳизбу НПОҳову адвокатураву матбуотро ҳам зин заду савор шуд. Хулоса, ҳарчики бо ин мардум мехост кард.

        Нақлҳо аз як подабони фермаи Абдулмумин

  Ҳануз як сол нашудааст, ки як одамро бо афюн бачаҳои Коммуна подстава карданд. Онҳо  10- 12 нафар буданд ва бо милисаҳо додугирифт доштанд. Модараш як кампири калонсол аст. Уро бурданду  махкам карданд. Ин пирзан рафтаст пеши Абдумумин ва моҷарор ҳикоят кардааст. Абдумумин гуфтааст, ки агар милиса бошад рафта наметавонам, лекин дар суд ёрдам мекунам. Кор ба суд рафт. Дар ҳақиқат Ятимов Абдумумин ба хотири ҳамон кампир гапзанон карда будааст. Хулоса, шаш нафар аз ҳамроҳони он бача ҳукм гирифтанд, аммо ин бача аз сари суд озод шуд. Чунки Сунати ҷиянаш «ҷошда» ҳал кард.

Ин гапи соли 2011-2012 аст. Дар хонаи Ҷамшед Ятимов кампири очааш нақл кард. Кампири модараш момаи Зебогул инсони хуб буд. Вай тоҷики тоза аст. Аммо Саттори муаллим, ки ҳоло мактаби 15-ро,ки СС онҷоро хонда ва дар онҷо муаллимӣ ҳам кардааст ва ин мактабро ба номаш гузоштаанд дурага аст. Нақлҳои зиёд мекард.

Як бор нақл кард, ки: «бачам қати президент салом кардам. Да президент гуфтам, ки «бачам то вақте да вазифаӣ бачаи ман дар барут бошад.Президент қасаму қавл додагияй дар пеши ман, ки то вақте ман дар вазифаюм ҳамин бачаи ту дар бари ман ҳастай ва дуош додум»

Зебогул зани хуб буд. Ҷамшед 60 тонна гандумро даравида овард дари хонаашон. Зери борону офтоб ҷазир шуда истода буд. Зебогул ҳамаи муаллимҳоро оварда 6-7 қопчаӣ додашон.Ба мардум ҳам тақсим кард. Ин кор солҳои 2008- 2009 буд.

                 Абдумумин Абдумумини пешина нест

  «Вазъияташон бад шудааст. Ягон одам пешашон рафта наметавонад. Манзур Абдумумин. Дигар ягон касро қабул намекунад. Одамҳо пешаш мерафтанд.

Як шиносам гуфт дар отдел корам ғалтидааст. Чи кор кунам? Гуфтам пеши раис (Абдумумин) нарафтӣ? Гуфт не, вазъияти худашон безеб. Бо онҳо ҳозир гап зада намешавад: «раис ягон одама қабул намекунад. Мумкин брам қатим ҷанг куна».

Аммо дар ҳамон ферма любой вақт мерафтӣ пушти дараш одамҳову мошинҳо қатор буданд: «мо зодаи Фархорем  медидам, ки ягон мошини қимат меояд меистад мефарояд мепурсад, ки ҳамин фермаи акаи Абдумумин да куҷояй? мегуӣ ҳамон сун. И, ҳамитарӣ корҳоро ҳал кунӣ мераванд. Любой кас бинад мега, ки ягон проблемаи дошт аз худи Душанбе зад омад, аз худи Душанбе, Ғарм ,Ҳисор, Хуҷанд рост пеши Абдумумин меомаданд ба фермаи Абдумумина. Онҷо договоритсая мекнанд баъд мебароянд мераванд. Лоя медиҳад меравад. Дар пушти ферма медидӣ, ки мошинҳои бадвоҳима истодагӣ. Аммо ҳоло ҳамаҷо холӣ».

   Ва ҳоло акнун СС.мақолаҳои як замон навиштаи худаш ё барояш ва ё аз танаш навиштаро мехонаду ба ин сатрҳо мерасад:

«Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани  давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад»

                     СС чунин навишта буд:

  Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро  асос гузошт, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё кард, қувват бахшид. Аз ин имконоти таърихӣ синфи соҳибтафаккури мубориз бояд истифодаи аъзам намояд. Донад ва хулоса кунад, ки ояндаи миллат ва давлати миллӣ маҳз ва танҳо аз тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ вобастагӣ дорад.

                            СС чунин навишта буд:

Таърихи истиқлолият, таърихи навини давлатдории миллӣ − зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

                               СС чунин навишта буд:

  Агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони  роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст. 

Ҳоли табоҳи СС пас аз ин ҳама хидмат ба Пешвои муаззамаш

Бинобар хабарҳои расида  ҳоло зора карда истодааст,ки ақалан намоянда дар ШОС таъинаш кунанд. Вале ин бор худи Раҳмонов рад кардааст. Чун новобаста аз онки чун саги вафодор хидмат кард, Раҳмонов маълумот гирифтааст, ки аз болояш ба Маскав шиква кардааст ва низ бехабариаш аз табаддулоти Усмонзода Раҳмоновро ба вай машкук кардааст.

Ps: Дар охир инро меафзоем,ки СС.Ятимов махуфтарин мақомдорест,ки дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол тавтиъа, спектаклҳои сохта, туҳматҳои бесобиқа ба шаҳрвандон, муборизаи бе амон бар алайҳи дин,фарҳанг, ақидаи мардуми Тоҷикистон, зиндоникардани қишри огоҳи миллат, қатлҳои занҷираии мармуз бо ҳар роҳу васила, бадномкардани Тоҷикистониҳо бо номи терорристу экстримист ва дигар фоҷеъаҳо маъруф аст. Бидуни шак сарнавишти Лаврентий Берия роҳбари НКВД иттиҳоди шуравӣ бар ӯ татбиқ мешавад. Солҳои кории ин ду қотил хело ба ҳам шабоҳат доранд. Беря аз табори Мингрилҳои Гурҷӣ буд аммо СС аз табори муғулҳои этникии Туғул Ориёнии кунунии ноҳияи Фархор. СС.Ятимов ҳеҷ раҳме бар фарзандони миллати Тоҷик накарду шадитарин репрессияро дар кишвар амалӣ намуд. Умеди онро дорем,ки ин махуфтарин қотили ин миллат дар зудтарнин фурсат ба кайфари аъмолаш бирасад ва рӯҳи шуҳадои бегуноҳ ором ва озордидагони дигар оҳи сарду сабуке кашанд. Он рӯзи бузург хело наздик аст.

Share This Article