Суҳбат бо ҷавонеки дирӯз ба русия расид
(хондани намози бомдод бо ҷамоъат,иттиҳом ба салафи будан аст қиссаи воқеъӣ)
Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоъи ба ман тамос гирифт ва бо исрор мепурсид ман ба кадом давлат равам,ки оромам гузоранд?
Аз ӯ пурсидам чаро чунин давлатеро меҷӯед?
Гуфт: Ман аз …. мебошам ва бо иттиҳоми салафият маро боздошт намуданд.
Пурсидам: Чӣ амале анҷом додед,ки шуморо ба салафи будан иттиҳом намуданд?
Гуфт: Ман дар …. як фурӯшандаи одди будам ва ҷурмам ҳамин буд,ки дар минтақае зиндагонӣ мекардам намози субҳро бо ҷамоъат адо менамудам.Дар масҷид ба намози субҳ танҳо муйсафедон мераванд ва дар дигар намозҳо гоҳ гоҳ ҷавонон дида мешаванд.Имоми масҷид ба ман гуфт дигар ба намоз субҳ ҳозир нашавед,ки барои шумо маро чанд маротиба пурсиданд.Он рӯз соати 15:30 вақте ба хона баргаштам маро ду нафар бо либоси мулки бо худ бурданд.Ҳарчӣ мепурсидам ман чӣ гуноҳ кардаам? Гуфтанд гуноҳатро дар отдел мефаҳмӣ .Маро ба идораи амният бурданд ва шурӯъ намуданд.Фалони …. ту боз салафӣ ҳасти ва намозҳои бомдод дар сафи аввал намоз мехонӣ? Дар таъаҷҷуб мондам,ки магар намози бомдодро бо ҷамоъат хондан ҷиноят аст?
Чанд зарбаи сахте дар шикамам зад,ки пеши чашмонам сиёҳ шуданд қариб меафтодам.Дигараш бо дашномҳои қабеҳ шурӯъ намуд.Шумо шукрона намекунед,ки пешвои хубе доред ва бар зидди ӯ ва гуфтаҳояш амал мекунед? Гуфтам охир ман як фурӯшандаи оддие ҳастам ба зур зиндагониамро мегузаронам ва чор фарзанд дорам бо модари пири 73 солаи дар бистари бемори хоб.Ҳаргиз дар ҳеҷ гурӯҳе набудам ва салафиро намедонам,ки чӣ аст ва чӣ мехоҳанд.Гуфт бисёр гап назан ва ҳоло ту ихтиёр бояд кунӣ чанд чизро.Гуфтам чиро ихтиёр кунам? Чиро ихтиёр мекардӣ навъи ҷиноятро.Дар ин ҳолат ҳушам рафт,пас аз чанде ба ҳуш омадам як ҷавоне дар наздам истода буд ва бароям чунин гуфт: ака агар хоҳи наҷот ёбӣ салафи буданро ихтиёр кун ва аз се,то панҷ сол зиндон мегардӣ тамом.Ё агар пул дошта бошӣ даҳ ҳазор долар метиед ҷонат халос мешавад.Ман гуфтам ман ҳеҷ гуноҳе накардаам,ки боз як нафараш омад гуфт ,то ҳоло гуноҳашро ба кала намегирад?
Хост занад,ки гуфтам ман пул медиҳам вале надорам даҳ ҳазор долар.Гуфт чиқадар дорӣ? Гуфтам агар ҳама моле дорам фурӯшам 50,000 ҳазор сомонӣ мешавад.Каме фикр кард гуфт метавонӣ фардо,то абед ин маблағро биёри? Гуфтам ба ман як ҳафта муҳлат диҳед,то пайдо кунам ин маблағро.Гуфт се рӯз на аз ин бештар, инҷо навис,ки ман пайравӣ ҷараёни салафи ҳастам ва бо ин….. роҳбаронаш робитаи хуб дорам ва чанд номероҳам гуфт дар ҳаётам нашунида будам он номҳоро онҷо навиштам.
Ман аз ӯ пурсидам масалан номи киро гуфт: Ҳазрат ба Худо намедонам чизе аз номҳо дар ёдам намондааст.Ҳаминаш дар ёдам мондааст,ки вақте телефонамро гирифт дӯстонамро дар фейсбук дид ва шуморо пайдо кард.Гуфт ана бо Муҳаммадиқбол дӯстӣ доред ку? Гуфтам магар ӯ салафӣ ҳаст? Гуфт намедонистӣ…..оча ? Гуфтам не ман мақолаҳои ӯро мехонам чизе аз салафи наменависад охир.Боз ончунон муште дар назди гушам зад,ки омода будам ҳама чизе дорам тиям аз он қассобхона халос гардам,ҳазрат номатонро ҳаргиз фаромӯш намекунам ва ин мазлум боз механдид.
Муҳим шаб буд ба хона омадам гуфтам пул лозим дорам,бо як азоб пайдо намудам бурда додам ва гуфтам он варқе навиштаам ба ман тиед гуфтанд агар хоҳӣ дубора инҷо наёремат дигар намозота дар хонат мехонӣ.Хуб бдон ту зери назорати мо ҳастӣ ва ин дафъа чизе туро халос намекунад.Ҳозир тӯ ними маблаға овардаӣ, статяи ту 10 ҳазор аст ту боши панҷ ҳазор овардаи. Пас аз он билет гирифтам ва аз кишвар хориҷ шудам.Дар ҳаётам русия наомада будам намедонам чикор кунам.Оилаам бе сарбон худам дар ин ҳолат қарор дорам,илтимос бароям машварат диҳед.
Пас аз ин суҳбат ончунон гиристам ба ҳоли ин бародари мазлумамон,ки фарзандонам фикр карданд чӣ ҳодисаи нохуше шудааст.Дар асл аз ин карда ҳодисаи нохушу дилхароше вуҷуд дорад? Ин қатрае аз баҳр аст,ки ончӣ бар сарашон мегузарад мегӯянд.
Садои ин мазлум сабт шудааст ва агар лозим бошад омодаам онро дар ихтиёри ҳар муасисаи ҳуқуқи гузорам.Инчунин номҳои он ашхоси ситамгор бо рутбаҳояшон дарҷ шудааст.
Вазъияти миллати мазлуми тоҷик дар чунин ҳолат аст,дар ҳоле ношармида тоҷикистонро давлати “Демократи ҳуқуқбунёд ва ягона” ном гузоштаанд.
Аллоҳ ин золимонеки чунин зулмҳо ва туҳматҳоро ба мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд ба ҷазои аъмолашон дар ин дунё қабл аз охират расон.Ҳама ситаму шиканҷаро бар мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд.Танҳо тӯ метавонӣ ин ситамкоронро ба кайфари аъмолашон дар ин дунё қабл аз охират бирасонӣ омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин