Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср №3

Ислоҳ нет

Нақши миёнаравҳои сулҳ 

  (бахши севвум )

Агарчи аксарият бар ин назаранд, ки сулҳу оштӣ миёни тарафҳои ҷанги дохилӣ кори дасти худи тоҷикон буд, аммо нақши босазо ва муассири созмонҳо ва давлатҳо дар ба ҳам омадану оштӣ кардани тоҷиконро наметавон ба таври алоҳида таъкид накард.

Созмони Милали Муттаҳид ба унвони сарпараст ва масъули раванди дастёбӣ ба сулҳ, Русия ва Эрон дар мақоми ду кишвари умдаи пуштибон ва муассир болои тарафҳои ҷанг ва сулҳи тоҷикон: Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик миёнаравҳои асосӣ дар хатми ҷанги панҷсола ва расидан ба сулҳу оштӣ ба шумор мераванд. Дар радифи СММ ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфаронси исломӣ ва кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамроҳ бо Русия ва Эрон дар баргузории раванди гуфтушуниди тарафҳои даргири тоҷикон, мулоқоти роҳбарони ҳарду тарафи ҷанг ва сулҳ нақш ва саҳми худро бедареғ гузоштанд. Аммо СММ, Русия ва Эрон нақши умда ва асосӣ бозидаанд.

Бахусус Русия, ки на фақат дар қатъи ҷангу расидан ба сулҳ, ба шуруъи ин ҷанг ва нооромиҳо дар Тоҷикистон ошкоро дахолат ва таъсир кардааст.

Нақши Русия дар сулҳи Тоҷикон

“Пуштибонии Русия буд, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон аз байн бурда шуда Эмомалӣ Раҳмонов савори тонку тупҳо ва дар сари китф Калашникови русӣ вориди Душанбе шуд ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҷанубу марказ ва шарқи кишварро фаро гирифт, садҳо ҳазор тоҷикистонӣ овораву гуреза шуда қисмате рудхонаи Омуро гузашту рафт ба Афғонистон.”

Аз инҷо буд, ки вақте масъалаи гуфтушунид ва музокира доғ шуд, Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон эълон кард, ки тарафи музокироти вай Русия аст, на ҳукумати дастнишондаи вай, ки ҳеҷ салоҳият ва ихтиёроте надорад. Аммо Русия, ки гуфтем нақши меҳварӣ, марказӣ ва асосиро бозидааст, дар оғоз қатъан намехост ва розӣ набуд, ки оппозитсиюни исломии тоҷик дигар сар боло кунад, вуҷуд дошта бошад. Бомбборони водии Қаротегин, ҳадафи тири тупхона қарор додани кампҳои муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон, кумакҳои ҳангуфти низомиву молиявӣ ва пуштибонии байналмилалии режими Душанбе мавқеи Русияро боз ҳам бештар рушан карда буд. Аммо ҳамла ба посгоҳи 12-ум дар Сари ғори Шурообод дар июли соли 1993 ва ба хоку туроб бадал кардани он ба сари махмурони «Руская водка» дар Кремлин сатли оби сард рехт.

   “Евгений Примаков, раиси Идораи истихборот ва ё кашфи хориҷии Русия билодиранг омад пеши устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон ва гуфт, ки мо дар шинохти шумо саҳв кардем. Ин ҳақи шумост, ки ба ватан баргардед ва мо ҳатман мусоидат мекунем. Аммо бо сарҳадчиёни мо даргир нашавед.”

Русия ба вузуҳ пай бурд, ки муртакиби иштибоҳи сахт шудааст. Имкони нооромиву ноамнӣ на танҳо Тоҷикистон шояд ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказиро фаро бигирад. Вазорати хориҷи Русия муваззаф шуд, ки ҳарчи зудтар пеши ин таҳдид гирифта бишавад ва дар сатҳи дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ ҳам як ниҳоду мақоми вижа барои ташкили музокироти тарафҳои даргири тоҷиконро таъсис дод.

  “Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қоиммақоми раиси Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва раҳбари ҳайати  гуфтушуниди тоҷикон аз тарафи оппозитсион мегуяд он замон ба  Анатолий Адамишин, муовини аввали вазири хориҷии Русия гуфтам: « шумо роҳи бозгашти мо ба ватанамонро нишон диҳед, ки бо сарбозони шумо сарбасар ношуда дохил шавем»

«Ҳамла ба посгоҳи 12 воқеъан як такони сахте ба Русия буд. Сабаби асосии сафари Адамишин ба Теҳрон ҳамин буд ва вақте дар сафорати Русия дар Теҳрон бо ӯ ва сафири Русия дар Эрон мулоқот кардем, хоҳиши онҳо ин буд, ки барои дастёфт ба ҳадафои худ бояд ба марзбонони рус нарасем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки хуб, пас ба мо роҳашро нишон диҳед. Мо намехоҳем, ки фоҷиаи солҳои бистум такрор шавад. Вақте ки болшевикҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданду Бухоро, Самарқанд ва ин минтақаро гирифтанд, зиёда аз миллион нафар аз миллати мо ба Афғонистон фирор кард ва бо ҳамин дар Афғонистон боқӣ монду як қисматаш ба дигар кишварҳо рафтанд, ба Арабистон ва дигар мамолик ва дигар барнагаштанд. Ба онҳо гуфтам, мо намехоҳем, ин ҳолат такрор шавад, мо ҳатман ба ватанамон бармегардем.»

   “Ва, ҳамин тавр Русия нахустин нишасти ҳайатҳои музокиротии тарафҳои ҷанги тоҷиконро дар яке аз меҳмонхонаҳои вазорати хориҷии ин кишвар дар Маскав мизбонӣ кард. Ин нишаст моҳи апрели соли 1994 баргузор шуд ва оғози раванди гуфтугӯи сулҳи тарафҳои мутахосими тоҷикиро бино гузошт. Тайи беш аз се соли музокирот, то рӯзи баргузории маросими имзои санади Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Президент –оттели Маскав дар 27 июни соли 1997 бо ҳузури Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии ин кишвар сурат гирифт, Русия пайваста дар ин маҷро ширкат ва дар пушти режими Душанбе қарор дошт.”

Ҳоқӣ Акбар Тураҷонзода мегуяд вақте сари мизи музокирот нишастему Андрей Козирев, вазири хориҷи онрӯзаи Русия омаду бо тарафи музокиротии режими Душанбе салом карду бо як шамотату вақоҳат суҳбат кард, ки ҳузури мо ва вуҷуди мо ба инобат гирифта нашуд, баргаштаму гуфтамаш, ки «ҷаноби вазир, мо инҷо барои шунидани мавъиза (проповед)-и шумо наёмадаем ва шумо ба ҳайси мизбон барои ин беэҳтиромӣ то аз мо маъзарат нахоҳед, нишастан сари ин мизро муносиб намедонем».

Баъд аз се рӯз Козирев расман узр мепурсад ва музокироти тарафҳо идома меёбад.

Аммо, бо ин ҳама афту дарафту задухурдҳо ва бо ин ҳама пуштибонии ошкоро аз Раҳмонов Русия наметавонист, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистонро ба дарозо бикашад. Бахусус, ки Афғонистону роҳбарияти он, Покистон, бархе аз кишварҳои арабӣ ва махсусан Эрон пушти оппозитсиони тоҷикро холӣ нагузоштанд. Русия то пойи ҷон аз неруҳои исломӣ дар ҳарос буд, чун дар Чеченистон низ маҳз бо айни ҳамин неруҳо дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ниҳоят Русия розӣ шуд ва Раҳмоновро ҳам водор кард, ки бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на танҳо оштӣ кунад ва бо онҳо ҳукуматро тақсим созад.

Евгенний Примаков, ки дар замони имзои санади сулҳ дар Маскав дар мақоми вазири хориҷӣ фаъолият мекард, дасти устоди шаҳид Нуриро мегираду мегуяд, ки мо бо шумо хишти аввали сулҳро дар Афғонистон гузошта будем, инак дар инҷо хишти охири онро мегузорем. Ва, Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии Русия дар маросими имзои санади Сулҳ суханронӣ ва сипас дастони устодон Сайид Абудллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро фишурда бо Эмомалӣ Раҳмонов қадаҳ бардошта барояшон дар амри истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барор хост.

  Нақши Эрон дар сулҳи Тоҷикон

  “Эрон барои барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон нақши камтар аз Русияро набозидааст. Агар даври аввали гуфтушуниди тарафҳо дар Маскав ба ҷараёни музокироти сулҳ оғоз бахшид, даври дуввуми он дар Теҳрон бо нахустин санади пешгирандаи идомаи ҷанг-Созишнома дар бораи рияоти оташбас ба имзо расид. Яке дигар аз иқдомоти муассир, ки барои эътимоди тарафҳо мусоидат кард, ин табдили асирони ҷангии ҳукумат бо зиндониёни тарафдори оппозитсион буд, ки ба маҳзи талошҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири онрӯзаи Эрон дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт.”

Аммо, Эрон ба тафовут аз Русия, агарчи роҳбарони оппозитсионро манзили зист додаву ҳама харҷу масорифи онҳоро бар уҳда дошт, бо тарафҳои сулҳу тоҷикон муносибати яксону якхела мекард, ки холисона ва беребу риё буд. Албатта, тарафи ҳукумат ба талошҳои Эрон барои расидан ба сулҳ бо шубҳа менигарист ва беш аз ин Эронро ба тарфдории оппозитсион муттаҳам мекард. Аммо Эрон ҳам ба унвони як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳам ба унвони як кишвари исломӣ тараферо худӣ ва тараферо душман намеҳисобид. Эрон, бо онки ба мақомоти сиёсии оппозитсион ҳама шарту шароитро фароҳам оварда буд, ҳамзамон онҳоро ташвиқ мекард, ки ҳарчи зудтар сулҳ кунанд. Ба унвони як бародар ва як дусти холис муносибат ва нияти холисона дошт. Дар Эрон ду мулоқоти роҳбарони тарафҳо устоди равоншод Нурӣ ва Раҳмонов доир шуд, ки дар яке аз онҳо дар Машҳад дар моҳи феврали соли 1997 нақшу мақом ва ҳайати Комиссияи оштии миллӣ муайян гардид. Вале ин возеҳ буд, ки Эрон ба ҳайси як кишвари исломӣ аз кумак ва ёриҳои башарӣ ба муҳоҷирони дар вазъи асафбор қарор гирифтаи тоҷик дар Афғонистон ҳеҷ чизеро дареғ нахоҳад дошт ва Эрон ҳамчуноне, ки нахустин шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро шинохт ва нахустин сафорати хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам аз Эрон буд аввалин кумакҳо ба гурезаҳои тоҷикро дар кампҳои Мазори шарифу Тахору Кундуз расонд. Эрон ба маҳзи эҳёи сулҳ ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар Тоҷикистон, агарчи бо Амрико дар ҳоли хусумати шадид қарор дорад, шароит ва имконият фароҳам овард, ки роҳбарони оппозитсиони тоҷик бо мақомот ва сиёсатмадорони ин кишвар дидору мулоқотҳо дошта бошанд. Пуштибонии сиёсии Эрон буд, ки роҳбарони оппозитсион аз сӯи давлатҳои дигар бо як шоистагии  тамом истиқбол ва бадрақа мешуданд.

Кишварҳои дигаре ба мисли Покистону Афғонистон, Туркманистону Қазоқистон, Қирғизистону Узбакистон ҳам ба унвони кишварҳои кафил ва нозири сулҳ дар он солҳои барои давлату миллати тоҷик мушкил кумакҳои зиёде кардаанд. Талошҳои устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури Давлати исломии Афғонистон дар амри дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон беназир аст. Дар яке аз суҳбатҳояш бо матбуот устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъйид мекунад, ки ин суҳбатҳо ва машваратҳои устод Раббонӣ буд, ки ӯ розӣ ба мулоқот бо Раҳмонов шуд. Барои ҳамин Афғонистон ва роҳбарияти он ба шумули шаҳид ва қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд нақши муассире дар оштии миллии тоҷон доранд. Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳар кадоме саҳм ва ҳиссаи худро дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон гузоридаанд. Барои мисол Аскар Акаев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз қазо дар он шабурӯзҳое, ки гуфтушуниди навбатии тарафҳо дар Бишкек сурат мегирифт, модараш гузашта шуд вале як лаҳза аз канори роҳбарони ҳарду тараф дур нашуд ва онҳоро тавонист мутақоид бикунад, ки зери яке аз муҳимтарин аснод -Протоколи сиёсӣ имзо кунанд.

Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар сулҳи Тоҷикон

 Аммо,ҳамчуноне дар дебочаи ин навишта таъкид намудем ин Созмони милали Муттаҳид буд, ки сарпарастии тамоми маҷрои сулҳи тоҷиконро, ки аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома дошт, бар уҳда гирифт ва дар ин роҳ чанд нафар аз кормандонашро ҳам қурбонӣ дод. СММ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози низомӣ-бо эъзоми ҳайати нозирони низомиаш ин равандро аз оғоз то ба анҷом ба субут расонд, балки бештар аз он бо таъсиси Дафтари мусоидат дар сулҳ то даҳ соли дигари баъд аз тасвиби сулҳ дар раванди эҳёи баъдиҷангӣ ҳам саҳм бигзорад. Фиристодаҳои вижаи СММ мисли моку миёни роҳбарони ҳарду тараф,гоҳ Душанбе, гоҳ Кобул, гоҳ Маскав, гоҳ Теҳрон равуо мекарданд, то аснодро,мавқеъҳоро, пешниҳодҳоро баҳсу баррасӣ  ва ҳамоҳанг кунанд. Дар воқеъ барои фиристодаҳои ин марҷаъи муътабари байналмилалӣ кор бо тарафҳои мутахосими ҷанг осону сода набуд. Гоҳе аз болои фиристодаҳои онҳо ба мақомоти болоӣ шикоят ҳам мекарданд, ки тарафи дигарро мегирад.

Ба навиштаи Абдулмаҷид Достиев Исмат Киттонӣ нахустин фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои музокироти тоҷикҳо барои он аз ин масъулият канор гузошта шуд, ки аз болои вай ба Ливиу Ботта роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон аз номи ҳукумат шикоят карданд. Достиев менависад Исмат Китонии урдунӣ дар як суҳбати расмӣ бо ӯ  аз бартариҳои дини ислом гуфта ва изҳори афсус кардааст, ки «ҳукумати нав усули дини исломро риоят намекунад, вай аз комунистҳо ва тоҷикҳои русгаро таркиб ёфтааст ва дар Тоҷикистон мусалмонҳо таҳти таъқибанд».

Ҳар яке аз фиристодаҳои вижаи СММ барои музокироти тарафҳои сулҳи тоҷикон, Исмат Китонӣ, Рамиро Перес Балон, Иво Петров, Ян Кубиш, Герд Дитрих Меррим ва Вадим Сотиров хадамоти пурарзише кардаанд, ки слуҳ субот дар Тоҷикистон барқарор бишавад. Имзои ҳар яке аз инҳо зери санадҳои сулҳи тоҷикон ба ин аснод ҳукми қонунӣ ва мақоми ҳуқуқӣ додааст.

Вадим Горяев, мушовири намояндагаи вижа Дабири кулли СММ дар раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон, дипломати укроинӣ, ки аз оғоз то анҷом дар ин раванд ширкат доштааст бо ёдоварӣ аз заҳамоташон дар амри оштии тарафҳо мегуяд, ки онҳо танҳо муваффақ шуданд, ки тарафҳои моил ба оштиро ниҳоят оштӣ диҳанд: «Мо ба ҳама нерӯҳои сиёсии қобили таваҷҷуҳ, ки дар дохил ё беруни Тоҷикистон буданд, машваратҳо доштем. Давлати Тоҷикистонро раҳбар ва аъзои ҳукумати ӯ муаррифӣ мекард, аз суи дигар, мо бо намояндагони созмони “Лаъли Бадахшон” ва ҷиноҳҳои низомие, ки он замон дар ин минтақа буданд, намояндагони ИНОТ, бо ҷанобони Нурӣ, Тӯраҷонзода, Ҳимматзода, Давлат Усмон дар ҷойҳои гуногун: Исломобод, Теҳрон, Маскав, Кундуз, Толиқон, ки нерӯҳои опозисюн мустақар буданд ва бо касоне, ки қобили гуфтушунид буданд, суҳбат ва машваратҳо доштем. Вазифаи марҳилаи аввал, чуноне ки гуфтам, розӣ кардани тарафҳо ба гуфтушунид буд. Ин осон набуд. Ин ақидаро раҳбари давлат пазируфта, мо дастгирии ӯро эҳсос мекардем. Вале дар байни атрофиёнаш, аз ҷумла қумондонҳои саҳроӣ афроди хунгарме буданд, ки мегуфтанд, сари мизи гуфтушунид бо ҷангандаҳои опозисюн нишастан намехоҳанд, чунки дастони онҳо то оринҷ дар хун аст. Мутаассифона, аз суи раҳбарони сиёсӣ ва махсусан – фармондеҳони саҳроии ҷониби дигар, ИНОТ низ чунин вокунишҳои эҳсосотӣ бо айни ҳамон суханҳо садо медод, ки мо бо ин ҳукумат сари мизи гуфтушунид намешинем, зеро дастони онҳо ғарқи хун аст. Мутақоид кардани онҳо ба ин ки ҷуз сари мизи музокирот нишастан роҳи дигаре нест, сахт душвор буд. Ба ҳар ҳол тадриҷан бо ёрии кишварҳои ҳамсоя ва манфиатдор: Русия, Эрон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба мо муяссар шуд, тарафҳои даргирро ба гуфтушуниди сиёсӣ ва оғози муколама мутақоид кунем.»

Дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки баъди ҳазору яксаду ҳаштод рӯзи ҷанги шаҳрвандӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба тасвиб расидааст.

имзои Гердт Дитрих Меррем, дипломати олмонӣ гузошта шудааст, ки ному пайкори ӯ ва СММ-ро барои ҳамеша дар таърихи Тоҷикистон сабт хоҳад кард. Зимнан ҳам коршиносон ва ҳам кормандони худи СММ муътақиданд, ки анҷоми марҳалаи сулҳи тоҷикон яке аз комёбтарин тарҳҳои ин муассисаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Аз инҷо буд, ки маҳз барнома ва ё тарҳи сулҳи СММ дар Тоҷикистон то 15 сол фаъолият кардааст. Ба таъкиди коршиносон ва таҳлилгарон агарчи нишастан бар сари мизи музокирот хоҳиши ҳарду ҷониби даргири тоҷик, аз як сӯ ҳукумат ва аз сӯи дигар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, вале ин СММ буд, ки ин хоҳишро ба марҳилаи иҷро дароварда, тӯли панҷ соли муқовиматҳои мусаллаҳона ва даврони гуфтушунид, ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ ин равандро дастгирӣ кардааст. Ва ин устувори  СММ буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон зудтар анҷом ёфт, беш аз ин СММ бо оштӣ додани ҷонибҳо, кори худро анҷомшуда наҳисобид, балки вазъи сиёсиву иқтисодии кишвари ҷангзадаро то ҳадди лозим ором ва осуда кард. Аммо дар охир инро бояд зикр намоем,ки ин ҳама талошҳои расидан ба сулҳ аз як тараф нақз шуд ,мутаассифона ҳеҷ кишвари кафили сулҳ аслан дахолат накарданд. Гузоштанд,ки ин сулҳ халалдор гардад ва уҳдадориҳои худро ,то охир ҷиддан назорат накарданд. Ҳоло ҳам сулҳ ва ҳам “Асосгузор”и он шуда аст як нафар.

Поёни бахши севвум, бахши чаҳоруми ин силсиламатолиби вижаи сулҳи мо “Гузаштҳо ё иштибоҳҳои сулҳсозӣ”. Бо “Ислоҳ” бошед,то бештар огоҳ гардед…

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Share This Article