Ангеза ва омилҳо барои дастёбӣ ба сулҳ
(бахши панҷум)
Ҳамагуна ҷанг, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, низ як рӯз не як руз тамом мешавад. Ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳам, ки панҷ сол идома карда ҷони даҳҳо ҳазорро гирифту манозилу кошонаҳои мардумонро сухт, беваву ятимони зиёдеро ба мерос гузошт, дар хориҷ аз кишвар қабристони гурезаҳои тоҷикро ба ёдгор гузошт ва ҳазору як дарду аламу ғаму ғуссаву ғурбат бор овард, ба охир расид ва тарафҳои ҷанг сулҳ карданд. Аз забони ҳарду тараф борҳо садо дод, ки ин ҷанг таҳмилӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки низ на як бору ду бор мегуфт ин ҷанг болои мо таҳмил шуд ҳоло боз ҳизбу ҳаракатҳо ва афроди мансабхоҳро гунаҳкор медонад. Аммо, вақте дар Маскав Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид вай дигар хел суҳбат кард. Вай он замон гуфта буд, ки ҷанги бародаркушӣ як иштибоҳ буд:
«Таҷрибаи талхи мо ба таври раднопазир исбот кард, ки фақат бо роҳи осоишта метавон ба оромӣ ва тавофуқ расид. Сулҳу осоиш орзуи дили халқҳои Тоҷикистон буд. Таърихи башар гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳаргиз теғи хусумат набардоштаанд. Эҳтимол нури офтоби озодӣ ва истиқлолият чашмони моро кӯр кард ва мо раҳгум задему нафаҳмидем, ки ба партгоҳи ҷанги бародаркушона фурӯ афтодем.»
Аммо ончки тарафҳоро водор ба нишастан сари мизи музокироти сулҳ кард боз ҳам ҷанг ва боз ҳам силоҳ буд. На ҷониби ҳукумат ва на ҷониби оппозитсион дар андеша ва фикри нишастан, мулоқоту музокира кардан ва ба ифоқаву оштӣ омаданро надоштанд. Ҳар ду тараф ҳамдигарро бо шадидтарин алфоз гунаҳкор ва муттаҳам мекарданд ва аз зӯр ва силоҳ истифода мекарданд.
Ончи ки Раҳмонов ва пуштибони ҳокимияти вай-Русияро водор ба гуфтугу, созиш ва оштӣ бо оппозитсион кард ва ангеза ва сабаби асосие, ки ногузир кард ба суроғи оппозитсион бишитобанд, ҳамлаи барқосо ва ғофилгиронаи муҷоҳидин бар болои заставаи №12 дар Сари ғори Шурообод буд, ки 13 июли соли 1993 ба амал омад. Аз чигунагӣ ва азмизони талафоти ҷониву молии ин ҳамла дар инҷо чизе намегуем. Аммо намоиши батакрори наворҳо ва кадрҳои мудҳиш аз осори ин задухурд, казармаи хокистаршуда, аҷсод ва пораҳои парешони аъзои бадан, суҳбати марзбонҳои ҷонбасаломатбурдаи рус тавассути шабакаҳои телевизионии Русия мақомот ва ҷомеаи ин кишварро ба ларза меандохт ва ночор кард, ки дар фикру андешаи ором кардани «марзҳои ҷанубӣ»-и худ бошанд. Русия, ҳануз аз шикаст дар Афғонистон ба худ наомада буд ва бо ҳар қиммате аз онки Тоҷикистон ба як Афғонистони дигар бадал шавад, ҷилавгирӣ мекард. Мунтаҳо, Русия ин ҳамларо, ки ба унвони бонги хатар ҷиддӣ қабул кард ва ба Раҳмонов «арӯсак»-и худ фаҳмонд, ки зудтар бо мухолифини исломиаш забон биёбад.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии пешини Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати музокиротии тарафи оппозитсион мегуяд, ки дар оғози муқовиматҳои мусаллаҳона на устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва на ҳеҷ яке аз фармондеҳони ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ омода ва розӣ ба музокира бо режими Душанбе набуданд. Устоди шаҳид, ҳанӯз дар дохили ватан борҳо саъй карда буд ,ки ҷанги бо дастони Русия ва Узбакистон болои Тоҷикистон таҳмилшуда қатъ гардад ва барои ин кор ҳатто бо ҷинояткоре чун Сангак Сафаров, ки дигар ба муҳраи асосии мубориза муқобили Ҳукумати Муросои Миллӣ табдил ва аз афроди наздики ҳарбиёни Русия ва Ислом Каримов шуда буд, сари як суфра нишаст. Аз ин ҷо буд, ки ёдовар мешавад ҷаноби Тураҷонзода сари миз нишастан бо режими Душанбе дар он вақт ва он шароит ба осонӣ даст надода буд:
«Моҳи августи соли 1993 ман ва устод Ҳимматзода озими Афғонистон шудем. Вақте суханро аз мусолиҳву музокирот оғоз кардем, аслан касе ҳозир набуд, ки дар ин бора ҳатто фикр кунад. Ҳатто устод Нурӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, ки одами хеле ботамкину вазнин буданд, аслан хоҳиши шунидани ин ҳарфро надоштанд. Гуфтанд, ки ҳамин музокираву мусолиҳаҳо моро дар Тоҷикистон шикаст дод. Гуфтанд, ки ин мардум ташнаи интиқом аст, монед, ки як бор интиқомашонро гиранд. Ошкор гапҳо ҳамин буд. Фармондеҳон ку аслан ин ҳарфро қабул надоштанд. Ва мо бо устод Ҳимматзода 38 рӯз дар Афғонистон мондем ва ҳар шабу ҳар рӯз бо устод Нурӣ дар ин бора сӯҳбат мекардем. Сӯҳбат мекардем ва аз Устод хоҳиш мекардем, ки ризоият диҳад, то мо музокиротро шурӯъ кунем.»
Худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар китоби «Оштинома»-аш мегуяд, ки Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон як рӯз ӯро ба тамошои Кобул бурд ва аз харобаҳои ин шаҳр бештар нишон дод ва сипас, вақте нишастем бо як лаҳне сухан карду фаҳмонд, ки дигар мутақоид шудам тадовуми ҷанг кишварро хароб, мардумро ба куштан медиҳад ва ба ҷуз аз сулҳ набоядам дар фикри кори дигар бошем. Он гоҳ буд, ки дар фикри мулоқот ва музокира афтодем. Афзун бар ин мегуяд устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, он омили дигаре, ки моро барои сулҳу оштӣ кардан маҷбур мекард, ин ҷилавгирӣ аз сарнавишти талхи гузаштагони мо дар солҳои 20-30-и пас аз тасаллути Аморати Бухоро аз тарафи комунистҳои Русия буд:
«Мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае, ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллаҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем».
Аммо муаллифону воқеанигорони тарафдори Раҳмонов инҷо вазъиятро тавре дигар тафсир мекунанд. Ба эътиқоди онҳо яке дигар аз ангезаҳое, ки мухолифинро водор ба нишастан сари мизи музокирот кард, ин буд, ки гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон бо даъвати ҳукумат ба ватан бармегаштанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз ҳузури онҳо роҳбарияти мухолифин ҳамчун фишанги фишор болои ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ истифода мекард ва онҳоро ба масобаи пойгоҳи иҷтимоии худ меҳисобид.
Албатта, дар дохили кишвар ҳам авомил ва иллалу ангезаҳои зиёде буд, ки режими дастнишондаи Кремлин дар Душанберо ногузир мекард бо оппозитсион роҳи оштиву мудороро ҷустуҷӯ кунад. Вазъияти иқтисодиву молиявӣ низ як ангеза ва сабаби таҳрикдиҳанда барои шурӯи гуфтушнид бо оппозитсион буд, ки роҳбарияти режими Душанберо орому осуда гузоштан намемонд. Бахусус набуди пул, ки аз тарафи Русия таъмин мешуд, ҳукуматро дар ҳолати заъфи шадид қарор дода буд. Аз тарафи дигар вақте як қисме аз аҳолӣ дар кишвари дигар дар ҳолати паноҳандагӣ қарор дошта бошаду қисме ҳам дар даст бо силоҳ муқобили ин ҳукумат сангар гирифта бошад, на ҳама навоҳӣ ва манотиқ таҳти итоати ҳукумат бошад, ин ҳукуматдорӣ то кай метавонист идома дошта бошад?
Профессор Иброҳим Усмонов, ки он солҳо яке аз роҳбарони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҳукумати Тоҷикистон ва сипас яке аз афроди наздики Раҳмонов дар гуфтугӯи байни тоҷикҳо буд, дар китоби «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол»(Хуҷанд-2003) менависад:
«Тарафи ҳукумат ҳанӯз дар нимаҳои соли 1993 қатъан дарк карда буд, барои он ки муборизаи мусаллаҳона дар дохили ватан қатъ карда шавад, барои онки гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба манзили доимиашон боз гарданд, барои онки ҳазорҳо хонаю дар ва боғу роғи харобшуда обод шавад ва имконияти боздоштани ақибравии иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба инкишофи Тоҷикистон фароҳам ояд, мардумро сарҷамъ кардан, бо мухолифин забон ёфтан ва якҷоя кор кардан даркор аст. Ҳукумат як тарафи сулҳ буд. Аммо сулҳ аз як тараф иборат шуда наметавонад».
Омили кишварҳои пуштибон дар шурӯи раванди музокироти тарафҳоро набояд нодида гирифт. Ҳам Русия ва ҳам Эрон болои ҷонибҳои ҷанг фишор оварданд, ки чорае ба ҷуз аз сулҳ надоранд .Ва ҳамин тавр аз ҳарду тараф пешниҳодҳои худро дар мавриди музокира ва сулҳ матраҳ карданд. Маълум шуд, ки талабу дархости ҷонибҳо ғайриқобили иҷро аст. Барои мисол оппозитсион хостори Шурои давлатӣ бо ширкати ҳама ақшору аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ буд ва мегуфт, ки Шурои Олии мероси шӯравӣ аст ки дигар вуҷуд надорад ва он легитимияти худро аз даст додааст ва табъан, ки Иҷлосияи 16 ва ҳукумати дар он таъсис ёфтаро ҳам қабул намекард. Аммо режими Душанбе оппозитсионро дар бесуботӣ ва ҷанги дохилӣ муттаҳам карда роҳбарони онро ҷинояткору хоини давлат мехонд ва мегуфт, ки бо ҷинояткорон сари як миз намешинад. Ҳадафаш ин буд, ки гурезаҳоро баргардонад ва бо ҳамин ба сарнавишти оппозитсион хотима бахшад.
Вале, чуноне гуфтем, қазияи ҷангу сулҳи тоҷикон дигар кишварҳои дигарро ҳам ба худ кашида ва дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳам боиси ташвишҳо шуд. Аз инҷо буд, ки СММ ҳам ҳамроҳ бо Русия ва Эрон яке дигар аз сабабҳое буд, ки тарафҳоро водор ба нишаст кард.
Аммо, новобаста аз онки раванди музокироти тарафҳо шурӯъ ва давраҳоеро ҳам пушти сар мекард, кундӣ дар кори он дар майдони ҳарду тараф гардишҳои ғайричашмдоштро ба вуҷуд меовард. Агарчи то кунун аз онҳо ба ҳайси ангеза ва авомил барои суръатёбии сулҳсозӣ камтар ва ё ки аслан гуфта намешавад аммо воқеият аст ки онҳо барои мисол нооромиҳо дар дохили кишвар тавассути Маҳмуд Худойбериеву Ибод Бойматов ва мухолифатҳои Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вилояти собиқи Ленинобод бо ҳукумати Раҳмонов, (барои мисол дар иҷлосияи моҳи декабри соли 1993 депутатҳои Шӯрои олӣ аз вилояти Ленинобод-Суғди имрӯза ба нишони эътироз ширкат накарданд) талоши аз тарафи Абдумалик Абдуллоҷонов ба бозии сулҳсозӣ дохил кардан аз тарафи ИНОТ ва низ имзои асноди хатм ё қатъи ҷанг тавассути Мирзохуҷа Низомов, аз фармодеҳони ҷабаҳаи Ғарм бо масъулони низомии ҳукумати Раҳмонов ҳарду тарафро водор кард, ки ба раванди оштиву сулҳ ҷиддӣ биандешанд.
Мирзохуҷа Низомов, фармондеҳи размандагони ИНОТ дар Ғарм дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш иқрор мекунад, ки аз нақшаи имзои Протоколи онҳо бо қудратиҳои ҳукумати Тоҷикистон роҳабрияти мухолифин огоҳӣ надошт:
«Дар ҳақиқат вақте ки мо созишномаи оташбаси Ғармро имзо мекардем, ман розигии раҳбариятро нагирифта будам. Зеро фикр мекардам, ки дар ҳамон лаҳзаҳо мумкин аст, ки онҳо барои гуфтушунид розӣ нашаванд ва пештар ҳам дар ин масъалаҳо баъзан аз тариқи мухобира бо онҳо сӯҳбат мекардам, мегуфтанд, ки вазифаи фармондеҳ музокирот нест, балки ҷанг аст. Ман аз он нуқтаи назаре, ки мумкин дуруст карда будам ё нодуруст, ба ин фикр мекардам ва мефаҳмидам, ки оқибати ҳамаи ин ҷангҳо сулҳ аст.»
Албатта, чунин «истиқлоли амал»-и фармондеҳони ҷабҳа болои роҳбарияти ИНОТ, таъсири худро мегузошт ва имкон вуҷуд дошт, ки аз контрол берун шаванд. Аз инҷо аст ки муаллифони «Протоколи Ғарм» шояд ҳам дониста ва шояд ҳам надониста ба суръатбахшии оштии милли хому нопухта таҳрик ва ангеза доданд.
Аммо омили дигар ва ё ангезае, ки Раҳмоновро водор кард, дар кори оштиву мудоро бо мухолифини исломиаш суръат бахшад, на танҳо ин буд, ки Абдуллоҷонов бо воситаи оппозитсион дар ин раванд, дақиқтараш дар тақсими қудрат шарик шуданӣ аст ва ин кор дар ҳақиқат дар сурати пофишории оппозитсион метавонист сурат бигирад, ин мухолифат ва ё чапшавии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо ӯ буд. Гап дар бораи он меравад, ки дар ҷаласаи сарони ИДМ дар Маскав борис Елтсин аз кундии ҷараёни музокирот ва инки Тоҷикистони ба унвони кишвари буферии ин Иттиҳод ором намешавад ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва Раҳмонро рӯирост ҳушдор дод, ки Русия то ба охир наметавонад ӯро рӯи кафи худ нигоҳ дорад. Вай бо зарда ва иддао гуфт, ки неруҳои Русия ба ивази ҷони худ то кай ҳукумати вайро ҳимоят кунанд? Вақте Раҳмонов гуфт,ки дар раванди музокирот пешравиҳо ҳосил шудааст ва худи вай мустақиман бо роҳбари оппозитсия иртибот дорад, Ислом Каримов аз ҷо баланд шуд ва Раҳмоновро бар додани маълумоти бардуруғ муттаҳам кард ва гуфт, ки Раҳмонов дар фикри оштиву пешгирии алангаи ҷанг нест, ки ҳоло то манотиқи аҳолинишин шуълавар шудааст. Дар ин ҷаласа, ки 19 январи соли 1996 баргузор шуда буд, роҳбарони кишварҳои ИДМ ба Раҳмонов шаш моҳ муҳлат доданд, ки бо мухолифинаш оштӣ кунад.
Воқиан ҳам ин таҳдиди сарони кишварҳои ИДМ як ангезаи ҷиддие буд, ки Раҳмонов дар раванди сулҳ кутоҳ ояд ва мустақим ба суроғи устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Хусдеҳи Афғонистон биравад.
Ҳам сар боло кардани Абдуллоҷонов, ки даъво мекард барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли 1994 дар асл ӯст ва ҳам онки Ислом Каримов устодон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро намоишкорона ба Тошканд даъват ва бо онҳо дидор кард ва низ ҳушдори шашмоҳаи сарони ИДМ дар пустини Раҳмонов кайк дароварда буд. Ин иттифоқот аз дигар ва ангезаҳое буд, ки раванди кунди музокироти сулҳро ба таҳрик даровард.
Вазъияти мухолифин ҳам бо таҳдидҳои физояндаи Толибон ба ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ дигаргуна шуда буд. Зеро, акнун ҳам Бурҳониддин Раббонӣ ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд болои роҳбарони оппозитсион фишор меоварданд, ки ба сулҳи беқайду шарт розӣ бишаванд ва дар сурати ғайр неруҳои низомии онҳо халъи силоҳ карда мешаванд. Дуруст аст ки оппозитсион метавонист дар Ғарм, ки дигар таҳти контролаш буд дафтар ва ё қароргоҳи сиёсии худро фаъол кунад, аммо маҳрум шудан аз пуштибонии танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон наметавонист бетаъсир бошад. Аз ин ҷиҳат фишори мақомоти вақти Афғонистон ҳам як омил ва ангезае дигар барои расидан ба ҳамчунин сулҳу оштии шитобзада ва саросемавор шуда буд, ки солҳо баъд худи марҳум Бурҳониддин Раббонӣ мехост биёяд Душанбеву бо Эмомалӣ Раҳмонов ин масоилро аз сар нав баҳсу баррасӣ кунад, аммо дар як террори ноҷавонмардона ӯ ҳам кушта шуду нияти Раҳмоновро ба сари ақл ва ифоқа оварданро бо худ бурд…
Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.
Поёни бахши панҷум, идома дорад бо Ислоҳ бошед, то аз идомаи имзои ин созишнома огоҳ гардед…