Кӣ ва чаро сулҳро хароб кард?
(бахши ҳаштум)
Ва, ҳоло дар ин қисмати ниҳоии вижаматолиби вобаста ба сулҳи тоҷикон муваззаф ҳастем ба пурсишҳое, ки дар пешгуфтори бахши аввал матраҳ карда будем, посух диҳем. Ва, пурсишҳо ҳам аз ин қарор буданд:
«Оё ин санад ва ин сулҳ то куҷо тавонист ба аҳдофи худ бирасад ва оё як ҷомеаи озоду мардумсолор ва як давлати демократӣ ба мардуми тоҷикро ба армуғон оварад? Бо гузашти чаҳоряк аср тарафҳои ин сулҳ дар чи вазъу ҳоланд ва мардум, масолеҳи асосии ин ҷанг дар чи ҳолу ҳавое қарор дорад? Чаро бо гузашти ин чаҳоряк аср тарафе, ки мусаббиби тамоми бадбахтиҳову мусибатҳо ва омили асосии ҷангу хунрезӣ шуда буд, дар сари қудрат боқӣ монд ва тайи ин ҳама солҳо бешармона дастовардҳоро ба номаш задаву худро Асосгузори сулҳ хондааст, вале тарафе, ки сулҳу оштӣ заҳамоти ӯст, боз ҳам дар ғурбат ва ҳиҷрат қарор дорад»?
Бахши ҳаштум ва ниҳоӣ, аммо бахши нуҳумро барои бештар огоҳ гардидани ноогоҳон “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”ро низ тақдим менамоему бо ин матн ва каме таҳлил мерасем ба поёни ин силсиламатолибамон.
Кӣ ва чаро сулҳро хароб кард?
Посухи ин пурсиш барои ҳама маълум аст. Ин нафар Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки дар бахшҳои пешина «нақш» ва «саҳм»-и онро зикр карда будем. Вале, инҷо бо арқому далоили мушаххастар як бори дигар таъкид хоҳем кард.
Раҳмонов дар таърихи17 ноябри соли1997 бо ирсоли як нома ба Раиси Комиссияи оштии миллӣ ба гуфтаи худи ӯ «ҷаноб»-и Сайид Абдуллоҳи Нурӣ руйихати вазорат ва кумитаҳоеро, ки тибқи саҳми 30% ба оппозитсион дода мешуд, пешниҳод кард. Дар ин феҳрист вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба оппозитсион пешниҳод шуда буд, ки чуноне медонем баъдан Раҳмонов аз «лафзи ҳалол»-аш гашту зери қавлаш зад. Аммо мавзӯи мо додан ё надодани вазорати мудофиа нест. Дар идомаи ин нома Раҳмонов чунин шарт гузошта буд:
«Хоҳишмандам бо дарназардошти принсипи «намояндагии минтақавӣ» ва пас аз омӯзиши ҳайати амалкунандаи ҳукумат…».
Мутаваҷҷеҳ шудед? Раҳмонов «условия» мегузорад, ки дар пешниҳоди номзадҳои пешниҳодии худ ба вазорату кумитаҳои ҳукумат «принсипи намояндагии минтақавӣ» аз тарафи Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ риоят шавад. Ба ин маъно, ки Раҳмонов риояти усули «намояндагии минтақавӣ» дар ҳукуматро як шарти асосӣ ва зарурӣ дар таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон меҳисобад.
“Пас, чаро худи Раҳмонов ин принсипро риоя накард, балки баракс, оҳиста –оҳиста вазорату кумитаҳои ҳукумати мамлакатро ба ҳаммаҳалҳои худаш дода ва як ҳукумати маҳаллӣ-қавмӣ сохт. Бадтар аз ин, дар солҳои ахир по фаротар гузошта фарзандону домодҳову қудоҳову ҷиянҳову бақия аҳлу авлодашро ба мақомоти гуногуни давлатӣ таъин карда як ҳукумати хонаводаӣ-маҳаллӣ сохт.”
Раҳмонов ба устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъкид карда буд, ки дар ин сӣ дар сада набояд кадрҳо танҳо аз як маҳал пешниҳод шаванд, яъне ҳамм, мҳалҳои устод бошанд. Чун бар зиёни сулҳу оромӣ мешавад. Аммо худаш чи кор кард?
Бубинед, ки дар Суд, Прокуратура, вазорати дифоъ, КДАМ, вазорати дохила, вазорати адлия «принсипи намояндагии минтақавӣ» риоят шудааст? Роҳбарони ин ниҳодҳо зодагони кадом минтақа ва маҳалланд? Бақия вазорату кумитаҳо чӣ? Ҳамагӣ, ҳудуди 80-90% мақомоти давлатӣ дар дасти ҳаммаҳалҳои худи Раҳмонов аст. Акнун, дигар ҳатто ҳамин принсип ҳам куҳна шуд ва ҳукуматро ба дасти аъзои хонаводаи худаш додааст ва ҳоло дигар баҳсу суҳбатҳо аз «як ҳафтсола»-ву «ду ҳафтсола» ҳам нест, акнун вай худро «беохир» карда бадтар аз ин курсии раёсати ҷумҳуриро барои Рустами писари наркоманаш гузоштанӣ аст. Акнун духтарҳояш мансабҳои расмӣ доранд, ҳоло қудову домодҳо як тараф.
“Ин аст посухи ин пурсиш, ки кӣ ва чаро сулҳро харб кард. Чаро Раҳмонов чунин шуд ва чунин кард? Ҷавоб оддӣ аст, чун дигар касе ӯро «ҳей» ва «чаро» гуфта наметавонад? Рақиб ва ҳариф надорад. Рақиб ва ҳарифи сиёсӣ саркуфта ва дар ниҳоят руфта ва сур карда шуд. Вақте ҳам буд, ҷуръат ва ҷасораташ нарасид ва ё бо чи мулоҳизоте шояд қаноат дошт, ки эътироз накард.”
Мутаассифона, ин сукут ва сабри оппозитсион буд, ки тарафи дигари оштӣ онро заъфу шикасти онҳо қабул кард. Гузаштҳо кори худро карданд ва Раҳмонов ба шахсе бадал гашт, ки набояд мешуд.
Шуморе аз рушанфикрон аз Наҳзати исломӣ барои он то ҳамин ҳоло нороҳату норозианд, ки ҲНИТ омад, зур буд, зур овард ва то ҷойе тавозун ва таодул барқарор шуд. Вале дошт надод, кутоҳ омад. Ҳосил чунин шуд, ки як диктатори мустабид, дигар кишвар ва давлатро ба як корхонаи шахсиаш бадал кардаву тамоми мардуми тоҷик ғулому бандаи уянд. Оппозитсион ин тарафи масъаларо фикр накард, ки агар Раҳмонове, ки аз гушнагӣ ҷурғота бо шир якҷоя карда мехурд, шакарови боолича ғизояш буд ва модари бечорааш, ки дастонаш аз заҳмати зиёд шахшул шуда буд, «аз ҳиҷчи як чи карда мепухту шикамашро-шиками Раҳмоновро сер мекард» дар сари қудрат зиёдтар боқӣ бимонад, чи балое ба сари ин мардум меоварад?
“Иллат ва сабаби асосии дар сари қудрат то ба имрӯз боқӣ мондани Раҳмонов ин аст, ки вай ҳариф ва рақиби мусаллаҳро аввал халъи силоҳ, сипас саркубу бемадор ва ниҳоят бе ягон раҳму шафқат аз саҳна ва аз ватан берун кард.”
Раҳмонов аз афроде мисли Абдумалик Абдуллоҷонов, Зайд Сайид, ё ҳамин Раҷабалӣ Одинаев «Умед-88» сахт мутанаффир аст, чунки онҳо бою бадавлат буданд. Ҳузури онҳоро ҳеҷ гоҳ наметавонист таҳаммул кунад. Ҳамчуноне, аз ҳузури фазояндаи обру ва ривоҷу равнақи тиҷорати устод Муҳиддин Кабирӣ сахт нороҳат мешуд, чун чунин афрод муҳтоҷу дастнигар нестанд. Метавонем садҳо намунаи бориз тақдим намоем,ки чи тавр Раҳмонов ҳама афроди сармоядорро дар кишвар ба чи мусиббатҳое гирифтор намуду ҳама чизашонро аз дасташон кашида гирифт. Аз шимол ба Низомхон Ҷураев ва садҳо афроди мисли ӯро варшикаста ва ҳама дороияшонро ба манфиъати “оила”и худаш бо номи давлат мусодира карда гирифт. Чуноне аз “Умед-88” ро ба манфиати “Фароз”и духтару домодаш Шамсулло Соҳибов кард. Вай, бар муқобили ин нафарон аз қудрати давлат кор гирифт ва онҳоро бо истифода аз зӯр берун ронд ё зиндон кард ва ё ҳатто ба куштан дод. Барои ҳамин аст ки вай аз қавму қабилаи мисли худаш гушна меораду ҳукуматро қавмиву маҳаллӣ мекунад.
“Ва ҳар аз гоҳе миннат мегузорад, ки «як ба чанд соли пешатон нигаред, ки кӣ будеду чи шудед, чи доштеду чи доред». Аммо як бор ба гузаштаи нодорам ва гадою камбағалии худаш ва оилааш наменигарад,ки ӯ худаш кӣ ва чӣ буду ҳоло кӣ ва чӣ шудааст? Касе ёрои ин саволро аз ӯ карданро надорад вале мо инро аз ӯ мепурсем?”
Сулҳу оромиши кишварро вай бар суди худу хонаводааш ва ҳаммаҳалҳояш истифода кард. Раҳмонов маъно ва мазмуни роҳбарӣ ва раисиро ҳамин тавр фаҳмидааст, ки бояд ҳарчи бештар ҷамъ оварад ва кишварро ба як хоҷагии шахсии худаш табдил додааст.
Раҳмонов, ки барои ҷамъоварӣ тамоми ихтиёрот ва имконотро дорад чаро сабр кунад?
«Фароз»-у « «Амирӣ»-ву «Сиёма»-ву «Коммерсбонк»-у «Спитаменбонк»-у «Ориёнбонк»-у «Душанбе-сити»- “Сиёма” “Авестогруп” ва садҳо марказҳои савдо ва бозорҳою ғайраву ҳоказо сулҳи Раҳмонованд. Барои ҳар кадоме аз онҳо ҳазору як имтиёз дода мешавад, ки аз андозу аз гумрук озод бошанд.
“Санади Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷанг миёни ҳукумати Раҳмонов ва ИНОТ-ро қатъ кард, аммо ҷанги Раҳмонов бо мухолифони собиқ ва манотиқи тарафдори оппозитсион тули ин 25 сол қатъ нашуда аст ва ба шиддат идома дорад.”
Соле набудааст, ки Раҳмонов ҳатмани ҳатман бо ин ва ё он баҳонаи сохтаву сунъӣ болои онҳо лашкар накашида бошад.
Барои ҳамин Раҳмонов ва тарафдоронаш вазъу ҳоли хуб доранд, қудрат дар дасташон аст, сарват дар дасташон аст.
“Вазифаи Раҳмонов ва ҳокимияти маҳаллӣ-хонаводагии вай ин аст ки нагузорад, имкон надиҳад, касе, масалан Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар ин бораҳо гап зананд. Барои ҳамин расонаҳоро мебандад,журналистонро мезанад. Ҳатто сагу пишаки Раҳмонов набояд танқид шавад, чи расад ба раиси ноҳия Шоҳмансур ё Исмоили Сомонӣ ва домодҳои ниҳодҳои қудратӣ ва қазоӣ.”
Аз ин сулҳ аз Раҳмонов, то Ҳасан Асадуллозода то Исмоили набераи Раҳмонов фоида карданд. Ҳамин сулҳ аст аспҳои чандсадҳазораи Исмоил ва мошинҳои чандмиллионаи вай мавзӯъи суҳбат мешавад. Сулҳ дигар, Озода, сулҳ дигар Таҳмина, сулҳ дигар Рухшонаи сафири Лондон, сулҳ дигар Зарина, сулҳ дигар Фарзона, сулҳ дигар Азизмоҳи газетахон, сулҳ дигар Ашраф, сулҳ дигар Рамз, сулҳ дигар Ҷамолиддин, сулҳ дигар IRS-роҳи пулакии Душанбе –Хуҷанд ва ғайраву ҳоказоҳо. Эҳ, сулҳ дигар маршировка, сулҳ дигар облава, сулҳ дигар қайчиву лентабурӣ ва маросими чукбурии ятимони кулл аст, ки Раҳмонов кино мекунад.
-Сулҳ дигар Достиев нест, сулҳ дигар Фарҳоди писари Достиев, муовини вазири хориҷӣ аст, сулҳ дигар Убайдуллоев нест, сулҳ дигар Амири писариУбайдуллоев -сафир дар Фаронса аст. Нушобаҳои ташнашикани «Сиёма»-и Рустам дар Дубай ба фурӯш меравад. Харҷи интиқоли он аз ҳисоби куҷо бошад?
-Сулҳ дигар муроҷиатҳои журналистон Аҳмади Иброҳиму Раҷаби Мирзо ба Рустам аст, ки сиёсатмадори ояндадор ба мушкилиҳо расаду гиребони давлати миллиамонро аз чанголи айбу иттиҳоми мухолифин-масалан,ман Муҳаммадиқболи Садриддин раҳо кунад.
-Сулҳ куштори ваҳшиёна ва қатли омми бадахшиҳо аст. Сулҳ Бузмаков, сулҳ Ситоди байниидоравӣ, сулҳ Шариф Назарзода, сулҳ «командос»-и Рустам аст. Сулҳ марсияи Исфандиёри Назар аст.
-Сулҳ 1000 сомонӣ маоши муаллиме аст ки 40 сол кор кардааст, категория олӣ дорад. Сулҳ қуфлҳои овезон дар дари хонаҳои мардум аст, ки акнун дар дами пирӣ рӯ ба ғурбати Русия овардаанд.
-Сулҳ дигар муҳоҷирати хонаводагӣ ва фирор аз кишвар ва дур шудан аз “Асосгузор”и чунин даҳшатафканӣ шудааст….
Сулҳ «Сомонайр» аст, ки Раҳмонов савор шуда «кишвари дар нохунак дуст» ва “хоҷаи ҲНИТ” меравад. Акнун мепурсед, ки сулҳ чи шуд?
«Ман на барои курсӣ, балки барои сулҳу салоҳи кишвар гуфтушунид мекунам, нохалафҳо бошанд овоза мекунанд, ки Раҳмонов ва Нурӣ барои тақсими вазифа забон як кардаанд. Аз ин хел гапҳо сер шудам» мегуфт вақте ки сулҳ мекард.
Сулҳ «Асосгузор»-и сулҳ ҳаст, ки имрӯз ё фардо боз Паём медиҳад, ки сулҳ кард, ваҳдат кард, чизе, ки фақат барои худаш ва оилаи худаш кард.
Вале яқин аст ва мутмаин бошед, ки «сулҳ» давом хоҳад дошт, тамом нашудааст, чун ҷанг давом дорад.
“Халқ, масолеҳи асосии ҷанг вазъу ҳолаш аз даврони ҷанги панҷсола ҳам бадтар шудааст. Тибқи хабарҳои чопшуда танҳо дар се моҳи аввали соли равон ҳаррӯз 366 тоҷик табааияти Русияро гирифтааст. Мардум аз пеши «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» фирор мекунанд.”
Барои он бо гузашти ин чаҳоряк аср тарафе, ки мусаббиби тамоми бадбахтиҳову мусибатҳо ва омили асосии ҷангу хунрезӣ шуд дар сари қудрат боқӣ мондааст, ки саҳна аз ҳамагуна муолифин ва дигарандешу мунтақид тахлия шуд.
Ин санад ва ин сулҳ натавонист ба аҳдофи худ бирасад ва як ҷомеаи озоду мардумсолор ва як давлати демократӣ ба мардуми тоҷик ба армуғон оварад. Чун Раҳмонови мусаллаҳ боқӣ монд. Ин силоҳ аст ки Раҳмонов «Асосгузор» аст. Аз ин рӯ то Раҳмонов беяроқ нашавад,«балҷувониҳо» на танҳо Алии бедакиву «ганс»-ҳоро безарар мегардонанд, тамоми Тоҷикистонро ба ҳамин минвол мекунанд.
Дар охири ин қисмат инро бо сароҳат мегӯям:
“Сулҳ вақте сулҳ мешавад, ки Раҳмонов дигар набошад”.
Поёни бахши ҳаштум ва ниҳояти силсиламатолиби вижаи “Сулҳ”. Аммо санади он созишномаро бо каме таҳлил тақдиматон мекунем ва бар мегардем ба корҳои рӯзмарраамон…