Суннате дар Қуръон омадааст чӣ маъно дорад?.
Пас аз онки оқои Абдуқодир Талбаков ин саволро намуданд.Яке аз хонандагон бо номи Илҳом Ошуриён дар коменти ин посӯх чунин саволе намудаанд:
Аз ман чунин савол бароятон, “суннат” гуфта дар Қуръони карим танҳо сару либос, шишту хез, гуфтор …. умуман чизҳои зоҳириро дар назар доранд ё инки сухан дарбораи ботин меравад?
Суннат дар луғат: Ҳангомек ба кутуби луғат муроҷеъа кунед лафзи “Суннат” ба маъонии тариқа,шево,қоида омадааст. Яъне шахсе кореро амалеро кунад ва пас аз ӯ қавмаш ва бозмондагонаш онро анҷом диҳанд он суннатест,ки пас аз худ баҷой гузоштааст.
Суннат дар истилоҳи шариъат: Ҳар ончи аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) содир шудааст,чӣ он қавл бошад, амал бошад,тақрир бошад,сифати хулқи ва ахлоқи бошад. Ин масдарест,ки гирифта мешавад аз он шаръ ва ақида ҳангомек собит гашт дурустии он аз нигоҳи санад ва нисбаташ ба он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам).
Аммо Суннатеки дар Қуръон омадааст ин суннат ифодакунандаи Ҳукм ё қонунҳои Аллоҳ мебошад.
Барои онки хонанда дигар ин масаларо комил фаҳмад бо мисолҳои возеҳ аз Қуръон бароятон тақдим мекунам,то дигар ба ин масала барнагардед.
Сунната Аллоҳ(سنت الله- سنة الله) дар Қуръон бо ду шакли навишт омадааст.
Дар Қуръони карим суннат 13 маротиба омадааст ва панҷ маврид бо ( ت)(سنت) мафтуҳа омадааст. Ин панҷ маврид ҳама умумиятро дар бар мегирад на хусусро.
Инчунин дар ҳашт оят бо (ة) (سنة)марбута омадааст,ки маънои хос ва амри махсусро ифода мекунад. Пас маълум гашт,ки суннати хусуси ва амр бештар аз суннати умум омадааст.
1.) Суннаталлоҳ (سنة الله ) бо ة марбута,ки уламои луғат бар ин ақидаанд,ки ҳангомеки бо чунин ة марбута омадаа бошад дар оят.Далолат бар он мекунад,ки он амри пушида ё баста ва маҳдуду хоссе мекунад.
2.) Суннаталлоҳ (سنت الله )бо ت мафтуҳа агар омада бошад ин далолат бар амри фарох ва кушоде мекунад ва маҳдудҳам намебошад.
Аҳамият диҳед бар ин ояти 77 сураи муборакаи Исро:
سُنَّةَ مَن قَدْ أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ مِن رُّسُلِنَا وَلاَ تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحْوِيلاً
الاسراء 77
Тарҷума: “Суннати Аллоҳ дар бораи паёмбароне,ки пеш аз ту фиристодаем,чунин аст ва суннати моро тағйирпазир наёбӣ”
Дар ин оят “суннат” ба ин гӯна ё лафз омадааст,ки он хос аст.Инчунин муайян гаштааст қонун амр ё фармон ва қонун,ки ногузир бояд ҳосил ва иҷро гардад ин “Суннат”и Илоҳӣ.
Боз дар Сураи муборакаи Ҳиҷр ояти 13 мефармояд:
لاَ يُؤْمِنُونَ بِهِ وَقَدْ خَلَتْ سُنَّةُ الأَوَّلِينَ
الحجر 13
Тарҷума : “Ба он имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст”( Сураи Ҳиҷр,ояти 13)
Ҳама ононеки имон намеоваранд бар Паёмбар таҳақуқ пайдо мекунад ба чунин ашхос суннати гузаштагон.Аҳамият диҳед инҷоҳам маҳдуд аст чун оят бо ة марбута омадааст.
Акнун меравем суроғи он оятҳоеки омадаанд бо т мафтуҳа дар навишташон.
Аллоҳ Субҳонаҳу ватаъоло дар Сураи муборакаи Анфол ояти 38 чунин фармудааст:
قُل لِلَّذِينَ كَفَرُواْ إِن يَنتَهُواْ يُغْفَرْ لَهُم مَّا قَدْ سَلَفَ وَإِنْ يَعُودُواْ فَقَدْ مَضَتْ سُنَّت الأَوَّلِينَ
الانفال 38
Тарҷума :”Ба кофирон биггӯй,ки агар даст бардоранд,гуноҳони гузаштаи онҳо бахшида шавад ва агар бозгарданд,донанд,ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст.”
(Сураи Анфол,ояти 38)
Дар ин оят агар аҳамият диҳед бозгашташон ба ягон амри хоссе муайян нашудааст.Балке қонуни омме мебошад барои умум.
Бар мегардем ба бахши аввал пас аз ин оят,то қазия комилан равшан гардад.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Сураи муборакаи Аҳзоб ояти 38 чунн мефармояд:
مَّا كَانَ عَلَى النَّبِيِّ مِنْ حَرَجٍ فِيمَا فَرَضَ اللَّهُ لَهُ سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِن قَبْلُ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ قَدَرًا مَّقْدُورًا
الاحزاب 38
Тарҷума : “Бар паёмбар дар анҷом додани ончӣ Аллоҳ ба Ӯ муқаррар кардааст,ҳараҷе(гуноҳе) нест,ҳамчунон ки Аллоҳ барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Аллоҳ фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон”(Сураи Аҳзоб,ояти 38)
Дар ин оят Аллоҳ лафзи ( سنة) омадааст бо т марбута. Инҷо Аллоҳ возеҳ ва ошкор баён намудааст ва фарз ва амр гардонидааст бар паёмбараш Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва ин амри хос ва маълум ва мушаххас аст. Чунонеки дигар фарзҳо ва аҳкомро барояш мушаххас амр намудааст дар дигар оятҳо.Намехоҳам тӯлони намоям мақоларо ва мисоле аз амру фармонҳои дигар зикр кунам.
Мехоҳам як ояте аз ин мавзу тақдим намоям.Аллоҳ субҳонаҳу ватаъоло дар Сураи Муборакаи Фотир дар ояти 43 мефармояд:
اسْتِكْبَارًا فِي الأَرْضِ وَمَكْرَ السَّيِّئِ وَلا يَحِيقُ الْمَكْرُ السَّيِّئُ إِلاَّ بِأَهْلِهِ فَهَلْ يَنظُرُونَ إِلاَّ سُنَّتَ الأَوَّلِينَ فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَحْوِيلا
فاطر 43
Тарҷума : “Ба саркаши дар замин ва найрангҳои бад.Ва ин найрангҳои бад фақад найрангбозонро дар бар гирад.Оё ҷуз суннате,ки бар гузаштагон рафтааст,мунтазири чизи дигаре ҳастанд?.Дар суннати Аллоҳ ҳеҷ табдиле намеёбӣ ва дар суннати Аллоҳ ҳеҷ тағйире намеёбӣ.( Сураи Фотир,ояти 43)
Дар ин оятҳам мебинем амри ом аст ,барои ҳама маккорон ва бадкорон вале маҳдуд ва муайян нест умумӣ мебошад ва ҳамаро дарбар мегирад.
1.) Он оятҳоеки онҳо лафзи (سنة) бо тои марбута омадааст сахт муртабит ба дунё ва ончӣ дар дунё шавад ва кунанд омадааст.
2.) Он оятҳоеки онҳо лафи (سنت) бо тои марбута омадааст сахт муртабит ба охират ва ончӣ дар охират аст омада ва марбути он аст.
Бояд зикр намоям,ки оятҳои қабл ва баъди онро низ аҳамияти хуб диҳед,то ончӣ овардаам бароятон возеҳ ва ошкор шавад.
Умед аст ин масала бароятон равшан гашт ва дар фаҳми ин вожа дигар мушкил надоред.
Бо эҳтиром ва самимияти хос