СУРАИ ОЛИ ИМРОН
(Бахши севвум тибқи тиртиби сураҳо дар Қуръон)
Чанд суолу посух аз ин сураи муборака
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Суол: Сабаби Оли Имрон номгузорӣ шудани ин сура дар чист?
Ҷавоб: Ба хотири зикри қиссаи хонадони фазилаи Оли Имрон,падари Марям, модари ҳазрати Исо (а) ва нишон додани қудрат ва азамати Парвардигор.
Суол: Сураи Оли Имрон кай нозил шудааст?
Ҷавоб: Баъди сураи Анфол.
Суол: Ин сура маккӣ аст ё маданӣ?
Ҷавоб: Сураи Оли Имрон куллан маданӣ аст.
Суол: Оё дар сураи Оли Имрон аз номи паёмбарон ёд шудааст?
Ҷавоб: Бале, номи паёмбарони Худо: Одам (а), Нўҳ (а), Иброҳим (а),
Закарё (а), Яҳё (а), Исо (а), Исмоил (а), Исҳоқ (а), Яъқуб (а), Мусо (а) ва Муҳаммад (с) зикр шудааст.
Суол: Чанд оят дорад?
Ҷавоб: 200 (дусад) оят дорад.
Суол: Ҷамъи калимаҳои он чанд аст? Ҷавоб: 2503 (ду ҳазору пансаду се) калима.
Суол: Шумораи ҳарфҳои онро медонед?
Ҷавоб: Оре, 14987 (чаҳордаҳ ҳазору нўҳсаду ҳаштоду ҳафт) ҳарф дорад.
Суол: Яке аз фазилатҳои ин сураро баён кунед?
Ҷавоб: Ҳар ки 200 ояти Оли Имронро ба тамом бихонад 149870 (Яксаду чилу нўҳ ҳазору ҳашсаду ҳафтод) савобро дармеёбад.
Суол: Фазилати дигари сураи Оли Имронро бигўед?
Ҷавоб: Аз Абумома (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) гуфт: Исми аъзами Аллоҳ (ҷ), ки ҳар касе дуъо кунад, иҷобат мешавад, дар се сура аст: Бақара, Оли Имрон ва Тоҳо.