Мехоҳӣ дуоят мустаҷоб гардад?

Ислоҳ нет

Мехоҳӣ дуоят мустаҷоб гардад?

– Мавриде, ки мошини арӯсиро мебинӣ, ки аз роҳ мегузарад, бигӯ, Аллоҳ ба ин ду навҷавон баракат бидеҳ ва ҳардуро ба хайру хубӣ якҷо бигардон!

– Мавриде, ки мебинӣ зани ҳомилае аз наздат мегузарад. Бо худ аз рӯи ризо табассум кун ва бигӯ, Аллоҳ зуррияи солеҳу солеҳае барояш ато бикун (ин хоси бонувон аст)!

– Мавриде, ки дар навбат истодӣ ва ҳоҷате, ки доштӣ онро ба анҷом расонидӣ ба онҳое, ки пас аз ту истодаанд ва мехоҳанд ҳоҷаташонро мисли ту бароварда бигардонанд, бигӯ: Эй Аллоҳ, ҳамон тавре ки ҳоҷати маро бароварда гардонидӣ ҳоҷати ин ҳама дар навбат бударо бароварда бигардон!

– Мавриде, ки аз назди табиб ё беморхона хориҷ гаштӣ ва табиб бароят гуфт: ҳоли ту хуб аст ва ё рӯ ба беҳбуд аст, бигӯ: Эй Аллоҳ ҳама беморони мусалмонро шифо бидеҳ!

– Мавриде, ки аз кор ба хонаат бармегардӣ ва мебинӣ модарат ва ё ҳамсарат бароят хӯрок омода карда, бо ризоят табассум ва шукр бикун ва бигӯ: Эй Аллоҳ, аз ту хоҳишу таманно дорам модару ҳамсарамро барои ман ҳифз кун ва дуои суботу имон барояшон бикун. Инчунин ҷумла мусалмонони умматро аз ин ду маҳрум магардон!

– Мавриде, ки аз наздат ҷанозае мегузарад ва ё дар ҷанозае ширкат мекунӣ, бигӯ: Аллоҳ раҳмату мағфират намояд ин майитро, зеро мо шоҳидон дар рӯи замин ҳастем.

Намехоҳам ҳама корҳои хайру некро зикр кунам ҳама ончи хайру нек барои худ мебинӣ онро барои дигар бародарону хоҳаронат бихоҳ, зеро ҳар шахсе барои дигар мусалмонон дуои хайр ва саодат мехоҳад. Ту намедони, ки ин дуои хайри ту, ки барои мусалмон кардӣ сабаб мегардад мушкилоту мусибате, ки дорӣ ва ё бар сарат омаданӣ ҳаст барои ту хайр,шифо ва аз миён рафтани мушкилотат мегардад.

Расули Акрам (саллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: “Дуои шахси мусалмон барои бародар (хоҳар)-и мусалмонаш мустаҷоб (қабулшаванда) аст, зеро назди сари ҳар инсон малоикаи мукаллаф аст, ки ҳар вақте инсон барои бародар (хоҳар)-аш дуои хайр намояд он малоикаи муваккалу мукаллаф мегӯяд, омин барои ту ҳам ончи хостӣ ато карда шавад.”
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

Имом Нававӣ (раҳ) дар ин масъала чунин мегӯяд: Баъзе гузаштагони солеҳ ҳангоме, ки мехостанд барои худ дуо кунанд ё худ ҳоҷате доштанд онро барои бародари мусалмонашон низ мекарданд, то Аллоҳ онро мустаҷоб гардонад.

Пас биёед хонандаи гиромӣ ин суннати хеле зеборо дар ҳаёти худ татбиқ намоем. Барои бародарон ва хоҳаронамон дуои хайр намоем, то Аллоҳ ончи мехоҳем барои он бародар ва хоҳарамон, барои мо низ ато намояд.
Ин маколаро бо оёти муборакаи Қуръони азимушаън ҳусни фарҷом мебахшем.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: “Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
(Сураи Ҳашр,ояти 10)

Боз мефармояд: “Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони муъмин омурзиш бихоҳ…”
(Сураи Муҳаммад, ояти 19)

 

 

Share This Article