(бахши дуввум)
«Ҳамаро мешавад як замони муайяне тарс дод. Қисматеро мешавад ба муҳлати дароз дар ҳолати тарс нигоҳ дошт. Гурӯҳеро мешавад тули умр тарсонид!
Вале, ҳамаро, барои ҳамеша наметавон дар доираи тарс нигоҳ дошт!»
Хонандаи гиромӣ дар бахши аввал расида будем ба ҳолати тарсе,ки он махсуси мунофиқон дар аксари масодири шаръ чун Қуръон омадааст. Пас аз каме тавзеҳ мегузарем ба таҳлили вазъҳо ва табобобати ҳолатҳои дигари тарс.
Мунофиқ, акнун маълум мешавад, ки тарсончаку буздил гуфтанӣ инсонро мегӯянд, ки ҷуз ба манофеъи шахсии худ на ба Худову на ба куфру на ба имон парвое надорад!
Инҳо бас хатарноканд.
Ба гуфти Ленин, ки пролетариатҳо ва душманонашон маълум аст, дар ин байн танҳо «сукента синҳо» маълум нест, ки тарафи киянд? То охирин лаҳза, бетарафон сукут мекунанду дар лаҳзаи сарнавиштсоз, аз пушт ханҷар мезананд!
Инҳо дар дарозои торих чӣ қадар далерону силаҳшурону ҳокимони бузургро, заҳролуд кардаву бо ғадр террор кардаву давлатҳову низомҳову иқтисоду ҷомеаҳоро дар як шаб, дар як чашм задан, дар як ғафлат ғофилгир кардаву ҳазорон ҳазорро ба комӣ марг фиристодаанд.
Қиссаи Асҳоби Сабт ҳам дар Қурон машҳур аст, ки дар 4 сураи Қурон зикрашон омада: Сураи Бақара, Нисо, Аъроф ва Наҳл.
Қиссаи Сабт чунин аст: Асҳоби Сабт қавме аз Бани Исроил буданд. Аллоҳро нофармони карданд, барояшон дар рӯзи шанбе моҳи шикор кардан ба онҳо иҷозат набуд вале онҳо нофармони карданд. Албатта ба се даста тақсимшуда буданд миёнашон солеҳону фармонбардорҳо ҳам буданд, ҳоли он солеҳону муслиҳонашон чи шуд бояд хонед. Дар асри Паёмбар Довуд (а) зиндагони мекарданд ва адади онҳоро масодире 70 ҳазор гуфта ва манбаъи дигаре 12 ҳазор. Дар Қуръон дар мавриди Асҳоби Сабт як маротиба ошкор дар ояти 43 Сураи Нисо омадааст. Ҳолати ин қавм хело шабеҳ ба ҳолати мардуми имрӯзаи мо дорад. Лутфан онро хонед, то бештар огоҳ гардед.
Аз ин қисса бигзарем, мерасем ба ояи 104-и сураи Нисо, ки ошкоро Худованд эълон мекунад:
وَلَا تَهِنُوا فِي ابْتِغَاءِ الْقَوْمِ ۖ إِن تَكُونُوا تَأْلَمُونَ فَإِنَّهُمْ يَأْلَمُونَ كَمَا تَأْلَمُونَ ۖ وَتَرْجُونَ مِنَ اللَّهِ مَا لَا يَرْجُونَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا
[الجزء: ٥ | النساء | الآية: ١٠٤]
Тарҷума : «Ва дар даст ёфтан ба он қавм сусти накунед.Агар шумо озор мебинед онон ҳам мисли шумо озор мебинанд.Вале шумо аз худо чизеро умед доред,ки онҳо умед надоранд ва Худо донову ҳаким аст.»
Диққат диҳед: «эй касоне, ки дар набардед, гумон кардед, ки танҳо шумо «дард» мекашед дар ин роҳ? На, балки душманонатон ҳам аз шумо бештар дардманд гаштаанд!
Худи Эмомалӣ Раҳмонов солҳост вой-дод мегӯяд, ки агар лаҳзае «зиракии сиёсӣ»-ро аз даст бидиҳад (уву пайравони дузду бешарафаш) давлатро аз даст хоҳад дод!
Аз ҷиҳати психологӣ як назар дар чеҳраи авлоди Раҳмонов кунед, дар чеҳраи морҳои асосии мақомдораш кунед, ханда солҳост аз лабҳои муғулияшон парида, рангҳо заҳир, дилҳо пурхуну ҳатто вақте Раҳмонов оид ба камтарин «ҳодисаи нохӯшоянде» оид ба худу оилаи дуздаш эҳсос кунад, дарав рӯи минбар баромада, мисли Фиръавн, ки 4000 сол қабл ҳангоми эҳсоси хатари реалӣ рӯи минбар баромаду ба миллат хитоб карду гуфт:
وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِي أَقْتُلْ مُوسَىٰ وَلْيَدْعُ رَبَّهُ ۖ إِنِّي أَخَافُ أَن يُبَدِّلَ دِينَكُمْ أَوْ أَن يُظْهِرَ فِي الْأَرْضِ الْفَسَادَ
[الجزء: ٢٤ | غافر | الآية: ٢٦]
«зиракии сиёсира аз даст надиҳед, ки эҳтимолияти он меравад, ки Мусо динтона иваз мекунад!»
Кадом дин?
Ҳамон дине, ки худро «ана раббукумул аъло» эълон ва тибқи «конститутсия»-аш худро «дахлнопазир», фарзанди худои Раъ ва тамоми зану фарзандонашро ҳам статуси «неприкосновености» дода буду мисриён, ки умре зери бори ин авлоди Фиръавниён, насл андар насл зиста буданд, бовараш карданду «хатар»-ро эҳсос карданд.
Фиръавн, ки умре аз касе «маслиҳат» напурсида буду чун Эмомшайтон, умре ба дигарон «дастуру ҳидоятҳо» (бубинед, «ҳидоятҳо»- ҳидоят гумроҳонро медиҳанд, ки инҷо гӯё Эмомалӣ Раҳмонов марди рӯҳонии рашиде буда аст), дастуру вазифаву роҳнамоиҳо медода, рӯзе думаш зери дар монда буд, бубинед чӣ гуфт: ذروني أقتل موسى!
Миллати шарифи Миср, иҷозатам диҳед, ки Мусоро кушам!
О, ту падарбезорро кӣ қапида аст, ки Мусоро ба мисли ҳазорон кӯдаке ки аз касе иҷозат напурсида, ба муҷарради хоби шайтоние ки дида будӣ, кофтию ёфтию куштӣ, имруз ки аз дасти Мусо рӯзат табоҳу сару калобаатро гумкардаӣ, омада аз миллат «иҷозат» мепурсӣ?!
На. Дӯстон, ин ҷо Фиръавн медонад, ки агар миллат худ қиём кунад Мусову тарафдоронашро қир мекунад, вале агар худ лашкар бикашад, эҳтимол дорад, ки Мусо, ки замон сарлашкару ҷангдида ва «фарзандхону таълимгирифта»-и давлаташ буд, метавонист, ки бо моил кардани ҷенеролҳои қибтӣ Фиръавнро сарнагун созад.
Фиръавн задагӣ буд иҷозату пиҷозати қибтиёнрову бо онон ҳатто боре ҳам через «онлайн» суҳбат намекард, вале чун кораш ба хатар афтод, борҳо, «фаҳашара фа нодо» карду ҳар гоҳу бегоҳ, чун Эмомшайтон, ки дар баробараш Наҳзату Гуруҳи 24-у ҳазорон ҷонбаркафи «дар Тоҷикистон решадор»-ро пайхас карду инстинкти диктаторияш, ки хело ҳассос асту бӯйи хатарро солҳо қабл мешамад, ба ҷунбиш омад. Эй, дигар дар майдонҳо «сар ҷудову кун ҷудо» меҷунбонаду ҳай насиҳат ба гунгаш мекунад, ки «хонаи камбағало рав. Хонаи боё нарав». Ва мегуфт наход ман фарзанди зани мусулмон шуда, душмани дини худам бошам!)?
Инҳо айнан замоне аз забони диктаторони торих садо медиҳад, ки хатари сарнагуниро эҳсос кунанду он гоҳ худро дар паси «миллат» пинҳон мекунанд вале «ва ҳоққа би оли фиръавна» хоҳад шуд! (Ғофир-45).
Вақт ва сабр лозмим аст.
Худо бо собирон аст.
Худо дӯстдори собирон аст
Дустдори мунофиқону кофирон не .
Эй касе, ки имон ба Аллоҳ дорӣ, бидон, ки дар баробари онки рӯзе миллату зану фарзандонатро аз Фиръавне халос хоҳӣ кард, аз ҳоло ту «дӯстдоштаи Аллоҳ» ҳастию хабар надорӣ!
Бармегардем ба матлаби тарс.
Тарс танҳо дар кишварҳои диктаторӣ ривоҷ меёбад, чунки кишварҳо ва президентҳои одил аслан худ наметарсанд, аз ин рӯ касеро наметарсонанд, ки мабодо сарнагунашон кунанд.
Бояд гуям, ки диктаторон ҳарчӣ қадаре тарсанд, ба ҳамон миқдор миллаташонро метарсонанд.
Танҳо услубҳои тарсдиҳӣ фарқ дораду бас.
Яке аз душмани хориҷӣ, яке аз фитнаи динивазшавӣ, яке аз пора- пора шавӣ, яке аз уфти иқтисод, яке аз замима шудан ба дигар кишварҳо, яке аз нобудии забону фарҳангу дигар омилҳои миллӣ метарсонанд
Дар асл танҳо миллатҳое ки зери кишварҳои диктаторӣ зистаанд ба тарс ё одат ё ниёз доранд ё гумон мекунанд, ки ягона роҳи дарозтар кардани умри диктатураҳо ин тарс асту тарс асту тарс.
Василаҳои баамаловарии тарс дар зеҳнҳо ҳам гуногун мешаванд;
Дар кишваре бо дор задан, дар ҷое бо оташ задан, дар ҷое бо рокет бастану паррондан, дар ҷое аз манор партофтан, дар ҷое дар дарёву баҳрҳо ғарқ кардан, дар ҷое аз болгардҳо партофтан, дар ҷое дар замин зиндабагӯр кардан, дар ҷое тӯъмаи шерону палангону сагону гургон кардан, дар ҷое бо арра ду ним кардан, дар ҷое бо кислота сӯзондан, дар ҷое бо аррабарқӣ зери навои мусиқии баланд реза-реза кардан, дар ҷое бо гулула рагбор кардан ва ҳар диктаторе, ҳар золиме бо услуби ваҳшатноки хеш, ки мепиндорад, инсонҳоро метарсонанд.
Ҳар услуби фаҷеъе, ки метавонад миллатро сахт битарсонад, ба он даст хоҳанд зад.
Ҳадаф аз тирборони якчанд кас, тарсондани ҳамагон аст.
Мақсад аз зиндон сохтани якчанд нафар, ҳаросондани боқимондагон аст.
Мақсад аз террори шахсиятҳои шинохта, карахту тарсу кардани пайравон аст!
Вале ин ҳама даҳшату ваҳшату террори «хабисони торих»- диктаторон, саранҷом сари худашонро хоҳанд хӯрд.
Ҳамон гуна ки сари Қаззофӣ барбод рафт. Ҳамон гуна ки сари Саддом сари дор рафт. Ҳамон гуна ки сари Мосалини зери по рафт.
Ва таърих такрор мешавад- диктаторон меоянд, мекушанд ва кушта мешаванд!
Ва дар аҳди Туркҳои усмонӣ «хавзақа» ҳам мекарданд, ки он чунин буд: нафареро аз кунаш чӯб зада аз гарданаш мекшиданду рузҳои дароз зери офтоби тасфон мегузоштанд. Кам-кам обаш ҳам медоданд, ки намираду кирм бизанад зинда ба зинда
Дар аҳди Инквизатсия инсонҳоро ҷароҳат задаву мушҳои гушнаро вориди қафасашон мекарданд, ки вориди баданҳошон гашта гушту устухонашонро зинда ба зинда мехӯрданд.
Дар Рим чун одат зинда ба зинда «салиб» мезаданд, ки ҳамагӣ медонед!
Ғӯлу ишкели Пешвои тоҷикон пас чист, ки имрӯз мо- тоҷикон, зану мардро карахту тарсуву риху бузу мурғ карда аст?
Ана ҳаминҷо бояд сахт тааммул кунем!
Рафтем…. ЭМОМАЛӢ, ТУ НАБИЁ!
Аввалин коре мехоҳам бикунам ин – эътироф ба тарс аст.
Ман метарсам, ту метарсӣ, Эмомалӣ метарсад, Рустам метарсад, мо ҳама метарсем шумо ҳама метарсед.
Пас чӣ?
Ман мемирам, ту мемирӣ, шумо ҳама мемиред мо ҳама мемирем, онҳо ҳама мемиранд :
إِنَّكَ مَيِّتٌ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ
[الجزء: ٢٣ | الزمر | الآية: ٣٠]
Баъд чӣ? Аз инки метарсем набояд мубориза барем? Аз худ дифоъ кунем? Баҳри озодиямон қад алам кунем?
Аз инки мемирем, баъд чӣ? Набояд зиндагӣ кунем? Набояд фарзанд биоварем? Набояд дунёамонро озоду обод гардонем?
Гӯш кун, як филм ҳаст, надида бошед, бинедаш. Унвонаш: «The Fury» – хашми девонавор! Дар он қаҳрамон ба додараш мегӯяд: «мубориза бар, вагарна бо тарс хоҳӣ мурд!»
Ва дигарҷо мегӯяд: «бо вуҷуди тарс доштан, амал кардан ин далерист!»
Яъне ҳеч далере нест, ки тарсе надошта бошад, вале махсусияти психологии як нотарс дар он аст, ки «дар доираи тарс» амал мекунад, вале тарсӯ дар доираи тарс дар мондаву тарсҳо мисли решаи аҷриқ рӯз ба рӯзу сол ба сол мағзашро зери решаи худ кашидаву то дараҷае фишор меоранд, ки тарсу рӯзе аз тарс хоҳад мурд.
Бале, аз тарс мурдан бад аст, на аз дасти золим!
«Турсуҳо муфт хоҳанд мурд! Тарсуҳо қаҳрамон намешаванд!»
Гумон накунед Эмомалӣ «қаҳрамон» аст, на ӯ ҳатман рӯзе аз ҳама ин унвону ҷойгоҳҳои дурӯғинаш дафъ карда хоҳад шуд!
Мо метарсем
Мо мемирем
Вале ин ба мо далел намедиҳад, ки назием ва мубориза набарем!
Эй тарсу, бархез мубориза бар, ки ман ҳам чун ту метарсам. Сахт метарсам. Ҳатто, баъзан ҳангоми хобам кобус мебинам. Бо тарс аз хобам мепарам.
Вале, ҳаминки шиддати тарс паст шуд, таваккал карда роҳамро давом медиҳам.
Имрӯз, ки Эмомалию режими «бехудо»-яш ҷуръат кардаву ошкоро ба ҷанги динӣ оғозидаанд, мо ҳам бояд аз ин абзори «тоғуткуш» кор бигирем.
Тарсуҳо, дар зиндагӣ тарси абадӣ ва амони абадӣ вуҷуд надорад. Инҳо мароҳиле ҳастанд, ки маҷбурем тай кунем!
«Нотарсӣ ин нест, ки ба ҳама эълон кунӣ, ки наметарсӣ, балки ҳаминки метарсию аммо амалатро анҷом медиҳӣ, нотарсӣ!»
Метарсӣ, меларзӣ, меҳаросӣ, вале аз масъулиятат шона холӣ намекунӣ. Аз роҳат барнамегардӣ.
Вале, тарсуҳо на инки худ метарсанд, балки ин бемории гузарандаи хешро талош мекунанд, ба дигарон ҳам сироят кунонанд.
Чуноне дар қиссаи «асҳоби сабт» мебинем, он даста, ки худ тарсу буданду пеши раҳи қонуншиканонро намегирифтанд, бар замми ин бетарафӣ, омада ба гурӯҳе, ки қонунвайронкунандагонро аз бадкорияшон бозмедоштанд, сарзаниш мекарданду борҳо «насиҳат» мекарданд, ки ин коратон «фоида» надорад!
Имрӯз ҳам ба ном муште аз «мухолифин» ба ҷои тири ғазабу қаҳру кинашон ба самти «Фиръавн» равона созанд, бар фарқи «Мусо» мекӯбанд!
Сомириву Қорунҳо дар ҳама замон будаанд, ки яке пайи манофеъи сиёсию диннии пӯшидаи худу пайи иғвосту дигаре пайи манофеъи иқтисодӣ!
Мақсадашон Худо нест. Ҳадафашон манофеъи сиёсию иқтисодист.
Аз ин рӯ, гуруҳи аввал «нотарс» буданд, ки қонуни илоҳиро мешикастанд.
Дастаи дуввум ҳам нотарс будаанд, ки ононро роҳгирӣ мекардаанд.
Вале дастаи мобайнӣ тарсу будаанд, ки тарафи носеҳонро намегирифтаанд, ки тавозуни қуво баробар ва ҳақ бартарӣ ёбад, баръакс, ҳам дар наълу ҳам дар сумб мезадаанд, ки на инҳоро «хафа» кунанду на ононро,ки ин кори мунофиқон аст!
Ҳамон гуна ки нерӯро ба василаи машқу тамрин, пулро бо бизнес, ақлро бо дониш, заковатро бо фаҳмиш рушд медиҳанд, ҷасоратро ҳам бо пӯиши бардавом дар роҳи мубориза ба каф хоҳед овард.
«Ку инсоне, ки бор-бор шикаст нахӯрда бошаду рӯзе қаҳрамон шавад?»
«Оре, борҳо метарсӣ, ки дар фарҷом занҷираҳои номаръии тарсро аз мағзу вуҷудат шикаста дур андозӣ. Ва ин кор шуданист.»
Хулоса, тарс ду навъ аст: реалӣ ва хаёлӣ:
Тарси реалӣ он аст, ки дар ҳақиқат ҳодисае, ки бар бадии мост вуқуъ мепайвандад, ки дар зиндагӣ борҳо бо чунин «ҳодисоти бад» рубару гаштаем
Ва аммо хаёлӣ бошад, ҳамин шантажу манипулятсияву храпу таҳдиду зургӯиву дигар услубҳои давлатдорон аст, ки ҳамеша онро дониста дар зеҳнҳои шаҳрвандон кошта меистанд, ки мисли заҳрпечак мағзҳои ноогоҳро аз «ҳодисоти номавҷуди хаёлӣ» барҳазар дошта, дастҳоро аз амалкард боз медорад.
Ана ҳамин тарсҳои «саробӣ» ё «хаёлӣ»-ст, ки миллионҳо нафарро аз камтарин амалкард боз медорад, чун дар мағзаш қуфли «тарс аз паёмадҳои бади «эҳтимолии ғайриреалӣ» сахт гиреҳ хӯрдаву «ресмони пойи фил» таранг баставу гулмехи «шикастнопазирии Ҷаноби Олӣ» кӯбида гашта аст!
Мубориза бар зидди тарс ду васила дорад,:
Яке дар сатҳи «фикр»
Дигаре дар сатҳи «амал»
Яъне, ҳаргоҳе мори мағзхори тарс ба суроғи мафкураат омад, дар баробараш бо силоҳи «ҷасорат» истодагарӣ мекунию аз қасри мағзат бо шиддат меронияш, ки «рихат» накунад.
Дар ҳадис омада, ки паёмбар мегуфт: Аз ҷиҳоди кӯчак ба сӯи ҷиҳоди бузург баргаштем. Ҷиҳоди хурд- ҷангу набард. Ҷиҳоди бузург- набард бо нафси худ,тарсҳову озмандию ғазабу кину бадхӯйист, ки то дами марг идома мекунад.
Ҳамон гуна ки «ширк» гаҳгоҳе ба шикори ақлат меояд, тарс ҳам ба «зиёрат»-и мағзҳо меояд!
Дуюм, бо вуҷуди онки мантиқат мегӯяд: корат «хатарнок» асту «оқубати бад» дорад, мегӯӣ, ки бадтарин тарс тарси мурдану нобудист, вале ман рузе бо он рӯ ба рӯ мешавам!
Аз ин рӯ, тарсе бузургтар аз тарси мурдан набошад, дигар «комплекси тарсҳо» аз режими тарсуи Раҳмонов наздаш, луъбатаке назди ҳақиқат аст!
Вале барои мурдан на, балки барои идомаи зистан мубориза мекунем!
Дар нобудии Режими тарсуи Раҳмонов идомаи ҳаёти бастагони мост, ки ҷуз мо касе онро тазмин намекунанд;
На араб, на ҷӯгӣ, на ҷуҳуд, на арманӣ, на амрикоӣ, на ҳинду, на қазоқ, на татор на касе ҷуз ману ту, мову шумо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонему масъули беҳрӯзии ин миллат, ки худамонем!
Мушкилтарин марҳалаи мубориза бо тарсу шикасти занҷирҳову решакан кардани патакрешаҳои он, ки мағзҳои мо- ҳамагиро дарҳам печида аст, марҳалаи ибтидоии он аст.
Масалан, мо барои он аз хезишу митинг метарсем, ки занҷирҳои «паёмади номуайян»-и он дар мағзҳоямон кошта шуда аст, ва ҳамин тарси «беасос» аст, ки дасту пои моро солҳост занҷирпеч карда аст, вагарна Эмомалӣ солҳост ҳавопаймову хатсайри фирораш омода аст!
Кӯлобӣ, ту метарсӣ!
Бадахшӣ, ту метарсӣ!
Ғармӣ, ту метарсӣ!
Панҷекатӣ, ту метарсӣ!
Роғунӣ, ту метарсӣ!
Ёвонӣ, ту метарсӣ!
Файзободӣ, ту метарсӣ!
Ваҳдатӣ, ту метарсӣ!
Мазорӣ, ту метарсӣ!
Бозорӣ, ту метарсӣ!
Духтур ту метарсӣ!
Мулло, ту метарсӣ!
Модар, ту метарсӣ!
Падар, ту метарсӣ!
Бародар, ту метарсӣ!
Шоир, ту метарсӣ!
Аз чӣ ин қадар тарсидем? Аз матарсак!
Аз як ҳаромзода! Аз як тарсу! Аз як дузд! Аз як бетабор! Аз як хӯса! Аз як бесавод! Аз як хоин! Аз як рубаҳ! Аз як пири мафлук! Аз як говбон! Аз як заминиватанфурӯш! Аз як душмани Аллоҳ!
Ва Худо ин ҷо садо мезанад, فلا تخافوهم
Оли Имрон, 175. Чаро аз Худо не, аз як ҳаромии маҳкум ба фано метарсед?
Эй, мусалмонони Тоҷикистон, ҳамин мо набудем, ки рӯзгоре чанд ҳамин матарсаки тарсуро ба зону дароварда будем? Тавониста будему боз метавонем!
Дастоне, ки замоне қодир ба ҳамли силоҳ буду қаламҳое, ки умре чеҳраи касифу палиду дастони хунолуди қотилеро мекашид, дубора қодир аст ба кор дарояд!
Ба Худо, Эмомалӣ аз ману ту бештар тарсончак аст.
Мо то рузе, ки занҷирҳои худсохта (дастисохтаи) мағзҳомонро нашканему ба «тарсҳои хаёлӣ-эҳтимолӣ»-ямон ғолиб наоем, дар майдонҳо тазоҳурот кардан наметавонем.
Митинг осон аст, ҳамон гуна ки дигарон карданду дидаем
Инқилоб ҳам пур аст торих аз намунаҳояш.
Фирори диктаторон ҳар солу моҳ вуқуъ мепайвандад. Эмомшарипчақур назди он тоғиёни фироркарда, кирмаке беш нест.
Ҷони Таппак ҳам ширин аст, мурдан намехоҳад, сарватҳои дуздидаашро дӯст медорад, аз ин рӯ, дар инқилоб мо ба ҷуз исботи ҳамин гуфтаҳоям: «Мо метавонем инқилоб кунем, вақте бар тарсҳои хаёлӣ ғолиб оем, чизе бохтанӣ надорем!»
Инқилоб мекунем, чуноне дигар инсонҳои мисли мо, бо вуҷуди тарсашон инқилоб кардаанд. Ғолиб меоем, чуноне дигарон ғолиб гаштаанд. Сарнагун мекунем, чуноне дигарон кардаанд. Фирор мекунанд чун ҳамтоёнашон фирор карда буданд. Сарнагун мешаванд чун хоҷагонашон мурданд.
Низомро дигар мекунем, чуноне, ки Эмомалӣ соли 1992 низомро тағйир дода буд. Инқилоб карда буд. Бохун омада буд, бо хуни худ ғарқа шудан мехоҳад, Худо ғарқабахунаш мекунад.
Ҳамин, шумое, ки дар роҳи муборизаед, медонам, ҳамагӣ маҷмуъае аз тарсҳои шахсии худро доред?
Вале чаро, бо, ҳар пагоҳон, папкафайли тарсҳои хаёлию реалиятонро дар архиви майнаатон «зип» карда мегузореду бо вуҷуди хатарҳо, тарсҳо, туҳмату пайгириҳо боз идома медиҳед?
Чунки, муборакатон бошад, бар тарсҳоятон голиб омадаед!
Тарс ваҳм асту бас. Хаёлҳову бофтаҳои мағзи мову шумост, ки аз бисёр бекору беамалкард гаштанамон, бар майнаамон чира мешавад.
Тарс шуморо ба ноумедӣ мебарад. Шайтон алоқамандонашро метарсонад. Оли Имрон, ояи 175.
90% и тарсҳои мо воқеӣ нестанд. Чӣ қадар мо аз чизҳое тарсидаем, ки асло ба вуқуъ наомадаанд. Вале агар ба тақдири азалии Худо бовармандед, ҳодисае агар лозим аст дар ҳаётатон рух бидиҳад, инсу ҷин, аввалину охирин ҷамъ гарданд ки пеши роҳи вуқуъашро бигиранд, натавонанд гирифт. Ва кона амруллоҳи мафъула!
Ва ин ҳикматро ҳам ба хотир доред: ҳарчӣ қадаре дилбастагиятон ба зиндагӣ камтар гардад, ҳамон миқдор аз тарсу ҳаросҳо наҷот меёбед.
Гумон мекунед, он қадар ҷавонони бадахшие, ки дар рӯзи рушан дар Хоруғу Рушон парондаву таъзиб гашта, кушта шуданд, ҳамагӣ Рембову фавқулбашар буданд?
На. Онҳо ҳам бо вуҷуди тарсҳои бешумор, хатарҳои саршор, марги мунтазар доштанашон, хестанду коре карданду рафтанд.
Хушо онон ки бо иззат зӣ гетӣ
Бисоти хеш барчиданду рафтанд.
Шумо назди худу виҷдону насли пасину Худо чӣ ҷавоб медиҳед? Чӣ гуна шабҳо хобатон мебарад? Чӣ гуна ин ҳама таҳқири миллату динатонро мебинеду боз беамал, мисли бардагон даст пеши бар менишинед?
Зиндагӣ абадӣ нест. Тарс роҳи наҷот нест. Сукут зиллат сӯи зиллат аст. Диктатура ва тарсдиҳии режими тарсуи Раҳмонов ҳам абадӣ нест.
Тарс беморӣ аст. Шояд ончӣ ки барои шумо моя тарс бошад, барои дигаре мояи хандахаришу истеҳзо бошад.
Касе аз ҷанг метарсаду меларзад, касе дар зери овози тиру тӯп хобаш мебарад.
Дӯстон, як қаламу қоғаз бигиреду тамоми номгӯи тарсҳои реаливу хаёлиятонро як-як навишта, таҳлил кунед, ки кадоме аз онҳо «хатарноктарин» асту дар кадом ҳолат имконияти ба вуқуъоии 100%-ияш имкон дорад?
Ва агар он иттифоқ биуфтад, оқубаташ чӣ мешавад?
Ва пас аз марг тарсе нест. Хусусан, агар далерона рафта бошӣ.
Ва ҳамин ғолибият ибтидои ҳамаи пирӯзиҳои минбаъда аст.
Аз чӣ метарсем:
Аз зиндон?
Аз кушташудан?
Аз мусодираи молу мулк?
Аз беобрӯшавӣ?
Аз фишор рӯи бастагонамон?
Аз дарбадарӣ?
Аз бемориҳои равонии бардавом, ки аз таъсири садамаҳои равонию иттилоотӣ бар мо мезананд?
Аз бадарға?
Аз дурӣ аз ёрон?
Аз рӯёрӯӣ бо «зуртар» ва имкони шикаст аз ӯ?
Ва ҳазору як тарсҳое, ки ин режим бо он «ғулу ишкелу занҷир» даступобастаамон карда аст!
Вале чӣ чора, ки ҷуз мубориза дар баробари ин ғулу занҷир ва шикастани он дар ниҳояти ҷода, роҳи дигаре баромон намонда аст.
Як ҳикмат:
«Ҳамаро мешавад як замони муайяне тарс дод. Қисматеро мешавад ба муҳлати дароз дар ҳолати тарс нигоҳ дошт. Гурӯҳеро мешавад тули умр тарсонид!
Вале, ҳамаро, барои ҳамеша наметавон дар доираи тарс нигоҳ дошт!»
Заъфи диктатура ҳам дар дарозои торих ҳамин буда, ки тилисми сеҳрофараш, ки солҳое чанд мардумеро «дар ҳолати карахтӣ» нигоҳ медошта аст, аз ҷониби афроде чанд, ки «тилисмшикан» ном доранд, шикаста мегаштаву миллат саросар, рузе аз ин «конслагер» озод мегаштаанд!
Ва танҳо Худо шикастнопазир аст, дигар ин ҳама шайтону шайтонбачаҳои думравонаш маҳкум ба шикастанд!
Дӯстон, тарсуҳо ҳукумати одилона сохтан наметавонанд. Хидмати миллатро намеписанданд. Аз ҳақиқатҳои динну дунё бадашон меояд. Аз шунидани ҳақиқат меҳаросанд!
Худованд ин рингро барои шумо таҳия карда, ки машқи нотарсӣ кунеду вақте зимоми қудратро аз ин гуруҳи тарсу бозпас гирифтед, аз чизеву касеву ҳақиқате ҳам тарсе надошта бошед.
«Агар тарсу боқӣ бимонед, замоне ба риёсат расидед, ҳатман Диктатори навбатӣ шумоед!»
Муроди мо насиҳат буд кардем,
Ҳаволат бар Худо кардему рафтем.
Поёни бахши дуввум вале умедворам барои бардоштани тарс аз фикру андеша ва равони ҷавонони асиршудаи миллатам идома медиҳам,то ин тарси музминро аз афкори ҷавонони миллатам бардораму давлати озод ва мардумие бунёд созем.
Ба умеди сохтани давлати навину побарҷои Тоҷикистони азизам дарвозаи Осиёи миёна!