Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ислоҳ нет

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон сомонаи расмии худро  бо номи “Зиндониён” таъсис додааст. Ин сомона бо нишонии https://zindoniyon.com/ аллакай бо забони русӣ дастрас мебошад.

Дар ин сомона маълумот дар бораи зиндониён, шахсоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд ва ҳамчунин маълумот дар бораи қурбониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон қобили истифода аст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон сараввал ҳамчун як дафтари дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони асири сиёсӣ, бо ибтикори чанде аз фаолони сиёсии тоҷик санаи 20 июли соли 2018 дар шаҳри Варшави Лаҳистон  таъсис ёфта буд.

 

Баъдан, аввали моҳи августи соли 2018 дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ эълон шуд, ки  ин дафтар баКумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ивази ном карда, фаолияти худро густурдатар ба роҳ мондааст.

Айни ҳол фаоли сиёсии тоҷик Абдусаттор Бобоев роҳбарии ин кумитаро ба душ дорад ва Вайсиддин Одинаев сухангӯи ин созмони навташкил мебошад.

 

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар ин муддати фаолияти камтар аз семоҳааш чанд баёнияву изҳорот пахш намуда, пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои густардаро қариб дар 30 кишвари ҷаҳон барпо намудааст.

Илова бар ин Кумита ба муносибати Рӯзи маҳбусони сиёсӣ маҷаллае зери унвони “Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ” ба нашр расонид.

Маҷала аз 6 қисм иборат буда, қисмати аввал дар бораи зиндониёни сиёсӣ ҳикоя мекунад. Дар ин бахш ному насаби ҳудуди 200 нафар оварда шудааст, ки ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд.

Дар бахши дуввум рӯйхати сиёсатмадорони пурнуфузе оварда шудааст, ки дар ҳолатҳои то ҳол ифшонашуда кушта шудаанд.

Бахши саввум номҳои фаъолони сиёсиеро фаро гирифтааст аз Русия рабуда шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин рӯйхат Эҳсон Одинаев истисноист — ӯ бе ному нишон гардидааст.

Қисмати чаҳорум ба онҳое бахшида шудааст, ки соли 2012 ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ кушта шудаанд.

Дар бахшҳои панҷуму шашум номҳои онҳое, ки алайҳашон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода гардидааст, гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин асмои онҳое, ки бидуни ҳеҷ далеле ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам шудаанд.

Қобили зикр аст, ки  16 сентябр рӯзи зиндониёни сиёсӣ эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Кумита дар нишасти САҲА овезаи худро дар даромадгоҳи биное, ки нишаст мегузашт,  нишонда, байни меҳмонони нишасти САҲА брошюр ва шиорҳое бо талаби озодкунии зиндониёни сиёсӣ паҳн кард. Шиори #FreeTajikPoliticalPrisoners (озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ) дар нишасти САҲА дар дасти аксари мухолифони сиёсии тоҷик дида мешуд.

 

Даъво ва дархостҳои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон:

 

1) Мо аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунем, ки «феҳристи сиёҳ»-и ҷорӣ аз шаҳрвандон, дигарандешон, паноҳандаҳои сиёсӣ ва бастагони онҳоро ё интишор кунанд ва ё эътироф намоянд, ки тартиби ин феҳрист як амали комилан ғайриқонунӣ аст; шаҳрвандоне, ки бидуни ҳеч муҳокима ва асоси қонуние, аз ҳуқуқи асосии қонуниашон маҳрум шудаанд.

Дар ихтиёри КШНГЗТ мадорику асноди мувассақе қарор гирифтааст, ки нишон медиҳанд: ҳукумат ҳанӯз бар хонаводаҳо ва бастагони мухолифони сиёсиаш, сахттарин ва шадидтарин фишорҳоро ворид меоварад. Дар ду ҳафтаи пеш, модари Маҳмудҷон Файзраҳмон ба КДАМ дар Душанбе бурда шуда ва рӯи ин пиразан фишорҳои равонии шадиде шудааст. Ҳамчунин, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил фақат ба ин хотир, ки Ҷанатуллоҳ аксе аз фарзандаш бо тасвири Фотима ва Ҳамза дар шабакаи маҷозӣ гузоштааст, мавриди фишор қарор гирифта. Ва низ як бародари дигари Ҷанатуллоҳро ду моҳ пеш боздошт намудааанд, ки тибқи хабарҳои ба даст расида, таҳти шиканҷаҳои бисёр шадид қарор дорад. Мутаассифона, ин амали ғайриқонунии мақомоти амниятии Тоҷикистон шакли низомманд ба худ гирифтааст, бинобар ин, агар мақомот аз ин амалҳо даст барнадоранд, мо феҳристи комили ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсиро расонаӣ намуда ва аз тариқи ҷомеаи ҷаҳонӣ талош хоҳем намуд, ки то ҳақ ба ҳақдор бирасад;

2) Мо аз мақомоти Тоҷикистон қотеона дархост менамоем, ки фавран тамоми монеъаҳоро аз сари роҳи хуруҷи бастагони мухолифони сиёсӣ ва соири шаҳрвандон бардоранд. Ин амал, поймол кардани ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон ва нақзи ошкори ҳамаи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад;

3) Ҳамчунин, бояд тамоми монеъаҳо ва маҳдудиятҳо аз сари роҳи дарёфти кӯмакҳои тиббӣ барои бастагони муҳоҷирони сиёсӣ бардошта шавад. Дар ихтиёри мо асноде расидааст, ки ҳикоят аз вафоти кӯдакон ба хотири нарасидани кӯмакҳои тиббии лозим ба онҳо мекунад. Амдан нарасондани кӯмакҳои пизишкии лозим, ин як шиканҷа ва қатли амд ба шумор рафта, ҷиноят алайҳи башарият ба ҳисоб меояд;

4) Фавран бояд кӯмакҳои пизишкии лозим ба зиндониҳои сиёсӣ расонда шавад, бар асоси маълумоте, ки ба дасти мо расида, ба онҳо ин кӯмакҳо амдан расонда намешавад. Мавориди вафоти зиндониҳо ба хотири бархӯрди хашин, лату кӯб ва худдорӣ аз расондани кӯмакҳои зарурии пизишкӣ ба онҳо, ба дасти мо расидааст ва дар сурати лозим, онҳоро расонаӣ хоҳем намуд;

5) Фавран тамоми мамнӯиятҳо аз сари роҳи истифода аз телефон ва интернет барои тамоси шаҳрвандон бо бастагонашон, ки ба хотири мавзеъҳои сиёсӣ дар таъқиб буда ва дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, бардошта шавад;

6) Ҳамчунин, тамоми монеъаҳо ва маҳдудиятҳо аз сари роҳи иштиғоли дигарандешон ва бастагони онҳо бардошта шавад. Имрӯз ҳазорон мутахассис ва бастагони онҳо ба хотири дидгоҳҳои сиёсиашон, аз кору иштиғол маҳрум гаштаанд;

7) Фавран маҳдудиятҳои дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои бастагони мухолифон бардошта шавад;

8) Бояд ҳамаи иқдомҳои ғайриқонунии мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ мутаваққиф шавад;

9) Фавран маълумоти комил дар бораи сарнавишти Эҳсон Одинаев дар ихтиёри бастагонаш (модар ва бародар ва хоҳараш) қарор дода шавад. Тибқи маълумоти мо, ӯ дар моҳи майи соли 2015 тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рабуда шудааст ва аъзои тими амалиёти рубоиш, аз сӯи ҳукумат мукофотонида шуда ва рутбаҳои болотари низомӣ гирифтаанд;

10) Ҳамаи донишҷӯёне, ки ба далели дидгоҳҳои сиёсӣ ва ё ин ки аз бастагони мухолифони сиёсӣ ҳастанд ва ба ҳамин ҷиҳат аз донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд, ба донишгоҳҳо баргардонда шаванд;

11) Дар донишгоҳҳо ва мактабҳо озору азияти фарзандони мухолифони сиёсӣ мутаваққиф шавад. Ба ин ки онҳоро фарзандони «хоинон ва душманони миллат» хонда мешавад, нуқта гузошта шавад;

12) Парвандасозиҳои дурӯғин нисбат ба дигарандешон, рӯзноманигорон, вакилони дифоъ ва диндорон мутаваққиф шуда ва бе далел тӯҳматшудаҳо озод карда шаванд;

13) Ҳамаи масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ, нисбат ба кӯдакон ва бастагони дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, ба истеъфо раванд. Амалҳои нангини онҳо боиси рафтани обрӯи Тоҷикистон ва ҳукумат гардида ва дар ҷомеа ҳисси кинаву адоватро бармеангезад.

Share This Article