Ин навиштаи саввуми мо дар бораи Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва найрангҳои молиявии ӯ дар ин ниҳод аст. Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо савобу дуои ҳазорон-ҳазор солманди нафақахур, маъюбон ва оилаҳои муҳоҷирони кории тоҷикро гирифтед, ки ин навиштаҳоро ба чоп расонида муаммо ва мушкилоти нафақа дар Тоҷикистонро ошкор кардед. Акнун дигар кори Эмомалӣ Раҳмонов аст ки роҳбарон дузди Агентиро чи гуна муҷозот мекунад?
Баъди нашри матолиби қаблӣ дар бораи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолиятҳои пур аз фасод ва дуздиҳои пули нафақахурон директор ва муовини ин ниҳод онҳо мисли девона шудаанд. Чандин рӯз аст директор ва муовини вай шуморе аз коргарони Агентиро даъват карда баёнотҳояшонро гирифта истодаанд. Махсусан сардорони бахшҳои ноҳиявиро ба Душанбе оварда бо ҳар хел баҳона аз онҳо ба таври хаттӣ баёнот гирифта истодаанд.
Сардори Раёсати таҳлили талаботи нафақа, сардори Раёсати нафақаҳои касбӣ, сардори Раёсати буҷҷаи худи Агентиро водор ба навиштани ариза барои аз кор рафтан карда истодаанд, ки «случи чего ина арзаҳояшон ҳаст» аз кор мегиранд. Маҷбурӣ фарёд карда аризаҳояшонро гирифтанд.
Бовар кунед, Ҷамила Абдураҳмонова ончунон зарбашро гузаронида ва сиёсаташро дар идора шинонида аст ки коргарҳо қади аҷал аз вай метарсанд. Он қадар, ки аз Ҷамила метарсанд, аз директору аз дигару дигараш наметарсанд. Агар Ҷамиларо дар роҳрав ё ҳарҷои дигар бинанд, зуд худро дар ҷое баҷо мекунанд .
Хоҳиши ман аз шумо бародар Муҳаммадиқбол ин аст ки онҳоро дар барнома даъваташон кунед: Роҳбарони Агентӣ, директор, муовинаш, сардорони риёсат Дилшод, Ҷамила, яъне онҳое, ки дар таъйин ва муқаррар кардани нафақаи шаҳрвандон ва дуздии маблағҳои нафақахӯрон даст доранд. Як бор баромад кунанд, як бор такзиб ё тасдиқ кунанд, ки корҳояшон чи хел. Таъини нафақаро дар кишвар чи хел ба роҳ мондаанд. Дар тамоми кишвар 8 марказ барои таъйини нафақа ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба музди нафақахӯрон амал мекунанд. Фақат ҳамин марказҳо нафақа таъин карда метавонанду тамом. Дар ноҳияҳо нафақа таъин карда намешавад, наметавонанд. Зеро ин масъаларо асосан аз худи марказ ва бо воситаи ҳамин марказҳо ҳал мекунанд. Барои он ин корро кардаанд, ки дуздии маблағҳои нафақагирон, гирифтани пора барои таъйини нафақа ва ҳаҷҷми он роҳат ва осонтар карда шавад. Ва, ин корро комилан дар ихтиёр ва контроли худ бигиранд. Барои онки затто шаҳрвандоне, ки нафақи муқаррарӣ мегиранд, дар аввал ҳатман ва ҳаддиқ ақал як квартал маоши нафақаи худро ба инҳо медиҳанд. Ва, ин солона аз миллионҳо ҳам мегузарад. Акнун ин «даромад»-и ноҳияву шаҳру вилоят буд, ҳоло ин даромад ба ҷайби марказ, яъне худи Дилмурод Давлатзода меравад.
Шаҳрвандоне, ки барои фаҳмидани маблағи нафақаашон аз ноҳияҳои дурдаст меоянд, роҳҳои дурро бо харҷи маблағи зиёд тай мекунанд. Чунки дар ноҳия фаҳмида наметавонанд, зеро дар ноҳия ягон базаи муайяни иттилоот нест, то фаҳмад, ки нафақаи вай бо чи хел тартиб, таъин шудааст, аз руи чи таъин шудааст, чи қадараш ва кадом солашро ба инобат нагирифтаанд, барои чи ба назар нагирифтаанд? Шояд ба назар гирифтаанду кам ба назар гирифтаанд.
Тибқи қонун нафақа аз рӯи оклад (маоши пурра) ҳисоб карда мешавад. Дар баъзе ҷоҳо санади таъйини нафақаро бо ҳамин усул медиҳанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо маошеро, ки аз он андозҳо тарҳ шудааст, яъне ончиро, ки ҳамчун музди маош дар даст мегирад, аз рӯи ҳамон ҳисоб мекунанд ва табиист, ки дар чунин ҳолат ҳаҷми нафақаи шаҳрванд кам мешавад. Ана ҳамин нозукиҳоро намедонанд ва ё махсус мекунанд, ки шаҳрванд пулу пора диҳад, то санади нафақаро бар тибқи оклад таҳия кунанд. Албатта, ин тарзи таъйини нафақаи шаҳрванд, ки аз рӯи маоши тарҳи андозҳо шуда бошад, дуруст нест. Мардум намедонанд ва вақте меоянд барои муроҷиат кардан, ки чаро ҳаҷми нафақаашон кам аст ҳамин паҳлуи масъаларо намедонанд.
Вақтҳои пеш,то омадан Дилмурод Давлатзода ба Агентӣ нафақаҳо дар ноҳияҳо таъин мешуд. Кормандони боинсофе буданд, ки ин чизҳоро медиданд, агар хато шуда бошад дарҳол ислоҳ мекард ё мефаҳмонд, ки ана ин хел шудагӣ аст, ана ин тартиб шудагӣ аст, ана ин қадар маблағи собиқаи чандсолаи кории шумо набаромадааст, музди ондавраи маошатон дар ин санад ҷо нагирифтааст. Ва ҳамон корманди дар ноҳия буда мерафту китобҳои музди меҳнатро медид, ки дар он китобҳои музди меҳнат номи ҳамон шаҳрванд ҳаст ё нест, андозҳояш супоридагӣ аст ё не. Ин тафтишу санҷиш ҳеҷ проблема намешуд, мушкил набуд, кори муқаррарии мутахассис ва корманди Агентӣ буд ва ӯ дар вақти пайдо кардани ин гуна камбудиҳо аз сари нав санад таҳия мекард музди меҳнаташро ва ҳамаашро бо тартиб мегирифт ва аз нав нафақаашро ҳисоб мекарду медод. Ҳозир ин тавр нест. Ҳозир агар пурсӣ, ки делои нафақахӯрро як бор бубин, дида наметавонад. Чунки бояд дар марказ бубинанд. Дар ноҳия дида наметавонанд. Барои мисол аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар як маркази Агентӣ меоранду месупоранд ва дигар делоро дидан намемонанд, ки вай бо чи хел тартиб таъин шуд, кам ё зиёд таъйин шуд. Вақте пурсидӣ аз онҳо қарздор мемонӣ. Инҷо як бозоре ташкил кардагианд, ки ҳатто дар қонунҳои бозор ҳам ҷавобгу нест. Вақте як шаҳрванд меояду бо ноҳия муроҷиат мекунад, ки бародар, нафақаи ман чаро кам шудааст, ту ягон ҷавобе надорӣ, ки ба вай ҷавоб диҳӣ. Агар ҷавоб пурсидан хоҳӣ, бояд биравӣ марказ ва аз маказ бипурсӣ ва ту бояд қарздор бошӣ.
Дилмурод Давлатзода ва Ҷамила Абдураҳмонова хеле аз мутахассисҳи босаводу ботаҷрибаро аз кор пеш карданд. Мутахассисҳое, ки дар барашон буданд, ҳамроҳашон кор карданд, таҳқир карданд. Бигзор ҳоло ҳамонҳо дар барномаҳои шумо иштирок кунанд ва ё нависанду фиристанд, чунки онҳо бештар медонанд. Онҳо як ду нафар нестанд, онҳо хеле зиёданд.
Бояд нафақахур донад, ки чи хел нафақа гирифтааст ва чаро ҳаҷми нафақаи ӯ чунин маблағро ташкил кардааст. Аммо ҳоло ҳатто мутахассис намедонад нафақа чи хел таъин шуда истодааст. Аз соли 2019, аз даврае, ки Дилмурод Давлатзода омадааст, ҳамон коефитсиентҳое, ки ҳар сол мемонанд, муайян мекунанд, мутахассисҳои ноҳияҳо намедонанд. Ҳол онки нафақахур бояд донад, ки чи хел нафақаи вай боз ҳисобӣ шуда истодааст, ҳарсола музди маоши вайро ба чанд зарб зада истодаанд. Ин ҳолати корро баъди соли 2019 мутахассисҳо намедонанд, чунки пушидакорӣ карда истодаанд, фақат худашон медонанд.
Яке аз саволҳои асосӣ ба Дилмурод Давлатзода ин аст ки он шартномае, ки байни Тоҷикистон ва Русия имзо шуд ва онро ҳамин Давлатзода имзо кард, чаро иҷро намешавад, чаро мардуми муҳоҷир ҳоло ҳам нафақа намегирад. Президент дар баромадаш мегуяд, ки мо бояд ба назар гирем шаҳрвандон дар Русия кор мекунанд, патент мегиранд, андоз месупоранд. Аммо чаро на дар Русия на дар Тоҷикистон ба инобат гирифта намешавад. Дар Тоҷикистон шартнома қабул шуд, парлумон тасвиб кард, аммо ба гумони ғолиб инҳо дар ин шартнома чи камбудие кардагианд, чи хатоие доранд, ки албатта инҳо худашон медонанд, ки он ба иҷро дароварда намешавад.
Аллакай дигар Русия барои тоҷикҳо нафақа таъин намекунад. Ҳоло касоне, ки рафта истодаанду мераванд ҳамаи делоҳояшон возврат меояд. Русия мегуяд, ки онҳо дар Федератсияи Русия кор накарадаанд. Ё мегуянд, ки ин шартнома отменит шудагӣ аст.
Бо ана ҳамин хел ҷавобҳо рад мешаваду бармегардад. То ҳозир инҳоро ҳам таъин намекунанд, нафақае, ки дар Русия кор кардааст, шаҳрванд стажи корӣ дорад, андоз супоридагӣ аст, патент гирифтагӣ аст, ба назар намегиранд.
Барои мисол падараш кор кардааст ба 63 рафтааст нафақа баромадааст ё гузашта шудаву вафот кардааст. Вале вай ин қадар сол маблағ супоридагӣ аст, шояд вай фарзанди ноболиғ дошат бошад. Бояд фарзандони вай пенсия бишавад. Фарзанд надошта бошад пули вай дар пенсионний фонд захира мешавад. Пули аксарияти онҳо захира мешавад. Ин хел нест, ки фонди нафақа пулаш кам аст ё ки бояд бозҳисобӣ нашавад. Ҳар сол бояд ҳамон нафақа суғуртавӣ индексатсия карда шавад, яъне андозааш баланд бардошта шавад. Ин дар қонун пешбинӣ шудааст. Чаро ин нуктаи қонун амалӣ намешавад? Агар мардум талаб кунад, ман бовар дорам имсол ба назар гирифта баланд мебардоранд, аммо то ҳоло хабаре нест. Вале нафақаҳо бояд аз сар индексатсия ва зиёд карда шавад. Барои онки қонун қабул шудагӣ. Ҳоло инҳо хилофи қонун кор карда истодаанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, баъди баромадҳои шумо инҳо фаҳмида истодаанд, ки хилофи қонун кор карда истодаанд
Дар бораи шартномаи Тоҷикистону Русия роҷеъ ба нафақаи муҳоҷирони корӣ ягон гап нест. То ҳозир амалӣ нашуда истодааст. Бояд ба мардум шарҳу тавзеҳ диҳанд, бояд Раҳмонов аз Давлатзода бипурсад, ки ин шартнома чаро иҷро рнамешавад. Давраи эҳтимолияти гирифтани нафақа 15 сол аст. Оё нафақахурони мо аксарияташон баъди нафақа 5 ё 10 сол умр мебинанд?
Бубинед, вақте созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба имзо раисд, ҳазорҳо нафар шодиву хурсандӣ карда ва матбуот ҳам онро ба таври густарда пушиши хабарӣ дода буд:
«Ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик дер боз интизораш буданд. Созишнома байни Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ва Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии Русияро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи июни имсол имзо кард. Дар қарор аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки Қарордоди ҳамкориро дар бораи таъмини ҳаққи бознишастагӣ байни Тоҷикистону Русия аз моҳи сентябри соли 2021 мавриди иҷро қарор бидиҳанд. Интизор меравад, бо ҳукми иҷро гирифтани созишнома ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ мепардозад, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳад гирифт. Тоҷикистону Русия сари ин созишнома баҳси зиёде доштанд. Душанбе мехост, Русия пули нафақаро ба Тоҷикистон бидиҳад ва намояндагони ҳукумат пулро ба муҳоҷирони бознишаста расонанд. Русия ба ин шарт розӣ набуд ва мехост нафақаи муҳоҷиронро пардозад. Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз кор кардаанд, баъд аз расидан ба синни нафақа аз Русия ҳаққи бознишастагӣ намегирифтанд».
Аммо, ин маблағе, ки даҳҳо миллион долларро дар сол ташкил медиҳад, гирифта намешавад. Чаро? Қасам ба Худо на вазифа мехоҳаму на мақсади навиштанам ба шахсе, ки медонаму мешиносам вазифа гирифта додан аст. Танҳо мақсади навиштанам аз сузиши дилам барои нафақахуру маъюбон мебошад.Бубинед, бо касофатӣ, хунукназарӣ, холабеғамӣ, бепарвофалакии як нафар нафақаи даҳҳо ҳазор аз ҳамватанони мо гирифта намешавад. Магар дар Тоҷикистон кадрро қаҳт задааст, ки як нафари ғайриҳирфаиро меоранду директори Агентӣ таъин мекунанд? Дар интиҳои ин нома муроҷиати махсус ба худи директори Агенти Давлатзода Дилмурод дорам: Аз моҳи майи соли ҷорист, ки Шумо мухолифи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хизматчии давлатӣ дар ин мансаб кор карда истодаед. Мебоист аз моҳи май бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз кор мерафтед. Ин шо Аллоҳ зуд аст ки меравед, коре кунед, ки пеш аз рафтан Абдураҳмонзода Ҷамила-муовинатонро аз кор гиред. Чунки бо маслиҳатҳои ҳамин хонум шумо ин соҳаро ҷазир ва худатонро низ беобру кардед. Мондани Ҷамила баъд аз шумо дар Агентӣ боиси ифшо ва ошкору расонаӣ шудани дигар сиру асроратон хоҳад шуд. Ва дар охир гуфтаниям, ки барои ин нома агар касеро бозпурсӣ ва гунаҳкор ва ё аз кор ронданӣ шавед ин навбат бе ягон таҳдид аз амалҳои маҳрамонаатон дар ҷойҳои махсус ва утоқи кориатон бо факту далелҳо менависаму расонаӣ мекунам.
Сухани охирамро барои он гуфтам, ки як маротиба бинобар чоп шудани мақола дар бораи фасодкориҳояшон дар шабакаи “Ислоҳ” чандин нафаронеро, ки дар ин кор саҳме ҳам надоштанд ноодилона аз кор ронданд. Ҳатто аз чанд нафар аризаҳои аз кор ба хоҳиши худашон рафтан ҳам бо имзои худашон гирифта шудааст. Ман ончи менависам аз пеши худ набуда ҳама ҳаракот ва амалҳои шуморо бо факту далел медонам вале ҳоло намехоҳам обурӯйрезӣ аз ин бештар намоям! Ман гуфтаму шумо шунидед хонум Ҷамила Абдураҳмонова ва Дилмурод Давлатзода! Ба он хотир номи хонумро аввал навиштам,ки роҳбари мафияи дохил Ҷамила Абдураҳмонова аст.