Тоҷик!

Ислоҳ нет

Тоҷикро зи тахту садорат бихостанд,

Тоҷикро зи мулку иморат биронданд.

Точик имрӯз ба ватан гаштаст ғариб,

 Тоҷик ба тоҷик ҳама ҷо шуда рақиб.

Тоҷикро Заҳҳок бирондаст аз ватан,

Тоҷикро ОИЛА кардаст бекафан.

Тоҷикро барои адолат бикуштанд,

Тоҷикро барои ибодат бисӯхтанд.

Тоҷикро намудааст ПЕШВО гадо,

Тоҷик шуда гунгу кару гулу бесадо.

Тоҷик дар ватан шудаст зору мустаманд,

 Тоҷик дар ватан шудаст хору дардманд.

 Тоҷик зи дасти ОИЛА масҷид раҳо кард,

Тоҷикро барои имон сад ҷафо кард.

 Тоҷик биёеду ҳамагӣ иттиҳод кунем,

 Тоҷик биёеду ҳамагӣ мо ситод кунем.

 Тоҷик,чаро БЕГОНАЕ шоҳи ту шавад?

 Тоҷик бояд тахту тоҷ моли ту шавад.

Тоҷик биё, ОИЛАРО сар ба хор кашем,

Тоҷик ,то ба кай чу улоқ бор кашем.

Тоҷик, агар ҳастӣ имрӯз садо барор,

 Тоҷик ба овози баландтар нидо барор.

 Тоҷики пурғуруру бо нанги ин Ватан,

Тоҷики ба номусу тоҷдори ин Ватан,

Инро ту бидон :

Ин ОИЛА аз хуни шумо сер намешавад,

Тоҷики азизам ба Худо, дер мешавад.

Тоҷик дар осмонат тоза бикун ғубор,

Тоҷик ба меҳанат аз нав баҳор биёр.

Муҳаммадиқболи Садриддин

21.07.2019

Акси аввалТоҷик дуввумТоҷик севвумТоҷик чорум

Share This Article