То обанборҳои Узбекистон пур нашаванд лимити барқ идома меёбад

Ислоҳ нет

 

Ҳафтаи сеюм аст,ки нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистон бо маҳдудият ва аз рӯи реҷа дода мешавад. Ширкати “Барқи тоҷик”- ниҳоди масъули таъминкунандаи нерӯи барқ ба даҳон об гирифта кадом тавзеҳу ташреҳе намедиҳад,ки иллати соатбайъ додани барқ ба аҳолӣ чӣ аст ва оё лимит ҷорӣ шудааст? Ташвиш ва нигаронии мардуми кишвар ин аст ки чаро бо ба кор андохтани ду агрегати Роғун ҳам ҳамоно танқисии нерӯи барқ бартараф намешавад. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки дар фасли зимистон,вақте ки захираи обанборҳои нерӯгоҳҳои бузурге назири Норак кам мешавад, аҳолӣ нерӯи барқ дошт, аммо ҳоло, ки мавсими борандагӣ асту барфҳо ҳам об шуда обанборҳо ба маротиб бештар захира доранд, яку якбора мушкили дастрасии нерӯи барқ пеш меояд?. Дар ин шабурӯзҳои баҳорӣ набояд танқисии қувваи барқ пеш ояд. Пушти ин лимити эъломнакарда чӣ масъалае пинҳон аст?

 

Чӣ масъалае пинҳон аст ки ҳукумат розӣ аст мардумаш бидуни барқ бошаду аммо он масъала ҳал бишавад? Чӣ масъалае аст ки розианд Раҳмоновро бори дигар дар пеши мардум ҳамчун як дурӯғгӯ ва сари қавлаш намеистодагӣ-ваъдахилоф ва фиребгар ҷилва бидиҳанд?. Зеро Раҳмонов, солҳои қаблӣ,масалан панҷ-шаш ва ҳатто даҳсолу понздаҳ соли пеш ваъдаҳояшро,ки ду соли дигар,се соли дигар бо барқ ба таври мудовим таъмин хоҳем шуд,бигзорем канор, ҳамин се соли қабл,моҳи январи соли 2017 бо як паёми хос эълон карда буд,ки дигар бесветӣ дар Тоҷикистон ба афсона бадал шуд. Аммо,инак боз ҳам нерӯи барқ бо лимит дода шуда истодааст, агарчанде,ки расман эълон кардан намехоҳанд. Вазъияти коргоҳу корхонаҳои хурду миёна ва бемористону дабистонҳоро бубинед, ки дар ин баҳор,ки гуфта мешавад имсол дар ватани азизи мову шумо сард буд ва Раҳмонов вақте гуфт,ки дигар бесветӣ афсона шуд Роғун ба кор андохта нашуда буд. Ҳоло ду чархаи Роғун ҳам миллионҳо кв.соат ба системаи барқи кишвар ҳиссаи изофӣ гузошта истодааст.

 

Соли гузашта ҳам айнан дар ҳамин шабу рӯзҳо лимити эълоннашуда ҷорӣ шуда буд ва ширкати “Барқи тоҷик” қарзи аҳолиро баҳона пеш оварда ва ҳатто изҳороте ҳам ба ин маъно,ки то аҳолӣ пули барқро надиҳад, нерӯи барқ дода нахоҳад шуд, нашр кард. Он вақт ошкоро гуфта буданд,ки дар обанборҳо захираи кофӣ ҷамъ шудааст ва содирот ба хориҷ аз кишвар 2,7% афзуда ва даромад аз ин ҳисоб ҳам,табъан ,ки афзудааст,тамоми истгоҳҳҳо ва трансформаторҳо ҳам қоидавӣ кор карда истодаанд, аммо мушкил напардохтани аҳолӣ аст. Ҳоло кадом изҳороту баёнияе содир накардаанд. Балки баракс гуфтанд,ки дар қиёс бо ду моҳи соли гузашта дар ду моҳи аввали имсол содирот ба хориҷа яъне Ӯзбакистон ва Афғонистон то нисф коҳиш ёфтааст. Ва,додситони кулли Тоҷикистон хабареро интишор кард,ки зимни тафтиш 26 миллион сомонии дуздии кормандони барқро ошкор кардааст,ки пули нерӯи барқи истеъмолкардаи корхонаҳоро нанавиштаанд ва ё даҳҳо маротиба кам нишон дода, ин миқдори пулро аз худ намудаанд. Дар ҳар сурат аҳолиро ин бор гунаҳкор эълон накарданд.

 

Пас,саволи мантиқӣ пеш меояд,ки барқи кишвар дар шароите,ки содирот коҳиш ёфтааст,обанборҳо захираи кофӣ ҷамъ овардаанд, куҷо меравад?Бори дигар таъкид бикунам,ки инак баъди ба афсона табдил мешавадгӯии Раҳмонов се сол аст ки ҳам дар миёни тирамоҳу зимистон ва ҳам дар оғози баҳор мардумро аз барқи доимӣ маҳрум карда ва Раҳмоновро як роҳбари дурӯғгӯ муаррифӣ мекунанд. Дурӯғе,ки характери оммавӣ касб кардааст.

 

Аз тарафи дигар нерӯи барқ, хӯлаи тилло ва ё алюминий нест,ки Раҳмонов бигираду баҷо кунад ва ё пулҳои грантиву даромади IRS ва ё Талкову …хуб,дигар тиҷоратҳо нест,ки ба суратҳисобҳои оффшориаш бирезад. Зимнан дар яке аз сӯҳбатҳои видеоии худ Додоҷони Атовулло,сиёсатмадори тағйири мавзеъкарда таъкид ба таъкид изҳор дошта буд,ки дороиҳои Раҳмоновро медонад,ки аз 1 000.000.000(даҳ миллиард) доллар ҳам гузаштааст.Ҳоло ман бо сароҳат мегӯям пасандозҳои ӯ даҳҳо миллиард доллар мебошанд. Пас, ин нерӯи барқ,ки мо хуб медонем, дар ин фасли сол дар кишварамон “деҳқонӣ” ва арзонӣ мешавад,куҷо рафту чаро аҳолӣ ба он соатбайъ дастрасӣ дорад?

 

Агар ин масъала байнулдавлатӣ буд,фаразан Тоҷикистон ба Узбакасион ва ё Афғонистон барқ бидиҳад онро чаро бояд пинҳон доранд? Ва,агар ҳамин тавр ҳам буда бошад, чаро ҳаҷми барои мардум лозим ва даркориро чаро қаблан баровард накарданд, ки ҳоло чунин мушкил пеш наояд?

 

Гумони ғолиб он аст ки Раҳмонов нерӯи барқи мансуб ва муталлиқ ба миллатро ба таври қочоқӣ ва бидуни кадом санад ва тавофуқи расмиву давлатӣ фурӯхта истодааст.Ва, маблағе,ки аз он ба даст меояд,мустақим ба суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ворез шуда истодаанд.Як манбаи огоҳ ба шарти ифшо нашудани исмаш зикр кард,ки инҷо сухан на аз тиҷорати нерӯи барқ, балки аз фурӯши об меравад.Ин манбаъ гуфт, дуруст аст, ки Раҳмонов вазифадор аст ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Афғонистон ва Узбакистонро тибқи тавофуқи дуҷониба бидиҳад,ки дода истодааст.Аммо новобаста аз онки дар обанборҳои Норак, Сангтуда-1 ва Роғун захираи оби даркориро ҷамъоварӣ кардаанд ва ё накардаанд, дарғотҳоро сар додаанд, то ки Узбакистон барои обёрии мазореъаш захира кунад. Дар гузашта ҳам аз забони мутахассисон ин борҳо садо дода буд, ки дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон даҳҳо обанборҳе сохтаанд,ки аз оби Ому,ки сарчашмааш Панҷу Вахш аст пур карда мешаванд.Ва барои пур кардани ин обанборҳо дақиқан,ки Тоҷикистон бояд дарғоти обанборҳоро бикушояд ва ин кор ҳатман дар моҳҳои март ва апрел анҷом дода мешавад. Зеро дар авохири апрел ва май фурсати обёрӣ дар ин кишвар,ки миллионҳо гектар замини ташналаби умдатан панба дорад оғоз мешавад.

Табъан,ки ҳанӯз захоири обанборҳо на ба он сатҳу ҳадде аст ки ҳам ба Ӯзбакистон бирасад ва ҳам ҳамаи чархаҳоро барои тавлиди барқ битавонад тоб диҳад. Дар ин миён аҳолии Тоҷикистон аст ки боз ҳам зиёну зарар ба ӯ мерасад вале ҷайби Раҳмонов имсол ва ин бор ҳам аз ҳисоби фурӯши обҳои кишвар варам мекунад. Ана, ин аст пушти он ҳама ваъдахилофиву зери қавли худ заданҳои Раҳмонов ва ибо накардан ва изо накашидан аз онки дар назди халқ рӯирост дурӯғ гуфт,ки бебарқӣ афсона мешавад. Аммо, мову мардумамон шоҳид ҳастем,ки бебарқӣ идома дорад,афсона нашудааст,балки ин ваъдаву ваъиди Раҳмонов аст ки афсонаи даҳони мардум шудааст. Дар воқеъ барои Раҳмонов,ки як оилаи калонро бар ӯҳда дорад, сахт душвор аст ки аз даромади муфту ҳангуфт даст бикашад. Хуб,мардум ин ҳама солҳо бо бебрқиву торикӣ хӯ гирифтааст, 1 моҳи дигар тоқат кунад, бало намезанад. Муҳим ин ки шонси хуби долларкоркунӣ аз даст наравад. Хуб, дар бораи бебарқӣ яке гуфтам, гуфтам. Барои ҳамин дар урфият гуфтаанд,ки нонро калон газу гапро калон назан.

 

Манбаъи мазкур гуфт иллати ҷорӣ кардани лимит ҳамин аст. Чунки обанборҳои асосӣ ба қадри кофӣ пур нашудаанд, ки битавонанд чархаҳоро то ба охир чархонанд ва ҳам барои Ӯзбакистон об бемайлон биравад. Манбаъ гуфт ин шеваи кор, ҳатто агарки ҳамаи 6 чархаи Роғун ҳам ба кор дароянд идома хоҳад ёфт ва дар оянда ҳам ба эҳтимоли қавӣ дар авоили баҳор аҳолии Тоҷикистон бо лимит-маҳудияти реҷаи барқ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин ҳолат он вақт тағир меёбад,ки ин ҳукумат ҳам тағйир ёфта бошад. Зеро даромаде,ки аз фурӯши об ба дасти Раҳмонов мерасад ба миллионҳо доллар мерасад. Ин манбаъ гуфт,ки дар асл кӯмакҳои ба истилоҳ башарии ба баҳонаи коронавирус додаи Ӯзбакистон бо ҳамин хотир буд, ки Тоҷикистон дар моҳи апрел ва март пеши маҷрои обро нагирад. Яъне ин як роҳи дигари пардохт буд,чунки дар Узбакистон хуб ҳам огоҳанд,ки ин кӯмакҳо ҳеҷ гоҳ ба дасти аҳолӣ бепул намерсад ва инки онро кӣ пул карда ба кисааш мезанад,ҳам маълум аст.

 

Дар ҳар сурат на таҳдиди коронавирус ва на мушкилоти бекории аҳолӣ ва бахусус,муҳоҷирини кории тоҷик ва сарнавишти фалокатбори онҳо сабаб мешавад,ки дуздро аз дуздӣ нигоҳ дошт. Дузде,ки ҳокимият дорад ва бидуни кадом азоби виҷдон ва хиҷолат боз ҳам омодааст,ки аз ҷо баланд шавад, пушти минбар ояд ва дурӯғ гӯяд,ки “бебарқӣ афсона шуд”. Ин ҳама ҷабру ситамро,ки ин мардуми бечора кашидааст, бештару бештар кардан ба ин маъност,ки ман-Президент Раҳмонов, Пешвои миллат ҳамаи шуморо “задагӣ”. Воқеият ҳам ин аст,ки солҳост Раҳмонов мардуми кишварро на писанд мекунад ва на онҳоро одам ҳисоб мекунад ва на ба онҳо ҳисобот медиҳад.

 

Ҳоло маълум нест,ки ин бор лимитро кай бекор мекунанд. Чанде аз хонандаҳо гуфтанд,ки то шурӯъи моҳи Рамазон ҳамин ҳол давом меёбад. Дар ҳар сурат,то замоне,ки силсилаобанборҳои Узбакистон пур нашавад, лимити барқ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

 

Share This Article