Уламои уммат Куръонро чи гуна тавсиф намудаанд!
(Бахши Аввал)
1-) Диккат намудан ба оятхои
Куръони калиди хамаи илмхо ва донистанихост. Аз Куръон барчида ва баргирифта мешавад хама хайру некуихо.Аз ин китоби Илохи гирифта мешавад хама илмхо дар умум. Бе шак бо хондану фахми маъонии Куръон имони шахс зиёд мегардад калбхо нурони ва кушода шуда дар зуррияи инсон (яъне фарзандони хонандааш) ва зиндагонии он шахс баракат сарозер мегардад.
( Тафсири Ибни Саъди сах189)
2-) Ба тахкик шахсе мехонад китобе дар илми тиб ё хисоб ё улуми дигар. Зарур аст инки шахси хонанда шавкманд бошад ба фахмидани он китоб ва илмеки онро мехонад. Инчунин бояд аз хондани он китоб маъно ва мафхум ва мохияташро хуб дарк кунад. Пас чигуна аст шахсе мехонад Куръонро, ки дар он хидояташ аст. Ба хондани он мешиносад хак ва ботилро неку бадро. Пас хуб бидонед, ки донистан ва шинохтани харфхо ва хондани одди он бидуни фахмидани он маъно ва мафхуми аслии Куръон хосил намегардад. ( хонадаи Куръон агарчи дар хонданаш савоб мегирад дар хар харфаш 10 савоб. Вале фахми маънои он имону бовари ва устувор гаштанашро бештар мекнад. Дар фахми маънои Куръон хамеша кушиш кунед то халовати имони баред)
( мачмуъал фатово ч7/74)
3-) Каме диккат бидех! Кухи бузурге ба ларза меояд агар дар он Куръон нозил мегашт ва фурутан ва ба холати шикаста дар меомад. Оё шумо вакте Куръонро мехонед аз маънохои он чунин холат дар шумо рух медихад? Дар холе дили мо ва шумо хело хурд ва як гуш пора аст назар ба он кухи бузургеки Куръон онро баён дошта аст. Чи кадар мо ва шумо Куръонро шунидем мешунавем мехонем дар холеки мутаассифона на дили сахти мо нарм мегардад ва на холатамон тагир мехурад яъне фахмида мешавад, ки таъсирамон намекардааст.Сирри ин мусибат чи аст, ки таъсирамон намекунад ва диламон нарм намегардад? Он танхо як сир дорад онхам бошад бо диккат Куръони каримро намехонем.
( устод доктор Носир Ал-Умар)
4-) Яке аз калидхои бо диккат хондани Куръон чунонеки Имом Тирмизи (рах) дар сахехаш овардааст. Умми Салама(раз) хондани Куръони Расули акрам (салаллоху алайхи васаллам) ро чунин гуфтаанд: Хангомеки мехонданд он хазрат Куръонро тафсир кунанда харф ба харф”
Инчунин кавли Анас (раз) ки дар Бухори омадааст: Кироъати Расули акрам(салаллоху алайхи васаллам) мад буд. Яъне кашидани харфхо дар аснои кироатро гуянд. Хоб боз дар шархи ин хадис омадааст дар Бимиллохир рахмонир рахим харфи лом ро кашидан ва дар рахмони харфи мим ро кашидан.
Ибни аби Малика мегуяд: Хамрохи Абдуллох Ибни Аббос (раз ) сафар кардам. Ибни Аббос (раз) ними шаб мехестанд ва кироъати Куръон мекарданд ва онро харф харф мехонданд ва мегиристанд то инки садои гиря ё нолаашонро мешунидем.
5-) Шуморо мебояд ки хангоми кироъати Куръон бо диккат онро тиловат кунед. То инки бифахмед маънои ончи мехонед.Бо диккат хондани Куръон на инки баъзеашро бо диккат хонда шавад баъзе дигарро на. Бояд аз аввал то охир онро бо диккат ва тадаббур хонд.Куръонро набояд бо калбу равони гофил хонд. Инчунин хангомеки фахмиди чизеро бояд бо худ бигуй ман хатман ба ин фармуда амал менамоям худро ёд рас намои ин суханро. Бо дилу равони ноорому гофил нахонед Куръонро. Хатман хама фикр ва равони худро ба тарафи Куръон равона кунед. Он оятхоеки мафхумашон дар тарчума бароятон мушкил аст ба олимонеки онро мефахманд мурочеа кунед то онро бигуянд бароятон ва хуб бифахмед онро.
Идома дорад