Умед аз даргохи бениёзаш ва тамаъ аз атои беканораш ибодат аст.
Агарчи кутохи мо дар ин мох зиёд буд
Агарчи хакки ин мох ба шакли сазовор адо нашуд
Куръон ба тарзи лоик тиловат нашуд
Шабхо ба хуби эхё нашуд
Рузахоро нуксоне буду авродро нотамоиме…
Вале чашми тамаъ аз даргохаш ва гумони нек аз лутфу рахматаш нуксонхоро чуброн ва нотамиро тамом мебахшад
Парвардигори Рахимро яке аз номхои зебояш “Шакур”аст
Ибодати кучаки бандаро шукр гуфта уро бузург подош ато мекунад,онгох,ки банда ба Мавлояш гумони нек дошта бошаду тамаъаш аз лутфи Рабб зиёд бошад…
“Ман бо бандаам онгуна бошам,ки банда гумони онро дорад” гуфта аст.
Пас гумони нек дошта бошем ва чашми тамаъ суи рахматаш боз намоем ва умед кунем,ки
Рузаву киёму тавбаву дуъохоро…пазируфта бошад…