Талоқи сареҳ ва талоқи киноявӣ

Ислоҳ нет

Талоқи сареҳ ва талоқи киноявӣ

(бахши чорум)

Шахсе, ки занашро талоқ медиҳад, гоҳе лафзеро ба кор мебарад, ки хос барои талоқ буда, чизи дигаре аз он дониста намешавад. Чунончи, гоҳе аз лафзе кор мегирад, ки эҳтимоли талоқро дорад, эҳтимоли набудани талоқро низ дорад ва ба ҳар кадом аз ин ду навъ талоқ, ҳукмҳои хосе аст, ки ба таври зер баён мегардад.

1. Талоқи сареҳ.

Талоқи сареҳ он аст, ки ба таври ошкор далолат бар талоқ намуда, маънии дигаре аз он дониста нашавад. Мисли ин, ки шахсе занашро мухотаб қарор дода, бигӯяд: занаш талоқ аст ва ё занамро талоқ додам, талоқ дар ин суратҳо воқеъ гардида, эҳтиёҷи ба ният надорад. Яъне хоҳ қасди шахс аз гуфтани ин суханҳо талоқ бошад ва хоҳ набошад, талоқ воқеъ мегардад.

2. Талоқи киноявӣ.

Талоқи киноявӣ иборат аз он аст, ки шахс, лафзеро истеъмол намояд, ки эҳтимоли талоқ ва эҳтимоли ғайри талоқро дошта бошад. Масъалан, барои ҳамсараш гӯяд, ки ба хонаи падарат рав, туро намехоҳам, ресмон канда шуд, робитаи мо қатъ гардид ва монанди инҳо, ки ҳар як аз ин лафзҳо эҳтимоли талоқ ва эҳтимоли ғайри талоқро дорад. 
Масъалан, ин гуфтааш, ки ба хонаи падарат бирав, эҳтимоли инро дорад, ки талоқ ҳастӣ, ба хонаи падарат бирав ва эҳтимоли инро дорад, ки ба қасди дидан ба хонаи падарат бирав ва ин гуфтааш, ки туро намехоҳам, эҳтимоли инро дорад, ки: туро талоқ додаам ва намехоҳам ҳамсарам бошӣ ва эҳтимоли инро дорад, ки туро дӯст намедорам, ҳамчунин ҳар лафзи дигаре аз лафзҳои киноявӣ.

Чанд нукта.

а) Ба лафзи киноявӣ талоқ ба яке ин ду ҳолат воқеъ мегардад:
— Ният, 
— Қарина.

Ният он аст, ки шахс, масъалан, аз ин гуфтааш, ки ба хонаи падарат рав, талоқро дар назар дошта бошад, он гоҳ дар ин сурат талоқ воқеъ мегардад. 
Қарина он аст, ки ҳолат, ҳолати музокира ва гуфтугӯи талоқ ва ё ҳолати муҷодила ва мухосама ва ҷангу ҷидол бошад, ки дар чунин ҳолатҳо агар касе ба ҳамсараш гуфт, ки ба хонаи падарат рав ва ё аз хонам берун шав ё робитаи мо қатъ гардид, ҳар як ин лафзҳо, талоқ гуфта мешавад, агарчи баъд аз ин бигӯяд, ки нияти талоқро надоштам.

б) Дар бисёр ҳолатҳое, ки талоқ ба шакли киноявӣ аст, талоқе, ки бойин аст (Ҳукми талоқи бойин гузашт). Аз ҷумла лафзҳое, ки киноявӣ буда, талоқе, ки ба он воқеъ мешавад, талоқи бойин аст, ин лафзҳо мебошанд: мо ва ту аз ҳам ҷудо шудем, бар манн ҳаром ҳастӣ, ихтиёри худро дорӣ, ба хонаи падарат бирав, туро ба хонаводаат бахшидам, туро раҳо сохтам, аз манн ҷудо шудӣ, аз ту ҷудо шудам, озод ҳастӣ, чодаратро ба сарат кун, аз манн рӯй бипӯш, шавҳари дигар бигир ва мисли инҳо.

Масъалаҳое дар бораи талоқ.

1. Талоқ ба лафзи ҳаром.

Агар касе масъалан, ба рафиқаш гуфт, ки занам ба ҳаром бошад, агар бо ту сухан бигӯям ва ё гуфт, ки занам ба ҳаром бошад, агар фалон суханро гуфта бошам. Пас аз он бо он шахс гап зада, ё фалон суханро гуфта буд, ин суханаш аз лафзҳои киноя буда, вазнаш ба ин тариқ талоқ мешавад.

2. Талоқ ба навиштан.
Ҳамон тавре, ки талоқ ба нутқ ва гуфтор воқеъ мегардад, ба навиштан низ воқеъ мешавад. Масъалан, агар касе барои занаш нома навишта, дар он нома ӯро талоқ диҳад, ин талоқ сиҳат дошта, воқеъ мегардад.

Чанд нукта.

Талоқ ба василаи нома навиштан аз таърихи навиштани нома воқеъ мегардад на аз вақти расидани он нома ба дасти зан.
Масъалан, агар кассе барои занаш дар авали моҳи январ номае навишт ва ӯро дар ин нома талоқ дод. Вале ба сабабе аз сабабҳо нома ақиб афтода, баъд аз панҷ ва ё шаш моҳ барои ҳамсараш расид, талоқ аз ҳамон авали моҳи январ воқеъ мегардад ва акнун, ки масъалан, моҳи июн аст ва нома барои занаш расидааст, агар иддааш, ки аз авали моҳи январ оғоз шудааст, ба поён расида буд, он зан агар хоста бошад, метавонад дар ҳамин рӯз бо шавҳари дигаре издивоҷ намояд.

3. Талоқ ба ишора.

Агар касе гунг буда, қодир ба сухан гуфтан набошад, метавонад занашро ба ишора талоқ диҳад, вале бояд ишорае, ки ба он талоқ медиҳад, барои ҳамнишинон ва хешу табори шахси гунг шинохта шуда буд ва далолат бар талоқ дошта бошад.

4. Талоқ ба шарт.

Талоқ ба шарт иборат аз он аст, ки шахс талоқи занашро дар робита вобаста ба чизи дигаре созад. Масъалан, барои занаш гӯяд, ки агар бе иҷозаи ман ба хонаи падарат рафтӣ, талоқ ҳастӣ, ки дар ин сурат агар он зан бе иҷозаи шавҳараш ба хонаи падараш равад, талоқ мешавад.
Ҳолатҳои воқеъ шудани талоқ ба шарт.
Талоқ ба шарт дар яке аз се ҳолат воқеъ мегардад:

а) Вақте ки шарти талоқ амалӣ гардад, масъалан, агар касе барои занаш бигӯяд, ки агар аз хона берун шудӣ, талоқ ҳастӣ, вақте талоқ воқеъ мешавад, ки занаш аз хона берун шавад.

б) Вақте ки шарти талоқ бар хилофи гуфтааш бошад. Масъалан, агар бигӯяд: агар ин қолинро ба «чорсад сомонӣ нахарида бошам, занам талоқ бошад», талоқ дар сурате воқеъ мешавад, ки он қолинро ба чорсад сомонӣ нахарида бошад ва агар ба «чорсад сомонӣ» харида буд, талоқе воқеъ намешавад.

в) Вақте ки шарти талоқ бар хилофи гуфтааш амалӣ гардад, масъалан, агар гуфт, ки агар фалон хонаро нахарам, занам талоқ бошад, вақте занаш талоқ мешавад, ки фалон хонаро дар муддати маъмулӣ ва ё дар муддате, ки худаш таъйин намудааст, нахарад. Агар он хонаро харид, талоқ воқеъ намешавад.

5. Талоқ дар оянда.

Агар касе талоқи ҳамсарашро ба оянда вогузор намуд, талоқ дар ҳамон вақт воқеъ мешавад, ки талоқро ба он вақт вогузор намудааст. Масъалан, агар барои занаш гуфт, ки дар аввали моҳи Pамазон талоқ ҳастӣ, талоқ дар тулуъи сапеда дами рӯзи аввали моҳи Pамазони ҳамон сол ва дар минтақае, ки дар он қарор дорад, воқеъ мегардад, агарчи Pамазон дар ҷои дигаре, як рӯз пештар ва ё як рӯз баъдтар эълон шавад.

6. Шоҳид гирифтан бар талоқ.

Шоҳид гирифтан бар талоқ шарт нест, яъне талоқ бешоҳид ҳам воқеъ мегардад, вале беҳтар он аст, ки ҳангоми талоқ додан, шоҳид гирифта шавад, то дар оянда далеле барои инкори яке аз ду тараф боқӣ намонад.
Идома дорад бо мо бошед!

Share This Article