Садбарг Бурҳоновна Ғаниева феълан 53 сол дорад. Нахустин зан,консули тоҷик дар солҳои 2010-2014,раҳбари Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Маскав буд. Дипломат аз се сол зиёд тибқи қавонин набояд дар хориҷ дар як симат бошад. Аммо ӯ бо кришаҳои доштааш тавонист якбора 5 сол мақоми консулиро ифо намояд. Консулҳо сафирҳоро итоат мекунанд аммо Садбарг сафирро писанд намекард,то дар ҷинояташ дастгир нашуд. Консуле ҳам будааст,ки сафирро шапоти зада аст. Албатта бояд зикр намоем,ки Садбарг соли 2001 дар 33 солагияш ба мушовирии президент ҳам расида буд. Ҳама ин кариераи ӯро Эркин Раҳматуллоев барояш сохтааст. Дар ВКХ миёни кормандони собиқаш чунин мақоле ҳам ҳаст.
“Аз котибагӣ ба мушовирӣ ва сипас ба раёсати комисияи ЮНЕСКО ва то саркунсулӣ бо як хислаташ тавонист расад”
Яке аз нафарони наздик ба Озодаи Раҳмон,раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Садбаргхонум бо илми соҳири ва ҷодугарӣ ва тӯмору таштобу муллобозӣ сахт алоқа дорад. Бинобар хабарҳое,ки ба мо расидааст, Озода ҳамаи ҷодугариҳояш бар муқобили падару бародарашро через Садбарг анҷом медодааст. Сабаби бад шудан ва ҳатто бархостани ҷанҷол миёни Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва Озода Раҳмон ҳам ҳамин Садбарг шуда будааст. Эмомалӣ Раҳмонов Зарифиро аз вазифа берун карда беш аз як сол тамоман дар гӯшаи фаромушӣ партофта буд. Баъд аз онки Зарифӣ омада аз Озода узр мепурсад Эмомалӣ боз ӯро барои чанд муддат сафири Тоҷикистон дар Япония таъин карда буд.
Навори маҳрамонаи Озода дар дасти вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ
Сабаби барканор шудани Зарифиро чунин гуфтанд: яке аз амалҳои маҳрамонаи Озодаро,ки бо кумаки Садбарг анҷом ёфта будааст. Садбарг ба Озода мегуяд,ки он кори шумо сабт шудааст ва сабташ дар дасти Зарифӣ аст. Озода ба вазири корҳои хориҷӣ мегуяд он сабтро ба ман деҳ. Зарифӣ мегуяд кадом сабт ман чизе намедонам. Садбарг худаш он сабтро чун худаш сабт карда будааст ба Озода медиҳад ва мегӯяд ин копия ҳаст. Аслияш дар дасти вазир аст. Аммо вазир аслан дарак надошта аст аз он сабт. Ҳарчи Озода исрор мекунад бидеҳ сабти аслиро,вазир мегуяд ман надорам ва огоҳ ҳам нестам. Муҳим аз кор мегиранд Ҳамрохон Зарифиро ва пас аз як сол маълум мешавад ӯ чизе надорад ва намедонад. Садбарг як нафари дигарро ба Озода нишон медиҳад ва аз об соф мебарояд. Озода аз Садбарг метарсад,чун ҷодугарҳои шиносаш ягон корам накунад гуфта.
Садбарг муллоҳои боқувват дорад.Ҳатто бо ҷодугарҳову соҳирҳои Кашмири Ҳиндустон иртибот ва алоқаи хоссе дошта ва ҳар гоҳе зарурат пеш омад онҳоро барои равнақи корҳояш ҷалб мекунад. Вай бо он ҷодугарҳо дар солҳои 2007-2009,ки дар Покистон кор мекард шинос ва робита барқарор кардааст. Садбарг тамоми консулҳои Тоҷикистонро аз номи Озода “доля” бастааст. Масалан ҳамин Анвар Ибодзода, консули собиқи Тоҷикистон дар Русияро ҳам ӯ “кришават” мекард. Анвар барои Садбарг ва муаллима (муаллима лақаби Озода Раҳмон) туҳфаҳои қимматбаҳо равон мекардааст. Аз солҳои дар консулгарии Тоҷикистон дар Покистон буданаш хело қиссаҳои зиёди дигаре ҳам ба мо расидааст,ки намехоҳем онҳоро зикр намоем. Муҳим консулгариро як фоҳишахона карда будаанду миллатро шарманда дар Покистон.
Ибодзода Анвар консули тоҷикистон дар Маскав
Анвар Ибодзода соли гузашта ва имсол дар айни авҷи коронавирус, тамоми муҳоҷирони тоҷикро дучори ҳазоруякбало карда ва ҳатто як қисми онҳо нони хӯрдан наёфтанд ва боз гурӯҳҳо ва шахсоне пайдо гардиданд, ки барои он бечораҳо нону об кӯмак намуданд, Анвар Ибозода ба маблағи 100.000 доллар як Ландкрузери 200-нави ба гуфти мардум пачкаро аз салон харид. Албатта ин пули ҳамон справкаву паспортҳое аст ки барои муҳоҷирон дар Русия мефурӯшад.Вале як тини зардак дар ҳамон шабурӯзҳои вазнини коронавирус ба муҳоҷирон ёрӣ накард.
Ибодзода Анвар аз маблағҳое,ки аз муҳоҷирон дар Русия ҷамъовард хело ҳангуфт аст. Бо нишондодҳои маълумотҳое ба Ислоҳ расидаанд дар як моҳ то 12 миллион рубл ба даст меовардааст. Масалан мошини Ландкрузери 200 дар Русия харидааш 100 ҳазор доллар.Ҳавлини ду ошиёнаи зебо дар якум советский. Коледжи тиббии Душанбе доштаашон аз ҳисоби ана ҳамин даромадҳои консулгарӣ буданд. Дар Садбарг фурӯшгоҳи Душанбе якҷо 400 кв ва дар ҷои дигар 150 кв мағоза дорад. Боз як хонаи дигар дар маркази Душанбе дорад. Ин он маълумоте ҳастанд, ки манобеъи муътамади Ислоҳ медонанд. Ибодзода Анварро яке аз хашинтарин ва бадмуомилатарин консул дар Русия унвон кардаанд. Ҳамеша кораш дар айшу нуш ва клубҳои гарону хушгузаронӣ будааст. Ҳар вақте мехостааст ба кор меомадааст, намехостааст рӯзҳо ба кор намеомадааст. Сафир ҳеҷ арзише дар наздаш надошта ва ҳатто ба маҷлисҳои сафорат намеомадааст. Ин аст дипломатҳои режими хонаводагии Раҳмонов дар хориҷ аз кишвар. Боз дар кишваре,ки миллионҳо муҳоҷир дар он кору зиндагӣ мекунанд.
Бар мегардем ба қаҳрамони матлаб Садбарг Ғаниева, дипломати ботаҷриба ва дугонаву дӯсти наздики Озодаи Раҳмон ба “корҳо”-и дигар ҳам машғул аст. Барои истифодаи шаҳвонии худ ва Озода ҷавонҳои боқувватро аз вазорати хориҷӣ таги чашм карда ва оҳиста-оҳиста ба дом меафканад ва баъд аз кор мебаранду кайфу сафо мекунанд. Зӯри ягон кас ба Садбарг Ғаниева намерасад ва ҳамин тавр Анвар Ибодзодаи консули собиқи Маскав ҳам сафирро ба ду пул намегирифт. Садбарг як вазорати калон ва муҳимми давлатиро бо консулгариҳояш ба бозӣ гирифтааст. Гуфта мешавад ҳоло дар сафорати Тоҷикистон дар Абу-дабӣ аст мисле, вале талош доранд, ки Украина фиристанд. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷӣ дар баробари Озода мисли бед дар баробари шамол меларзад, маълум нест, ки метавонад ӯро Киев бифристад ё не вале саъй дорад, ки аз вазорат дур нигоҳаш дорад. Агар ҳам ки Украина рафт вой бар ҳоли Давлат Назриӣ хоҳад шуд, ки нав онҷо сафир таъин шуда ва тоза аз зулми Садбарг халос шуда буд, чунки то ин вазифааш консул дар Санкт-Петербург буд ва Садбаргу найрангу бозиҳои ӯро хуб огоҳ аст.
Маълумотҳое аз консули собиқи Тоҷикистон дар Хитой ба мо расидааст,ки хело бад мебошанд. Баҳром консули ҷавон мегуфтааст,ки бояд барои кариера ба муаллима хизмат кунем.Агар хизмат накунем вазъамон бад мешавад. Манзур аз хизматро албатта фаҳмидед “маҳрамона”-ро дар назар дорем. Ҷузъиёти ин ҳам комилан дар мо ҳаст,аммо ҳамин миқдор кофӣ аст.
КДАМ ва Саймумин Ятимов мехостанд, ки дар соли 2017 Садбаргро маҳкам кунанд. Аммо ӯро Озода фирорӣ дод, гурезонд. Аввал ду ҳафта дар хонааш паноҳгоҳ дод-паноҳгоҳи сиёсӣ. Амният ноилоҷ монд. Амният дарак ёфт, ки Садбарг берун меояд ва меравад фурудгоҳ ва аз онҷо Дубай парвоз мекунад. Садбарг мушовири сафир таъин шуда буд. Ятимов хост аз дохили ҳавопаймо ва ё фурудгоҳ Садбаргро бардорад. Лекин тираш хок хӯрд. Рӯзи парвоз мошини хидматии Озода Садбаргро то “трап”-и ҳавопаймо бадрақа кард. Озода ва муҳофизони то дандон мусаллаҳи вай Садбаргро ба ҳавопаймо савор карданд. Ва то парвози ҳавопаймо дар фурудгоҳ монданд, дур нашуданд.
Садбарг барои Озода Раҳмон бисёр як шахси хеле ҳам мавриди эътимод ва наздик ва дасти рости вай аст.Барои ҳамин дар манзилаш ӯро ҷой дод. Ятимов хуб мефаҳмад, ки бо Озода наметавонад сарбарсар занад, чун дар ниҳояти кор Эмомалӣ Раҳмонов пушти духтарашро мегирифт. Вале шояд гуноҳи Садбарг ва ё ҷинояти вай вазнин буд, ки ходимони КДАМ ӯро то фурудгоҳ таъқиб карданд.
Садбарг, вақте Озода барои кор ба вазорати хориҷӣ омад, дар инҷо кор мекард ва дар ҳамин раёсати Конуслгарии ВКХ бо Озода шинос ва ҳамин тавр ширеш шуда буд. Садбарг дар Сарраёсати консулгарӣ ба ҳайси сардори Раёсати хизматрасонии консулӣ фаъолият мекард. Ин Раёсати аз ҳама даромаднок аст. Аз атбои хориҷӣ ва бахусус хитоиҳо ва афғонистониҳо аз 1000 то 1500 доллар барои визаи вурудӣ маблағ мегирифт ва “доля”-ро ба Озода медод. Пеш аз омадани Озода дар ин “доля” амният шарик буд. Вале баъди омадани Озода ба ин вазифа Садбарг ба ӯ масъаларо “фаҳмонд” ва ҳамин тариқ аз додани “доля” барои амният даст кашиданд, яъне саркашӣ намуданд ва аз инҷо сар шуд мухолифати амният бо Садбарг.
Чуноне гуфтем Садбарг Ғаниева давоми солҳои 2010 ва 2015 консули Тоҷикистон дар Маскав буд. Вай чандин нафар миёнарав дошт, ки тавассути онҳо справкаи бозгашт ба ватан, паспорт ва ё ягон санади дигарро ба муҳоҷирон мефурӯхт. КДАМ дар ин бора маълумоти зиёд ҷамъ кардааст. Дар дасти КДАМ ҳатто наворҳои алоқаи ҷинсии Садбарг бо бархе аз ҳамон миёнаравҳо ҳам мавҷуд будааст, ки ҳатто дар кабинети корӣ анҷом додааст. Албатта ин ҳама қасдҳои КДАМ аз ӯ барои доляи КДАМ аз ВКХ аз атбоъи хориҷӣ қатъ шудан ва он ҳамаро ба Озода Раҳмонова додан буд.
Маълумоте,ки мо дорем ин аст ки ин ҳамаро Ятимов ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода ва иҷозати ӯро барои ҳабси Садбарг Бурҳоновна мегирад, аммо Озода монеъ шудааст. Чунки хеле аз корҳои Озода ва аз ҷумла сафарҳои хориҷии ӯро, маблағи харҷи роҳ ва аз ҷумла таъмин бо ҷавонҳои боқувватро Садбарг иҷро мекардааст. Маҳрами рози хонум Озода ва маълумотҳои маҳрамонаи зиёдеро ҳам медониста аст. Як ҳамсуҳбати мо аз Маскав ба “Ислоҳ” дар мавриди Садбарг Ғаниева чунин гуфт: “Садбарг вақте сархуш мешуд дигар мо аз чашмонаш мефаҳмидем,ки ӯ тамом … Кораш виски нушӣ буду сархушӣ ва истироҳат. Як бегоҳ меҳмонаш будем ва дар мавриди Озода як суханоне гуфт,ки шок шудем се нафар. Мегуфту гиря мекард ва мо гӯё филми мустанад тамошо дорем.” (ҳама гуфтаҳои Садбарг Ғаниева дар Ислоҳ маҳфӯзанд ,дар фурсати лозима нашрашон мекунем)
Садбарг сахт аз худ рафтагӣ аст. Дар Абу- даби ҳатто сафирро торсакӣ зада буд, писанд намекард. Ҳатто сафир дар назди кормандон гиря карда ин гапро бо алам гуфтааст. Агарчи сафирҳам мисли худаш ҳаст вале ончи гузаштаастро мегуем. Дар Маскав ҳам то чанд вақт Абдумаҷид Достиевро писанд намекард. Лекин Достиев, ки гурги борондида буд, бо бачаҳои амният маслиҳат карда дар кабинеташ камера насб ва чанд навбати амалҳои маҳрамонаашро навор мегирад ва бо ҳамин забонкӯтоҳаш месозад. Достиев бо миёнаравҳо, ҳатто бо як ҷавони арманӣ ҳам “съемка” кардагӣ аст ӯро. Хело зани айёш ва бисёр ба ҳамин корҳо машғул аст. Дар консулгарии Маскав дар он солҳо ҳама бо ӯ ҳамхобагӣ кардагианд. Ягон кас мондагӣ нест. Хело озабоченный буд. Кормандон соати 11 субҳ мешуд мефаҳмиданд Садбарг чашмонаш мурғак рафта истодаанд, вақти кору бораш сар шуд гуфта ба як дигар ишора мекарданд,ки имрӯз навбати кӣ бошад?
Достиев чанд маротиба дар маҷлисҳои сафорат ба Садбарг гуфтааст: “ҳа муаллима шаб хоб накардед? чашмотон аз бе хобӣ ё аз сархушӣ пӯшида мешаванд?” Чун сабти навораш дар дасти Достиев буд аз ғазаб дандонҳояшро мегазиду чизе намегуфт. Кормандонро сахт назорат мекард, телефонҳояшонро мегирифт, смс-ҳояшонро мехонд. Мехонд, ки бо занҳояшон чи навиштаанду занҳояшон ба онҳо чи менависанд. Ҳамон кореро, ки Ятимов дар сафорати Белгия карда буд, дақиқан дар Маскав Садбарг Ғаниева он корро бо кормандони консулгарӣ мекард. Як справкаи “возвращение на родина” 200 рубл буд, Садбарг 2000рублӣ ба муҳоҷирҳо мефурӯхт. Он солҳо 2000 рубл қариб 100 доллар буд. Аз ҳамин ҳисоб дар Москва хона харид. Дар ҷойи Садбарг Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов омад ба консулгарӣ. То ҷое вазъият беҳбуд ёфт вале ӯ ҳам ғорат мекард. Пас аз ӯ Ибодзода, хусурбаи Дилшоди амакбачаи Муроди телехи Эмомалӣ Раҳмонов омад ва чанде пеш ӯ ҳам рафт. Тамоми консулгариҳо ва консулҳои Тоҷикистон дар хориҷаро Садбарг “кришват” мекунад. Инро консулҳо хуб медонанд ва тавассути ҳамин зан корҳои худу корҳои ҷойи корашонро ҳал мекунанд.Чи хел проблемае шавад, Садбарг ба воситаи Озода ва Озода ба вазир гуфта ҳал мекунанд.
Як вақтҳо, вақте Саймумин Ятимов ба ҳайси муовини вазири хориҷӣ кор мекард, Садбарг арӯси ӯ буд. Аз ин пеш ӯ солҳо арӯси Эркин Раҳматуллоев буд. Зани Раҳматуллоев вазорати хориҷӣ омада бо Садбарг ҷангу ҷангҷол ва мӯкашак карда буд. Дар таъйини консулҳо нақш ва таъсири зиёд дорад. Садбарг ба Озода ва Озода ба Сироҷиддини Муҳриддин номзадҳо барои консулиро пешниҳод мекунанд ва ҳамин тавр таъин мешаванд. Мешавад гуфт, ки консулҳои давлати Тоҷикистонро Садбарг Ғаниева интихобу таъин мекунад. Сироҷиддини Муҳриддин ҳам аз ин зан сахт метарсад. 8 сол аст ки рӯз надорад. Вай чашму гӯши Озода дар вазорати хориҷӣ аст. Бисёр ҳам зани шаттоҳу беҳаё вале дилёбу чарбзабон аст. Аввалин зани тоҷик аст ки ба ҳайси консул фаъолият кардааст. То инки барои кор ба Маскав ояд, шӯъбаи Комиссияи кор бо ЮНЕСКОи вазорати хориҷиро сардорӣ мекард. Дар консулгарии вазорати хориҷӣ ва чанд муддат дар Исломобод ҳам дар сафорати Тоҷикистон дар Покистон фаъолият кардааст. Соли 2018 шавҳари Садбаргро дар Узбекистон бо маводи мухаддир боздошт карданд. Шавҳараш дар даст шиносномаи дипломатӣ дошт. Озода бо чи роҳҳое ин корро орому сокит ҳал кард ва шавҳари ӯро аз ҳабси 100% наҷот дод.
Соли 2017 Садбарг духтарашро ба шавҳар баровард. Тамоми консулҳо аз 1500 то 2000 доллар барои “харҷ”-и тӯй ба ӯ доданд.
Кайҳо муҳлати кори дипломатиаш дар Абу-дабӣ гузаштааст. Бояд баргардад ба МИД. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ки дафъаш кунед ба ҳамон хориҷа, гум шавад, ки боз сари Озодаро гаранг мекунад. (Раҳмонов медонад, ки Садбарг баргардад боз аз пайи овардани бачаҳои ҷавон барои Озода мешавад. Раҳмонов ин корро кайҳо фаҳмидагӣ аст. Ба ӯ гуфтагинад, ки асосан Озодаро ҳамин Садбарг вайрон кардаву аз роҳу ришта баровардагӣ аст. Ҷамолиддини шавҳари Озода аз ҷузъиёти ин корҳо хабар надорад.
Садбарг чанд бор Озодаро ба Дубай меҳмонӣ даъват карда ва дар онҷо бо бузбалаҳои арабӣ истироҳат кардагианд. Чанд бор ба баҳонаи табобат Берлин ҳам бурдагӣ аст.
Садбарг ду духтар дорад. Ҳоло бо шавҳараш зиндагӣ намекунад. Вале барои ӯ мардина ягон вақт проблема нест. Қади куча мебарояд….меёбад.
Ps: Ин матлаб хело шуд дар “Ислоҳ” қарор дорад, дидем вақташ гузашта истодааст ва тасмим гирифтем нашраш намоем. Агарчи аз матлаб хело аз ҷузъиёти амалҳои Садбарг Ғаниева ва Озода Раҳмонова барои ғайри ахлоқӣ буданашон бардошта шудааст. Ҳарчи тавонистем матлабро дохили чорчуба ҷой додем, Яъне бидуни шарҳ ва тафсил,танҳо бо ишораҳо онҳоро зикр намудем.Аммо бахшиш,ки дигар аз ин бештар наметавонистем иваз ва тағйир диҳем амалҳои ин фосиқони дар либоси дипломатҳоро. Агарчи бархе қаҳрамонҳояш куҳна ва бархе аз вазифа сабукдуш шуда истодаанд. Имрӯз вақти нашри ин матлабро муносиб донистему нашр намудем. Хонандаи гиромӣ вазъияти дипломатҳоро дидед, магар бо чунин дипломатҳо метавон дар хориҷ аз кишвар номи ватани азизамонро баланд бардошт? Магар бо чунин секретаркаҳое,ки бо илму дониш не,балке бо…ба мушовири ва раисии комисияҳо ва консулӣ мерасанд вазъияти муҳоҷири берун аз ватан беҳбуд меёбад? Хулосаро шумо мунсифона барореду қазоват кунед!
Дар мавриди Садбарг Ғаниева маълумотҳои дигаре дошта бошед ба “Ислоҳ” фиристед,то онҳоро дар бахши дигаре тақдими хонанда ва бинандаи Ислоҳ намоем. Бештар мехоҳем аз моликияте дар ин солҳо андухтаашро тақдими хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” тақдим намоем. Лутфан дар мавриди амалҳои фаҳшу фуҷураш чизе нафиристед,ки дигар ҳавсалаи хондану таҳқиқи онро надорем. Аксҳо ва наворҳое марбути персонажҳои матлабро дошта бошед ба Ислоҳ фиристед,то дар навор истифода шаванд!