Раҳмон аз ҳар навъи ҷиноят дар интихоботи оянда истифода мебарад.
Тоза ошкор мешавад, ки пешопеши маҷлиси роҳбарони Хадамоти амнияти СНГ ташкили қатли омм дар зиндони “Кирипичний” ва нисбат додани он ба ДОИШ ва кашидани пойи Наҳзат дар ин васат иртиботи мустақим ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон доштааст. Интихоби рӯзи 19 май барои анҷоми ин куштор ва филфавр бори дӯши доишиҳо кардани он на тасодуф, амали ҳисобшуда будааст.Чунки субҳи он рӯз,яъне ҳамагӣ чанд соат пас, нишасти роҳбарони Хадамоти амнияти давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон,ки дигар камтарин шубҳа дар тарроҳ ва коргардони ин фоҷеаи хунин будани ӯ боқӣ намондааст, мисли як актёри пир бо чеҳрае пур аз изтиробу ташвиш дар минбари ин нишаст баланд шуд ва аз таҳдиду хатарҳои терроризм ва экстремизм ва инки Тоҷикистон пайваста бо он дар ҳолати мубориза ва ҷанги беамон қарор дорад, суханронӣ кард. Ва, ба ин васила ба “кегебешникҳо” аз СНГ “далели раднопазир” ироа дошт,ки бубинед, ҳатто дар зиндон ҳам “террористони исломӣ” орому сокит нестанд.
Ба хусус ба президенти СНГ Путин,ки бар пояи маълумоти дарзхӯрда аз Кремлин ба “барномаи валиаҳд”-и Раҳмон гӯиё “вето” гузошта аст. Ҳамакнун Раҳмон бо тамоми вуҷуд талош дорад, илоҷе карда дили Путинро ба даст оварад ва ӯро мутақоид созад, ки агарки ӯро қабул надорад, ҷойгузини ӯ танҳо исломиҳо хоҳанд буд ва ҲНИТ қудратро хоҳад гирифт. Ва ташкили куштор дар зиндони “Кирпичний” бо дастони навҷавонҳои гулхӯрда ва гумроҳшуда ҷузве аз талошҳои Раҳмон барои ба худ моил кардани Путин мебошаду бас. Аммо то ҳамин ҳоло талабу дархостҳои бакарати ӯ барои террористӣ эътироф кардани ҲНИТ аз сӯи ҳеҷ давлати дунё дастгирӣ наёфтааст. Ва аз онки аз чунин пешниҳоди ӯ, ки инак чаҳор сол сипарӣ мешавад Раҳмон беш аз пеш дучори васваса ва таваҳҳум шудаву дар тану ҷонаш таҳлука ва дарақодарақ афтодааст: “Мабодо, ки Кабирӣ ба ҷойи ман ояд”?
Қартаҳои баҷойӣ ва барои рӯзи мабодои худро, ки маҳз барои ҳамин рӯз ҳифз карда буд, ба бозӣ даровард. Баъди наздик ба панҷ сол аз “игнор”-и ду барномаи меҳварии Путин:- Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё -ЕврАзеС ва Иттиҳоди гумрукӣ –Таможенний Союз аломат дод, ки ба ин ду шомил хоҳад шуд. Рӯзи 29 май, баъди даҳ рӯз аз қатли омм дар зиндони “Кирпичний” барои аввалин бор дар дар саммити давлатҳои узви ЕврАзеС ба ҳайси меҳмон иштирок кард. Ва,дар чаҳорчӯби шароит ва талаботи Иттиҳоди гумрукӣ қавоиди содироту воридот ва тронзити молу коло барои Тоҷикистонро мутобиқ кард. Албатта,бо пайвастани Тоҷикистон ба ин тарҳҳо мардуми тоҷик ва махсусан, муҳоҷирони корӣ сабукиҳо ба даст меоваранд. Мушкилоти патент ва масъалаи қайди муваққати муҳоҷирон бар манфиати муҳоҷирон ҳаллу фасл шуда миллиардҳо рубл ба буҷҷаи онҳо ва хонаводаҳояшон ворез мешавад. Аммо тиҷорат ва ширкатҳои Раҳмон ва домодҳои ӯ,ки бо тамоми имтиёзоти қонунӣ боз ҳам ба қочоқи молу маҳсулот машғуланд ва асоси иқтисоди соягии Тоҷикистонро ташкил мекунанд,ба хусус ки молу колои воридотӣ ва содиротии онҳо ба Хитой таҳти назорат қарор мегирад, хисороти ҷиддиеро мутаҳаммил мешаванд.
Вале вақте масъала ба бақо ва ҳаёту мамоти курсиву қудрати Раҳмон мепечад, ӯ ба ҳама савдову тиҷорат ва ба ҳама гузашту фурӯшофурӯш розӣ мешавад. Ҳамчунон,ки дар ивази ризоияти Путин барои номзадии ӯ дар интихоботи соли 2006 пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро барои 49 сол ва бо маблағи иҷораи солона 1 доллар розӣ шуд. Бо вуҷуди онки дар сафари ахираш ба Маскав аз Путин рӯи хуш надид ва аз тарафи муовини кадом раёсати Вазорати хориҷаи Русия пешвоз ва бадрақа шуд, шахсан барои истиқболи Путин бо пешкаши як села атласу чаканпӯшҳо ба фурудгоҳ рафт.Ва, ҳамагон аз навори мунташира дар расонаҳои иҷтимоӣ дидем, ки чи гуна дар ҷамъи руасои ҷамоҳири ҳозир дар нишасти рӯзи 15 июн дар Душанбе дастонашро бар гардани Путин андохт. Мисли хонумҳои “найт клубҳо” дидаву дониста дар баробари дурбинҳои хабарнигорон пайкари лумби гӯшту равғании худро ба бадани Путин часпонд ва қаду қомати ӯро ба бағал гирифт. Дар мазҳар ва малаи ом ва бидуни онки ҳусни одоби мизбониро барои ҳама президентҳо яксон муроот кунад,омода буд худро хоки пояш бикунад. Ҳатто аз ҳамон навор бармеомад,ки роҳбарони дигар кишварҳо аз як чунин тамаллуқи ошкоро ва чоплусиву кунлесӣ эҳсос хиҷолат карданд. Худи Путин ҳам ғарқ дар шарму ҳаё дасти Раҳмонро аз китфаш ба дур андохт.Пурсиш ин аст ки чаро ҳамчунин таначаспониро бо Ҷин Пини Хитой накард, ки сармоягузори асосиаш аст? Дақиқан, ки ин як меҳрабонии комилан бемавриду бефаросатона ва ноҷо буд. Ин ҳама хушомаду думликонӣ ба ин маъно аст, ки расани вафодорӣ дар гарданам аст ва онро шумо ҳар тавре бихоҳед сусту тарангаш кунед, фақат инки изну иҷоза фармоед, ману валиаҳдам боз ҳам дар сари қудрат биистем. Чун дар воқеъ ӯ Путинро хуб мешиносад ва дар солҳои қаблӣ ҳам аз дасти ранҷу азияти ӯ то ба ҳукумати Амрико шикоят ва шикваҳо карда буд. Ба баёни дигар равобити Раҳмон ва Путин дар солҳои қаблӣ низ дучори чолиш ва танишҳои пӯшидаву пинҳонии шадиде буд, ки ҳатто Раҳмон омодагии худ барои гушоиши пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Тоҷикистонро ба мавзӯи сӯҳбат бо сафири асбақи ин кишвар дар Тоҷикистон Ричард Ҳугленд табдил кард.
Дар номаҳои маҳрамонаи сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки барои вазорати хориҷаи ин кишвар фиристодааст, ки баъдан тавассути “Wikileaks” фош гардид, ҷаноби Ҳоугленд аз қавли Раҳмон мегӯяд Русия бо истифода аз неруҳои марзбонаш ҳамроҳи генерал Ғаффор Мирзоев, раиси Гвардияи президентӣ қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ алайҳи ӯро дошт. Раҳмон гуфтааст, ки Маскав намехост неруҳои сарҳадиаш аз Тоҷикистон хориҷ шавад “аммо вақте Раҳмон генерал Ғаффор Мирзоевро барканор кардааст, танҳо он вақт Путин ноилоҷ монда, аз тарҳи табаддулот даст кашида ба хуруҷи марзбонон розӣ шудааст”.Ба гуфтаи Раҳмон генералҳои рус мехоҳанд боз бигарданд ва дубора назорат ва қочоқи маводди мухаддирро зери дасти худ бигиранд. Раҳмон гуфтааст, хадамоти махфии Русия вазифадор шуда буданд, ки дар Тоҷикистон нооромӣ эҷод кунанд:
Ин аз Кремлин меояд ва бархе аз ин корҳо аз сатҳи олӣ. Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, ки худи Путин дар таҳти дилаш “чекист” аст. Ва Раҳмон ҳаминҷо ошкоро изҳор доштааст, ки омодааст, ки бар хилофи Кремлин барои пойгоҳи Амрико дар ҳудуди Тоҷикистон ҷой диҳад.(Аммо дар сӯҳбати сафир ин масъала, ки нерӯҳои марзбони Русия якҷо бо генерал Ғаффор Мирзоев, ки ҳамакнун бо ҳукми абад дар зиндон аст табаддулоти давлатиро бароӣ кӣ ва бо ҳадафи сари қудрат овардани кӣ анҷом доданӣ будаанд ва оё он сиёсатмадори табаддулотгар ҳоло ҳам фаъолият дорад ё хайр.)
Дар яке дигар номаҳои маҳрамонаи сафири Амрико авомили мушкилоти мавҷуд дар роҳи тараққиёти Тоҷикистон тазаккур дода мешавад ва ҷолиб ин нукта аст,ки сафири Амрико яке аз мушкилоти асосии Тоҷикистонро худи Раҳмон унвон карда ӯро “бадтарин монеа” тасвир кардааст.
Агар ба ҳисоб бигирем, ки ин номаҳо ҳанӯз аз 10-12 соли пеши замони идораи Раҳмон навишта шудаанд, ҳоло ҳамчунин руқаъот ба чи мазмуну ба чи тасвире фиристода мешуда бошанд.Воқеияти Раҳмон ва шеваи мудирияти дар ҷомеа ва кишвар бадтар аз он аст ки навишта шудааст.Бале, ҳоло дуруст аст, ки Раҳмон дар дохили Тоҷикистон саҳнаро аз рақибони худ холӣ кардааст.Ва дар дарозои се кам сӣ сол, ки сари қудрат ҳаст, тарзу усули баргузории интихоботҳоро хуб медонад, мутахассиси касбӣ,профессионал шудааст. Бахусус, ки дар тақаллуб, овоздуздӣ, ҷаъли аснод, пораву тика кардани протколҳои интихоботӣ ҳирфаӣ шудааст. Қонунҳоро иваз кард. Қонуни асосиро боз ҳам тағйир дод ва ин бор онро ҳам дар зери пойи худ ва ҳам дар зери пойи Рустам мутобиқ намуд. Барои худ ҳукумати якумрӣ пешбинӣ кард.Метавонад тамоми умр дар сари қудрат бимонад ва то рӯзе, ки пайки аҷал ба суроғаш наояд, ӯ раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуда метавонад. Кадом монеа барои иҷрои ин хоҳиш ва орзуҳояш боқӣ нагузошта ҳамаро мусоид, муҳайё ва мувофиқ кард. Аммо дилаш аз кадом чизе хавотир аст, тарс дорад,сабру оромиро аз даст додааст. Ҳар қадар ки замони баргузории интихобот наздиктар мешавад, суботи ботинӣ ва қарору оромишро аз даст медиҳад. Ҳаяҷону ташвиш ва изтиробу таҳлука таркаш намекунад. Шояд сабаб ба даст наовардани ризоияти Маскав аст? Бале, ба ин шакке нест, ки бидуни ризоияти Маскав ҳатто ҷуръати пешбарии номзадиашро кунад. Аммо сабабҳои дигаре ҳам ҳастанд. Як сабаби асосӣ ин аст ки ӯ дар замони интихоботи оянда 29 сол мешавад, ки дар сари қудрат аст, ки ин муддатзамони раҳбарӣ ба ҳеҷ як нормаи давлатдорӣ ва он ҳам давлате, ки худро мардумсолор мешуморад ва интихоботҳо доир мекунад, дуруст намеояд,мутобиқат намекунад. Мушкилу монеаи Раҳмон барои тамдиди мӯҳлати ҳокимият 29 соли дар сари қудрат будани худи ӯст.29 сол!!!
Онро наметавонад кам кунад ва ё он чуноне бо қонунҳо кард,тағйир диҳад ва ислоҳ ворид созад ва ё баргаи раъй нест, ки пинҳон бидорад. Метавонад мӯи сафеди сарашро ранги сиёҳ занад аммо шумораи 29-ро дигар карда наметавонад.Ӯ тӯли ҳамин муддат дар сари ҳукумат буд. Як ҷавонмарди чилсола буд, ки ҳоло ба пири 70сола иваз шудааст.Ин шаклу шева хоси низоми демократӣ нест. Мардум чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз чеҳраи ӯ безор шудааст. Инро худи ӯ хуб медонад.Ва,низ сарнавишти Абулазиз Бутафлиқаи Алҷазоир, Умар ал-Башири Судон ва Нурсултон Назарбоеви Қазоқистон, диктаторони вожгуншуда ва аз қудрат каноркашида ҳам пеши назараш аст.Боз ончӣ дар Қирғизистони ҳамсоя бо Алмозбек Атомбаев гузашта истодааст ҳушро аз сараш парондааст.Чун мебинад,ки диктаторҳо яке пайи дигаре завол меёбанд, сару сомонашро аз даст додааст. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аз қудрат дастбардор нест. Зеро ба пиндори ӯ интихоботи оянда ӯро миёни маргу зиндагӣ қарор медиҳад.Дар қудрат истад,зиндагӣ мекунад, аз қудрат равад бо зиндагӣ видоъ мекунад.Риштаи ҷони худро, сарвату тиллову долларҳои бо ғорату тороҷ ҷамъкардаашро, аз они домоду духтаронашро дар пояи курсии қудрат гиреҳ задааст.Раҳмон амсоли боқии диктотурҳои олам тори ҷонашро бо тори ҳокимият дӯхтааст. Зиндагии бидуни ҳокимият барои ӯ тасаввуршаванда нест. Аз ин рӯ талош дорад Рустами писарашро, ки ҳамин акнун мисле,ки шароити қонунии ба қудрат расонидани ӯро фароҳам кардааст, ба ҷойи худ биоварад ва боқии умрро дар айшу нӯш бигзаронад. Мунтаҳо мехоҳад Рустамро мисли Илҳоми писари Ҳайдар Алиев вориси тоҷу тахт ва валиаҳд кунад. Аз ин рӯ ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки дар интихоботи Маҷлиси Олӣ,ки қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир мешавад, ӯро ҷойгузини Маҳмадсайид Убайдуллоев карда ва худ баъди шояд ду ва ё се моҳ мисли Елтсин ва ё ҳамин Назарбоев истеъфо бидиҳад ва Рустам ба таври автоматӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ бишавад ва ҳамин тавр муроду мақсади Раҳмон ҳосил гардад.
Аммо боқӣ мондани Раҳмон дар ҳокимияти Тоҷикистон ва умуман идомаи системаи ҷорикардаи ӯ фоҷеаи миллӣ, фоҷеаи башарӣ ва таркишҳову талотумҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дар пай хоҳад дошт. Зеро шароити зиндагии мардум аз ҳозира дида бадтар мешавад. Бо онки давру бари худи Раҳмон бахусус домодҳо ва дӯстони Раҳмон, бо тиҷоратҳо ва бо он имтиёзоте, ки доранд, бори сангине бар дӯши мардум, бюҷети кишвар мешаванд. Масоҳат ва фарогирии тиҷоратҳои онҳо ҳар қадар ки бузургтар мешавад, ба ҳамон андоза бюҷети кишвар аз молиёт ва гумрук аз боҷ маҳрум ва ҳамин тавр сатҳи маошу нафақа тағйир намеёбад.
Аммо бо овардани Рустам дӯстони ӯ ҳам,ки акнун ва минбаъд ҳокимият, яъне бюҷет ва пул дар ихтиёрашон хоҳад буд ба ғасби ончи ки имрӯз дар дасти бахше дигар аз тоҷирон боқӣ мондааст, шурӯъ мекунанд ва афроде мисли Зайд Саид ва мудири Умед-88 ва ё роҳбарони пешини “Имон-интернешинал” ва “Эсхата” ҳеҷ гоҳ дар кишвар тиҷорат карда наметавонад. Рӯзу рӯзгори тоҷики бечора аз ин бештар бад мешавад. Аз ин ҷиҳат паёмад ва авоқиби хатарноку ваҳшатангези интихоботи ояндаи Тоҷикистон на танҳо дар дохил дар хориҷ аз кишвар ҳам нигарониҳоеро дар сатҳҳои гуногун ба бор овардааст.
Бори дигар ҳам такрор бишавад, ин нуктаро ёдрас бишавам, ки Раҳмон монанди як диктотури пуррӯи бешарму ҳаё тамоми абзор ва васоили зери итоаташро барои мондан дар ҳокимият ба кор мебарад. Метавонад ҳаводиси мушобеҳеро ҳамчун ҳодисаи кудетои генерал Абдуҳалим Назарзода,ё қатли оммавӣ дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат, террори ҷаҳонгардони дучархасавор ташкил ва боз ҳам Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси онро муқассир бихонад.Ҳатто шояд ҳаводиси хунини бадтар аз инҳоро, ки қурбониҳои бештар дошта бошад, ҳаҷму андозаи хисорот зиёд бошад ташкил бикунад ва ё ба ин ё он қисмати ватани азиз юриш бибарад ва ё битавонад бо пардохти маблағ аз тарафи Афғонистон ҳамлаҳоеро ҳам созмон диҳад ва бори дӯши Наҳзат бисозад.
Тардид надошта бошед, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ масоиле чун терроризму ифротгароии исломӣ ва мубориза бо онҳо дар авлавияти шиорҳои интихоботии Раҳмон ва ё инки валиаҳди ӯ қарор хоҳанд гирифт.
Мунтаҳо ӯ барои онки ба сари қудрат биистад, омодааст,”ва-банк” биравад, то охир бизанад. Боз ҳам хун бирезад!Ва чунин аъмоли ҷиноиву террористиро ба ҳадафи мутақоид кардани бахусус Русия бар инки танҳо ӯ метавонад манофеи ӯро ҳифзу ҳимоят кунад ва дар сурати ғайр алтернативаи қудрат исломиҳо ва Кабирӣ хоҳад буд, ба анҷом мерасонад.
Аммо Путин, Путине, ки имкон дошт ҳанӯз дар интихоботи қаблӣ гӯри орзуҳояшро биканад, ба хоки сияҳ яксон кунад, ин бор ҳам мавқеи барои Раҳмон номуносиберо пеш гирифтааст. Нишасту бархости самолёти ӯ дар иҳотаи ду вертолёти ҷангии мавсум ба “Крокодил” дар фурудгоҳи Душанбе, то ҳамин ҳоло Раҳмонро ба шиддат нигарон кардааст,чун самолёти дар иҳотаи мошинҳои болдори ҷангӣ фоли неке нахоҳад буд.
Метавонед ин таҳлилро дар канали ютубии мо ISLOH TV, бо нохун задан ба ин силка тамошо кунед: https://www.youtube.com/watch?v=IQyhaxGs8LM