Вафоти Саъид бин Алӣ бин Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ соҳиби китоби “Паноҳгоҳи мусалмон”

Ислоҳ нет

 

Рӯзи душанбе 21-уми моҳи муҳаррам, мутобиқ бо 1-уми октябр шайх доктор Саъид бин Алӣ бин Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ,дар синни 67 солагӣ дори фониро падруд гуфтанд.Ин хабарро писарашон шайх Абдулазиз дар саҳифаи твитери худ навишта буд.Шайх муаллифи китобчаи дуъоҳои маснуна бо номи “حصن المسلم” бо забони арабӣ буд,ки бо беш аз сад забон тарҷума гашта аст.Метавон гуфт ҳеҷ хона ва масҷиде дар ҷаҳони ислом аз ин китоб холӣ нест.Ин китоб ба забони тоҷики беш аз 500 ҳазор адад,то соли 2010 чоп шуда аст.

Саъид бин Алӣ бин Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ унвони докторияшро бо навиштани рисолаи ““فقه الدعوة في صحيح الإمام البخاري”.” Фиқҳу Ал-даъва фи Саҳеҳи Ал-Имом Бухорӣ ба даст оварда ва мушарраф гашта буданд.

Шайх Саъид беш аз 80 таълифот доранд,ки аксаран дар масоили динӣ мебошанд.Маъруфтарини таълифоташон ҳамин китоби хурд ҳаҷми пурталаб ва серхонанда дар олами ислом буданд.

 Китоби мазкурро моҳам тарҷума намудаем бо номи “Паноҳгоҳи мусалмон” инчунин бо забони русиҳам тарҷума шудааст бо номи Крепость Мусульманина” ва беш аз миллон адад бо забони русӣ нашрҳам шуда аст.

Хотироти ман аз мулоқот бо марҳум

Ман соли 2005 бо шайх Саъид дар шаҳри Риёз мулоқотеҳам доштам ва барои тарҷумаи ин китоб расман иҷозати ӯро гирифтам. Хело шахсияти хоксор ва ороме буданд,пас аз инки иҷозатро бароям доданд аз ман пурсиданд, боре мурдаеро шуштаед? Ё дар шустани мурдае иштирок намудаед? Ман гуфтам : Бале иштирок намудаам,аммо нашустаам.Бароям гуфтанд: пас биё меравем ва як ҷавоне вафот намуда аст онро дар мағсала (маконеки мурдагонро мешуянд) бо ҳам мешуем. Манҳам бо эшон рафтам ва он ҷавонро шустем,бе восита худи шайх он ҷавонро шустанд ва ба қабристон бурдему намози ҷаноза гузоридему дафн намудем.

Саъид бин Алӣ бин Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ тибқи хабари пайвандонаш субҳи рӯзи душанбе аз дунё гузаштанд ва асри ҳамин рӯз дар масҷиди бузурги Роҷеҳӣ бар ӯ намози ҷаноза гузориданд ва дар қабристони Ал-насими шаҳри Риёз, дар назди қабри модараш Нашто бинти Саъид бин Муҳаммад Ал-қаҳтонӣ ва дигар наздиконаш ба хок супориданд.

Аллоҳ аз шайх розӣ ва хушнӯд бод ва ӯро барои ин хидматҳои волояш дар нашри суннат ва улуми шаръӣ подоши бузурге ато намояд.Барояш волотарин сарои ҷаннат ва Фирдавси аълоро таманно менамоем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article