Вамар набиё! Коре ба ҷашни ваҳдатат надорем

Ислоҳ нет

Раҳмонов Вамари Рӯшон барои таҷлил аз ҷашни Ваҳдат омаданист. Вамаре, ки се соли пеш, дуруст дар ҳамин шабурӯзҳо мотам дошт ва дар ҳар гузару кӯйи вай  мардум дар азову сӯги наздиконашон нишаста буданд. Он сол Раҳмонов ин мардумро тирборон карда даҳҳо нафарро кушта буд. Аммо ҳоло, баъди се сол инҷо омаданист. Дуруст аст ки як соли баъди ин ҳаводис ба Бадахшон сафар дошт ва қарор бар ин буд, ки ба Рӯшон ҳам меояд. Аммо, аз роҳи сафар ба Рӯшон ва Вамар баргашт. Хоруғ омад, Вамар наомад.

Он замон, ки омад ҳанӯз парешону пуризтироб буд. Ончиро, ки дар нақша дошт охир нарасонд. Аз ними сафар қатъ карду чапасар баргашт. Гуфтанд «вазъи саломатӣ»-аш бад шуд. Аммо дар асл вай эҳсос кард, ки инҷо омаданаш дуруст нест, ҳарчи шуданаш мумкин аст, чун захму ҷароҳати мардум тоза аст, рӯ нагирифтааст.

Аммо ин бор гуфта мешавад сафари Раҳмонов барои таҷлил аз ҷашни Ваҳдат аст. Ҷашни Ваҳдат дар минақае, ки онҷоро Раҳмонов ба хоку хун шинонд ва ин ҳам на дар замони ҷанги дохилӣ, балки солҳо баъди хатми ҷанг, ки дар кишвар оромиву субот ҳукмфармо буд. Шуруъ аз соли 2008 то 2022 Раҳмонов чандин бор ба қуллаи Боми ҷаҳон лашкар кашид ва ҷони садҳо тан аз афроди мулкӣ ва низомиёнро гирифт.

Хабарҳое, ки дасти мо расид аз он мегӯяд, ки дар ин сафар Раҳмонов дар ҳайати он идда аз аъзои ҳукуматаш меравад, ки ширкати мустақим дар он кушторҳоро доштанд.

  Бинобар хабарҳое, ки ба дасти мо расидаааст Раҳмоновро дар ин сафар СС.Ятимов, Р.Раҳимзода, А.Бузмаков (Аламшозода) ва чанде дигар аз қотилони мардуми Помир ҳамроҳӣ мекардаанд..

  Аз моҳи апрел аст ки талабаҳои аз синфи 7 боло аз субҳ то шом тамрину машқи рақсу суруд-маршировка карда истодаанд. Ва, тақрибан ҳаррӯз қотил ва хоини маҳаллӣ Алишери Мирзонабот, раиси ВМКБ аз ҷараёни маршировкаи талабаҳо дидан карда истодааст.

 Раҳмонов Вамар меояд, Вамаре, ки онҷо даҳҳо нафар аз тарафи боевикҳои Раҳмонов қир карда шуданд. Вамаре, ки онҷо маркази маъмурии Рӯшон аст ки се соли пеш боевикҳои Раҳмонов оғушта ба хуни муътаризини осоишта карданд ва наздики 40 нафарро ба шаҳодат расониданд. Ва ҳоло акнун Раҳмонов инҷо Вамар меояд то ҷашн бигирад ва базм орояд ва шодиву хурсандӣ кунад ва аз сулҳу ваҳдат гап мезанад ва ин мардум бояд ӯро истиқбол бигиранд ва барояш шеър хонанд, ва барояш рақс кунанд ва нишон диҳанд, ки мотамашонро, шаҳидонашонро, аздастдодаҳояшонро, ҷавонмаргонашонро фаромуш кардаанд ва гӯё инҷо ҳеҷ гапу ҳарфе набуд ва инҷо хуни помириҳоро Раҳмонов нарезонида буд. Ва ин мардум дар замине, ки аз хуни шаҳидонашон гулранг ва ҷӯи хун равон шуда буд, бирақсанд, кафу даф бизананд, суруд хонанд, Пешворо, Ҷанобро

Асосгузорро тасаннову марҳабо бигӯянд.

 Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» огоҳанд, ки аз Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ номаҳо ба мо камтар меояд. Аммо ,ин сафари Раҳмонов боис шудааст, ки ба суроғаи электронии мо аз Боми ҷаҳон чанд нома бирасад. Ва, ҳоло бо ин номаҳо навиштаро идома медиҳем:

                                        Номаи аввал

   Ассалому алайкум бародар Муҳммадиқбол! Ҳанӯз аз моҳи апрел омодагӣ барои истиқболи Раҳмонов дар Вамар, маркази ноҳияи Рушон шурӯъ шудааст. Хонандаҳои мактабҳои ноҳияро ҳар рӯз барои маршировка бурда истодааст. Ба аҳолӣ таъкид шудааст, ки ҳузур дар маросими истиқбол ҳатмист. Онҳоро гуфтаанд, бо хонаводаҳои худ ба маросими истиқбол бароед.

Имсол Раҳмонов барои ҷашни рӯзи Ваҳдат Рушон меомадааст.

Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барои макотиб таътили тобистона фаро расидааст, аммо хонандаҳои мактабҳои Рушон таътилро канор гузошта барои истиқболи Раҳмонов, ки се соли пеш инҷоро ба қатлгоҳ мубаддал карда буд, рақсу суруд –маршировка карда истоданд. Муаллиму муаллима, талабаҳо аз макотиб, омӯзишгоҳҳо, депутатҳо аз ҷамоату шаҳр то вилоят, ҳама кормандони ниҳодҳои буҷҷавӣ масалан Хонаи маданияту беморхона ба ин як маъракаи тамоман бемаънову бемантиқ ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳайати ин талабаву муаллиму кормандони дигар соҳаҳо, ки зери офтоби сӯзон рақсу суруд-маршировка омӯхта истодаанд, бачаву духтару хоҳару бародари шаҳидоне, ки се соли пеш онҳоро дар ҳамин Рӯшон Раҳмонов тирборон карда кушта буд, ҳам ҳастанд.

Бародар Муҳаммадиқбол, магар ин зулм ва ин таҳқири мо мардуми Помир нест? Мо чи тавр ба пешвози қотили хешу табору падару бародаронамон бароем ва либоси зебову нав бипӯшем ва дар васфи вай суруд хонему дар пеши вай дасту пойкубиву гулафшонӣ кунем? Руҳи он ҷавононе, ки Раҳмонов се соли пеш дар инҷо кушт, домангири мо намешавад, аз мо норозӣ намешаванд, мо онҳоро дар гӯр ноором намекунем? Руҳи ин шаҳидонро, ки Раҳмонов куштааст, мо хиёнат намекунем? Боз бо кадом пӯсту рӯ пеши мо меояд ва боз моро маҷбур карда ба маршировка бароварда барои пешвози вай сурудҳо ёд дода истодаанд?

Ин амали нангини Раҳмоновро ҳеҷ роҳбари дигаре, ҳатто Гитлеру Чингиз накардааст, ки ҳам бикушӣ ва ҳам водор ва маҷбур намоӣ, ки қотилатро бо гулу гулдаста, бо суруду рақс истиқбол кун ва барояш базм ташкил намо.

Ман ба халқи Помир, ба вамариҳо, ба тамоми ноҳияи Рӯшон гуфтаниам, ки Раҳмонов пеши мову шумо ҷашни Ваҳдат намеояд, Раҳмонов пеши мову шумо  барои таҷлили ғалабааш меояд.

Раҳмонов аз ҳамон рӯзҳои аввали ба қудрат расиданаш мардуми помириро дар Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Кулоб ва дар тамоми Тоҷикистон кушт. Ман худам дар Душанбе зиндагӣ мекардам. Донишҷӯ будам. Бо чашмони сарам дида будам, ки чи қадар мардуми помириро дар Душанбе куштанд.

Вале Раҳмонов зӯраш ба мо-помириҳо нарасида буд. То соли 2023, то ҳамон сол, ки Вамари Рушон ва Хоруғро ба хоку хун накашонд, даҳҳо нафарро накушт, қарор нагирифт. Чунки помириҳо ба вай гардан нафароварда буданд.

Аммо имрӯз як гурӯҳ хоинони дохилӣ мисли Алишери Мирзонабот, раиси вилоят барои пешвози ин қотили мардуми Помир  сахт тайёрӣ дида истодаанд.

Аз номи мардуми Вамар гуфтаниам, ки Раҳмонов мо туро намехоҳем, ту Вамари мо набиё, пойи касифатро ба сарзамини поки мо нагузор. Мо туро интизор нестем. Мо, ба ту нафрат дорем. То қотили мо ҳастӣ. Бо кадом пӯсту рӯ назди мо меоӣ?

Ту худат бо даҳани худат гуфтӣ, ки фармони кушторро додӣ. Раҳмонов ту моро издиватсия ва таҳқир кардан омада истодаӣ. Он солҳои ҷанг- помирикушиҳои оммавӣ дар Душанбеву Қурған аз автобусҳо фароварданд, моҳиқапӣ бурдан, аз қатораҳо фаровардан, ҳамаи ин дар ёду хотираи мардуми мо маҳфуз аст. Мо туро ҳеҷ гоҳ президенти худ намешуморем, нашуморида будем. Чунки ту на мусулмон ҳастӣ на тоҷик. Навори Файзалӣ Саиду навори Лангарӣ Лангарӣ, ки ошкоро мегуфтанд помириҳоро куштем дар ёдамон ҳаст. Раҳмонов нази мо қудрат ва зурӣ нишон додан омада истодааст. Инҷо набиё. Мо туро бад мебинем, нафрат дорем. Дар замини муқаддас ва поки мо хуни бегуноҳонро резонидӣ, мо аз ту безорем!.

                                            Номаи дуввум

       Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худоро шукр, ки «Ислоҳ.нет» ҳасту мо тавассути он метавонем аз мушкилиҳои худ гап занем ва диламонро холӣ кунем.

  Ман корманди собиқи «Литсейи Оқохон-4» дар шаҳри Хоруғ ҳастам. Ин литсейро моҳи сентябри соли 2023 Раҳмонов маҳкам кард ва ба ҳисоби давлат гузаронд. Номи онро ба «Литсей барои хонандагони болаёқат» иваз намуд. Литсейи Оқохон 25 сол фаъолият кард. Ман 15 сол дар он кор кардам. Маоши моро, вақте ин литсей аз они аълоҳазрат Оқохони 4 буд саривақт медоданд. Шумо хуб медонед, ки пешвои мо, аълоҳазрат Оқохони 4 барои мо мардуми помирӣ, ки пайравони мазҳаби исмоилия, муридони ӯ мебошем, ёриҳои зиёд расонидааст. Махсусан дар солҳои ҷанги дохилӣ, ки Раҳмонов ва Фронти халқии ба хуни ҳар як помирӣ ташнаи вай болои мо ҷабру зулми зиёд карда буд, Имоми мо моро аз чанголи маргу гушнагӣ раҳонид. Ва, ҳар як помирӣ аз ин кумакҳо бархурдор шудаанд ва то қиёмат фаромуш намекунанд.

  Ин литсей бо пулу заҳматҳои Имоми мо, худо дар фирдавсӣ барин макону манзил дода бошад, сохта ва ба фарзандони пайравонаш тақдим шуда буд. Раҳмонови қотили мардуми Помир бо бахилӣ ва рашку ҳасуди рӯирост онро баст.

  Аммо, ҳоло муаллимаҳову муаллимҳо ва хонандаҳои ин даргоҳи донишомӯзиро аз ҳисоби давлат маош мегиред гуфта аз моҳи апрел ба ин тараф ғайриихтиёри худи мо ба маршировка кашидааст.

Мо, бояд барои пешвози Раҳмонов машқи рақс кунем ва суруд аз бар намуда ҳангоми сафари вай барои вай бихонем. Чанд нафар-тренерҳоро аз Душанбеву Хуҷанду Кулоб барои машқу ёд додани мо овардаанд.

Як нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ки дигарҳоро ҳам огоҳ кунам ва худам ҳам ягон гапи зиёдатӣ дар пеши инҳо дар бораи Раҳмонов нагуям, чунки гуфт вай ин занҳо мумкин аст ки агент ё хабаркаши амният бошанд. Манзураш ҳамон тренерҳои омада аз берун аст.

Аммо ҳоло мо бо онҳо шинос шудем ва як ду нафари онҳоро мо бештар ҳамсуҳбат шудем.  Бахудо қасам он қадар аз маршировка ва аз Раҳмонов безор шудаанд, ки мегуянд ин қадар харҷу хароҷот, ин қадар пулро барбод додан, ин ҳама одамҳо, муаллимаҳо, кормандони идораҳоро сарсону саргардон кардан чи лозим? Фақат барои Раҳмонов. Фақат барои онки Раҳмонов раваду наворро бегоҳ аз ТВҳо тамошо кунад ва лаззат барад? Раҳмонов фикр намекунад, ки ин ду моҳ-се моҳ, ки мо аз хонаамон дур мешавем, мардум, ки аз кору бори зиндагиашон маҳрум мешаванд, чи фоида дорад.

Ин бону хеле огоҳтар аз як басаҳнагузоранда ва аз як устоди рақс будааст. Вай гуфт, ки хуб медонад, ки мардуми Помир Раҳмонов ва ҳукумати вайро қади хуг, аз хуг ҳам бештар бад мебинад. Ин зан мегуяд, ки Раҳмонов аз муҳаббат ва ишқу алоқаи бадахшониҳо ба Имоми марҳум Шоҳкарим Алҳусайнӣ-Оқохони 4 сахт рашку нафрат дошт. Аксҳои вайро канд, коргоҳҳову муассисаҳояшро барчид. Ҳатто дар рӯзи мотами саросарӣ барои суги вай ки исмоилиёни ҷаҳон баргузор карданд неруи барқи ҷамоатхонаи марказӣ дар Душанберо қатъ кард.

 Раҳмонов на фақат литсеи Оқохонро басту давлатӣ кард, ҳамчунин замин ва Донишгоҳи   вобаста ба шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи «Серена» дар  Хоруғ низ ба мусодира карда ба ихтиёри давлат дод. Маркази тиббии Оғохонро ҳам кашида гирифт. Чунки Раҳмонов ба худобиомурз Оқохони 4 рашк мекард.

Хулоса, ин зан, ки аслаш намедонам аз куҷо будааст вале аз Душанбе омадааст, аз ҳама чиз огоҳ  аст.

Вай дар бораи онки Раҳмонов дар моҳи майи соли 2023 Рӯшон ва Хоруғро бо танку тӯпу вертолёт ба хоку хун кашид ва даҳҳо нафарро кушт медонад.

   Мо намедонем, ки Раҳмонов аз ҷони мардуми мо чи мехоҳад?

Оқохон-4 барои мо Пешво буд, пешво мемонад. Мо ҳеҷ гоҳ Раҳмоновро пешво намеҳисобем ва намедонем. Оқохони 4 барои мо муътабар ва муҳтарам буд ва ҳамин тавр мемонад ва ҳоло писарашон Аълоҳазрат Шоҳзода Раҳим Оқохони панҷум дар ҷойи вай барои мо пешво ҳисоб мешавад ва ҳар гоҳе вай ба назди мо пайравону муридонаш биёяд мо ӯро аз самими дил ва сидқан пешвоз мегирем. Тамоми коргоҳу корхонаҳои ӯ хизмати мардумро мекард. 

 Мо, мардуми Помир агар аълоҳазрат Оқохони 4 набуд ҳазорон-ҳазор дар он солҳои сахт талаф меёфтем. Моро наҷот дод.

 Мо, агарчи ҳоло барои пешвози Раҳмонов тайёрӣ мебинем, вале ин пешвозгирӣ маҷбурӣ ва ғайрихоҳиши мо аст. Ман ошкоро ва рӯирост мегӯям ва тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон бидонад, ки мо қотили худро пешвоз мегирем на каси дигар ва на бахусус пешвоеро.

Тамоми рақсу суруди мо, тамоми гулу гулдастаҳои моро, ки аз телевизионҳо намоиш медиҳанд, шумо баракс фаҳмед ва қабул кунед. Мо ба Эмомалӣ Раҳмон нафрати хос дорем ва инро донед!                                                                              

                                           Номаи севвум

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Се сол мешавад, ки аз дасти зулму истибдоди Раҳмонов овораи ватан шудаем. Ман, ҳозир дар Амстердам қарор дорам. Вақти ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 ҳамроҳ бо ҷавонмардони ғаюр ва шаҳидони роҳи адолату ҳақиқат дар Рӯшон будам ва яке аз онҳое ҳастам, ки дар тазоҳуроти осоишта барои бастани роҳ иштирок доштам. Инҷо аз он ҳодиса ёдовар намешавам. Тамоми ҷаҳон донист, ки Раҳмонов як президенти одамкуш ва қотил аст. Онҷо аҳолии осоиштаро, ки барои арзу шикоят  расонидан рафта буд тирборон кард ва дар пеши чашми худи ман чанд кас аз тири силоҳи афсарони амниятии Раҳмонов кушта шуданд. Аммо ҳоло шунидам, ки Раҳмонов барои таҷлили рӯзи Ваҳдат ба Рӯшон меомадааст ва чанд вақт будааст, ки барои пешвозгирии вай тамоми мақомоти ноҳия ва вилоят аҳолӣ ва махсусан талабаҳои мактабро маҷбурӣ ба маршировка бурда истодаанд.

 Ёдатон бошад Раҳмонов баъди он ҳодисаҳо дар як маҷлис дар Данғара рӯирост гуфт, ки фармони безараргардонӣ яъне куштани аҳолии осоиштаи Помирро ман додам.

Ман онҷо будам ва мо мехостем пеш роҳбарон рафта сабаби куштори Гулбиддин Зиёбековро пурсем. Мо барои додхоҳӣ омад будем. Аммо болои мо сарбозону афсарон тир кушоданд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Онҷо касе силоҳ надошт. Мтинги мо митинги осоишта буд. Вале Раҳмонов на як бору ду бор буд, ки болои мо лашкар мекашид. Раҳмонов дар замони осоишта, дар шароити ғайриҷангӣ ҳазорҳо помириро кушту зиндонӣ кард. Бубинед, мо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гурезаву овораи ватан нашуда будем, аммо ҳоло дар ақсои олам гурезаю овора ва дарбадарем, ки яке аз онҳо ман мебошам.

 Раҳмонов набояд Рӯшон ё Хоруғ равад. Раҳмонов агар ҳам, ки ояд бигзор биравад қабристони Хоруғ, биравад қабристони Рушон. Сари қабри Гулбиддин ояд? Сари қабри Аслан Гулобов ояд ва аз онҳо ва аз даҳҳову садҳо нафари дигар, ки ҷонашонро Раҳмонов гирифт узр хоҳад,

  Дар воқеъ Раҳмонов бо кадом рӯ ба Рӯшон меояд. Раҳмонов агар ҳам, ки ояд бигзор хонаи модари Гулбиддин, хонаи зану фарзандони Мамадбоқир, хонаи даҳҳо шаҳид дарояд ва ба зону занад ва бахшиш, пиҳилӣ пурсад. Агарчи узри вай узри бадтар аз гуноҳ аст. Агарчи модари шаҳид Гулбудин ҳатто аз Помир хориҷ шуд ва дар Аврупо қарор дорад вале бояд Раҳмонов донад,ки мо интизори ӯ нестем!

  Ман то ҳоло дар ҳайратам, ки чаро тазоҳуроту эътирози осоиштаро тирборон кард ва болои мардум танку тӯп кашид? Чунки Раҳмонов бо мардуми Помир душманӣ дорад. Раҳмонов помириҳоро бад мебинад. Мо инро хуб медонем.

Ҳоло агар Помир таҷлили Ваҳдат меояд, бигзор, ки бандиёни бегуноҳи помирӣ, ки аз 250 нафар зиёданд ва ҳамин чанд рӯзи пеш яке аз онҳо Аслан Гулобов кушта гардид, масалан Улфатхонум, Холбаш, Фаромуз, Ораз озод карда ҳамроҳаш оварад. Аз як хонаи Толиб Айёмбеков чор нафар дар зиндон аст.Онҳоро раҳо кунад ва ҳамроҳаш оварад ва сипас ҷашни Ваҳдат барпо кунад. Ин мардумро кушт, зиндонӣ кард, ҳоло боз меояд, ки ҷашни Ваҳдат барпо кунад? Куҷост мантиқ, куҷост инсофу куҷост имон?

  Бародару хоҳарони ман чи гуфта қотили худро бо рақсу суруд пешвоз гиранд?

Фаромуз Иргашев як ҷавоне, ки аз сад гул як гулаш нашукуфта буд ба сӣ сол зиндон маҳкум шуд. Агар душмнб, агар хусумат бо помириҳо надошт, ин ҳама аҳкоми сангин, то ҳукми абад ба хотири чӣ буд?.
   Шаҳбоз Раҷабзода, шавҳари ғайрирасмии духтарашро, ки ин қадар дуздиву ғорат кард, гуфт ҷавонӣ, вагарна ҳақат зиндон буд, аммо Чоршанбиевро, ки чемпиони ҷаҳон ва ҷавон аст Фаромузро, ки ҷавон аст бе ҳеҷ гуноҳе сӣ солӣ зиндон кард.

 Мо, онҷо роҳро ба рӯи техника ва низомиҳо баста будем, ки даромада халқро напаронанд. Аммо дар худи ҳамонҷо паронданд ва куштанд. Ин манзараҳо ҳанӯзам пеши чашмони ман аст. Як маҳшар ва як қиёмат буд.

Шумораи зиёди аъзои Комиссияи 44, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли Гулбиддин Зиёбеков бо ҳамроҳӣ ва маслиҳати худи мақомот ташкил шуда буд, маҳкум ба зиндон шуданд ва онҳоро террорист эълон карданд. Онҳо чи кори террористӣ карданд? Магар онҳо аз маҳалли зисти худ берун по гузошта буданд. Онҳо, танҳо як бор Душанбе рафтанд. Ва ин сафари онҳо ҳам, ки дар соли 2018 сурат гирифта буд, бо таклифу дархости худи Раҳмонов сурат гирифта буд. Манзури ман даъвати чанде аз пешвоёни мардуми ба шумули Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов буд,ки моҳи октябри он сол бо талаби худи Раҳмонов аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд ва бо вай вохӯрданд. Аммо баъди чор сол онҳоро дастгир карду ба зиндон кашонду шуморе аз онҳоро кушт. Оё ин ҷавонмардист?

Раҳмонов, вақте дар Данғара гуфт, ки ман фаромони қатли помириҳоро додам, дигар ман тавассути Қирғизистон аз ватан баромадам ва мисли ман садҳо нафари дигар тарки ватан кардем. Чунки дигар Раҳмонов эълон кард, ки худам куштам ва ин маънои онро дошт, ки баъдҳо ҳам помириҳоро мекушам. Ҳамин тавр ҳам кард. Чандин нафарҳоро аз Русия қапиду дуздиду бурд. Аз ҷумла Ораз Вазирбековро, ки аслан дар он митингҳо иштирок надошт ва ӯро ҳам ба солҳои дароз зиндон кард. Ҳоло чи шудааст, ки Раҳмонов Помир меояд? Нишон доданист, ки вай зӯр аст. Ҳам мекушаду ҳам водор мекунад, ки ӯро ботантанаву бодабдаба пешвоз гиранд ва барояш достону қасида хонанд. Ҳама чиз бо вақту соаташ ва кори ин дунё ба охират нахоҳад монд ва мо ҳатман хунбаҳои ҳамватанонамонро хоҳем гирифт.

                                        Номаи чаҳорум

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар аз кормандони умури дохила дар шаҳри Хоруғ ҳастам, ки се моҳ мешавад барои «маршировка» маъмур шудаам. Инро ба шумо бигӯям, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар Хоруғ  ва Рӯшон ба режими пуршиддати корӣ гузаронида шудаанд. Аз моҳи апрел ба ин тараф мо, агарчи расман эълон накардаанд вале амалан дар вазъияти режими казармавӣ қарор дорем.

Ду -се соли ахир аксарияти кормандон дар милиса ва амният дар инҷо аз «бачаҳакои боло» оварда шудаанд. Бо мо, мардуми маҳаллӣ камтар бовар доранд.

 Ҳанӯз аз марказ гурӯҳи Алфа ва дигар хадамоти вижа наомадааст. Аммо аз амният ва Хадамоти муҳофизати Раҳмонов ва аз ВКД ҳар рӯз омада истодаанд.

Тадорукот ва омодагӣ барои пешвозгирии Раҳмонов ба шиддат ҷараён дорад. Раиси комиссияи тадорукот барои пешвозгирии Раҳмонов, ки барои иди Ваҳдат Рӯшон ва Хоруғ меомадааст хули раиси вилоят Алишер Мирзонабот аст. Роҳҳо аз тарафи ГАИи марказ назорат мешавад. Фурудгоҳ ҳам ҳамин тавр. Мо ҳолати казармавӣ расман набошад ҳам амалан ҳаминхелем.

  Як нафар писари аммаам дар ҳукумати Хоруғ кор мекунад. Онҳо вазифадор шуданд, ки барои меҳмонҳои меомада шароити ғизову истироҳат омода кунанд. Мегӯяд, ки бисёр сахту сангин аст.

Волидон ва наздикони он нафароне, ки дар ҳодисаҳои моҳи майи 2022 дар Вамар кушта ва зиндонӣ шудаанд дар руихати махсус дароварда шудаанд. Онҳоро, бо фармони марказ мо ҳамарӯза таъкид ва огоҳ карда истодаем, ки ягон ҳаракати ноҷо накунанд. 

Инҷо мисле, ки  кадом иду ҷашн неву тамрини ҳолати ҷангӣ ва изтирорӣ рафта истодааст. Техникаи вазнини ҷангӣ ҳам оварда истодааст. Як навъ тарсу таҳлука Вамарро фаро гирифтааст.

Рӯзҳои омадани Раҳмонов бояд ки ҷамоатхонаҳо баста шаванд. Ягон ҷои ҷамъшавии одамон кор накунад. Шаҳр пур аз ҳар гуна овоза шудааст. Аҳолии Вамар тамоман намехоҳанд, ки ба истиқболи Раҳмонов бароянд, вале онҳоро хонабахона гашта таъкид карда истодаанд, ки байрақчаҳо созанду пешвози Раҳмонов бароянд. Аммо мардум ҳеҷ ҳавасу ҳавсала ва рағбат надорад.

 Шояд беҳтар бошад, ки ин сафар лағв ва қатъ карда шавад.

Он писари аммаам, ки ҳукумати шаҳри Хоруғ кор мекунад гуфт, ки маблағи   зиёд масраф мешавад. Ҳайати меомада калон аст. Хонаи сокинон ҳам барои эҳтиёт омода карда мешавда. Мо аз мардум ҳам пул ҷамъ карда истодаем.

Соли 2023 ҳам Раҳмонов омада буд. Аммо сафараш ба Вамарро қатъ кард. Чунки онҷо дар ҳақиқат мардум омодагӣ дида буданд, ки бо вай баҳсу даъво кунанд. Занҳо чодари сиёҳ ба бар карда ба пешвозаш бо нишони эътироз баромаданӣ буданд. Барои ҳамин тарсид ва ба баҳонаи вазъи саломатӣ аз омадан ба Вамар истиҳола кард. Чунки он вақт ҳанӯз захмҳо ва дардҳо тоза буданд. Акнун Раҳмонов, дарду доғи мардумро поин  фикр карда пеши вамариҳо омаданӣ аст.

моҳи август омада буд аммо аз миёна сафар қатъ кард, амният чи маълумоте дод барояш.

Мо бо роҳҳои имконпазир ба Раҳмонов фаҳмонидем, ки руҳияи мардум хуб нест аз гулуи инҳо ҷашну базм намегузарад, наояд беҳтар аст. Аммо ба назар мерасад, ки меояд ва бидуни шубҳа боиси хашму ғазаби мардум мешаванд. Магар мешавад қотили фарзандатро, шавҳаратро, бародаратро  дар рӯбарӯят бубиниву ором истӣ? Касе наметавонад саддарсад итминон диҳад, ки онҳо ором бошанд. Аммо нашавад, ки ояду  боз муҷиби хунрезии дигар шавад.

Ман, аз Худо мехоҳам, ки ин шумқадами шумнафас ором ояду ором равад, агарчи бисёр ҳам намехоҳам, ки пойи шуми вай ба замини поки мо бирасад.

Назари «Ислоҳ» дар мавриди ин сафари шуми Раҳмонов

Ин сафари Раҳмонов як сафари маънидор аст. Раҳмонов мехоҳад нишон бидиҳад, ки дигар тамоми манотиқи Тоҷикистон таҳти контроли вай аст, аз ҷумла Помир ҳам. Вай дар инҷо мардумро кушт ва ҳоло мехоҳад бигӯяд, ки куштаматон, акнун ба болои куштаҳоятон ба рақс меандозаматон ва рақс ҳам мекунам.

 Раҳмонов, бо ин мардум душманӣ дорад. Инро худаш ҳам ошкоро изҳор дошт ва на як бору ду бор як бор гуфт, ки «чор ҷинояткорро гирифта наметонед» ва эълон кард, ки «ман фармони қатли помириҳоро додам». Раҳмонов то ба ҳадде бо ин мардум нафрат дорад, ки ҳатто санги мазор ва панҷараҳои сари гӯри Мамадбоқир Мамадбоқир, яке аз лидерони ба шаҳодат расидаи мардуми Помирро канд.

Бо дастури мустақими Раҳмонов аксу суратҳои Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4-ро аз ҳамаҷо барканданд ва муассисаҳои ӯро, ки барои ин мардум аҳамияти зиёд доштанд басту давлатӣ карданд, агарчи хуб медонад, ки марҳум Оқохони 4 дар назди ин мардум аз чи ҷойгоҳу эътибору эҳтирому иззате бархурдор аст.

Ман беҳуда намегӯям, ки Раҳмонов аз мардуми Помир бадаш меояд, бо ин мардум душманӣ ва танаффури махсусе дорад. Инҷо далел меоварам. Бубинед, ки Раҳмонов бо помириҳо чи кор кард? Раҳмонов Данғараро минтақаи озоди иқтисодӣ эълон кард, аммо шабакаи Оқохонро баст ва муассисаҳои онро давлатӣ кард. Раҳмонов Литсеи Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара литсейҳову коллеҷҳо кушод, Раҳмонов Маркази тибби Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара бемористони ҷумҳуриявӣ кушод, Раҳмонов Донишгоҳи байналмилалии Оқохон дар Хоруғро баст, аммо дар Данғара се Донишгоҳи давлатӣ ба шумули донишгоҳи давлатӣ фаъол кард, агарчи барои сохти ин муассисаҳо дар Хоруғ як пули пучак масраф накарда буд, аммо ин ҳамаро дар Данғара бо пули бюҷет, бо пули халқи Тоҷикистон кард.

Раҳмонов замини Помирро ба Хитой дод, Раҳмонов дар Помир базаи ҳарбии Хитойро овард.

Раҳмонов дар Данғара бо пули хитоиҳо чандин корхонаву муассиса сохт, аммо конҳои Помирро ба онҳо дод.

 Раҳмонов Вамар барои таҷлили Ваҳдат намеравад, Раҳмонов Вамар барои намоиши зури бозу ва ҳамчун ғосиби қалъаи Вамар меравад.

Лоҷуварду ақиқу лаъли Бадахшонро гирифт, Гармчашмаро гирифт ва роҳҳои тиҷорати наркотикро ҳам тасоҳуб кард

Чаро бо он мардуми муътариз музокира накард? Чаро онҳоро се соли пеш Душанбе оварда тавонист, аммо ин навбат гапашонро шунидан нахост? Гапи зиёд набуд. Савол ин буд, ки Гулбиддин Зиёбоеков чаро кушта шуд?

Ҳамаи инҳо аз он шаҳодат медиҳад ва далолат мекунад, ки куштори мардуми мулкӣ ва бесилоҳи Помир  барномариезишуда аз қабл буд. Вай дар соли 2015 ҲНИТро зад ва мебоист Помирро ҳам мезад, то хотираш ҷамъ мешуд, ки дигар ҳарифу рақибе надорад ва ҳарчи бо ин мардум бихоҳад, мекунад:

Эй, забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чи кор оядат ин ҷаҳондорӣ,

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ.

Share This Article