Вазорати маориф: «фурӯши форма кори мактаб нест»,

Ислоҳ нет

 Директори мактаб: «то чекша наёрен, ба мактаб роҳ дода намешен»

Нафаре, ки ин матлабро навишту фиристод мехост, ки навиштааш дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» мунташир бишавад. Аммо муҳиммият ва актуалӣ будани масъала ва мавзӯъи ин навишта водор кард, ки онро таври алоҳида барои нашру пахш омода намоем.

Сухан дар бораи чӣ меравад? Беҳтар аст пурсишро ба ин тарз бигзорем, сухан дар бораи кӣ меравад? Сухан дар бораи як директори мактаб меравад, ки ҳамзамон масъулияти раисии маҳалларо ҳам бар зимма доштааст.

Ин нафар, ки ҳамагӣ директори мактаб ва раиси маҳалла аст, тавонистааст, ки чанд бинои иҷтимоии барои мардуми деҳа муҳиммро аз они худ намояд ва ҳамчунин аз ҳисоби ҳудуди мактаб бар ивази пул ба афроде иҷоза бидиҳад, ки хона бисозанд. Афзун бар ин чи қадар заминҳои деҳаро ройгон документ карда ба дигарҳо фурӯхтааст.

  Ин директор, мудири мактаби миёна дар як деҳаи ноҳияи наздик ба пойтахт аст, ки дар шумори ба истилоҳ «навоҳии тобеи ҷумҳурӣ» дохил мешавад.

Директори мактаб тавре аз навишта бармеояд, ба тамоми мақомоти ноҳия иртиботу ҳамкорӣ, балки ҳамдастии танготанг дорад. Ва, ҳамин тақарруб бо мақомот ӯро сахт густох кардааст ва ҳар чизеро, ки дилаш хостааст, аз они худ кардааст.

Маълум аст ки дар доираи барномаҳои хусусисозии Раҳмонов дар тамоми кишвар иншооту биноҳои давлатӣ бо нархи тамоман ночиз, ки ба арзиши воқеӣ мутобиқат намекунад, фурӯхта шуданд. Дар ин миён ҳатто биноҳои маъмурӣ, масалан бинои ҷамоату беморхона ва ё мактабҳову боғчаҳо ҳам шахсӣ гардонида шуданд.

Воқеият ин аст, ки дар пушти ҳама ин хусусисозиҳо пулу пора нақши калидӣ бозидааст. Вагарна имкон надорад, ки ин гуна биноҳову иншоотҳо, ки моликияти ҷамъиятӣ, моли мардум аст фақат ва фақат аз тарафи барои мисол раиси ҷамоат, директори мактаб, раиси хоҷагии деҳқонӣ ва наздикони онҳо хусусӣ ва шахсӣ карда шавад.

 Ҳазорҳо ҳазорҳо мавориди қонуншиканӣ дар ин ҳолатҳо вуҷуд дорад, ки феълан мисли номаи сарбамӯҳр нокушодаанд, агарчи ҳамагон медонанд, ки барои мисол бинои садик, мактаб ва ё бинои дигаре, бо он нарх, ки гуё аз тарафи давлат фурӯхта шуд, тамоман нимбаҳо ва ҳатто мешавад гуфт, ки ройгон хусусӣ, ғайридавлатӣ гардонида шудааст. Моли давлатро онҳое «ғайридавлатӣ» карданд, ки худ корманди давлатанд. Аммо ин кормандони давлат тавре ғайридавлатӣ карданду карда истодаанд, ки ба сари давлат оби хунук рехта истодаанд.

Маълум аст об аз болои боло лой аст

  Ҷараёни хусусисозӣ дар кишвар ғайришаффоф, балки бо ҳиллаву найранг сурат гирифтаасту сурат мегирад. Ҳама чиз дар зоҳир аст, аммо дар дарун кор ранги дигар аст. Масалан бар тибқи аснод ҳам чиз росту дурусту воқеӣ ва ҳақиқӣ ба назар мерасад. Вале дар асл ҳеҷ гуна музоядаву ауксионе ба амал бароварда намешавад. Ҳамон комиссияи нархгузор ҳам моли 10ҳазор доллариро бар ивази 100 доллар 1000 доллар нархгузорӣ мекунад

Эълони музоядаи барои мисол фурӯши бинои мактаб ё боғча ва ё мошинсаро ва ё ҳар чизе дигар тибқи қонун бояд дар нашрия як моҳ қабл эълон шавад. Вале, аз онки нашрияро касе намехарад, мардум бохабар ҳам намешаванд, ки масалан бинои мактабашон ба фурӯш гузошта шудааст. Вақте мефаҳманд, ки аллакай он бино соҳиби худро пайдо кардааст.

Хулоса, инҷо як схемаи моломоли фанду фиреб, як махинатсияҳое ҷо дорад, ки дар он худи давлатиҳо шариканд. Мансабдорон давлати худашонро фиреб медиҳанд. Чунки нафари харидор ба онҳо ҳақ-доля медиҳад.

 Гап дар инҷо аст, ки ин гуна афрод, ба мисли директори мактаби Шаҳринав дар ҳамаи ноҳияву деҳаҳо ҳастанд, ҳамаро тасоҳуб кардаанд, хусусӣ сохтаанд. Ва, ҳоло инҳо пулдору мансабдоранд.

Чунки ин корро дар худи боло ва худи болоиҳо ташкил карданду сохтанд. Масалан Ҳасан Ориёнбонкро захватит кард, Анвар Текстилро, Эмомхуяк Тоҷиккабелрову Раҳматуллои додарзани Раҳмонов замину замони Колхозободро. Рустам замину замонро барои ширкати Мармарӣ. Ва ҳамин тавр   ин ҷараёну ин ҳолат омад ба сатҳи вилоят, ба сатҳи ноҳия ва ба сатҳи ҷамоат.

Номаи зер ҳам ҳикояти воқеӣ, ҳодисаи имрӯзи мост. Ва, мутмаинам, дар деҳу шаҳру ноҳияи шумо ҳам ин гуна афрод ҳастанд.

                                   Шаҳринав

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини ноҳияи Шаҳринав, деҳаи Сабо, участакаи Деҳқонобод, бо номи Қирғизон мебошам. Феълан дар берун аз кишвар кору зиндагӣ дорам. Зиёд гап намезанам, рост меравам ва асли матлабро мегӯям.

Ман дар бораи Ҷӯраев Кароматулло, директори мактаб ва раиси маҳаллаамон мегӯям. Ҷӯраев Кароматулло, директори мактаби рақами 39 аст ва 12 сол мешавад, ки дар ин вазифа кор мекунад. Охири соли хониш сари ҳар як хонанда 50 сомонӣ гирифт. Тасаввур кунед оилае, ки 4, 5, 6 кудак дорад, чанд сомонӣ дод? Бо ин пул гӯё мактабро ремонт кард. Ремонт ҳамагӣ бо як сатил эмулсия. Ягон хел усто наовардааст, писари худи директор ба ҳайси усто якчанд рӯз кор карду халос, рангро шакид.

  Ин мактаб дар соли таҳсили ҷамъбастшуда 520 талаба дошт. Аммо дар ин соли хониш, ки чанд рӯзи пас, сентябр шурӯъ хоҳад шуд, теъдоди талабаҳо ба чанд мерасад, намедонам.

Ҳоло инҷо аз муносибати директори мактаб ба мактаб ва иншооти он гап мезанам.

    Ҷураев Кароматулло, директори мактаб стадиони мактаб-майдони варзиши хонандаҳоро, маълум нест, ки бо кӣ маслиҳат кард, чи кор кард, аз кӣ иҷозат гирифт, тавре кард, ки як хона дар лаби он сохта шуд. Масоҳати замини стадионро майда кард, хона сохт. Яъне чи тавр? Директори мактаб пулро гирифт ба киссааш зад. Чи коре карду даҳани мардум ва даҳани мақомотро баст. Он одаме, ки аз лаби стадион барояш директор замин ҷудо кард, хона сохту гирифт. Гӯё хона дар лаби стадион, аммо дар асл дар замини стадион (наворҳояшро равон мекунам). Яъне директор аз ҳудуди стадион барои ин одам як ҳиссашро фурӯхт!

 Боз ин директор чи кор кард?

Дар деҳа мактаби нав сохта буданд. Аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави ин мактаб панҷ сол гузашт. Мактаб ягон чиз талаб намекард. Нав буд, таъмирталаб набуд. Аммо мактаб нав ҳам бошад уже чанд бор пул талаб мекарду мегирифт, аз сари ҳар талаба понздаҳ сомонӣ. Гӯё барои ремонт-таъмир. Дар ҳоле, ки мактаб, чи хеле гуфтем, таъмирталаб нест, панҷ сол шудааст. Аммо имсол омаду сразу на понздаҳ сомонӣ, балки панҷоҳ сомонӣ гирифт. Мо намедонем, ки чи хел ин одамро фаҳмонем, ки ту чи ҳиллабозӣ дорӣ. Чунки инро ягон чӣ гуфтан намешавад. Чаро? Ба хотире, ки вай ба номи бародараш мегирад. Номи бародараш Ҷураев Зайниддин аст ё Ҷӯразода шуда бошад мумкин  ва дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Ҳамаро бо ному вазифаи ҳамин бародараш тарсонида аз ному мансаби бародараш суиистифода бурда гаштаст. Лекин мо медонем, ки он бародараш беҳтарин одам аст, хабар надорад аз ин корҳои вай. Ин худаш ҳамин хел як мутилшики воҳимачии маккор аст.

 Ростӣ боз як бародари дигар ҳам дорад, ки Насриддин ном дорад. Ҷӯраев Насриддин бисёр инсони хуб, хоксор, хушмуомила ва ба ҳама як хел аст. Қаблан дар суд кор мекард, ҳоло дар кадом банк. Ягон бор нашунидем ,ки пора гирифта бошад. Одами худотарс аст.

Бубинед, ин ташнобхонаи мактаби нав ба чи аҳвол аст? (наворашро дастрасатон мекунам).

 Акси бинои куҳнаи мактаби №39 ро бубинед. Инҷо утоқи амбулаторияро ҳам мебинед ва он кришаҳо, ки метобад кришаҳои хонааш аст. Дар онҷо хона кардагӣ аст, хона неву времянка. Ба он хотир, ки ҳамчун хона документ карда тавонад. Дар ҳаминҷо хонаи худаш ҳам ҳаст, писарҳояш мешинанд. Ин директори мактаб чанд магазин ҳам дорад, ки сурати магазинҳояшро низ мефиристам.

 Боз як кори дигари Ҷураев Кароматулло, директори мактаби №39-и Шаҳринав

  Директори мактаб садики мактабро аз они худ кард.

Бубинед, чи хеле гуфтем, мактаби деҳа рақами 39 аст. Ва низ гуфтем, ки мактаби нав сохтанд ва тоблуи рақами 39 навиштаро канданду ба бинои нави мактаб насб карданд, албатта, барои ин кор ба баъзе аз мақомот пора ҳам дод. Акнун доноиву зиракӣ, аниқтараш ҳиллаву найранги директорро бинед. Бинои мактаби кӯҳнаро ҳамчун садик-боғчаи бачагона ҳуҷҷат кард. Дар ин боғчаи як -ду сол кудакҳоро овард, аммо ҳоло ҳеҷ кас кудаконашро ба ин садик намебарад. Барои онки ғизоҳои тамоман пастсифат:- колбасаҳои туршида, сосискҳаи варамкардаву вайроншударо ба кӯдакҳои мардум дод. Чандин нафари кӯдакҳо отравит-заҳролуд шуданд. Ҷӯраев Кароматулло зани худашро дар ҳамонҷо ба кор монд. Писари худашро ҳамонҷо ба  кор монд. Дар онҷо ягон нафари бегона нест. Як муаллимаро оварду  халос. Ва дар ниҳоят он мактаби №39-и қишлоқи Шӯроб, яъне садикро ҳамчун хона оформит кард. Ҳозир даводав доранд,  ки дар замини онҷо хона созанд.Ду писараш аллакай дар онҷо времянка сохтагӣ. Уже ҳамин ду писарашро оварда дар онҷо шинонд.

Ин директори мактаб боз чи кор кард?

Амбулаторияи ҳамон маҳалларо як бор ҳаракат кард аз ҷояш хезонаду  барад ба қишлоқи Деҳқонобод. Масҷиди он деҳа маҳкам аст. Хост дари он масҷидро кушояду онро ба духтурхона табдил кунад. Бо мақомотҳо маслиҳат кард, иҷозат доданд, аммо халқ розӣ нашуд.

  Дар солҳои тахминан 1985-86 дар инҷо як амбулатория кушода шуда буд, яъне метавон гуфт, ки духтурхонаи маҳаллӣ.

Ин директори мактаб боз чи кор кард?

Гап дар инҷо аст ки Ҷӯраев Кароматулло, раиси маҳалла ҳам ҳаст. Акнун ин раиси маҳалла, ки ин ҳама биноҳову ҷойҳоро аз худ кардааст, боз болои инҳо, дар болои ҳамин садик, аз дарё боло ду гектар боғ ба ном хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда аз они худ намуд. Ин раиси маҳалла боғи гелос, шафтолу, анор, себ, зардолуи деҳаро дар масоҳати ду гектар аз худ кард. Ба мардум гуфт, ки «ин замин ба номи Ҷӯраев Зайниддини додарам аст ки дар прокуратура кор мекунад». Мардумро бо номи Прокуратураи генералӣ тарсонд, ҳеҷ кас овоз баланд накард, ҳоло бошад истифода бурда гаштаст. Яъне як директори мактаб ин ҳама ҷову биноҳоро аз худ намуд.

Хулоса ду гектар замин дар боли маҳалла дорад ва гуё хоҷагии деҳқонӣ кардааст ва боз ду гектари дигар боғ дар лаби дарё дар поёни деҳа дорад.

Ҷураев Кароматулло ба ин заминҳояш аксари вақт талабаҳои синфҳои болоиро бурда кор мефармояд. Талабаҳо бояд дарс хонанд, аммо ин одам онҳоро бурда бепул кор мефармояд.

Муаллими Холов Турахон ҳам бояд фаҳмад, ки талабаҳоро ба ҷои ӯ кор набарад.  Холов Турахон дар ҳамин мактаб муаллим аст. Як раиси маҳалла чи хел ду гектар болои маҳалла ва ду гектар поини маҳалла заминро, ки камаш бист-30 нафар сокини деҳа истифода мекард, гирифта аз они худ мекунад?  Холов Турахон пештар раиси ҷамоат буд.Ҳозир дар мактаб муаллим шуда кор мекунад. Ин як огоҳӣ ба Холов Турахон аст. Оянда аз пайи ӯ мешавем. Вақте раиси ҷамоат буд чи кор кард, чи хел заминҳоро фурӯхт, ба киҳо чи хел дод, кадом заминҳоро дод, ҳамаашро менависем.

Ҷураев Кароматулло ,ки директори мактаб аст, боз чи кор кард?

Дар деҳаи Советободи ҷамоати Сабо азбаски аҳолӣ зиёд шуд ва барри мардуми фақиру камбағал аз замини лалмӣ барои участкаи наздиҳавлигӣ замин ҷудо карданд, як замини 7 сотихиро гирифта ҳуҷҷат сохт, ки хона мекунад. Вале онро ба шахси дигар фурӯхт.

Боз як замини дигар гирифт. Аз он сабаб, ки раиси маҳалла  ҳаст бо коргарони ҷамоат забон як карда  боз як замини дигар гирифт ва хона андохт ва ба як писараш монд.

Боз ду замини дигар (манзур участкаи наздиҳавлигӣ) аз деҳаи Навободро гирифт ва ба номи хешу табораш санад карда он заминҳоро ҳам фурӯхт. Якеашро фурӯхт якеи дигараш мондааст, вале ба фурӯш гузоштаву харидор кофта истодааст.

 Ҳозир дар деҳа ҳастанд одамоне, ки чор оила дар якҷо ҳавлӣ ва дар як участка зиндагӣ доранд. То ҳозира даводав мекунанд, замин гирифта наметавонанд. Аммо ин директори мактаб бо номи Ҷураев Зайниддини бародараш, ки гуфтем дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад ҳамаро: отделашро ҳам тарсондагӣ аст, маорифашро ҳам тарсондагӣ, (инро намегиранд аз директорӣ). То худи раиси ноҳия, ки намояндаи Президент ба ҳисоб меравад гапаш ранги лезва мегузарад. Додарам дар Генпрокуратура кор мекунад гуфта  аз номи бародараш Ҷӯраев Зайниддин  суиистифода мебарад. (Ман сурати худи ин одам ва низ видеоҳои бобояшро ба шумо дастрас мекунам). Ман бовар дорам, ки он бародараш ин хел одам нест. Худи ин директор ҳамин хел рубоҳи маккор аст аз номи ӯ истифода мебарад. Ҳамаро метарсонад.

Боз ин директор, раиси маҳалла дар қишлоқ бузҳои худро дорад. Як нафари онҳо Урунов Искандар бо кличкаи апарат аст. Дар ҳар куҷое, чизе шавад, дар байни одамҳо  ва дар маҳалла зуд ва саросемавор ба отдел хабар медиҳад. Ин бузи Ҷураев Кароматулло аст. Ин Ҷураев Кароматулло ҳам директори мактаб аст ва ҳам директори садик ва ҳам раиси маҳалла. Аммо магар маошу пули як директори мактаб барои харидории ин ҳама бинову иншоот мерасад?

Бародар Муҳаммадиқбол, ман ин ҳама ноадолатиҳоро ба чашми сарам дидам ва дида истодаам ва барои ҳамин ба шумо навиштам. Чунки дар дигарҷо на чоп мекунанд ва на мепурсанд.

Илтимосу хоҳиш ин аст, ки шумо онро нашр мекунед. Чунки ҳоло иштиҳои директор аз пештара ҳам калон шуда истодааст ва мехоҳад дигар биноҳои иҷтимоии дар хизмати мардумро ҳам ба истилоҳ хусусӣ карда гирад. Ман аз номи тамоми мардуми деҳа талаб мекунам, ки ба амбулаторияи мо нарасад. Чунки он барои деҳа як ободӣ аст. Аммо, Ҷураев Кароматулло, директори мактаб ва раиси маҳалла мехоҳад онро хонаи шахсии худаш кунад. Яъне инҷо боз чи ҳилларо ба кор бурданиаст? Мехоҳад духтурхонаро ба масҷиде, ки маҳкам кардагианд барад. Яъне духтурхонаро ба масҷид деҳаи Қирғизон барад ва ин амбулаторияро ҳам ба ҳамон масҷид кӯчонад ва сипас дари худи ин амбулаторияро ибтидо маҳкам кунад ва дар охир аз давлат харад ва дар онҷо хона ва зиндагӣ кунад. Чуноне дигар биноҳоро, ки дар боло гуфтем, бо ҳамин ҳиллаву найранг бо нархи тамоман ночиз харида хусусӣ кард. Ҳозир бо ҳамин мақсад нақша кашидаву барои ин кор даводавӣ дорад.

Ва дар охир аз бузи деҳа гуфтаниам. Урунов Искандар бузи деҳа, яъне ёрдамчии ҳамин Ҷураев Кароматулло, ёрдамчи отдел мебошад. Дар ҳар куҷо чи гапу хабаре мешавад, хабари мардуми маҳалладар ҳол  сабт карда ба отдел равон мекунад. Ман ба ин аблаҳ гуфтаниам, ки бас кун. Аз дасти ту занат ҳам шарм медорад, падарат ҳам шарм медорад. Ту аз Худо шарм кун!  

Чи кор мекунӣ мардуми деҳа ва бачаҳои ҷавонро фурухта? Бедарак ва басос отдел бурда пулҳояшонро канда ҷавоб медиҳанд.

Дар деҳа ҳастанд мардҳои ҳақгӯ. Масалан акаи Исмоил. Чанд вақт пеш дар як маҷлис ба тарафи Кароматулло гуфт магар дар Шаҳринав ғайр аз ту дигар раиси маҳалла нест? Раиси ҷамоат ҳам дар он  ҷо буд.

 Чанд тан аз мардуми деҳа хестанду ӯро гуфтанд, ки «ин кӯчида омадагӣ аст, ин ҳақи гап задан дар инҷо надорад, ин хонадомод шуда омадагӣ». Яъне Кароматуллоро гуфтанд.   

Раиси ҷамоат Кароматуллоро хезонда гуфт, ки гап чи шудааст. Вай гуфт «ин камтар ақлаш рафтагӣ аст, саломатиаш дар ҷояш нест,яъне бемории рӯҳӣ аст)))» ва бо ҳамин гапҳои ноҷо   шаъну шарафи акаи Исмоилро паст зад. Лекин дар асл он одам ҳақро мегӯяд ва аз ҳамин ростгӯиаш буд, ки дар маҷлис берӯву риё гуфт, Кароматуллро, ки «ғайр аз ту раиси маҳалла нест»?

Чаро ин гапро гуфт? Чунки муллоҳои қишлоқ ҳам кунбардори ҳамин раиси маҳаллаанд. Дар деҳа ду мулло ҳаст, ки ҳардуяш ҳам кунбардори ҳамин Кароматуллои директори мактаб, ки раиси маҳалла ҳам ҳаст. Мардум борҳо гуфтанд, ки домуллоҳо эҳтиёт шавед, аз рӯи ҳақиқат кор кунед. Пушти раиси маҳалларо гирифта аз мардум, бедараку беҳудаву нолозим пул ҷамъ накунед.

 Ин як огоҳӣ. Ислоҳ нашавед, муллоҳои қишлоқ дар бораи ҳардуятон менависему чоп мекунем.

Мана ин Урунов Искандар сеюм бузи маҳалла.

 Урунов Искандар, бузи деҳа ба он қайниҳои акаат занг мезанад, мардумро сурат ва навор гирифта ба вотсапа ё телеграмаш мепартояд. Ба наздики бачаҳое, ки дар стадион ҷанг шуданд:- Юсупов Зоҳир, Юсупов Фазлиддин, Юсупов Зафар, Юсупов Зоҳид, Юсупов Ҳамроқул ҳамаашонро сурат гирифта ҷангашона ба навор бардошта дар отдели Шаҳринав ба Комили уголовний розиск партофт. Комил омаду бачаҳоро дастгир карду бурд. Баъзеашонро ҷаримаҳои калон басту пулҳояшонро гирифту сар дод. Вале баъзеи дигарашон, ки сум надоштанд, то ҳозира даводав доранд, равубиё карда истодаанд, чунки дело кардааст. Ин Комил қайнии акаи Искандар аст. Искандар аз рӯи ҳамон мардумро метарсонад. Аз рӯи ҳамон буз то ҳозира кашокаш даводав рафта истодааст. Он ҷанҷол, ки Искандар навор гирифта ба Комил фиристодааст дар бозии футбол сурат гирифта буд. Кришаи ин Искандари буз ҳамин Комил аст. Дар бораи ин Комили уголовний розиски Шаҳринав шумо дар ду ё се барномаи «Номаҳо..»-и пешина гуфта будед. Искандар аксу навор мегирад ба Комил дастрас мекунад ва Комил меояду мардумро шантаж мекунад, пул меканад, дело мекунад. Пулдор бошад пулашро меканад ҷавоб медиҳад, камбағал бошад дело мекунад роҳӣ кард турма. Намедонем Комилча худаш хабар дорад надорад, аз ин корҳои Искандар, лекин аз рӯи кору бораш маълум, ки вай хабар дорад. Барои онк ки ҳама  маводҳоро мегирад ӯ мепартояд. Дар ҳамин ҷангҷоли стадион ҳам Комилча бо опергруппа омада воҳима карда бачаҳоро гирифту бурд ба отдел. Ин Искандар чи хеле гуфтем бузи раиси маҳалла ҳам ҳаст.

Мо ба Искандар Урунов  чи гуфтанием?

Гуфтанием, ки «Искандар ё бузия бас кун, ё буро дафъ шав аз қишлоқ ё дар байни мардум, дар тӯю маърака нагард. Аз дасти туя бачаҳои қишлоқ дар куҷое гарданд, мегуянд, шайтон омад буз омад». Ту дар пеши зану оилаат чи хел мегардӣ?  Камакак ғурури мардиатро бедор кун, ту шармандаи  беобурӯ, дар пеши зану кудаконат изо намекашӣ аз ин амалҳои пастат, як мардаки калон бузӣ мекунӣ? Синну солат ба як ҷое расидагӣ.

Ва дар охир ду масъалаи дигар

Кароматулло Ҷӯраев, директори мактаб, ки бояд насли наврас, бачаҳои мардумро тарбият диҳад дар тарбияти бачаи худаш оҷиз аст. Мо ҳамон Тоҳир Ҷӯраеви бачаашро дар назар дорем, ки дар военкомат кор мекард вале аз онҷо сураш карданд. Чунки ин Тоҳир игроман аст, игровой мезанад, қиморбоз аст. Хуб, бигзор, ин кори худаш аст. Аммо гап дар он бора меравад, ки ин Тоҳир як барбар мардуми деҳа, хурду калон, зандору муҷаррад, ҳатто калонсолҳоро фиреб карда ҳазор, панҷсад, сесад, дусад сомонии онрҳоро гирифта вале барнамегардонад. Яъне ин пулҳоро барои қиморбозиаш қарз карда гирифтааст, аммо барнамегардонад. Аз ним зиёди мардум қарздор аст. Шахсан аз худи ман ҳам қарздр аст. Вақте директор бачаи худашро тарбия карда натавонад, бачаи мардумро чи гуна тарбия мекунад? 

Масъалаи дигар ин аст ки новобаста аз онки вазорати маориф ва вазири маориф таъкид карданд ва эълон карданд, ки фурӯши формаи мактабӣ кори мактаб ва маҷбурӣ нест, ин директори мактаб тамоми талабаҳоро маҷбур карда истодааст, ки рафта аз мағоза ва ателеи Амин-коммерсант аз Шаҳринав бихаранд. Ин ателйе дар ошёнаи дуввуми мағозаи Мин-комемерсант ҷойгир аст. Ҳатто муаллимаҳо ҳам талабаҳоро маҷбур карда истодаанд, ки маҳз аз ҳамон мағоза формаи мактабӣ бихаранд. Директор таҳдид карда истодааст, ки дар сурати чеки он мағозаро оварда нишон надодан он талабаро ба мактаб роҳ намедиҳад. Гуфтааст, ки «чекша меёриву дар комиссяи мактаб нишон медиҳӣ»

Share This Article