(бахши аввал)
Салому алейкум кормандони Пойгоҳи мардумии Ислоҳ.нет. Дар бораи як донишкада ва низоми даромади соҳаи маориф маълумоти зиёд дар дасти мост. Мо хостем ин маълумотро ба бахшҳои гуногун тақсим кунему як-як ба шумо ирсол намоем,то ҳама донанд,ки чи гӯна фасод ва ришва дар ин вазорат ниҳодина шудаасту ин соҳаро фалаҷ кардааст.
Бахши аввалро ба даромади ғайриқонунии кормандони соҳаи маориф аз худи вазорат, то донишгоҳу макотиби миёна ихтисос додем. Роҳҳои асосии даромади вазорат бештар аз се чиз аст: вазифафурӯшӣ, грантфурушӣ ва интиқолу барқарори муҳассилин.
вазифафурушӣ: Мавриди таъкид аст ки шуморе аз кормандон бе додани маблағу тағобозӣ ба вазифаҳо таъйин мегарданд, аммо ин як дарсадии хеле камро ташкил медиҳад. Феълан таъйини муовинони ректору деканҳо дар донишгоҳҳо, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ҳамин тавр то поинтарин сатҳи ин соҳа дар салоҳияти вазорати маориф аст. Масалан декани факултет, бо фармони ректору тасдиқи вазир таъйин мешавад. Нархи ин вазифа (стартовий сена) аз 5 ҳазор доллар сар мешвад, дар баъзе ҳолатҳои ками дар кам ба се ҳазор доллар ҳам гирифтаанд. Нархи вазифаи деканӣ аз донишгоҳу ихтисосҳои дохили факултет вобастааст. Агар декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва он ҳам дар Донишгоҳи миллӣ бошад аз 30 ҳазор доллар сар мешвад. Зеро дар Донишгоҳи миллӣ интиқолу барқарор аз 500 доллар, ҷавобдиҳии моҳона аз 500 сомонӣ, баҳои рейтингу имтиҳон то 100 доллар, госэкзамен аз ҳазор сомонӣ боло сар мешавад ва ин факултет нархаш хеле гарон аст нисбат ба дигар ихтисосу дигар донишгоҳҳо. Муовинони ректорон бошад аз 7 то 12 ҳазор доллар ва болотар шурӯъ мешавад. Як ректори донишгоҳ ба таври маъмулӣ 5 муовин дорад. Муовини ректор оид ба: таълим, тарбия, илм ва иноватсия, робитаҳои хориҷӣ, хоҷагидорӣ. Ин вобаста ба кадом муовин таъйин шудан аст. Масалан нисбат ба дигар муовинҳо муовини ректор оид ба таълим, ки аз тарафи вазири маориф таъйин мегардад даромади бештар дорад ва муовини якум ҳам ба ҳисоб меравад. Раиси комиссияи интиқолу барқарор аст, тамоми баҳои донишҷӯёнро ӯ ҷамъбаст мекунад, нақшаи таълимӣ, иҷозати аз андозаи муқаррарӣ зиёд гирифтани соати дарсӣ, иваз кардани омӯзгорони фанҳо, иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар дарс, аз реферат ё кори курсию таҷрибаи таълимӣ гузаштан ва садҳо чизи дигар охираш дар дасти муовини ректор оид ба таълим аст, ки ҳамаи ин нарх ва ё даромади худашро дорад. Бинобар ин, нархи муовини аввал болотар аст. Ҳамин хел муовини ректор оид ба хоҷагидорӣ ҳам ба истилоҳ вазифаи равғанист. Агарчи охирон муовин ҳаст вале бо сабабе, ки тамоми корҳои таъмириву ободонӣ дар дасти уст, “даромади нағз” дорад. Масалан барои хариди маҳсулот меравад, бо соҳиби мағоза маслиҳат мекунад, ки ман аз ту миқдори 10 ҳазор сомонӣ харид мекунам ва ту 10 ё 15 % арзонтар медиҳиву аммо дар счетфактура нархи аслиро менависӣ, тоҷирҳо ҳам розӣ мешаванд. Шояд аз 15 % фоида 2 ё 3 фоизашро дар роҳ сарф кунад, аммо дигараш дар кисса.
Мансабгирҳои соҳа ба маҳзи касби ин даромадҳо вазифаро аз ректор ё вазири маориф мехаранду дигар фақат дар фикри дуздиву ҳаромхурӣ. Инҷо мешавад даҳҳо мисоли мушаххас овард, аммо феълан бо ҳамин нуктаҳо иктифо мекунем.
2.Грантфурушӣ: барои рушди қисматҳои гуногуни соҳаи маорифи кишвар грант ё ҳамон сармоягузориҳо аз кишварҳои хориҷ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пулҳои ниҳоят калон ҷудо мешвад. Ин пулҳо аввал ба вазорати маориф меоянд, вазорат дар асоси талабот бояд комиссия ташкил кунаду лоиҳаҳое, ки аз тарафи донишкадаҳо ё шахсони алоҳида таҳия мешванд бо баргузории як озмун онҳоро мавриди омузиш қарор диҳад. Агар кадоме аз ин лоиҳаҳо аз тарафи комиссияи мустақил бештар тарафдор пайдо карду барои пешрафти соҳа беҳтарин муаррифӣ гардид, пул бояд ба он ҷудо карда шавад. Аммо ин дар рӯи коғазу дар хоби шабҳо мемонаду дар вазорат музояда баргузор мешавад, ки соҳиби кадом лоиҳа чанд фоизашро ба вазоратиҳо медиҳад, ё тағои касе зуртар бошад ҳамон мегирад. Дар вазорат ва донишгоҳҳо сохтори махсус оиди грантҳои хориҷӣ амал мекунад, ки инҳо бо ҳам робитаи “корӣ” ё ҳамон доду гирифт доранд. Барои ҷудо кардани як грант аз 20 то 50 фоизаш аз они вазорати маориф мешвад. Ва ин, аз вазир то коргарони раёсати грантҳо тақсим мешвад. Фоизи боқимондаи он дар лоиҳа ва киссаи раёсати донишгоҳ тақсим мешавад. Масалан соли 2019 барои як лоиҳа, ки ба донишкадаи забонҳо (он вақт донишкада ду лоиҳа барои пешниҳод дошт, яке оиди баланд бардоштани касбияти донишҷӯдухтарон ва дигар оиди таъмини таҷҳизоти техникӣ. Ростӣ дақиқ намедонам барои кадоме аз ин ду буд, ки 400 ҳазор доллар ҷудо шуда буд. Он вақт мудири бахши грантҳои хориҷӣ дар донишкадаи забонҳо Ғафуров Зоир буд, ки тибқи маълумоти мо ӯро аз фоидаи лоиҳа берун карданду кор миёни се -чор нафари раёсати донишкада (ректор Раҷабзода М., сармуҳосиб Гулов Саидориф, муовини ректор оиди хоҷагидорӣ Назруллоеав А. ва як нафари дигар ҳал шуд. Аз ин маблағ танҳо хобгоҳи донишкадаро, ки аз 6 ошёна иборат аст, таъмир карданду як ду мизу курсӣ ҳам то ҷое шунидам ба донишкада оварданд, ки барои ҳисобот намоён бошаду бо ҳамин халос. Тамоми харид то ҷое, ки мо дидем тахминан ҳудуди зиёдтар аз 100 ҳазор долар ҳаст. Боқӣ дар қиссаи масъулини вазорату донишкада.
3.Интиқолу барқарории донишҷӯён: ин яке аз сердаромадтарин роҳ аст, ки ҳам кормандони вазорат ва ҳам кормандони донишгоҳҳо аз он даромади муфтро соҳиб шудаанд. Интиқоли донишҷӯ аз як ихтисос ба дигар ихтисос ё аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар сурат мегирад. Тибқи қонунгузории соҳаи маориф донишҷӯ то курси 3 ҳақ дорад аз як ихтисос ба дигар исхтисос интиқол гирад, чӣ он дар дохили як донишгоҳ ё берун аз он, фақат барои ихтисоси мегузашта аз фанҳое, ки нахондаеду донишҷӯёни он ихтисос хондаанд фарқият (имтиҳон аз он фанҳо) месупоред ва инчунин розигии ду донишгоҳу маориф зарур аст. Агар ихтисосҳо дар дохили як донишгоҳ бошад ҳамаашро ректор, муовинаш оид ба таълим ва декан ҳал мекунад, ки ҳар кадоми онро бояд “розӣ” гардонӣ. Агар ихтисосҳо аз ҳам фарқи зиёд дошта бошанд иҷозатномаи вазорати маориф ҳам болои он зам мешавад, ки онро алоҳида харидан даркор ва вобаста ба ихтисоси мегузаштаат аз 500 сомонӣ то ҳазору ду ҳазор доллар нарх доранд.
Агар донишҷӯ аз хориҷ ба донишгоҳи дохили кишвар интиқол ёбад барои ӯ варақаи баробарарзишӣ зарур аст, ки аз вазорат бо 200 долар гирифта мешавад. Ингуна интиқолу барқарориҳо ба воситаи вазорат дар соле аз тарафи ҳазорҳо донишҷӯ сурат мегирад, ки садҳо ҳазор доллар даромади муфт дорад.
Як пункти дигар дар китоби мактаби олӣ ҳаст: “агар дар ҳолатҳое, ки кори интиқол, барқарор ё дохилшавии донишҷӯ аз рӯи қонун (низомнома) манъ шавад, ба таври истисноӣ бо иҷозати вазорати маориф имконпазир мегардад”.
Ин банд роҳи дуздии вазорати маорифро бозтар кардааст. Масалан соли 2019 мушовараи вазорати маориф донишҷӯёнеро, ки дар зинаи бакалаврият (таҳсили 4 солаи донишгоҳ) баҳои 3 доранд ё дар чорсола дигар ихтисос хондаанду дар зинаи магистр дигар ихтисос хонданианд, дохилшудан ба зинаи магистратураро манъ кард, аммо бо мактуби вазорати маориф мумкин ҳаст. Донишҷӯёни баҳои 3 дошта ё дигар ихтисос мехондагӣ маҷбуранд ба вазорат муроҷиат кунанд ва он нархи миёнааш 1000 сомонӣ меистад, ки бизнеси нав дар соҳаи маориф ҳасту намак болои захми донишҷӯи камбағал. Ин қарор ришвахориро дар донишгоҳҳо низ афзудааст, ки шарҳашро дар қисмати дигар пешкаш хоҳем кард.
Ҳоло инҷо мехоҳем як дуздии дигарро дар намояндагони ин вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ошкор созем. Ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои таъмири мактабҳои миёна вобаста ба ҳолат ва ҳаҷми бино аз 10 ҳазор то чиҳилу панҷоҳ ҳазор сомонӣ ё зиёдтар ҳам барои мактабҳои бузургтар маблағ ҷудо мешвад. Аммо, бо тартиб дар вазорати маориф, раёсати маорифи вилоят ва пасон дар шуъбаи маорифи ноҳия ин маблағ тақсим мешвад. Масалан аз 10 ҳазор сомонӣ 2 ҳазораш мемонаду халос. Дар инҷо директори мактабро шуъбаи маорифи ноҳия фарёд мекунаду мегӯяд, ки ин 2 ҳазорро гиру имзо мон, ки 10 ҳазор гирифтаӣ. Директор маҷбур мешавад, ки аз талабаҳо пул ҷамъ кунаду ҳадди ақал миқдори шаш ё ҳафт ҳазор сомонӣ ободонӣ кунаду баъд аз он кор миқдори 10 ҳазор ҳисоботи дурӯғ диҳад. Ба хотири онки ҳамаашон то боло маблағро дуздидану тақсим карданд, дигар касе намепурсад, ки чаро аз талабаҳо пул талаб мекунеду он пулҳоро куҷо кардед?!!.
ин аст яке аз бузургтарин сабабҳое, ки маорифи кишвар мелангаду кадри дуруст қариб, ки надорем.
Поёни бахши аввал,идома дорад…
Ps: Хонандагони гиромии Пойгоҳи “Ислоҳ” маълумотҳои ҷолибу дақиқро оиди яке аз донишгоҳҳои маъруфи кишвар, дар бахши дуюм ва сеюм тақдиматон менамоем. Бо “Ислоҳ” бошед ва ба мо нависед!