Вокуниши расонаҳои Ҳолландӣ нисбати қатли сайёҳон дар Тоҷикистон

Ислоҳ нет

Дар миёни қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба сайёҳон дар Тоҷикистон  ду шаҳрванди Ҳоланд, яке Ким Постмаи 58-сола захмӣ ва дигаре Рен Вокке  кушта шуд.

 

азимиАз паи ин ҳодиса, дар расонаҳои ҳолландӣ тули се рӯзи охир сару садоҳое ба миён омад. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъии ин кишвар назари даҳҳо коршиносон нашр шуд.

 

Муҳаммадаюб Азимӣ, як коршиноси афғон, ки худ муқими Ҳолланд аст, дар саҳифаи фейсбукии худ гуфтааст, расонаҳои хабарии ҳолландӣ даъвои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати гунаҳкор донистани Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар қатли сайёҳонро такзиб карданд.

 

“Кишвари Ҳоланд иддао ва иттиҳоми давлати Тоҷикистонро дар мавриди даст доштани Ҳизби  Наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан рад карданд. Зимомдорони Тоҷикистонро фосид, султаи фомилӣ хонда, омили рушди ифротгароии динӣ медонанд”. – шарҳ додааст Азимӣ.

 

петкеПетер Кнупе (Peter Knoope), коршиноси ҳолландӣ дар умури шинохти терроризм, гурӯҳҳои террористӣ ва масоили Осиёи миёна,  аз институти машҳури мутолиоти стратегии кишвари Ҳоланд зимни сӯҳбаташ бо хабарнигори Департаменти иттилоотии Ҳолланд Nederlandse Omroep Stichting иддао ва иттиҳоми давлати Тоҷикистонро дар мавриди даст доштани Ҳизби  Наҳзати исломии Тоҷикистон дар куштори сайёҳон комилан рад кардааст.

 

“Мақомоти Тоҷикистон намедонад чигуна бар зидди мухолифи сиёсиаш Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мубориза барад. Дар Тоҷикистон ҳар ҳодисае, ки шуд, бидуни ҳеҷ таҳлилу тадқик мақомот ин ҳизби сиёсии характери динидоштаро гунаҳкор мекунад”.- мегӯяд Кнупе.

 

Петер Кнупе афсус хурда гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон сиёсати саркубгароёнаро пеша карда аст.

 

“Бисёре аз анҷоми амалҳои динӣ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҷавонон наметавонанд ба Макка бираванд, ба масҷид рафта наметавонанд. Саркубгароӣ василаи асосии идораи давлат дониста мешавад. Бо ин, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд, мардум эҳсоси озодии ақидаву андеша намекунанд ва имконият надоранд, ки афкори худро изҳор намоянд”- бо таассуф гуфтааст ин коршинос.

 

 

Дар зимн рӯзномаи машҳури “AD” ҳолландӣ низ дар ин бора гузориши муфассале ба нашр расонида давлатдорони тоҷикро ба нашри ахбори ғайривоқеӣ ва баҳонаҷуйӣ барои саркӯби мухолифини сиёсии хеш ба хусус ҳизби Наҳзати исломӣ муттаҳам кардаааст.

 

бруноБруно Де Кордер (Bruno De Cordier), коршиноси Осиёи миёна ва Тоҷикистон аз донишгоҳи Генти кишвари Белгия низ дар сӯҳбат бо хабаргузории NWS  гуфтааст,  ки Эмомалӣ Раҳмон ва як ҳалқаи хосси худаш бо низоми нимаавторитарӣ ғарқ дар фасоди молӣ буда, шаҳрвандони оддии Тоҷикистон аз ин ҳолат сахт ба сутӯҳ омадаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо тарс аз хезишҳои мардумӣ барои саркӯбӣ аз ҳар василаи ғайриқонунӣ ҳатто зидди инсонӣ кор мегирад.

 

“Мақомоти Тоҷикистон чандин маротиба пай дар пай кӯшиш кард, ки Ҳизби наҳзати исломиро аз майдони сиёсат берун кунад. Аммо ҳарчанд фаолияти ин ҳизб мамнӯъ эълон шуд, барои ҳукумати Тоҷикистон муяссар нашуд, ки ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳизбро сиёҳ нишон диҳад. Ин амали номуваффақи мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол идома дорад ва муттаҳам намудани ин ҳизб ба куштори сайёҳон низ давоми ҳамон сиёсатҳои номувафақ мебошад. Равшан аст, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, бо ҳар роҳе даъвояш дар бораи ин ҳизбро собит намояд” – таъкид намудааст Бруно Де Кордер.

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумот равоншиноси 56-сола аз Ҳолланд Рен Вокке ҳамроҳ бо шарики худ Ким Постмаи 58-сола дар Тоҷикистон дар сафаре аз Тайиланд ба Эрон қарор дошт. Онҳо тасмим гирифтанд, ки сафари худро тариқи Тоҷикистон идома бидиҳанд ва аз сафар тариқи Афғонистони ҳамсоя, ки хатарҳо дорад, дурӣ биҷӯянд. Ба гуфтаи бародари Вокке, вай ҳамроҳ бо Постма бо дучарха сафарҳои зиёд намуда, дар беш аз 130 кишвар будааст.

gt

Дар акс: Вокке ва Постма дар Амстердам, соли 2015

Вокке ва Постма, ки дар як хонаи қаиқӣ дар Амстердам умр ба сар мебурданд, барои солҳо волидони фаъол барои парвариши кӯдакони дучори мушкил буданд. Кӯдаконро ба хонаи қаиқии худ мебурданд ва онҳоро то пайдо кардани манзили доимӣ нигаҳдорӣ менамуданд. Вокке дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл кушта шуд. Бинобар маълумоти сафорати Олмон дар Тоҷикистон (Ҳолланд дар Тоҷикистон сафорат надорад), Постма дар бемористони Душанбе муолиҷа ва рухсат шуд ва бино ба гузоришҳо, дар як ҷои амн дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.

Share This Article