Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати музокиротии Қирғизистон ахиран дар як гуфтугӯ бо хабарнигорон эълон кард, ки ба Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки барои анҷоми баҳси марзӣ Ворухро бар ивази қисмате аз ноҳияи Бодканд иваз кунанд. Ин масъул ва маъмури давлати Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки Тоҷикистон як давлате аст ки шӯравӣ дар хоки қирғизу узбак сохтааст. Аммо то кунун касе аз мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарзаҳои вай посух надод ва ҳоло ҳам роҳбари ҳайати музокиротии Тоҷикистон дар баробари ин гуфтаҳои ҳамтои қирғизаш хомуш аст. Маълум нест, ки чаро? Вале хабарҳое,ки аз Исфарамарз ба мо мерасад, хушоянд нестанд ва ҳамин ҳоло ҳам гурӯҳҳои манфиатбар аз ин марз истифода карда истодаанд.
“Дар ҳоле, ки дар марзи миёни Исфара ва Ботканд як ҳолати эъломнашудаи ҷангӣ ҳукмфармост қочоқчиёни маводди мухаддир ба корҳои худ бо иштиёқи тамом машғул ҳастанд. Албатта, дар чунин шароит ин гурӯҳҳои қочоқбар фурсатро ба манфиати худ истифода мекунанд.”
Осоишгоҳи Зумрад, ки чанд соли ахир дар дасти домоду духтарони Эмомалӣ Раҳмонов гузаштааст, кайҳост, ки ба амбор-склади ин молҳои қочоқӣ, ки аз Қирғизистон мегузарад, табдил шудааст. Ёрдамчиҳо ва ҳамкорони Абдумӯмин Ҳалимов Усмонхуҷаев Манон, Раҷаби риш, Ашур ва як корманди амният, прапоршик ба номи Зафар мебошанд ва ин 4 нафар истиқоматкунандаҳои маҳаллаи ХоҷаиАъло ҳастанд. Нафари дигар- ҳоҷӣ Карим аз маҳаллаи Найман мебошад. Зани дуюми Усмонхуҷаев Манон дар Қирғизистон мебошад ва хешу табори занаш дар Қирғизистон масири интиқоли маводди мухаддирро назорат мекунанд. Маҳз ба воситаи ҳамин шахс бори «Оила»-ро аз сарҳад гузаронида обулой мекунанд.
Схемаи интиқоли бор то сарҳад ва аз сарҳад гузаронидан чунин аст. Раҷаби риш ва Ашур зимистон меваи хушк ва тобистон меваи тар ба русия мебаранд.Онҳо ин маҳсулотро тавассути Усмонхуҷаев Маннон ва хешу табори зани дар Қирғизистон будаи ӯ аз сарҳад мегузаронанд, албатта бо роҳи қочоқӣ ва бидуни гузаштан аз гумрук. Ин нафарон қабл аз интиқоли маблағ мераванд ба амбори осоишгоҳи Зумрад ва аз онҷо наркотикаро аз дасти мудири осоишгоҳ Абдумумин Ҳалимов мегиранд. Наркотикро дар қабати маҳсулот баҷо мекунанд
Дар сарҳад ин борҳоро Маннон қабулкарда то ба ҷойҳои лозимӣ бо воситаи хешу табори зани қирғизаш бурда мерасонад. Аз қирғиз то ба Русия рафтани «бор» ба зиммаи Маннон гузошта шудааст.
“Маннон тамоми борҳоро дар мошинҳои борбари Қирғизистон бор мекунад. Ҳама ба таври расмӣ мешавад. Гӯиё мошину маҳсулот аз они Қирғизистон аст. Ин кор аз он ҷиҳат фоидаовар аст ки Қирғизистон аъзои Евразес аст хароҷоти андозу гумрук хеле арзонтар мебошад. Хуллас тамоми маблағи наркотики оилаи Раҳмонов бо дасти ҳамин Маннон ба дасти мудири осоишгоҳи Зумрад Ҳалимов Абдумумин расонида мешавад. Ҳоҷӣ Карим тиҷорати олуи сиёҳ дорад, ки ӯ низ дар даруни қуттӣ ҳамин маводди мухаддири мудири осоишгоҳро ба ҷо карда Русия мебарад. Ӯро ҳам Маннон ёрӣ мерасонад.”
Ҳоло шояд бипурсед, ки чаро инҳо хатарро ба ҷон харида наркотикро даруни маҳсулоташон мебаранд. Гап дар сари он аст ки мудири осоишгоҳ маблағи харҷи роҳи мошин то Русияро мепардозад, албатта на ҳамаашро. Дигар инки онҳо ҳам дар дохили наркотики Оила камубеш маводди мухаддири худашонро ҳам мегузаронанд. Ва, фоидаи хуб мебинанд. То онҷое, шоҳиди ҳодиса будам бархе аз харидорони ин маводди мухаддирро наздикони оила ва ҳатто кормандони баландрутбаи амният ва умури дохила дар Русия пайдо кардаанд. Шарти асосӣ ин аст ки дар сурати ба даст афтодан тамоми саволу ҷавобро худи ҳамин чанд хоҷаиаълоиҳо хоҳанд дод.
Барои онки аз назари мардум пинҳон монад ин нафарон ба бизнес машғуланд. Барои онҳо шароит фароҳам оварда шудааст, ки маҳсулотро ба таври қочоқӣ аз қирғиз оварда ба Тоҷикистон фурӯшанд ва ҳар кадоме аз онҳо як бахши тиҷоратро ба инҳисори худ даровардаанд. Масалан Ҳоҷӣ Карим тиҷорати чубу тахтаро дар ин минтақа монополия кардааст. Ашур бошад сименти қирғизро, ки дар бозори Исфара аз сабаби арзон будани нархаш серхаридор аст монополия кардааст. Раҷаби Ришу мудири осоишгоҳи Зумрату Усмонхуҷаев Манон бошанд селитра ва биринҷи девзираи қирғизӣ ҳайвони шохдори калони аз Русия меомада ва памперсро монополия кардаанд. Манзур аз монополия ин аст ки касе дигарро имконият намедиҳанд, ки чунин молу колоро ворид кунад. Ҳам дар гумрук ва ҳам дар андоз дигарҳоро ғам медиҳанд.
“Усмонхӯҷаев Манон бошад тамоми техникаҳои дуздиро тариқи контрабанда аз сарҳади қирғиз ба Тоҷикистон ворид мекунад. «Доля»-и контрабанда ва наркотикаи амниятро корманди амният яъне навбатдори амнияти Чоркӯҳ ба номи Зафар Қурбонов ба сардори худ мерасонад. Зафар ҷияни СС. Ятимов, раиси КДАМ аст.”
Айни ҳамин корҳоро, гузаронидани молҳои қочоқӣ аз марзи минтақаи Лакон ва Гулистонро, ки ҳоло бо қирғиз хати марзии номуайян дорад як гурӯҳи дигар анҷом медиҳад, ки дар байнашон занҳо ҳам ҳузур доранд.
“Вақте ки аз Исфара ба самти Чоркуҳ равон мешавед аз бари осоишгоҳи Зумрат мегузаред. Дар дасти чап як бинои ферма ва дар шафати он анборҳои пинҳонии мудири осоишгоҳи Зумрат ҷойгир шудаанд. Назорат ва посбонии инҷоро ба ихтиёри як боксер гузоштаанд.”
Одами бовариноки Маҳмадзоири домоди президент ва Абдумумин мебошад. Ба ин боксёр як мошини Тойота камри тӯҳфа кардаанд. Ин боксёр бошад одамҳои худашро дар инҷо ҷамъовардаааст. Онҳо инҷо як сехи хурди мевахушконӣ доранд. Аммо чанд нафари онҳо корашон баҷо кардани героини домоди Раҳмонов дар даруни олуи сиёҳ аст. Ин молҳо аз тариқи сарҳади Қирғизистон мегузарад ва ба Русия мебаранд. Кори банду баст (упаковка)-и он осон нест, дилгиркунанда аст. Упаковкаҳои майда аст. Ва дар ҳар кадоми онҳо рамзу аломати махсус мегузоранд, то ки дар Русия зуд пайдо кунанд ва иваз нашаванд. Аз ин корҳо мақомоти Қирғизистон ва Русия огоҳанд, чунки на як бору ду бор ба даст афтодаанд. Аммо пули калон дода халос шуданд. Ҳоло, ки мақомоти қирғиз ошкоро дӯғу дағдаға мекунанд, ки дигар пеши роҳи қочоқи бензину солярка ба Тоҷикистонро гирифтем ва роҳи қочоқи маводди мухаддирашон масдуд карда шуд, онҳо маҳз домоди Раҳмоновро дар назар доранд ва барои ӯ гӯшона гуфта истодаанд. Даъвои Ворух кардани онҳо ҳам беҷиҳат нест. Чунки мошинҳои бо наркотика ба даст афтодаро онҳо ба навор гирифтагӣ ҳастанд.
Ҳозир корҳои банду басту ҷойгирсозиро афғонҳо анҷом медиҳанд. Афғонҳо ба ҷойгиркунӣ ва банду басти упаковкаҳои ҳомили героин машғуланд. Зоҳиран ин афғонҳо устоҳои биноҳои навсохт дар ин осоишгоҳанд. Гӯиё кадом фирмаи сохтмонии афғонҳо тендерро бурида бошад. Барои ҳамин ҳамшаҳриҳои худашонро инҷо ба кор оварда бошанд. Аммо ҳамаи мардуми Исфара медонад, ки ин гапҳо ҳамааш дуруғ аст ва ин афғонҳоро барои ҷосозии наркотики домоди Президент ба кор овардаанд. Аммо як факти аҷибро яке аз ин афғонҳо дар вақти сархушӣ ошкор мекунад.
Вай мегӯяд: “як генерали афғон, ки хешаш мебошад дӯсти наздики Маҳмадзоир аст ва ӯ бо Маҳмадзойир аз Афғонистон ба Тоҷикистон чойи ҳиндӣ меоваранд. Ин афғон гуфтааст, ки ин «чой»-ро то ба Русия мебаранд.” Манзур аз ин тиҷорати чой ва содироти он ба Русия албатта ҳамон маводи мухаддир аст.
“Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин маълумот дарҷ шуда буд, ки Маҳмадзоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо Рамазон Раҳимзода ба тиҷорати героини афғонӣ машғуланд. Инҳо як шабакаеро ташкил додаанд, ки мустақим аз Афғонистон героинро меоваранд ва сипас онро ба Русия интиқол медиҳанд ва дар ин кор бо онҳо гурӯҳҳое аз Афғонистон шариканд. Героинро онҳо тавассути гузаргоҳҳои расмӣ ва тавассути мошинҳо ворид мекунанд. Дар ин кор ба онҳо генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ сардори Сарраёсати Нерӯҳои марзбони КДАМ кумак мекардааст. Вай тамоми мошинҳоеро, ки дар онҳо героин интиқол дода мешавад, шахсан ва ё ба воситаи одамони наздикаш назорат мекардааст.”
Масъалаи банду баст, интиқол ба Русия тавассути сарҳади Қирғизистон зери назорати Нарзулло Соҳибов мегузарад, ки осоишгоҳи Зумрат расман тавассути ӯ харида шудааст.
Нарзулло Соҳибов ба воситаи Усмонхӯҷаев Маннон бо гурӯҳҳои мафиозии қирғиз робита барқарор карда ва ҳоло яке аз масирҳои асосии қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбакистону Қирғизистон ва Русияро ӯ контрол мекунад. Инро ҳам бояд гуфт, ки нархи героини содиротии онҳо хеле арзонтар будааст.
“Гуфта мешавад ки тамоми мошинҳое, ки маводди мухаддиро аз Афғонистон ба Тоҷикистон мегузаронанд ва аз ҷумла аз сарҳад то Исфара ва хуҷанд муталлиқи Маҳмадзоир Соҳибов аст.”
Онҳо то ҳамин ҳоло дар Уш ва Ботканди Қирғизистон ва ҳатто Бишкек амборҳои махсуси яклухтфурӯшӣ доранд, ки аз онҳо гурӯҳҳои дигари мафиозӣ харидорӣ карда ба Русия интиқол медиҳанд.
Маълум нест,ки дар чунин шароит сарнавишти баҳси марзӣ ва махсусан сарнавишти Ворух ва 30.000 тоҷики он чӣ хоҳад шуд.Чунки Қамчибек Тошиев, раиси Кумидаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҳамаи сиру асрор тиҷоратҳои хонаводаи Раҳмонов бохабар аст ва имкон дорад бар сари ин ҳама муомилаҳо Ворух осону арзон фурӯхта шавад.
Ps: Хонандаи гиромӣ маълумотҳои хело зиёд аз ин муомилаҳои ҳароми оила дар марзи Қирғиз ва Тоҷикистон ба “Ислоҳ” мерасанд. Ин ҳама муомилоте дар Ворух мешавад ва онро ойлаи Раҳмонов ба пуррагӣ идора мекунанд. Фаромӯш набояд кард,ки ин оила барои манофеъи худ на танҳо Ворухро агар лозим шавад ҳама вилояти Суғдро ба Қирғизу Узбекистон мегузоранд ва барояшон аслан ҳеҷ аҳмияте надорад. Чун,ки дигар чизе намондааст,ки онро нафурӯхта ва фоидаи худро нагирифта бошанд. Барои ин оила танҳо Душанбе дар ихтиёрашон бошад кофӣ аст. Шаҳрвандони кишвар бояд аз хутурати ин масала аз ҳоло огоҳи дошта бошанд ва асоямонро ба равшани бояд занем. Дар ихтиёри мо чандин навор аз муомилоти ғайри қонунии марзӣ ба “Ислоҳ” расидааст. Ҳолат аз бад ба бадтар гузашта истодааст. Мо гуфтему шумо шунидед!